Ҷамиямоҳ Раҷабова — сокини деҳаи Шурчашмаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ аз дасти беадолатӣ ба дод омадааст. Ӯ мегӯяд, ки то сел ва ярч фаромадан ба хонаҳояшон зиндагии осуда доштанд. Вале баҳори соли 2013 бар асари боришоти зиёд ярч фаромада, оғилхона ва ду хонаи истиқоматии ӯро ба хок яксон намудааст. Феълан, баъди ҳодиса, оила пароканда асту хонаҳояшон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Апаи Ҷамиямоҳ мегӯяд, ки Худо раҳм хӯраду борони сел наборад. Зеро, хатари ҷиддие ӯ ва се духтари ноболиғи ӯро таҳдид мекунад. Се сол қабл шавҳараш аз бемории сил даргузашт. Ҳамзамон, ӯ низ аз бемории сил ранҷ мекашад ва зери назорати пизишкон қарор дорад. Бори зиндагӣ бар дӯши худи ӯ мондааст. Дар як моҳ ҳамагӣ 218 сомонӣ даромад доранд. Он ҳам аз кумакпулии кӯдаконаш аст.

Ҷамиямоҳ Раҷабова гуфт, ки Ҳошим Хоҷаев — собиқ раиси ҷамоати Худоёр Раҷабов марҳум шавҳарашро даъват карда, дар деҳаи Пахтакор ба онҳо барои сохтмони манзили истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ додааст. Аммо ӯ иддао дорад, ки баъд аз се рӯзи вафоти шавҳараш, масъулини ҷамоат заминро бо баҳонаи ҳуҷҷат надоштан аз дасташон гирифтанд.

Ҷамиямоҳ Раҷабова — сокини деҳаи Шурчашмаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар суҳбат гуфт: “Ростӣ, аз ҳама дилсард шудам. Зеро ҳар ҷое, ки муроҷиат кардам, касе ба додам нарасид. Соли 2013 дар пайи боронҳои сели баҳорӣ аз куҳ ярч фаромада, оғилхона ва хонаи истиқоматиамро чаппа карда, ду чорвои майда ҳалок шуду чанд тани дигараш маъюб шуданд. Ҳошим Хоҷаев — собиқ раиси ҷамоати Худоёр Раҷабов вазъи моро дида дилаш сӯхту ба мо дар деҳаи Нунҷемас 0,08 га (дар назди сангов) замини наздиҳавлигӣ дод. Бо ҳамроҳии шавҳарам ду «Камаз» санг бурда, дар замин рехтем ва ният доштем, ки сохтмони хонаро оғоз мекунем, аммо вазъи саломатии шавҳарам бениҳоят бад шуд. Ӯ бемории сил дошт. Хуллас, баъди табобатҳои пайдарҳам шавҳарамро аз беморӣ наҷот дода натавонистем. 18-уми майи соли 2017 шавҳарам вафот кард. Ҷамолиддин Икромов — раиси ҷамоат бо муовину заминсози ҷамоат омада, ба мо гуфтанд, ки гӯё замин аз они мо несту ба дигар кас тааллуқ дорад. Заминро аз дастамон гирифтанду ба дигар кас доданд. Як поям дар ҷамоат асту як пои дигарам дар дари беморхона. Зиндагиам вазнин аст. Ин дафъа агар каме борони сел борад, ҳам хонаҳоямро ва худамонро низ шуста мебарад. Ман аз ҷамоат танҳо хоҳиш дорам, ки ба ман замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда диҳанд”.

Тибқи иттилои Ҷамиямоҳ Раҷабова, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Восеъ омада хонаҳояшро акс мегиранд ва ваъда мекунанд, ки чора мебинанду мераванд. Дигар на хате аз онҳо мешаваду на хабар. Мутаассифона, ваъдаҳояшон танҳо ваъдаю навиштаҳояшон танҳо рӯи варақ мемонаду халос.

Ҷамиямоҳ Раҷабова дар суҳбат илова кард, ки то ба ҷамоат расидан даҳ километр роҳро тай мекунад. Гоҳ бо нақлиёти мусофирбар, гоҳ пиёда ва бисёр вақт савори чорпо (хар) шуда ба ҷамоат меояд. Вале рафтану омаданаш суде намедиҳад.

Ҷамолиддин Икромов — раиси ҷамоати Худоёр Раҷабов ҳангоми суҳбат гуфт: “Мо хабардорем, ки хонаи Ҷамиямоҳ Раҷабова дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аммо барои тақсимоти замин ман ваколат надорам. Рафта ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Восеъ муроҷиат кунед”.

Роҳ пеш гирифтем сӯи масъулини ноҳия. Алихон Худоёрзода — муовини соҳавӣ ва раиси комиссия оид ба тақсимоти замин дар ноҳияи Восеъ гуфт: «Дар ҳолати санадҳои мавҷуда оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ раисони ҷамоат вазифадоранд, ки оид ба дар ҳолати садамавӣ қарор доштани хонаи истиқоматии сокинони ҷамоат ба мо санад пешниҳод намоянд. Вале то кунун касе ба мо на санад, на маълумоти мушаххас надодааст».

Масъулин мегӯянд, ки ҳанӯз шикояти апаи Ҷамиямоҳ ба онҳо нарасидааст. Дар ҳоле, ки панҷ аризаи шикоятии пайдарҳами Ҷамиямоҳ Раҷабова ҳатто ба раиси ноҳия ҳам расидааст, аммо таассуфовар аст, ки чаро ба доди мавсуф на раиси ҷамоат ва на масъулини МИҲД-и ноҳия намерасанд?!

Араби ДӮСТМУРОД, махсус барои «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here