Дар нишасти матбуотии ноҳияи Восеъ маълум гашт, ки МИҲД-и ноҳия бинобар сабаби надоштани маблағ то кунун ягон иншооти ҷашниро ба зиммаи хеш нагирифтаву дар оянда нахоҳад гирифт.

Восеъ ноҳияи калонтарин дар минтақаи Кӯлоб аст, ки аз ҷиҳати мавқеаш нисбат ба дигар ноҳияҳо шароити хуби иқтисодӣ ва аз лиҳози коммуникатсионӣ бартарӣ дорад. Ноҳия аз тамоми қисматҳояш рӯ ба сӯи «Уқёнус» ва роҳи бузурги «Абрешим» пайваст мебошад. Ба замми ин, ноҳия пайвандгари шоҳроҳи азими иқтисодии ноҳияҳои дигари ҳамсоя аст. Мавқеи географияш тақозо менамояд, ки дар босуръат саноатикунонии мамлакат нақши нишонрас дошта бошаду кайҳо боз бояд аз дотатсия мебаромад. Мутаассифона, аз бемасъулиятӣ ва бепарвоӣ ва инчунин надоштани дониши казоии фазои саноатикунонӣ то кунун нокушода мондааст.

Восеъ ягона ноҳияест, ки зодгоҳи азизи соҳибкорони маъруф, аз қабили Бек Сабур, Авазхон Кабир ва садҳо нафар чеҳраҳои намоёни дигар мебошад. Аммо МИҲД-и ноҳия натавонист, ки то истиқболи ҷашни Истиқлол аз дотатсия барояд.

Ба саволҳои намояндагони расонаҳо, бо сабаби набудани раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло, муовини аввали ӯ Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан посух дод. Ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба номусоидии иқтисодӣ ва маълумотҳои бонкӣ, таъиноти кадрӣ, самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва варзишу сайёҳӣ ҷавоби мушаххасе дода нашуд.

Аз тадқиқоти рӯзноманигорӣ аниқ гашт, ки ноҳиядорон дар самти пешрафти саноатикунонӣ маҳз «тормоз»-и рушди ноҳия мебошанд. Бузургтарин корхонаи саноатии ноҳия — «Самар» бо сабаби ба ҳама маълум — бӯғисозии ҳокимияти маҳаллӣ рӯ ба фаношавист. Корхонаи бузургро бе василаи коркарди ашёи хом гузоштан ва заминҳои онро тарака намудан аз бемасъулиятии гӯшношунид дар таърихи ноҳия метавон арзёбӣ намуд. Дар ин масъала муовини аввали соҳаи иқтисоди ноҳия Султонзода Сабур чӣ гуна вокуниш нишон медода бошад, ки дар тӯли курсинишиниаш ягон амали хайре баҳри саноатикунонии ноҳия накардааст!? Ба ғайр аз «Амонатбонк» дигар бонкҳо дар ноҳия аз назорати ҳукуматдорон барканор мондаанд, ки яке аз бастаҳои кушодашавии рахнаи саноат мебошад. Тарзи дурусту мақсадноки қарзҳои бонкӣ метавонад тавлидгари маҳсулоти дохилӣ гардад. Мутаассифона, муовини аввали раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ аз ин рукни нозуки риштаи иқтисод бедарак аст. Бахши таъиноти кадрӣ дар ноҳия анқариб ду даҳсола аст, ки ба зиммаи Назаров Сайвалӣ вогузошта шудааст. Назаров Сайвалӣ то кунун худ аз ротатсияи кадрӣ нагузашта, дар ин раванд ба таъин кардани кадрҳо машғул аст. Дар нишасти матбуотӣ иддао ба миён омад, ки кадри интихобнамудаи ӯ дар бахши фарҳанг ба талаботи имрӯзаи корбарӣ номувофиқ аст. Суоли матраҳ ба ҷаноби Назаров Сайвалӣ низ додем ва ӯ иброз намуд: «То ман ва раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло ҳаст, ягон кадр бе таъиноти мо ба кор қабул карда намешавад. Оид ба фаҳмиши фарҳангӣ надоштани мудири нав Гулшанбӣ Раҳмоналиева мо медонем. Мутахассисони ноҳия бояд мутеи ин кадри интихобнамудаи мо бошанд. Даъво ё арз фоида надорад. Гуфтам ва мегӯям, салоҳияти интихоби кадр дар ноҳия ба зиммаи ман аст. Савод дорад, надорад, имрӯз гӯшаш кунед. Фарҳанг тқ-тқай, любой бесавод роҳбариш мекунад. Гап ба ҳамин вассалом».

Сабаби асосии рушд накардани ноҳия ва дар қарз ғӯтидан — ин ҳама аз бемасъулиятиву догматияи шуъбаи кадрҳои ноҳия ва «кадркушӣ»-и он мебошад. Бемории вабои таъиноти кадрӣ ва кашмакашии вазифадиҳии ҷаноби Назаров Сайвалӣ бояд намояндагони мақомоти марбутаро нигарон намояд.

Айбу шарм нест, ки ноҳияи овозадори 10 Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ дошта дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти кишвар аз бемасъулиятии масъулон ба қарз ғӯтта занад!?

Оид ба варзиш ва рушди он дар ноҳия ҷои гап нест. Дар ноҳия майдончаҳои мини-футбол ҳамааш пулакиянд. Майдончаҳои алтернативии бепул дар атрофи онҳо дида намешавад. «Бойбачаҳо, футбол бозӣ кунед, камбизоатон, тамошо!». Ин беҳтарин шиори бепул барои масъулини соҳаи варзиш мебошад.

Ин ва боз чандин мушкилоти калидие буданд, ки дар нишасти матбуотии ноҳия посухи хешро дарнаёфтанд. Шояд баъди нашри мақола масъулин вокуниш нишон додаву аз пайи ислоҳи камбудиҳо шаванд. Чунки ноҳияи Восеъ номи қаҳрамонро дорост ва бояд сазовори ин ном — Восеи нотарсу далер гарданд.

Араби ДӮСТМУРОД,

махсус барои ҳафтаномаи «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here