Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳия ҳамагӣ 6 дарсадашон дар ҳашт муассисаи томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанду халос. Дигар кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ дуранд.

 Барномаи фаромӯшшуда

Фотима Тошева, мушовири муассисаҳои томактабии ноҳияи Вахш дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ҳоло дар ноҳия 8 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳамагӣ 712 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. “Инчунин, дар назди муассисаҳои таълими ноҳия 22 маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 647 кӯдаки дигар ҷалб гардидаанд. Яъне ҳам дар кӯдакистон ва ҳам марказҳои инкошифи кӯдак ҳамагӣ 1 ҳазору 359 тифл фаро гирифта шудаанд”,- илова кард ӯ.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Абдулҳамид Пиронов омили кам фаро гирифтани кӯдакони ноҳияро иҷро нашудани “Барномаи сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2018-2020” дар ноҳия арзёбӣ кард. “Мувофиқи ин барнома бояд дар ноҳия 15 муассисаи томактабии хусусӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ сохта мешуд, аммо мутаассифона, то имрӯз дар доираи ин барнома ягон муассисаи томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ сохта нашудааст. Омили дигари кам фаро гирифтани кӯдакон афзоиши шумораи кӯдакон дар ноҳия мебошад”,- қайд кард А. Пиронов.

Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Вахш кӯдакони аз 2 то 6-сола беш аз 19 ҳазору 520 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ 1 ҳазору 359 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҷалб шудаанду боқӣ аз кӯдакистонҳо маҳруманд.

Посухи масъулон: 30 не, 20 дарсад фаро мегирем

Сайфиддин Валиев — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш илова кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба нақша гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар якчанд муассисаи томактабӣ бунёд кунад. Аммо ҷаноби мудир аниқ нагуфт, ки то соли 2021 дар ноҳия чанд кӯдакистон бунёд мешавад.

Абдулҳамид Пиронов илова кард, ки «мо наметавонем то соли 2021 фарогирии кӯдакони ноҳияро ба муассисаҳои томактабӣ ба 30 дарсад расонем, аммо нақша дорем, ки онро то 20 фоиз боло барем».

Аммо ба ин сухани масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ҳам ақли солим чандон бовар намекунад, зеро дар муддати каме бештар аз як сол фарогирии кӯдакони ноҳияро аз 6 то 20 дарсад боло бурдан чандон имконпазир нест.

Мушкилоти дигар низ зиёд аст

Саъбагул Сафарова — мудири муассисаи томактабии рақами 2-и ноҳия гуфт, ки ҳоло дар муассиса норасоии мизу курсӣ мушоҳида мешавад. “Ҳамчунин сари ҳар як кӯдак дар як рӯз 2 сомониву 50 дирам рост меояд, ки мо танҳо дар як ҳафта як мартиба ба кӯдакон гӯшт медиҳему халос. Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар бозорҳо нархи як нон худ ба ду сомонӣ баробар аст”,- гила кард ӯ.

Хонандаи азиз, бояд гуфт, ки дар кӯдакистонҳои ноҳия камии мизу курсӣ, истифода шудани рахтҳои хоби асрҳои гузашта, таъмирталаб будани баъзе биноҳо, кам ё тамоман набудани ҷойи бозии кӯдакон дар саҳни баъзе муассисаҳои томактабӣ, таъмини кӯдакон бо ғизои хуб паҳлуи дигари масъала аст.

Муҳимияти супориш бояд дарк шавад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буданд, ки мо бояд, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем. Ҳамчунин, Роҳбари давлат масъулинро муваззаф карданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро то 30 дарсад расонанд.

Оё масъулони ноҳияи Вахш метавонанд аз уҳдаи иҷрои ин супориши муҳими Роҳбари давлат бароянд, ин суолест, ки посух мехоҳад.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here