Дарди як нафар тоҷик бояд дарди тамоми тоҷикон бошад ва имрӯз, ки як зани тоҷик дар роҳи зиндагии ноҳамвор сарсону саргардон шудааст, биёед кӯмаки худро дареғ надорем.
Ёсумани нуҳсола духтари хурдии Тахмина — як зани тоҷик аст, ки солҳои зиёд фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар мебошад. Ёсумани бемор айни ҳол ба як аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло нархи як аробачаи маъюбӣ аз 1200 сомонӣ боло аст. Ин зан бошад, 156 сомонӣ нафақа мегирад. Ба гуфтаи модараш, Ёсумани нуҳсола ҳам гунг, ҳам фалаҷ, яъне роҳ рафта наметавонад ва ҳам аз ақл маҳрум аст. Ин зани тоҷик мегӯяд: “5 сол мешавад, ки интизори замин ҷудо кардани масъулин ҳастем, аммо ҳатто намедонем, ки кай мерасад навбати мо”. Тахмина мегӯяд: “Ёсуман дусола шуда буд, ки гапу калоча зиёд шуд дар хонаи шавҳарам ва ман 3 кӯдакамро гирифта ба хонаи волидонам омадам. Аз ҳамон вақт ин ҷониб дар парастории волидонам ҳастам бо 3 фарзандам”.
Шахсоне, ки ба Ёсуман кӯмак карданианд, ба рақами модари ӯ занг зананд: (+992) 908-08-15-75.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here