Қисмати зиёди занону духтарони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, ки дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар барои пайдо кардани ризқу рӯзии худу фарзандонашон ҷамъ меоянд, аз кори имрӯзаи худ розӣ буда, мехоҳанд барояшон ҳукумати шаҳри Бохтар ҷойи мувофиқ ташкил кунад, то касе монеи корашон нашавад.

 

Намоиши ҷойҳои холии корӣ

Чанде пеш барои таъмин намудани занону мардоне, ки ба мардикорӣ дар шаҳри Бохтар машғуланд, аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Мақсади баргузории ин ярмарка таъмин намудани занони мардикор бо ҷойи кор ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо буд, аммо мутаассифона, 80 дарсади ширкаткунандагон аз пешаи интихобнамудаи худ розӣ буда, танҳо хоҳиши занони мардикор аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барояшон муайян намудани макони мувофиқ асту бас, то касе ба кори онҳо дахолат накунад.

 

Баргӣ Қосимова: Мардикорӣ ба мо писанд аст

Зани мардикор Баргӣ Қосимова зимни суҳбат гуфт, ки “мо аз кори худ розием. Намехоҳам бо 400 — 500 сомонӣ маоше, ки ба мо пешниҳод мекунанд, кор кунам, зеро ҳаққи якрӯзаи корам аз 40 то 70 сомонӣ аст”. Ӯ илова мекунад: “Ягона орзуи мо аз масъулон ин аст, ки барои мо ҷои муайяне муҳайё созанд, то аз таги барфу борон ва офтоб эмин бошем”.

Ҳамчунин, ин зани мардикор гуфт, ки “кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳар рӯз омада, моро аз ин ҷо меронанд”. Ба ин монанд, даҳҳо занони мардикор низ қайд намуданд, ки аз кори пешакардаи худ розӣ буда, орзуи ягонаашон макони муайян доштан аст, то аз офтобу борон эмин бошанд.

 

Наврӯззода Аслбӣ: Занони мардикор маълумот надоранд

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Наврӯззода Аслбӣ низ афзуд, ки ба занони мардикор барои омӯзиши ягон касбу ҳунар дар доираи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ” тариқи ройгон аз тарафи гуруҳи корӣ пешниҳод карда шуд, вале ҳамаи онҳо рад намуданд. Бо сабаби он, ки ба онҳо маблағи ҳамарӯза лозим меояд барои хӯронидани фарзандонашон. “80 фоиз лоақал маълумоти миёнаи то синфи 9-ум надоранд. Аз тарафи он нафароне, ки имрӯз дар “Мардикорбозор” ҷамъ омадаанд, танҳо пешниҳод гардид, ки агар хуб мешуд, аз тарафи масъулини шаҳри Бохтар барои онҳо ақаллан як ҷойи алоҳида бо навиштаҷот ташкил карда шавад”,- илова кард Наврӯззода.

 

Мақоми бекорӣ ба беш аз 4 ҳазор зани хатлонӣ

Ҳамчунин, Наврӯззода Аслбӣ ба мо хабар дод, ки дар 4 моҳи соли равон 7 ҳазору 62 нафар занони вилояти Хатлон барои пайдо кардани ҷойи кор ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 884 зан ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 4 ҳазору 227 зани дигар мақоми бекорӣ додаанд.

Ӯ гуфт, дар 4 моҳи соли 2019-ум 3 ҳазору 137 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 2 ҳазору 545 нафар ба касбомӯзӣ фиристода шудаанд.

 

Чаро дастурҳо иҷро нашуд?

Бояд гуфт, ки муовини Сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зоирзода зимни як сафари кориаш ба вилояти Хатлон аз ташкили “Бозори мардикорзанон” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар изҳори ташвиш карда, масъулонро супориши қатъӣ дод, ки ба ин масъала расидагӣ кунанду ҳарчи зудтар занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Ҳамчунин, Ҳакимзода Қурбон — раиси вилояти Хатлон низ зимни нишасти матбуотиаш аз ташкили “Мардикорбозор” дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар ёдовар шуда, гуфта буд, ки «барои мову шумо — мардон ору номус аст, ки занони мо дар кӯча баромада ба мардикорӣ машғул шаванд».

Ҳамчунин, раиси вилоят бо нигаронӣ гуфта буд: «Бояд ҳар роҳбари ташкилоту идораҳо фикр кунанд, ки дар ҷойи инҳо зани худ ё хоҳару модари худашон истодааст». Аз ин рӯ, тамоми роҳбарон супориш гирифтанд, ки сари ин масъалаи мубрам чораҷӯӣ намуда, занони мардикорро бо ҷойи кор таъмин созанд.

Аммо бо гузашти чанд моҳ аз супоришҳои муовини сарвазир ва раиси вилоят масъалаи таъмини занони мардикор бо ҷойи кор ҳалли худро пайдо накардаву ҳамарӯза зиёда аз 100 нафар занону духтарони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ омадаву интизорӣ корфармо мешаванд. Ва рӯз то рӯз шумораи онҳо афзоиш меёбад.

 

Коршиносон: Маош хуб бошад, занон кор мекунанд…

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, агар масъулон барои занони муздур кори мувофиқ, ки маблағи хуб дошта бошад, пайдо кунанд, ҳатман инҳо аз мардикорӣ даст хоҳанд кашид.

Коршиносон ба он ақидаанд, ки ҳар меҳмони дохиливу хориҷӣ, ки ба маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар сафар мекунад, бо дидани зиёд занони мардикор ҳатман таассуроти нохуб мебардоранд.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here