Имрӯзҳо дар баробари мардон бонувони тоҷик низ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ сарбаландона фаъолият карда истодаанд. Хусусан дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон шумораи бонувони роҳбар сол аз сол меафзояд, ки фаъолиятҳояшон лоиқи таҳсин аст.

Мушовири шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Вахш Русулова Тоҷинисо мегӯяд, ки “бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати занон рӯз то рӯз бештар мешавад. Аз ҷумла, сафи занони роҳбарикунанда дар ноҳияи мо дар соҳаҳои гуногун афзуда истодааст. Ман яке аз бонувоне мебошам, ки зинаҳои гуногунро тай намуда, аз омузгорӣ то мудири бахши занон ва оила расидам ва дар ниҳоят мудири шуъбаи маориф таъин гардидам. 27 сол мешавад, ки дар соҳаи маориф фаъолият карда истодаам. Вакили маҷлиси вакилони халқ дар ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №9 мебошам. Хизматҳои маро ба инобат гирифта, аз тарафи шуъбаи маориф бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардониданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Зан — роҳбар” иштирок намуда, бо ифтихорнома қадрдонӣ гардидам. Хеле хурсанд аз он ҳастам, ки имрӯз ман бо бонувони роҳбари муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ мекунам. Бениҳоят шодам, ки дар кадом соҳае, ки зан роҳбар шуда фаъолият мекунад, сидқан кор мекунад. Ин меҳру муҳаббати модарона нисбати фарзандони халқ аст. Боиси хушнудист, ки занон сидқан ба Ватан ва миллати худ хизмат карда истодаанд”.

Нусратулллозода Бунафша — директори мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Вахш зикр намуд: “Дар соҳаи маориф нақши зан хеле барҷаста намудор мешавад. Дар муассисаи мо 1500 хонанда таҳсил мекунанд. Ман худро модари ҳамин 1500 хонанда меҳисобам. Ҳар як танқисиеро, ки хонандагон чӣ дар фаъолияти дарсӣ ва чӣ дар хонавода мекашанд, танқисии худ мешуморам. Камбудии ҳар як хонанда — ин камбудии ман аст. Ман шукрона аз он мекунам, ки пеш аз ҳама модар мебошам. Ифтихор аз он мекунам, ки як муассисаи калонро ҳамчун зан модар ба ман вобаста кардаанд. Миннатдории худамро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки маҳз бо дастгирии бевоситаи он кас имрӯз мавқеи мо занон дар ҷомеа баланд гардид. Мо фахр мекунем, ки чунин роҳбар, чунин як падари мушфиқу ғамхор дорем. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, феълан дар тамоми ҷаҳон бемории пандемияи COVID-19 паҳн гардида, то ба Тоҷикистони мо ҳам омада расид. Барои пешгирӣ намудани ин беморӣ ҳамарӯза омӯзгорони муассисаи таълимӣ бо хонандагон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба риоя кардани қоидаҳои гигиенӣ, пӯшидани ниқоб, инчунин, нигоҳ доштани фосилаҳои иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегузаронанд. Аз рӯзи аввали ба вазифа омаданам бисёр кӯшиш кардам, ки тамоми қувваи худро дар ҳамин муассиса сарф кунам. Аз коллективи омӯзгороне, ки дар ин муассиса ҳастанд, миннатдорам, зеро аз рӯзи аввал то ба имрӯз дар канори ҳамдигарем. Коллектив хеле коллективи фаъол аст. Дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёд хонадагони мо иштирок карданду мекунанд”.

Хоҷаёрова Гулбаҳор — иҷрокунандаи вазифаи директори Коллеҷи хусусии тиббии ноҳияи Вахш зикр намуд: “Тӯли 26 сол мешавад дар ҳамин самт кору фаъолият дорам. Чандин маротиба ифтихорномаи шуъбаи маорифро гирифтам. Ба ифтихорномаи раиси ноҳия низ сарфароз гаштам. Дорои унвони Аълочии маориф низ мебошам.

Дар коллеҷи мазкур 984 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Хеле шодам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо занон ғамхориҳои зиёд менамоянд ва пайваста дастгирӣ мекунанд. Мавқеи зан дар ҷомеа хеле баланд аст. Дар ноҳияи Вахш низ мо занони фаъол хеле зиёд дорем. Сафи занони роҳбарикунанда дар ноҳияи Вахш рӯз то рӯз афзоиш меёбад”.

Ҳамчунон мавсуф илова намуд, ки “аз соли 1996 то имрӯз ҳамчун омӯзгор фаъолият карда истодаам. Аз соли 1998 то соли 2018 директори муассисаҳои таълими миёнаи №57 ва №17-и ноҳияи Вахш будам. Аз соли 2018 сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва 6 моҳи соли 2020 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири маориф адои вазифа намудам. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш таъин шудам ва дар айни замон иҷрокунандаи ваифаи директори Коллеҷи хусусии тиббии ноҳияи Вахш мебошам”.

Сафарова Моҳсафар — директори таҳсилоти иловагии ноҳияи Вахш изҳор дошт: “Аз нигоҳи ман зани фаъол бояд дар корҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад. Ман худ ҳамчун роҳбари муассисаи таҳсилоти иловагӣ махсусан ба кормандони худам баҳои баланд медиҳам. Кормандони ман беҳад занони заҳматкашанд. Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ 36 маҳфил аз рӯи 5 равия кору фаъолият дорад: маҳфилҳои ансанбли сурудҳои халқӣ, хорсароӣ, найнавозӣ, лӯхтак, рақси миллӣ, дастони моҳир, ҳусни хат, математикаи шавқовар, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бозичаҳои маҳин, рассомӣ, хониши бадеӣ, информатикаи ҷавон, забони русӣ, англисӣ, таърих, ҳуқуқ, шашка, шоҳмот, тенниси рӯйи миз, забони модарӣ, кошона ва ғайра. Бонувони фаъоли муассисаи мо Қувватзода Маҳваш, Холова Ҷамила, Кравченка Валентина, Кулолбиева Ойтилло, Боронова Ойтилло, Шарипова Раъно, Мамаева Гулнора, Шарипова Қурбонгул, Худойназарова Сайёра мебошанд, ки дар пешрафти илму маорифи ноҳия нақши арзанда доранд. Теъдоди занони мо дар муассисаи мазкур 21 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 15 нафарашон мардон мебошанд. Дар маҷмуъ 36 нафар кормандон дар муассисаи мазкур кор ва фаъолият карда истодаанд. Таҷрибаи корӣ дар маҷмуъ 15 солро дар бар мегирад. Ҳар сол озмуни «Чароғаки роҳнамо» ва «Оташнишон» баргузор мегардад. Дар давраи 15 соли фаъолияти кории ман ҳамавақт дар ин озмунҳо ҷойи аввалро ишғол кардем. Чанде қабл дар вилоят озмуни “Иншои беҳтарин” дар байни 25 шаҳру ноҳия баргузор гардид, ки мо ҷойи аввалро ишғол намудем. Дар озмуни “Ровии беҳтарин” ҷойи дуюм, дар озмуни “Расми беҳтарин” ҷойи сеюмро соҳиб шудем, ки ба хонандагони мо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ду баст 1764 нафар хонанда таҳсил карда истодааст, ки аз онҳо 860 нафар духтар, боқимонда писарон мебошанд. Мо ҳамеша бо шуъбаи кор бо занон ҳамкорӣ менамоем. Дар ҳама чорабиниҳо фаъолона иштирок карда, маҳсули дасти хонандагонро ба маърази тамошо мегузорем.

Дар муассисаи мазкур аз соли 2005 кору фаъолият карда истодаам. Аввалан роҳбари маҳфил ва ташкилотчии корҳои оммавӣ будам. Баъдан муовини директор шудам. Муддати 10 моҳ мешавад, ки роҳбарии муассисаи мазкурро бар дӯш дорам”.

Раҳимзода Бунафша — мудири САҲШ -и ноҳия изҳор дошт: “Аз нигоҳи ман, бонувони ноҳияи мо хеле фаъол мебошанд. Занони мо дар баробари дар сохторҳои давлатӣ кору фаъолият карданашон, боз модар мебошанд. Баъд аз кори давлат ҳамаи онҳо боз ба кори хонаву тарбияи фарзанд машғул мешаванд. Умуман занон дар ҳамаи кор бисёр масъулиятшиносанд. Шуъбаи мо дар бинои боҳашаммати Вазорати адлия ҷойгир аст, ки ҳамаи утоқҳои корӣ ба шароити муосир ҷавобгӯ мебошад, ки ин ҳама маҳз бо ғамхорӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шудааст. Дар шуъбаи мо 6 нафар коргар фаъолият менамоянд.

Ноҳияи Вахш аз 7 ҷамоат иборат буда, ҷудошавии оилаҳо кам шудааст. Шуъбаи САҲШ-и ноҳия бо шуъбаи кор бо занон ва оила бисёр ҳамкории зич дорад. Мо якҷоя бо шуъбаи кор бо занон семинарҳо дар мавзӯи пешгирии зӯроварӣ дар оила бо усули “хона ба хона” мегузаронем. Мо 40 адад шаҳодатномаҳои ройгонро дар ҷамоатҳо ба оилаҳои камизоати ниёзманд тақдим намудем. Бекоршавии ақди никоҳ дар ҳамин сол хеле кам ба назар мерасад. Солҳои пеш кӯдаконро сари вақт ба қайд намегирифтанд. Тӯли як сол мешавад, ки дар ҷамоатҳо зуд ба қайд мегиранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо бо усули “хона ба хона” ҳамин теъдодро коҳиш додем. Боз бо корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз бемории пандемияи COVID-19 ба ҳар як истиқоматкунандагони ҷамоатҳо суҳбатҳо гузаронида шуд”.

Мавсуф қайд намуд, ки “дар оилаи коргар ба воя расидам. Собиқаи кориам аз соли 2006 то инҷониб аст. Аз соли 2013 то имрӯз дар мақомоти сабти асноди шаҳрвандӣ кор ва фаъолият менамоям”.

Сафархолова Мунавара — директори хонаи пиронсолони ноҳияи Вахш мегӯяд: “Зан бояд фарзанди худро хуб тарбия карда, ба ҳаёти мустақилона тайёр кунад, ба роҳи рост равон намояд. Бояд кӯшиш намояд, ки фарзандаш давомдиҳандаи кори падару модар бошад. Нисбати ҷомеа набояд бетараф бошад. Дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки худашонро бетараф ҳис мекунанд. Дар кӯча вақте ҳақорату дашномро мешунаванд, гузашта мераванд. Нодида гирифтани чунин ҳолатҳо мумкин нест. Зани фаъол ҷомеаро ҳамеша пеш мебарад. Мафкураи зан бояд ҳамин хел бошад, ки ҳама нозукиҳои зиндагиро фаро гирад. Мо занон бояд фарзандони худро дар руҳияи эҳёи суннатҳои миллӣ тарбия кунем. Вақте тариқи оинаи нилгун баромади духтарони тоҷикро тамошо мекунам, ки бо либосҳои миллӣ баромад мекунанд, хурсанд мешавам. Меҳмонҳои хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, аз арғумонҳои миллии мо ҳамчун хотира мебаранд. Мо калонсолон бояд хатои ҷавононро ислоҳ кунем. Агар мо ин корро накунем, пас кӣ ин корро анҷом медиҳад? Ин аз падару модар, занони фаъоли ноҳия ва вакилону роҳбарони сохторҳои давлатӣ вобастагӣ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба дарди ҳама пиронсолон даво бошем. Инчунин, маъюбон ҳам дорем, ки ба гуруҳҳои 1 ва 2 дохил мешаванд. Мо инҳоро дастгирӣ мекунем. Онҳоро барои муолиҷа ба беморхонаҳо мебарем. Роҳхатҳо гирифта медиҳем. Агар ягон кумаке аз мо вобастагӣ дошта бошад, мо ҳатман ба ҳалли он кӯшиш мекунем. Умуман кӯшиш мекунем, ки пиронсолону маъюбон ноумед нашаванд, зеро ҳамаи онҳо ба мо ниёз доранд. Ман роҳбар ҳастам, ҳамаи онҳо дарди дилашонро ба ман мегӯянд. Занг мезананд, мегӯянд, ки “муаллимаҷон дар пеш зимистон аст, чӣ кор кунем?”. Мо онҳоро ба таври фаврӣ бо сӯзишворӣ таъмин мекунем. Маълумотномаҳоро дастрас карда, онҳоро аз имтиёзҳояшон огоҳ мекунем. Баъзан баҳсҳои оилавӣ ё  нофаҳмӣ бо ҳамсояҳо ба амал меоянд, ки мо кӯшиш мекунем ин нофаҳмиҳоро бартараф намоем. Агар хона сохта дода натавонем ҳам, хонаҳои ба таъмир ниёздоштаро таъмир карда медиҳем. Камина бо таклифи Мақоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш роҳбари хонаи пиронсолон таъин гардидам. Аз соли 2012 то имрӯз дар хонаи пиронсолон кор ва фаъолият карда истодаам. Таҷрибаи кориам 40 солро дар бар мегирад”.

Холиқова Мавлуда — ҳунарманди ноҳияи Вахш мегӯяд, ки “баъди хатми мактаб бо хоҳиши падарам ба мактаби қолинбофии шаҳри Кӯшониён дохил шудам. Тӯли як сол ман ба ин касб машғул шудам. Оиладор шудам. Вале баъдтар аз шавҳарам ҷудо шудам, аммо аз нав ба хонаводаи шавҳарам баргаштам. Маро ба сехи дӯзандагӣ ба кор монданд. Ман дар сехи дӯзандагӣ ҳамроҳи олмониҳо кору фаъолият мекардам. Бо маслиҳати роҳбари дӯкон дар сехи попурзанӣ, зарзанӣ корро идома додам. Соли 1990 шавҳарам ба садама дучор шуда, вафот кард. Ман ба раиси корхона муроҷиат кардам, ки бо сабаби кӯдакони ноболиғ доштанам, ба фаъолияти ман дар хона иҷозат диҳанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, ман кори худро дар хона иҷро карда, нақшаи худро месупоридам. То ҳол ман бо ҳамин мошинаи дарздӯзӣ кор карда истодаам. Дар соли 2016 ман тасмим гирифтам, ки дар курси атласбофӣ дар вилояти Суғд таҳсил карда, ин касбро аз худ намоям. Ман ба раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қосимзода Идигул муроҷиат кардам. Як филиали ин курси омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар кушода шуд. Ман роҳи дур нарафта, дар шаҳри Бохтар курси атласбофиро гузаштам. Баъд аз гирифтани шаҳодатнома, аз курси омӯзишӣ атласбофӣ бо дастгирии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идигул Қосимзода ва раиси ноҳия ба ман як сехи атласбофӣ кушоданд. Ман ин ҳунари худро ба 20 нафар шогирдам омӯзондам. Дар соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи мо ташриф оварда, аз сехи мо дидан намуданд. Ба Пешвои миллат миннадории худро изҳор доштам ва ҳамчунин ба Пешвои миллат занони хонашине, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида буданд, изҳори сипосу миннадорӣ намуданд. Ман лоиҳаи худро барои гирифтани гранти президентӣ пешниҳод карда, боз соҳиби гранти президентӣ шудам. Бо маблағи грант якчанд мошинаи зардӯзӣ харида, чанд нафар занону духтарони хонашинро ба кор ҷалб кардам. Курсҳои омӯзиширо ташкил намудам. Ба ҳамаи шогирдон баъди хатми курсҳои омӯзиши попурӣ аз ҷониби бахши шуғли аҳолӣ сертификат дода шуд. Айни замон боз як сехи дӯзандагӣ кушода, ба касби дӯзандагӣ, попурзанӣ, қуроқдӯзӣ машғул ҳастем. Шогирдони ман алъон дар ноҳияи Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ ва гирду атрофи ноҳияи Вахш кору фаъолият карда истодаанд. Аз дилхоҳ гӯшаю канори кишвар ба мо муроҷиат кунанд, мо ҳамаи онҳоро омӯзонда, соҳиби ҳунар мекунем. Ман аз ҳунарманд буданам, хеле шодам”.

Раҷабова Инобат — роҳбари Маркази омӯзиши қаннодии ноҳияи Вахш зикр намуд: “Дар давраи шӯравӣ аз соли 1980 то соли 1990 дар корхонаи давлатӣ фаъолият мекардам. Баъди бесарусомониҳо боз дар хона як сехи хурд кушода, корро сар кардам. Талабот зиёд шуд. Як ошхонаро иҷора гирифта, кори худро идома додам. Як мағозаи бисёр фарсударо харида, таъмир кардам ва дар он сехи қаннодӣ кушодам. Ин сехро ман ба хотири занон ва духтарони хонашин кушодам. Занонеро, ки бо кӯдакони хурдсоли бепарастор монда, зиндагии сангин доштанд, ба кори доимӣ ҷалб кардам. Ман барои духтарони ҷавон курсҳои омӯзишӣ мегузарам ва аз соҳибкор буданам бисёр фахр мекунам. Ҳунарманд хор намешавад. Дар солҳои ҷанг ман бо 4 фарзанд танҳо мондам. Ман ки ҳунар доштам, хор нашудам. Бо ҳунари худам 4 фарзандамро хононда соҳиби маълумоту кор кардам. Ҳозир 58-сола мебошам. Касби худро дӯст медорам ва мехоҳам, ки ҳамеша дар хизмати миллати худ бошам. То ҳол омодаам, ки ҷавононро омӯзиш дода, онҳоро тарбия намоям. Ба ҳамаи занон тавсия медиҳам, ки ҳунари худро ба фарзандон омӯзонанд ва баъд ба ҳаёти мустақилона гусел намоянд. Пеш аз ҳама зан бояд модари бомаърифат ва дар ҷамъият саҳмгузор бошад. Модар бояд тарбиятдиҳандаи ҳам фарзанду ҳам ҷамъият бошад. Вақте модари фаъолу бомаърифат сухан мегӯяд, сухани ӯ албатта қадр мешавад. Мо ба духтарон мефаҳмонем, ки вақте кори худро сар мекунанд, шояд ба мушкилӣ дучор шаванд. Аз ин набояд руҳафтода шаванд. На аз пулу моли калон, балки аз хурд бояд корро сар кард. Мо набояд якбора ба зинаи 10 по гузорем. Қадами нахустинро бояд аз зинаи якум оғоз кунем. Ман фаъолияти худро бо 60 тин оғоз карда будам. Ҳозир бошад, дар як сехи калон ба сифати роҳбар фаъолият дорам. Ҳар кор сабру таҳаммул мехоҳад. Бояд мақсад ва орзу бошад. Агар мақсаду орзу набошад, он чӣ гуна амалӣ мешавад? Пеш аз ҳама мо бояд дар назди худ мақсад гузошта, баъд фаъолияти худро шуруъ кунем. Замоне як кунҷи хонаро иҷора гирифта, корхонаи хурди худро кушода будам. Аммо имрӯз корхонаи хусусии худро дорам. Якчанд коргар дорам, ки ба касби қаннодӣ машғуланд ва зиндагиашонро пеш мебаранд. Боз ба ниёзмандону бепарасторорон кумаки худро мерасонам. Ман аз ҳунармандиву соҳибкории худам ҳам дар назди худованд ва ҳам дар назди ҷамъият розӣ мебошам. Ман 20 намуди қаннодиро ба шогирдонам меомӯзонам. Асосан дар вақти омода кардани қаннодӣ ман кӯшиш мекунам, ки ягон химия истифода нашавад. Ҳамаи маҳсулоти мо аз ҷиҳати экологӣ тозаву ба тамоми стандарҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Асосан ман аз маҳсулоти ватанӣ, ба монанди ширу қаймоқ ва меваҳо истифода мекунам. Аз таҷҳизоти замонавӣ истифода мебарем. Устоди ман гурҷӣ, бо номи Ревас Картонович буд. 6 моҳ хондам ва 4 соли дигар дар шаҳри Маскав кору фаъолият кардам. Дониши худро сайқал додам. Бартарияти маҳсулоти мо дар он аст, ки шаҳрвандони мо ҳамеша тарафдори маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд. Қариб 40 сол мешавад, ки дар байни шаҳрвандон кору фаъолият карда истодаам».

Азизова Тахмина — мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш зикр намуд: “Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш фаъолияти худро тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Вахш, Низомнома, Нақшаи кории Бахш ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ намуда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Бахш дар 11 моҳи соли 2020 мувофиқи Нақшаи амалии Барномаҳои давлатии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва инчунин, “Дар бораи Барномаи рушди оила дар ноҳияи Вахш” дар самтҳои гуногун фаъолият намуда истода, як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ ва ташвиқотӣ-тарғиботиро роҳандозӣ намудааст”.

— Аҳолии ноҳияи Вахш 199636 нафарро ташкил намуда, 100083 нафараш занону духтарон мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3130 нафар зиёд мебошад. Дар раванди сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаем ва айни замон дар ноҳия 117 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд,- афзуд ӯ.

Дар корҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагии ноҳия ба иштироки ҳатмии занон диққат дода шуда, дар интихоботи навбатии вакилон ба мақомоти намояндагӣ, маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар соли 2015-ум 5 нафар, дар соли 2020-ум 14 нафар, Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 41 нафар интихоб гардида, нисбат ба интихоботи 5 соли гузашта 31 нафар зиёд мебошад.

Саҳми занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия назаррас аст. Дар соҳаҳои маориф 1174 нафар, тандурустӣ 1081 нафар, фарҳанг 50 нафар, соҳаи бонкӣ 20 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 174 нафар, молия ва андоз 2 нафар, почта ва алоқа 2 нафар, кишоварзӣ 12200 нафар занон кору фаъолият мекунанд ва инчунин, дар 6483 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ 1399 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Барои рушду инкишофи соҳаи илм ва маориф дар ноҳия 1 Коллеҷи тиббӣ, 8 боғчаҳо, 66 мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва миёнаи касбии ноҳия 2505 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки 1149 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

— Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри бештару хубтар ҷалб намудани занон ба сохторҳои гуногуни хизмати давлатӣ, тарбия намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, ба шуғл фарогирии онҳо, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, таъмини баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардон ва занон, иҷрои Барномаҳои давлатиро кӯшиш мекунад дар сатҳи баланд таъмин намояд,- гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш Тахмина Азизова.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here