Номаи боз ба мудири Радиои тоҷикии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мақомоти сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон

Ҳич гоҳе намеандишам, ки ҳамкории банда бо Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, зермаҷмӯаи он Радиои тоҷикӣ, маъруф ба “Садои Хуросон” дар Тоҷикистон бо иншои ин матлаб ё номаи бозе ба мудири ин радио Мухтори Фарзодӣ ба поён мерасад, аммо мутаассифона, агар муҳри хамӯшӣ бар лаб бизанам, боз ҳам дурӯғгӯию бедолатии як мақоми кишвари исломӣ зери парда ниҳон хоҳад монд.

Тибқи қарордод бо ин созмон, банда ҳудуди панҷ сол корманди “Садои Хуросон” ва бахши тоҷикии хабаргузории “Pars Today” будам. Тӯли ин панҷ соли кор дар ин созмони эронӣ маоши ман, ки қисме аз он дар қарордод сабт шуда буду пардохти қисми дигаре аз онро мақомоти ин созмон шифоҳӣ ба уҳда гирифта буданд, ҳич гоҳе саривақт пардохт намешуд. Агар қисматеро охири моҳ пардохт мекарданд, пардохти қисмати дигаре ба далели камбуди арзи хориҷӣ дар Эрон ҳамеша ба се моҳ тӯл мекашид. Ду соли охир ин семоҳа тӯлонитар шуд, ба ҳадде ки ба ҳашту нуҳ моҳ ҳам расид.

Системаи пардохти ин пул тарзе тарроҳӣ шуда, ки ҳангоми суол аз мақоме дар бораи пардохти маош ҳеҷ касе аз масъулин посухи мушаххасе намегуфт ва суолҳо аз як мақом ба мақоми дигари созмон чун тӯби футбол давр мезаданд.

Гузашта аз ин, дар ҳоле ки панҷ моҳ аз қисмати ин маоши кормандони хориҷии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломӣ пардохт нашуда буд, ин созмон ба шеваи яктарафа қарордодро тағйир дод ва нисфи он маошеро, ки бо евро бояд пардохт мешуд, бо пули миллии Эрон пардохт ва тағийроте дар қарордод ворид кард, ки амалан маоши кормандони хориҷӣ нисф шуд. Ҳамзамон эълон шуд, ҳар нафаре, ки қарордоди ҷадидро имзо намекунад, чизе ҳам нахоҳад гирифт. Албатта, ин эълонҳо шифоҳӣ буданд, то зӯргӯии як кишвари исломӣ дар санаде сабт нашаваду фардо иддаоҳое дар заминаи риоя нашудани ҳуқуқи инсон дар Эрон ба вуҷуд наояд. Ҳеҷ гуна маслиҳату машварате дар ин замина бо тарафи дигари қарордод, яъне корманд нашуд, ки онро ба ҷуз табъизи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишваре бо унвони исломӣ наметавон чизи дигаре номид. Ин тағйирро бо ҳамон табассуми хоси эронӣ ба сари кормандон таҳмил кардаву чорае ҷуз имзо кардан боқӣ нагузоштанд. Ба ин хотир бидуни ин ки эътирозе аз ҷониби ман сурат бигирад, қарордодро имзо кардам ва чанд рӯз баъд ба номи мудири “Садои Хуросон” Мухтори Фарзодӣ аризаи аз кор рафтанамро навиштам.

Тибқи ҳарду қарордоде, ки мо доштем, бояд корманд ду моҳ қабл аз қатъи ҳамкорӣ бо Садо ва симо ин созмонро аз тасмими худ огаҳ мекард. Ҳудуди ду моҳ қабл аз Наврӯзи имсол ариза навиштам, ки аз кор меравам. Аммо ҷаноби мудир ҳамоно корро ба таъхир меандохт ва ҳамвора дурӯғ мегуфт, ки номаи маро ба Теҳрон фиристода, то қарордодро лағв кунанд. Аммо беш аз се моҳ гузашту ҳич посухе наомад, дар ҳоле ки дар тӯли ду моҳ созмон бояд тасмимашро эълон мекард. Ин дар ҳоле буд, ки қисме аз маоши беш аз ҳаштмоҳаи ман пардохт нашуда буд. Бинобар ин, ман ба баҳонаи ба муррахасӣ омадан ба Тоҷикистон дархост навиштам ва ба муддати як моҳ аз кор мураххас шудам. Зимнан оқои Фарзодӣ маро маҷбур кард, дар номаи мураххасиям нависам, ки дархости қаблан навиштаам дар бораи рафтан аз кор беэътибор дониста шавад.

Ин ҷо лозим медонам, калимаи “маҷбур”-ро тавзеҳ диҳам. Ҳар корманди хориҷии Садо ва симо бар асоси номаи ин созмон сабти иқомат мешавад ва агар қабл аз хурӯҷ аз Эрон дархости ин созмонро ҳамроҳ бо санади қарздор набудан аз андоз ба мақомоти зидахл насупорад, мақомоти пулис ва гумруки Эрон ба ӯ ҳаққи хурӯҷ аз ин кишварро намедиҳанд. Барои ин номаро дарёфт кардан ман маҷбур будам, нависам, ки ба кор бармегардам, зеро мудир пофишорӣ мекард, ки агар ин ҷумларо дар дархости мураххасии худ нанависам, ба ман барои гирифтани муҷаввизи хурӯҷ нома нахоҳад дод. Ман ҳам онро навиштам, чун бинобар беш аз ҳашт моҳи бемаошию беҳуқуқӣ (албатта, қисме аз маош охири ҳар моҳ пардохт мешуд, ки танҳо барои масрафҳои якмоҳаам мерасид) дар Эрон худро ғарибтарин инсон ҳис мекардам ва берун рафтан аз ин вазъ бароям муҳимтарин коре буд, ки бояд мекардам.

Гузашта аз ин, тағйири қарордод бидуни суоле бо тарафи дигари он дар кишвари исломӣ чеҳраи аслии сиёсати “ҳимоят аз мустазъафин”-ро ба намоиш гузошт, ки дигар виҷдонам иҷоза надод, аз минбари нақзкунандаи ҳақ дар бораи поймолшавии ҳуқуқи мустазъафин дар кишварҳои дигар гузоришу иттилоъ диҳам. Бинобар ин, пас аз итмоми мурраххасӣ дар Тоҷикистон, 10-уми июни соли ҷорӣ, ки қарордоди ман бо Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поён расид, ман ҳуҷҷатҳои лозимро барои тамдиди он равон накардам.

Феълан қисме аз маоши ман, моҳҳои баҳман, исфанд, фарвардин ва 23 рӯзи урдибиҳишти солҳои 1398-1399-и шамсӣ (феврал, март, апрел ва 12 рӯз аз моҳи майи соли 2020) бо иловаи 420 евро аз бақияҳои моҳҳои гузашта ва дар маҷмуъ маблағи 1550 евро пардохт нашудааст. Ба номаи ман аз тариқи интернет ҷаноби мудир боз аз ҳамон усули хоси худ, яъне дурӯғгӯӣ истифода карда, ҳатто ахиран бандаро ба нақзи муқаррароти қарордод муттаҳам намуд.

Аз ин рӯ, пас аз тафсили қазия мехоҳам чанд суолеро ба Мухтори Фарзодӣ, ки талаб кардани ҳақро “таҳдид ба як эронӣ” хондаву маро насиҳат мекунад, ки лаҳни талаби ҳақ барояш бисёр нописанд аст, матраҳ кунам. Ҳамчунин барои масъули фарҳангӣ ва равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон низ, ки аз қазия огаҳ асту вохӯриеро ҳам барои шарҳи қазия таъйин карда буд, вале рӯзи вохӯрӣ ҳич посухе надод ва аслан паёмрасонро боз накард, матраҳ шудани суолҳоро лозим бошад. Бинобар ин, бигзор Мухтори Фарзодӣ чун масъули яке аз минбарҳои иддаокунандагони “ҳимоят аз ҳаққи мустазъафин” ва Муҳсини Фараҳбар чун масъули фарҳангӣ ва равобити умумии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон агар ҳаққанд, ба таври ошкор ба чанд суол посух диҳанд (зеро дар суҳбати хусусӣ оқои Фарзодӣ ба суолҳои асосӣ аслан посух надод).

Мухтори Фарзодӣ мегӯяд, ман ба қарордод мутааҳҳид набудам. Воқеан, дар банди 11-и қарордоди ман бо Садо ва симо омадааст, ки агар корманд мехоҳад қарордодро лағв, яъне бекор кунад, муваззаф аст, ки ду моҳ қабл ба созмон иттилоъ бидиҳад, вале дар сурати надодани иттилоъ ҳадди аксар ба ҳадди думоҳаи маошаш ҷарима хоҳад шуд. Қарордод маошеро дар назар дорад, ки дар он дарҷ шудааст. 35 000 000 риёли эронӣ (ин маблағ замони ҳузури ман дар Эрон баробари 200-210 доллар буд, рӯзи 8-уми декабри соли 2020 як доллар баробар ба 25,598 риёл дар сойтҳои интернетӣ буд) маошест, ки дар қарордоди ман дарҷ шудааст. Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба расмиёт дар ҶИЭ аз ҳаққи санавот (имтиёзе, ки баъди қатъи қарордод аз ҷониби корфармо мутобиқи собиқаи корӣ дода мешавад) чизе намегӯям, зеро он маъмулан дар охири сол, баъди аз кор рафтани корманд дода мешавад. Аммо ҷаноби мудир инсофан бигӯяд, ки магар ду моҳ қабл аз қатъи кор ман номаи лағви қарордодро нанавиштам? Агар вуҷуди ин номаро инкор мекунад, лутфан номаеро, ки бар асоси он барои як моҳ аз кор маро мураххас кардаанд, расонаӣ кунанд. Агар мудири Радиои тоҷикӣ вуҷуди иттилоъ дар бораи лағви қарордодро инкор мекунад, бояд бидонад, ки мутобиқи банди 11-и қарордод, дар айёме, ки ман корро тарк кардам, ҳадди аксари ҷарима 400-420 доллар мешуд. Ҳоло бошад, ба маротиб камтар аз ин мешавад, зеро қимати доллар дар Эрон хеле боло рафтаву маоши ман тағйире накардааст. Вале наход маоши семоҳаи ман, ки 300 евро барои ҳар моҳ буд (баъди яктарафа тағйир додани қарордод, мутобиқи як феҳрасте, ки ба ман нишон дода буданд) ва ҳамчунин аз маошҳои қаблӣ, ки созмон 420 евро аз ман қарздор аст, куллан ғасб шавад? Агар ман созмонро дар бораи аз кор рафтанам иттилоъ надодаам, лутфан нусхаи аризаи мураххасии маро расонаӣ кунед, то он ҷумлае, ки марбути беэътибор донистани номаи лағви қарордод аст, расонаӣ шавад. Агар ман номаи лағв нанавишта будам, он ҷумлае, ки марбути лағви дархости ман барои қатъи ҳамкорӣ аст, чӣ маънӣ дорад? Дар боло сабаби иншои онро навиштам. Агар мегӯед, дархости мураххасӣ ҳам надодаам, лутфан бигӯед, ки бар кадом асос ман аз кор мураххас шудам?

Яке аз посухҳои Мухтори Фарзодӣ дар бораи пардохт нашудани маоши ман ин аст: “Тибқи мафод (муҳтаво,- Т. С.)-и қарордод, Шумо ду-се моҳ қабл аз инсироф мебоист ба сурати катбӣ инсирофи худро эълон мекардед, ки ин корро анҷом надодед ва систем ин корро утумот (автоматӣ,- Т. С.) иқдом кардааст”. Албатта, посухи инро дар боло гуфтам. Зимнан ба иттилои мудири муҳтарам бояд бирасонам, ки санаде (ба қавли мудир қарордод)-ро, ки ман маҷбур будам, имзо кунам, қарордод намеҳисобам, балки санадест, ки маҷбур будам, онро имзо кунам, зеро агар имзо намекардам, аз маоши ҳаштмоҳаи худ маҳрум мешудам.

Қисми дуюми посухи ҷаноби мудир аҷабу ғариб аст. Мухтори Фарзодӣ, Шумо мегӯед, ки таҷрибаи беш аз сисолаи рӯзноманигорӣ доред, аммо фикр намекунед, ки маоши моҳҳои баҳман, исфанд ва фарвардин (феврал, март, апрел)-и ман пардохт нашудаву ман 12-уми май (23 урдибиҳишт) ба Тоҷикистон омадам ва маоши моҳҳои баҳман, исфанд, фарвардини солҳои 1398-1399-и шамсӣ (феврал, март, апрели соли 2020-и милодӣ)-ро моҳи ноябри имсол ба кормандон доданд. Магар системи Шумо маоши февралро дар моҳи ноябр сабт мекунад? Ин маош аз Теҳрон пардохт мешуду ман дар Машҳад будам. Чӣ гуна систем аст, ки ҳузури ғиёби кормандони созмонро дар Машҳад аз Теҳрон баъди шаш моҳ сабт мекунад? Гузашта аз ин садоям дар сойти “Порс тудэй” ҳаст, метавонам онро фиристам, ки сари кор буданам дар он моҳҳо собит шавад. Агар созмон ҳузури маро дар моҳҳои баҳману исфанд ва фарвардин сабт накарда, пас ҳудуди чаҳор моҳ ман ройгон кор кардаам? Ё ин ҳам идомаи ҳамон афсонабофиҳост? Бовар дорам, ҳич системе вуҷуд надорад, магар “система”-и дурӯғ, ки чун “пешниҳоди ғайри қобили рад” (ибораи дӯстдоштаи Мухтори Фарзодӣ)-и Шумо матраҳ мешавад.

Агар ман хисорате ба созмон расонидаам, чаро он эълон ва барои ҷубронаш ба додгоҳ муроҷиат намешавад, балки бидуни ҳич огаҳие маоши семоҳаи ман мусодира мешавад? Ин амал мутобиқи кадом ҳадису ривоят бошад? Фикр мекунам, агар дурӯғгӯён паёмбаре медоштанд, ҳатман ҳадиси муносибе аз ӯ пайдо мекардед. Хисорати таъхири беш аз ҳашт моҳ дар пардохти ҳуқуқ ё маоши ман тавассути Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эронро кӣ пардохт хоҳад кард? Ва содиқона (чизеро, ки аз Шумо ҳаргиз интизор надорам) бигӯед: созмон маро ҷарима мекунад ё маошамро мусодира?

Ба ҳар ҳол, ин буд шаммае аз саргузаште, ки дар як кишвари исломӣ сурат гирифта ва он ҳам дар заминаи муносибати мақомоти кишвари исломӣ, ки ҳар қадар кормандеро заифтар дарёфтанд, фишорро болояш бештар мекунанд ё ӯро чун инсони соҳибҳақ намедонанд. Ин таҷрибаро дар Эрон шоҳид будам, ки дар қолаби ҳеҷ як муқаррароти динию дунявӣ намегунҷад.

Дар маҷмуъ бардошти ман аз сиёсати исломию ҳамзабонӣ ва муштаракоти фарҳангии ин кишвар бо Тоҷикистон ин буд: ҳар қадар тоҷики заифтаре дарёфтӣ, фишорро болои ӯ бештар кун, то бар ивази як “сэндвич” кор кунад, вале аз ин минбари ноқизи ҳаққи инсон барои “дифоъ аз ҳаққи мустазъафин” садо баланд намояд. Бинобар ин он чӣ дар бораи ғасби ҳаққи банда гузашт, шояд бо нигориши як матлаб ситонида нашавад, аммо ҳадаф аз навиштан он аст, ки ҳадди ақал ҷомеаи мо бидонад, ки пушти пардаи сиёсати исломии ин кишвари ҳамрешаву ҳамфарҳанг чӣ масъулине нишастаанд ва чӣ рафтореро дар ҳаққи ҳалоли як мусалмону ҳамзабон раво мебинанд.

Талабшоҳи САЛОМ,

корманди собиқи радиои “Садои Хуросон”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here