Дар ноҳияи Қубодиён, ки наздик ба 200 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, то имрӯз боғи истироҳату фароғатӣ вуҷуд надорад. Ҳарчанд дастури Президенти мамлакат барои сохтмону азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ дода шуда буд.

 Сокинон: Мо ҷои истироҳат надорем

Даҳҳо нафар сокинони ин ноҳия зимни суҳбат гуфтанд, ки «аз набудани боғи фарҳангию фароғатӣ намедонем ҳамроҳи фарзандонамон дар куҷо рафта истироҳат кунем. Тариқи оинаи нилгун мебинем, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар боғҳои замонавӣ бунёд шудаву дар онҳо барои хушҳолию бозии кӯдакон атраксиён ва дигар таҷҳизот насб шудаанд. Мутаассифона, мо аз ин ҳама маҳрумем».

Қубодиён танҳо як гулгашт дорад

Мирзода Дустмурод — мудири бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён қайд кард, ки тибқи супориши раиси ноҳия соли 2011-ум се гектар замин аз ҳисоби заминҳои корами обӣ барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ ҷудо карда шуда, атрофи он панҷарабандӣ гаридааст. Ҳамчунин, 500 адад дарахтони сояафкан низ шинонида шудааст.

— Ҳамин тавр, соли 2017-ум иловатан чор гектар замини дигар барои васеъ кардани боғ ҷудо карда шуд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузории он ба ташкилоту идораҳо пешниҳод карда шудааст ва айни ҳол ҳуҷҷатгузории боғ идома дорад,-илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сокинон наметавонанд рафта дар ин боғ ба истироҳату фароғат фаро гирифта шаванд. Зеро ба ҷуз 500 дона дарахт дигар чизе надорад. Танҳо назди бинои қасри фарҳанг ба гулгашт табдил дода шудааст, ки сокинон метавонанд рафта дар онҷо истироҳат кунанд.

— Мутаассифона, имрӯз дар ноҳияи Қубодиён ягон ҷойе, ки ба талабот ҷавобгӯ бошаду дар он атраксиён ё дигар таҷҳизот барои бозии кӯдакон бошад, нест,- афзуд Мирзода Дустмурод.

9 сол боз ҳуҷҷатгузории боғ идома дорад

Аммо Салим Абдуалимзода — раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён зикр кард, ки барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ соли 2011 дар асоси қарори раиси ноҳия се гектар замин ҷудо карда шуда, қарори раиси ноҳия тасдиқ шуда буд. Аммо бино бар сабаби дар замини корами обӣ ташкил шудани он, аз тарафи нозирони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия бекор карда шуд. Баъдан дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар майдони 19,2 гектар замин барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ, беморхонае, ки дар асоси шартномаи байни ду кишвар — Тоҷикистону Ӯзбекистон сохтмон шуда истодааст, замин ҷудо гардид. Ҳафт гектар замин барои бунёди боғ ҳуҷҷатгузорӣ шуда, қарори раиси ноҳия, раиси вилоят ба тасвиб расидааст. Ҳуҷҷатҳои боғ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Аммо бо кадом сабабҳо бошад, то ба имрӯз қарори Ҳукумати ҷуҳурӣ ба имзо нарасидааст. Муддати се сол аст, ки ҳуҷҷатҳо барои бунёди боғ омода карда шудаасту то ҳол ба имзо нарасидаанд.

— Мо интизорем, ки қарори бунёди боғ ба имзо расаду мардуми ноҳия соҳиби як боғи замонавӣ шаванд,- илова кард ӯ.

Муминхуҷа Давлатзода — сармеъмори ноҳия дар тақвияти гуфтаҳои раиси кумитаи замини ноҳия гуфт, ки ҳанӯз аз соли 2011 супориши раиси вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ низ шуда буд, ки дар ноҳия барои бунёди боғ замин ҷудо карда шавад.

— Ростӣ, ҳолати иҷроиши парвандаи иншооти мазкур дар сатҳи ноҳия, аз ҷумла қарори раиси ноҳия, вилоят ба имзо расидаву ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, хулосаҳои мусбати тамоми вазорату идораҳои дахлдор гирифта шудаву ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Мо сари ин масъала рафта баъзе камбудиҳоеро, ки дар парванда буданд, дар якҷоягӣ бо Кумитаи идораи замини ноҳия ислоҳ кардем ва ҳоло дар сатҳи Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон зери таҳлилу санҷиш қарор доранд. Мо умед дорем, ки дар рӯзҳои наздик қарор қабул мегардад,- гуфт Муминхуҷа Давлатзода.

Собиқ раисон ваъда доданд. Раиси ҳозира чӣ?

Раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин зимни нишасти матбуотӣ қайд карда буд, ки дар ҳақиқат мардуми ноҳияи Қубодиён имрӯз аз надоштани боғи фарҳангию фароғатӣ танқисӣ мекашанд. «Агар Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори мазкурро ба имзо расонад, мо боғи фарҳангиро дар майдони 7 гектар замин бо дастгирии соҳибкорон месозем»,- гуфт раиси ноҳия.

Чунин ваъдаро ду раиси қаблии ноҳияи Қубодиён низ дода буданд, вале ба ваъда вафо накарда рафтанд. Умед дорем, ки ҷаноби Садриддинзода Бадриддин — раиси феълии ноҳия орзуи даҳсолаҳои қубодиёниёнро ҷомаи амал мепӯшонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here