Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо арзи эҳтироми самимона ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, мерасонам, ки ба ғамхориҳои беғаразона ва падаронаатон нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбон бетараф нестем ва ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун ва аз шунидаҳо хабар дорем, ки чӣ қадар дастнигару ғамхори мо маъюбон ҳастед.
Банда Шукуров Беҳрӯз Сайфиддинович, 32-сола ҳастам, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе. Аз хурдсолӣ маъюби гуруҳи дуюми чашм маҳсуб меёбам, оиладор, соҳиби се фарзанд. Бояд гӯям, ки дар хонавода ба ғайр аз ман ҳамзамон ду нафари дигар, хоҳарам Шукурова Саноат (маъюби гуруҳи дуюми чашм, соли таваллудаш 1990) ва духтарчаам Шукурова Оминахон (маъюби гуруҳи дуюми қалб, соли таваллудаш 2009) низ ба маъюби гуруҳи дуюм шомиланд. Шукри Худо, оилаамон калон аст ва дар як ҳавлича, ки ҳаҷмаш 2,5 сотих ва се дар хона дорад, 4 оилаи калон, ҳамагӣ 15 нафар зиндагӣ мекунем, ки се дар хона танҳо барои як оилаи миёна ҷоиз аст. Ман худ хатмкардаи Институти санъати ба номи Мирзо Турсунзода ҳастам ва чандин маротиба аз паси ҷустуҷӯйи кор гаштам, вале ҳамеша ноумед бармегардам, чунки мегӯянд маъюб ҳастӣ ва туро ба кор қабул карда наметавонем. Дар баробари ин, падарам низ соле қабл ба сактаи қалбӣ гирифтор шуд ва то ҳол аз ҷой хеста наметавонад. Банда чандин маротиба ба мақомоти дахлдор барои гирифтани замин ё хона барои оилаи бузургамон муроҷиат кардаму кӯмак хостам. Ё “наметавонем” мегуфтанд, ё “дида мебароем” мегуфтанду тамом. Аз ҳамин хотир, Ҷаноби Олӣ, умедам танҳо ба Шумост, чун сол аз сол аъзои хонаводаамон зиёд мегардад ва дар он сурате, ки дар хонаи мо касе кор намекунад, зиндагӣ душвортар мешавад. Махсусан дар дохили шаҳр, ки ҳар сари қадам пул меистад. Мо танҳо аз ҳисоби нафақа рӯзамонро пеш мебарем.
Ҷаноби Олӣ, ман ба Шумо бовар дорам ва эҳтиромона аз Шумо хоҳиш менамоям, агар имконият бошад, барои мо аз шаҳри Душанбе хона ё замине ҷудое менамудед, то ин ин мушкилии мо бартараф мешуд.
Бо эҳтироми беандоза, Шукуров Беҳрӯз Сайфиддинович, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 232, телефонҳо барои тамос: 93-588-60-86; 905-88-60-86