Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буда, воқеъ дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ноҳияи Ванҷ 29 майи соли 1933 ташкил ёфтааст. Ба ҳолати 1январи соли 2018 аҳолии ноҳия 36 ҳазору 416 нафарро дар бар мегирад. Ноҳияи Ванҷ шаш ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Рохарв аст, ки 171 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарв дар Ванҷоб ҷойгир шудааст. 

Ноҳияи Ванҷ бо масоҳати 4430,5 км² дар миёни қаторкуҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвоз ва дар ҷануб бо ноҳияи Моимаии вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язғулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Ҳудуди ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад, ки дар миёни қаторкуҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст, ки дар миёни қаторкуҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.

Аз 19 ноябри соли 2013 Давлатбибӣ Раҷабова дар мансаби раиси ноҳияи Ванҷ кор мекунад.

 

НОМҲОИ ҶАМОАТ ВА РУСТОҲОИ ВАНҶ

Ноҳияи Ванҷ 6 ҷамоати деҳот ва 1ҷамоати шаҳрак дорад, аз ҷумла ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (рустоҳо: Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Пайшамбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго), Водхуд (рустоҳо: Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз), Ҷовидон (рустоҳо: Бунай, Рав, Ҷовидон, Потов, Арнавад, Убго), Техарв (рустоҳо: Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада), Рованд (рустоҳо: Ширговад, Ғиҷоваст, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор) ва Язгулом (рустоҳо: Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбаг, Жамаг). 

 

ЗАБОНИ МУОШИРАТИ МАРДУМИ ВАНҶ

Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд, вале дар водии Язғулом бо забони язғуломӣ. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX- XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун, вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд.

 

ВАНҶ ДАР АҲДИ ПЕШИН

Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажуҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназада аст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ як далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд.

Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна, Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан ва гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша, манотиқи муҷовирро бо оҳан, асбоби кишоварзӣ ва корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.

Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328-и ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 мелодӣ навишта аст, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд: «Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи куҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст».

Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд.

Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва ба Дарвоз муставлӣ шуд ва Дарвозро бекигарӣ ва Қалъи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлолияти худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.

Соли 1895 бекигарии Дарвоз ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба Аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид, ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Ғарм дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Ғарм барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931- 1936 сарзамини Ғармро ба ноҳияҳо бахш карданд ва 29 маи соли 1933 Ванҷ аз Дарвоз ҷудо ва яке аз навоҳии Ғарм шуд. Соли 1938 округи Ғарм дубора бунёд ва соли 1939 вилояти Ғарм гашт, ки то соли 1955 барҷой буд. Дар он сол бахши ғармии вилоят дубора зери фармони ҷумҳурӣ ва бахши ванҷии он бо номи ноҳияи Ванҷ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дода шуданд. 

Ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар бахше аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 маи соли 1933 таъсис ёфтааст.

 

НАҚШАИ КУЛЛИ МАРКАЗИ НОҲИЯ

Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳияи Ванҷ дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки нақшаи кулли маркази ноҳия барои 30 соли оянда тасдиқ гардида, барои ба низом даровардани сохтмону меъморӣ ва ободу зеботар гардондани маркази ноҳия иқдоми муҳим мебошад. 

— Аз соли 2015 сар карда, тибқи лоиҳаи мукаммали банақшагирӣ марказ тақсимбандӣ шуда, дар ин ҷо маҷмӯи манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва таъйиноти саноатӣ қомат меафрозанд. Аз таҳияи нақша якчанд сол гузашта бошад ҳам, аксар аз иншооти мавриди назар аллакай сохта ба истифода дода шуданд ва симои маркази ноҳия бо маблағгузории давлат ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ торафт ба шаҳри замонавӣ монанд мешавад.

Ванҷ сарзамини дорои имконияти бузурги табиӣ ва иқтисодӣ мебошад. Аммо сарвати асосии минтақа мардуми ҳунарманду меҳнатқарин ва меҳмоннавозаш ҳастанд. Ванҷро ҳамчунин сарзамини ҳунар меноманд. Ин макон бо шоирони оташинсухан, сарояндагону ромишгарони хушадо, оҳангарону чӯбтарошони босалиқа шуҳратёр аст. Молу маҳсулоти дастони ҳунаррези устоҳои чӯбкору оҳангарони мо, бо шумули гаҳвораҳои хушранг, табақу чумча, дару тирезаҳои сохтаи онҳо серхаридоранд. Бонувон дар дӯзандагӣ ва нонпазиву қаннодӣ чирадастанд. Ҳунар дар баробари муошират беҳтарин муаррифгари фарҳанги мардум аст ва мақомот ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ медиҳад, — изҳор дошт Давлатбибӣ Раҷабова.

 

МАРМАРИ ВАНҶ

Мармари Ванҷ шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, коркарди он дар замони шӯравӣ оғоз гардида буд. Айни ҳол дар кони Даштак як ширкати ватанӣ фаъол аст, ки тахтасанг истеҳсол менамояд. Мармари Даштак сарфи бештар мехоҳад, вале маҳсулоти он сахту мустаҳкам ва абадист. Барои ҳамин ҳам дар пайкарасозӣ аз ин мармар истифода мекунанд. Захираи калонтарини дигари мармар дар маҳали Пойи Мазор мавҷуд аст. Мармари ин ҷо ранги сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дошта, мулоим ва коркардаш осону талабот ба он дар бозор хеле зиёд мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин кони маъдани нодири никел бо захираи бештар аз як миллион тонна мавҷуд мебошад, ки ҳанӯз дастнохӯрда боқист. 

 

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ванҷ

Барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар қаламрави ноҳияи Ванҷ 4 меҳмонхона шабонарӯз омодаи хидматанд. Ҳамчунин тарабхонаву ошхона ва марказҳои тафреҳӣ бо хидматрасонии муносиби худ барои меҳмонону сайёҳон нигаронида шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 8 мавзеъи таърихию фарҳангӣ, 9 мавзеъи зиёратӣ, 6 мавзеъи сайёҳӣ-экологӣ, 1 дӯкони молу маҳсулоти сйёҳӣ, 120 чашмаҳо, 5 чашмаи шифобахш, 4 тарабхона, 19 нуқтаҳои хӯроки умум, 9 нуқтаи хизматрасонии сарироҳӣ, 6 истгоҳи нақлиёт ва дучарха, 1 маркази интернетӣ, 10 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 1 иншооти сайёҳии «Ванҷи боло», 1 ширкати сайёҳӣ, 1 фурудгоҳи минтақавӣ, 2 дармонгоҳ, 23 бунгоҳҳои тиббӣ ва пиряхи Федченко мавҷуд аст.

Бо эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт дар ноҳияи Ванҷ рангу ҷилои дигар гирифт. Дар ноҳияи Ванҷ мардону занони ҳунарманди зиёде кору фаъолият доранд.

Айни ҳол дар ноҳия 3 сехи дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки имсол онҳо барои толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия сару либоси мактабӣ омода намуданд. Ҳоло дар ноҳия 4 нафар занон ба тоқидӯзӣ машғул буда, барои фурӯш баровардани молҳояшон бо корхонаи «Рухом» ҳамкорӣ карда истодаанд.

Аз ҳисоби 5 нафар занони хонашин ва соҳибкор, ки мақсади ташкил намудани сехҳо ва ҳунарҳои мардумиро доранд, 5 лоиҳа тартиб дода шуда ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани грантҳои Президентӣ пешниҳод гардидаанд, ки то ба имрӯз аз ин лоиҳаҳо дутояш дастгирӣ ёфтанд. Барномаи дӯзандагии «Ҳангома» ва барномаи коркарди шир дар ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев.

Дар ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ 3 корхонаи табақтарошӣ ва 3 адад корхонаи оҳангарӣ (табар, теша, дос, корд, фона, бел ва ғайраҳо) мавҷуд аст, ки маҳсули дасти онҳо талабгорони зиёд доранд ва дар ҳамаи чорабиниҳо ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Инчунин дар ҷамоати деҳоти Техарв низ оиди рушд додани ҳунари устоҳои маҳаллӣ корхонаи оҳангарӣ 2 адад, чӯбтарошӣ 3 адад фаъолият карда истодаанд, ки маҳсули дасти онҳо дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Бо мақсади дастгирии молиявии ҳунармандон рӯйхат иборат аз 46 нафар тартиб дода шуда, барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ба БДА «Амонатбонк» пешниҳод карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here