Меҳнатқаринони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ифтихору сарбаландӣ аз файзи истиқлолият ва бақои ваҳдату сулҳу сафо бо баҳрамандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкорона ва тадбирҳои ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа баҳри ноил шудан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва ободониву шукуфоии Ватани азизамон пайваста заҳмати софдилона ба харҷ медиҳанд.

 

Руҳбаландӣ аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат

Зимни суҳбат раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зариф Назирӣ изҳори қаноатмандӣ намуд, ки «бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои созандагиву ободонии диёрамон вусъати тоза гирифта, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди боғу токзорҳо мардуми меҳнатқарини диёрро боз ҳам руҳбаланд намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳаки асосии корбарии хеш қарор дода, бо таҷдиди назар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ҷиҳати иҷроиши супоришҳо ва бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои судманд андешид”.

Ба қавли раиси ноҳия, “дар ин раванд, бо мақсади амалӣ гаштани самтҳои асосии фаъолият нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тарҳрезӣ гардидааст, ки он ба таъмини устувории иқтисодӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, сохтмон ва барқарорсозии иншоот, инкишофи соҳаи иҷтимоии ноҳия, дастгирии табақаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд мусоидат намуда, чун меҳвари асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, савдои беруна ва дохилӣ, сохтмони асосӣ, иҷроиши нақшаҳои буҷети давлатӣ таъмин гардидааст”.

Зимнан, зикр гардид, ки дар соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 73 адад қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 117 адад қарору амрҳои раиси вилояти Суғд ворид гардидаанд. Ҳамаи онҳо таҳти корбарӣ ва назорат қарор доранд ва оид ба рафти иҷрои онҳо тибқи муҳлатҳои муқарраргардида ахборот пешниҳод карда шудаанд.

Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён гардидаанд, дар алоҳидагӣ парвандаи назоратӣ омода карда, тибқи муҳлатҳои пешбинишуда дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои марбута ба унвони мақомоти болоӣ маълумот манзур менамояд.

 

Барномаи рушди ноҳия

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020 тибқи банди 15-и Нақшаи Протоколи №1с/22-1 ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2015 ҷиҳати идома додани таҳияи барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳо таҳия шудааст. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур бо санадҳои стратегӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мувофиқат менамояд.

Дар маҷмуъ, дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои солҳои 2016-2020-ум 173 лоиҳа ба маблағи 139,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаҳои Барнома ба маблағи 88,6 млн сомонӣ корҳо иҷро гардидааст, ки ин 64,5%-и иҷроиши Барномаро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои таҳияшуда дар ноҳия 10 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 170 ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуда, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва толорҳои варзишӣ низ сохта ба истифода дода шудаанд.

 

Рӯзи қабули раис

Соли 2018 ба унвони раиси ноҳия 5300 адад мактуб ва 7359 адад аризаҳои шаҳрвандон бобати масъалаҳои гуногун ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон зиёда аз 1482 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки муроҷиати онҳо аз ҷониби шахсони масъул мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шудаанд. Илова бар ин, аз ҷониби раиси ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия “Рӯзҳои қабул” доир гардида, муроҷиати онҳо барои корбарӣ ба масъулин  ирсол карда шудааст.

Боиси қайд аст, ки шаҳрвандоне, ки дар “Рӯзҳои қабул” дар ҷамоатҳо ба Раиси ноҳия оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ва молиявӣ муроҷиат намудаанд, бо кӯмакҳои моддии яквақта, ба монанди маводҳои хӯрока ва кӯмакҳои молиявӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин, ба наздики 500 нафар сокинони ноҳия, ки барои гирифтани табобат, сохтмон ва таъмири манзил ба унвони Раиси ноҳия муроҷиат намудаанд, зиёда аз 210,0 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

 

Ҳукумати электронӣ

Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2011, №550 «Дар бораи компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015» аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Ҷиҳати иҷрои қарорҳои мазкур айни ҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шумораи умумии компютерҳо 50 адад ва принтер 25 адад буда, ҳамаи онҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Инчунин, ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо компютер ва принтер таъмин буда, барои пайваст шудан ба шабакаи интернет аз модемҳои ширкатҳои интернетӣ истифода мебаранд. Ҳоло домени мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия — www.gafurov.tj аз қайди давлатӣ гузаштааст. Инчунин, шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ноҳия бо шабакаҳои Интернет пайваст буда, барои пурра фаъолият намудани шабакаи интернет аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 50,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

 

Омӯзиши маърифати ҳуқуқӣ

Дар соли 2018 ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ 29 нафар довталаб қабул ва ба кор таъин карда шудаанд, ки аз онҳо 9 нафарашон зан, 13 нафар ҷавонони то синни 35-сола мебошанд. Ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дараҷаи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ, дар сатҳи хуб донистани забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои замонавӣ, садоқат ба Ватан, поквиҷдонӣ ба эътибор гирифта шудааст.

Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, пешгирии содиршавии ҳодисаҳои коррупсионӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлат ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи коррупсия”, “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ”, машварат ва корҳои омӯзишӣ бо роҳбарони сохторҳо машваратҳо гузаронида шуда, масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар байни кормандон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба қонунҳои мазкур ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба роҳ монанд.

 

Сатҳи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Чун ба Зариф Назирӣ аз боби сатҳи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суол додем, мавсуф маълумоти мазкурро манзури мо намуд:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони гуруҳи корӣ дар шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ҷиҳати амалигардонии саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи  соли 2018, №АП-1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла:

 

Дар соҳаи маориф

Дар доираи ин омодагиҳо бинои дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ҷамоати деҳоти Ёва, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, афтонида шуд. Аз сабаби он, ки имрӯз дар ин мактаб эҳтиёҷот ба бинои иловагӣ нест, ба нақша гирифта шудааст, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва маблағгузории буҷети маҳаллӣ бинои таълимии иловагии дорои 4 синфхона то соли 2021 сохта ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон, дар ин марҳила дар 9 адад муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла муассисаҳои таълимии №3-и ҷамоати деҳоти Исмоил, №8-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, №19-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров, №30-и ҷамоати деҳоти Д. Холматов, №36-и ҷамоати деҳоти Исфисор, №38-и ҷамоати деҳоти Хистеварз, №41-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, №48-и ҷамоати деҳоти Ёва, №63-и ҷамоати деҳоти Исмоил, ки ба таъмири асосӣ ниёз доштанд, бо маблағи умумии 352,6 ҳазор сомонӣ пурра аз таъмири хушсифат бароварда шуданд.

Ҷиҳати ба зинаи аввал фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва аз байн бурдани норасоии ҷой дар кӯдакистонҳо чораҳо андешида шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия ва ҷалби маблағи саховатмандон дар ҷамоати деҳоти Хистеварз кӯдакистони «Зебо», ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият бозмонда буд, аз нав барқарор карда шуда, санаи 3-юми сентябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров гуруҳи садамавии кӯдакистони №16 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳамчунин, дар муассисаи томактабии №14-и ҷамоати деҳоти Д. Холматов сохтмони бинои иловагӣ ва дар ҷамоати деҳоти Исмоил дар кӯдакистони маҳаллаи Чордара, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, корҳои азнавбарқароркунии кӯдакистон оғоз гардид.

Дар ин давра дар ҷамоати деҳоти Д. Холматов кӯдакистони хусусии “Ворисони Сино” ва дар ҷамоати деҳоти Исфисор мактаб-кӯдакистони хусусии “Меъроҷ” ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар онҳо 85 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар ҷамоати деҳоти Хистеварз корҳои сохтмонӣ дар бинои кӯдакистони хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ 150,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шуда истодааст,  идома дорад.

 

Дар соҳаи тандурустӣ

Иловатан ба идомаи корҳои бунёдкорӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳия аз ҳисоби буҷети вилоят сохтмони беморхонаи марказӣ идома дошта, дар ҷамоати деҳоти Хистеварз сохтмони беморхона барои кӯдакон ва дар ҷамоати деҳоти Зарзамин сохтмони маркази саломатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо суръат пеш меравад. Ҳамзамон тибқи нақша 2 адад сохтмони бинои иловагӣ дар марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Хистеварз ва Исфисор сохта ба истифода дода шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Чашмасор 2 адад хонаи саломатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин радиф дар 3 беморхонаҳои рақамӣ ва 13 хонаҳои саломатӣ таъмири асосӣ гузаронида, таъмири 2 бинои ёрии таъҷилӣ ва бинои иловагии маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасор сохта ба истифода дода шуданд. Айни ҳол корҳои сохтмонии бинои ёрии таъҷилӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз оғоз гардидааст.

Дар соҳаи варзиш

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия тибқи нақша — чорабиниҳо 12 адад толор ва майдончаҳои варзишӣ сохта, 4 адад иншооти варзишӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш бо ташаббуси оилаи Каримовҳо дар назди муассисаи таълимии №50 як адад варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳудуди муассисаи мазкур панҷарабандӣ гардидааст. Чунин варзишгоҳи хурд дар назди муассисаҳои таълимии №11 ва №21-и ҷамоати деҳоти Ғозиён низ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 386,0 ҳазор сомонӣ бунёд гардиданд. Инчунин, 2 адад толори варзишӣ, аз он ҷумла дар назди Коллеҷи тиббии ғайридавлатии ноҳия ва Қитъаи Суғдии Роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои хурди варзишӣ сохта шуданд. Айни ҳол сохтмони варзишгоҳи замонавӣ дар муассисаи таълимии №57 оғоз гардид.

 

Дар соҳаи фарҳанг

Дар соҳаи фарҳанг низ як қатор нақша — чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, дар доираи омодагиҳо ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷамоати деҳоти Унҷӣ аз ҳисоби хоҷагии ба номи С. Урунхӯҷаев сохтмони «Боғи фарҳангӣ ва истироҳатӣ» сохта, он бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди истифода қарор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва Ғозиён хонаи маданияти ҷамоатҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 520 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар ҷамоати деҳоти Исфисор, деҳаи Дашти Амин «Қасри фарҳанг»-и деҳа пурра азнавсозӣ карда шуд.

Дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров майдони ба номи Б. Ғафуров аз нав барқарор гардид.

 

Дар соҳаи иҷтимоиёт

Тибқи дастуру супоришҳо дар маҳали зисти сокинони ноҳия, бахусус деҳаҳои дурдасти ноҳия корбарӣ намуда, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сохтани 11 адад кошонаи ҳусн, ташкили 20 нуқтаи хатнакунӣ ва 3 нуқтаи таваллудхона пешбинӣ гардида, баҳри иҷрои он ҳоло корбарӣ оғоз гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 3 адад кошонаи ҳусн дар ҷамоатҳои деҳоти Хистеварз ва шаҳраки Ғафуров, 8 адад сартарошхона дар ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ҳ. Усмонов, шаҳраки Ғафуров, Ёва, Исмоил, 1 адад ҳаммом дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, 15 адад нуқтаи хатна дар марказҳои саломатии ҷамоатҳо, дар беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва дар шуъбаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, 2 адад нуқтаи таваллуд дар ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор ва Исмоил ташкил карда шуданд.

 

Дар самти истеҳсолот

Дар доираи омодагиҳо то кунун 10 адад корхонаҳои хурди саноатӣ, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Фариза и Ком», «Дадобоев Толиб», «Профӣ», «Шарипов Н.», «Хуҷанд Роҳ», «Сорбон Ойл», Ваҳдат — 2018», «Манзил — 2014», «Абӯбакр — 2014», «Тоҷровд» бо теъдоди 170 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаанд. Тибқи нақша дар ҷамоати деҳоти Ёва ҷиҳати ташкили корхонаи коркарди регу шағал «Корварз» корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.

Дар асоси нақша — чорабиниҳои таҳиягардида моҳи декабри соли 2018 бинои Кумитаи Ҳизби халқӣ-демкоратии Тоҷикистон дар ноҳия сохта, он бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд. Худи ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов дар дохили бинои ҷамоат барои оғози сохтмони Парчами давлатӣ санги аввал гузошта шуд.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 60 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ бо теъдоди 230 ҷойи корӣ дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил карда шуданд.

Дар доираи эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷамоати деҳоти Чашмасор минтақаи истироҳатӣ бо номи “Арчазор” ташкил ва ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Исфисор, минтақаи Шӯркӯл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони минтақаи истироҳатии комплекси «Кохи Малика» оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ дар минтақа бо суръат идома доранд.

 

Дар соҳаи кишоварзӣ

4 адад гармхона дар ҷамоатҳои деҳоти Исмоил, Исфисор, Ҳ. Усмонов, 1 адад сардхона дар ҷамоати деҳоти Исмоил бо теъдоди 16 ҷойи корӣ, 1 адад фермаи парандапарварӣ дар ҷамоати деҳоти Хистеварз ва 1 адад ҳавзи моҳипарварӣ дар ҷамоати деҳоти Исмоил ташкил карда шуданд. Айни ҳол сохтмони боз як адад гармхона дар ҷамоати деҳоти Ёва оғоз гардид.

 

Дар самти роҳу нақлиёт

Соли сипаригардида аз ҳисоби буҷети вилоят кӯчаи Хуҷанд — Ёва ба масофаи 3 км ва дар маҷмуъ дар қаламрави ноҳия 23,6 км роҳҳо пурра мумфарш ва 117,8 км роҳҳо шағалпӯш карда шуданд. Дар соли 2018 ба масофаи 110,05 км хати об ва ба масофаи 44,8 км хатти барқ кашида, 34,6 км роҳҳо чароғон карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 24 адад трансформаторҳо насб ва 3 адад кӯпрук сохта ба истифода дода шуданд.

Дар фароварди ин суҳбати самимӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳтарам Зариф Назирӣ бо итминони комил ва дилпурона иброз дошт, ки “минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмуъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд”.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here