Ман як марди камбизоатам, ки аз соли 1992 дар ҳукумати вилояти Суғд ва баъди он дар ҳукумати шаҳри Бӯстон (он вақт Чкаловск) ба ҳайси ронанда кор кардам. Маоши ронандагиам ҳамагӣ 300 сомонӣ буд, аммо ба хотири бекор нагаштан ва аз имтиёзҳо бархӯрдор шудан кор кардам. Бехона ки будам, барои хона 26 сол навбат поидам.

Аз раис то тамоми кормандони ҳукумат шароити бади маро медонистанд. Ҳукумат он хонаҳои бесоҳиберо, ки мардуми рус партофта рафта буданд ё соҳибонашон фавтидаву меросхӯр надоштанд, рӯйхат карда буд. Яке аз чунин хонаҳо (соҳиби аслиаш Андреев Евгений Эрикович) ба ман насиб кард.

Билохира бо дастгирии собиқ раиси шаҳри Бӯстон, зани бовиҷдону мардирода Рухсора Давлатзода соҳиби хона шудам. Вақте дар даст ҳалномаи Суди шаҳри Бӯстон ва суди вилоятро доштам, ки пурра ба манфиати ман ҳал шуда буд, раиси шаҳр ҳалномаҳоро диду гуфт: “Дар дасташ ҳалномаҳо ҳаст, кифоя, хонаро ба номаш ордер кунеду диҳед”.

Соҳиби хона солҳо дар Русия буда, хонаҳои 20 сол қаблию самадавиро дигар қабул надорад. 8 сол пеш, вақте хонаро ба ман доданд, ҷои ободаш набуд.  Ҳатто ба обод шудани он бовар надоштаму аз муовини аввали Давлатзода — Шуҳрат Солиев пурсидам, ки “ягон хонаи ободтар нест?”. Он кас гуфт, ки “қабул кунӣ, ҳамин, накунӣ, дигар хона нест!”.

Қарз кардаю харҷ карда, обод намудам. Давоми 8 сол беш аз 60 ҳазор сомонӣ сарф карда, хонаҳоро дубора одамшин кардам. Баъди обод кардан хостам ба номи худам гузаронам. Аз пайи ҳуҷҷатгузориҳо будам, ки “соҳиб”-и хона пайдо шуда омад. Хонаро соли 2012 гирифтам ва 4 сол беист обод кардам, дару тиреза шинондам. Соли 2016 Ахмедов ном шахс омад ва талаби хона кард. Акнун ба воситаи адвокаташ Назар Назаров судбозӣ карда истодааст. Парвандаи ман аз Суди шаҳри Бӯстон ба Суди шаҳри Истиқлол ва аз он ҷо баъди шикоятҳои такрорӣ ба суди вилоятӣ ва баъдан ба Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ тоб хӯрда гаштааст. Судяҳоро намефаҳмам, як бор ба манфиати ман ҳал мекунанд ва ҳалнома мебароранд, як бори дигар ба манфиати даъвогар. Магар суд масхарабозӣ аст, ки 4 сол боз мани пиронсолро овора мекунанд? Ҳатто нозирони минтақавиро ба миён андохтанд барои маро зӯран берун кардан аз хона. Се нозир омад ва байни онҳо як худотарсу раҳмдил будааст, ки гуфт: “Монед, ҳамин мардак бо 4 фарзанд, 3 келину даҳ набера куҷо меравад? Агар коркунӣ ҳамин бошад, имрӯза худаш аризаамро дода аз баҳри кор мегузарам”.

Аз соле, ки хонаро гирифтам, андозҳои солҳои қаблияшро ҳам пардохт кардам ва ҳар сол 75 сомонӣ андоз супорида истодаам. Болои сӯхта намакоб, баъди баҳси хона баромадан маро аз кор ронданд, ки “ту баҳсҳои судӣ дорӣ”. Аз ноилоҷӣ дар “Суғдзаминсоз” ба кор даромадам ва ҳамагӣ 600 сомонӣ маош мегирам, ки ҳар рӯз сӯзишворӣ сарф карда, аз Бӯстон ба Хуҷанд меравам.

Ягона умедам Суди Олӣ ва масъаларо шаффоф дида баромадани судяҳои ин мақоми баландпоя аст. Дигар аз судбозию сарфу харҷ ба ҷое расида, саломатиамро аз даст дода истодаам.

Ҳасан МИРБОБОЕВ, сокини шаҳри Бӯстон, кӯчаи М. Турсунзода, бинои 21, хонаи 8

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here