Чанд муддати ахир дар расонаҳои чопию электронӣ хабаре пайдо шуд, ки гӯё дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Гулсара Гадоеваи 29-сола баъди ҷарроҳии буриши қайсарӣ («кесеревосичение») ҳангоми таваллуди фарзанди нахустинаш вафот кардааст. Иловатан хабар дода мешуд, ки гӯё сабаб дар он будааст, ки табибон таваллудхонаро ба корхонаи тиҷоратӣ табдил додаанду ин ҳодиса барои ҳамин рух додааст.

Чун ин мавзуъ шару шӯре дар ҷомеа барангехт, хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон барои дарёфти ҳақиқати ҳодиса ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд.
Омӯзиши мавзуъ нишон дод, ки 9.01.2018 соати 22:30 ба шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Гулсара Гадоева, сокини деҳаи Гулпарвари ҷ/д Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати ҳомиладории 36-ҳафтаина, фишори баланди хун (280/120) оварда шудааст. Гарчанде ҳамон рӯз падари сардухтури беморхонаи марказӣ Буракова Дилбар аз дунё гузашта буд, баъди гирифтани хабари фаврӣ, сардухтур ба ҷои кор расида омадааст ва амалиёти табобатиро шахсан роҳбарӣ намуда, иловатан оид ба ҳодиса ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раиси шаҳр ахбороти муфассал оид ба ин ҳодиса пешниҳод намуда, дар як вақт мутахассисони варзида аз Пажуҳишгоҳи акушерию принатологӣ Аламов З. ва профессор Ахмедов Ҷ. А.-ро барои ёрии амалӣ ва наҷоти Гадоева Гулсара ҷалб кардааст. Инчунин, тариқи телефон аз мутахассиси Маркази илмии детаксикатсионӣ Абдуназаров ва мутахассис аз таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе Фатҳуллоев тавсияҳо гирифта шудааст.
Дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ муайян карда шуд, ки ёрии аввалини тиббиро ба Гадоева Гулсара хамшираи тиббии Маркази саломатии ҷ/д Карим Исмоилов — Каримова Файзимо, ки собиқаи 27-солаи акушерию ҳамширагиро дорад, расонида будааст. Мавсуф ҳангоми суҳбат бо мо чунин иброз намуд: «Маро тахминан соатҳои 22:20, 22:40 хешовандони марҳума Гадоева Гулсара даъват намуданд. Аввал фикр кардам, ки мумкин модарашон Кенҷаева Хушангул, ки чанд сол боз аз бемории фишори баланди хун азоб мекашад, бемор шуда бошад. Вале онҳо гуфтанд, ки апаашон, ки муддати беш аз 10 сол бефарзанд буду дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагонӣ мекунад, дар ҳолати вазнини ҳомиладорӣ қарор дорад. Вақте ки ман набзи Гулсараро чен намудам, он 280/140 буд. Ман ба ӯ «параситамол», «нифидипин» ва «магнезия» дода, беморро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи марказӣ расонидем. Аз рӯи ахбори ман, аз роҳ ӯро мутахассисон дар беморхонаи марказӣ интизор буданд. Тавре ман дидам, тамоми чораҳои заруриро баҳри наҷоти Гулсара ва тифли батнаш андешида буданд, вале саду ҳазор афсӯс, ки умри Гулсара кӯтоҳ будааст. Табибон тавонистанд тифлакашро, ки писар будааст, наҷот диҳанд. Ман иловатан ҳаминро бояд гӯям, ки бо ҳамин намуд ташхис 18 сол пеш ман хоҳаракамро аз даст дода будам. Дар он воқеа низ тифл, ки духтарча буд, наҷот дода шуда буду имсол барои арвоҳи модари ҷавонмаргашро шод кардан, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Ҳамчун табиб ва ҳамчун модар, дидам, ки баъди се шабонарӯзи муборизаҳои беамон бо марг, ки табибон мағлуб гашта буданд, сардухтур ва мудири шуъбаи таваллудхона барои Гулсараи ғӯрамарг, ки рӯи фарзанди деринтизорашро надида, аз ин дунё реҳлат намуда буд, ашк мерехтанд».
Мо роҳ пеш гирифтем ба манзили волидайни марҳума Гадоева Гулсара. Моро бародарони калону хурдии марҳума, хоҳар ва модарашон пешвоз гирифтанд.
Бародаронаш Негматов Хушвақт ва Гадоев Фаррух иброз намуданд, ки кадом як духтари журналист омада буд ва он чизе, ки шумо нишон додеду аз номи аҳли оилаи мо навиштед, куллан дурӯғ мебошад. «Худи ҳамон рӯз сардухтур аллакай аз соатҳои 23:00-23:20 худаш тамоми амалиётҳои табобатию ҷарроҳиро роҳбарӣ намуд ва тамоми кори аз дасташ омадаро кард, ки хоҳари моро наҷот диҳад, вале нашуд. Оид ба пораву маблағ, ки навиштаанд, дуруғу туҳмат буда, мо ба касе пул надодаем. Тамоми доруву даво ва лавозимоти табобатиро худи беморхона аз ҳисоби худашон сарф карда буданд. Давоми се шабонарӯз болои сари хоҳари мо аз 8-9 духтур кам набуд. Агар пеши роҳи аҷалро гирифта мешуд, мо ин қадар ғам намехӯрдем. Ба ҳама гӯед, ки нисбати оилаи мо ва кормандони тиббии ш. Ваҳдат туҳмат назананд. Агар лозим бошад, то куҷое даркор бошад, мо меравему ҳақиқати гапро мегӯем»,- гуфт бародари марҳума.
Ба суҳбати мо хоҳари марҳума Дилором ва модарашон Кенҷаева Хушангул ҳамроҳ гардида, иброз намуданд: «Мумкин агар 3-4 соат пештар мо Гулсараро ба беморхона мебурдем, кор ранги дигар мегирифт. Дар роҳ Гулсара аллакай беҳуш шуда буд. Гарчанде давоми се шабонарӯз зиёдтар духтурон барои наҷоти духтари мо мубориза бурда бошанд ҳам, вале сад афсӯс, ки умраш кӯтоҳ будааст. Эй мардум, инсофу тамизу одоб куҷост? Гӯё мо гуфта бошем, ки духтурон аз мо 2000 сомонӣ талаб кардаанд. Аз мо як тини пучак талаб накардаанд. Барои хизматҳои арзанда ба сардухтур ва кулли кормандонашон миннатдории аҳли оилаи моро расонеду гӯед, ки чизе ки аз номи аҳли оилаи мо расонаӣ шудааст, дурӯғ буда, барои ташвишҳое, ки онҳо аз рӯи мо дидаанд, мо аз табибон бахшиш пурсида, хоҳони онем, ки номи неки табибон ва аҳли оилаи моро доғдор накунанд».
Далели гӯё фурухта шудани мансабҳои калидӣ дар беморхонаро бо вуҷуди бемуаллиф буданаш, аз зиёд нафарон пурсидем. Маълум гардид, ки баъди омадан ба вазифаи сардухтурӣ, хонума Буракова чанд нафар кормандони таваллудхонаро бинобар даст задан ба амалҳои коррупсионӣ аз вазифа сабукдӯш намудааст ва ин далелҳои беасосу кӯшиши шантаж намудани Буракова ва командаи ӯ супоришӣ менамояд. Мо ба мавзуи шантажу таҳдиду дахолат ба ҳаёти шахсии табибони ин беморхона дар оянда бармегардем, ки идомаи ин мавод аст.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here