Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Аз ҳамин хотир аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ёдовар шуд.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо таваҷҷуҳ ба супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинигардида равона карда, ба устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Турсунзода муҳтарам Лайло Раҷабова, “дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда ва бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаи норасоии ҷойҳои нишаст дар ин давра ба бунёди бинои нави муҷаҳҳази таълимии №26 бо 20 синфхона муваффақ гардида, дар муассисаи таълимии №11 як бинои нави таълимӣ бо 144 ҷойи нишаст, дар муассисаи таълимии №19 се синфхонаю 1 толори варзишӣ, дар муассисаи таълимии №80 ду синфхонаи таълимӣ ва дар филиали муассисаи таълимии №103-и деҳаи Меликободи ноҳияи Шаҳритуз 5 синфхона сохта ба истифода додем. Дар робита ба ин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ассотсиатсияи падару модарон сохтмони 85 синфхонаҳои иловагӣ, 2 толори варзишӣ ва 1 маҷлисгоҳ дар 14 муассисаи таълимӣ ва Хонаи кӯдакони шаҳр босуръат идома дорад. Дар 14 муассиса (№№1, 7, 28, 38, 71, 86, 96, 98, 34, 35, 59, 84, 91 ва литсейи “Ворисони Сино”) таълим аз рӯи равияи табиӣ-математикӣ, дар 12 муассиса (Гимназияи 2, №№2, 8, 12, 15, 25, 37, 75, 101, 13, 43, 40) таълим аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва дар 4 муассиса (Литсейи Президентӣ, №№5, 37, 12, 43) таълим аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-математикӣ ба роҳ монда шудааст”.
Омори умумӣ
Алҳол дар тавозуни шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 литсей, 2 гимназия, 33 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 хонаи кӯдакон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 63218 нафар хонандагон дар 2802 синф ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии хонандагон 30486 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар хонаи кӯдакон 34 нафар корманди педагогӣ фаъолият намуда, 99 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Аз ин шумора 4 нафар дар гуруҳи томактабӣ, 20 нафар дар синфҳои 1-4 ва 74 нафар дар синфҳои 5-9 дар муассисаҳои таълимии №№2 ва 101 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии кӯдакон 40 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар муассисаи мазкур маҳфилҳои «Дӯзандагӣ», «Бофандагӣ», «Компютер», «Мусиқӣ», «Кадбону», «Рассомӣ», “Кишваршиносӣ”, «Варзиш» ва “Адабӣ” амал менамоянд.
Шумораи кӯдакон дар 5 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи шуъбаи маориф 810 нафарро ташкил дода, 64 нафар мураббиён фаъолият менамоянд. Шумораи кӯдакон дар 6 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба 1379 нафар расида, 91 нафар мураббиён бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар кӯдакистони хусусии “Наврӯз” 35 нафар кӯдак, ки 10 нафарашон духтарон мебошанд, дар ду гуруҳ аз ҷониби 2 нафар мураббӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои томактабии мазкур 2224 кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади ба зинаи аввали таҳсил омода намудани кӯдакон дар назди 75 муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст. Шумораи умумии кӯдакон дар 152 гуруҳи таълимӣ аз 2100 нафар иборат буда, 995 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди хатмкунандагони синфи 9-ум 5240 нафарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2018-2019 аз 5085 нафар иборат буд. Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли таҳсили 2019-2020-ум 3461 нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 1588 нафарашон духтарон мебошанд.
Соли гузашта аз 3395 нафар хатмкардагони синфи 11, ки 1501 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, 1974 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудаанд, ки 58,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии хатмкардагон 1141 нафар ба муассисаҳои олӣ, 590 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 нафар хонанда тариқи квотаи Президентӣ ва 222 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шудаанд.
Иштирок дар олимпиадаҳо
Дар давраи ҳисоботӣ хонандагон аз олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба хазинаи дастовардҳо 30 медали тилло, 23 медали нуқра ва 48 медали биринҷиро ворид намудаанд. Дар робита ба ин тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф санаи 20-уми октябри соли 2019 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даври якуми олимпиадаи фаннӣ гузаронида шудааст, ки дар он 7869 нафар хонандагони синфҳои 9-11 иштирок намудаанд. Аз натиҷаи баргузории олимпиадаи мазкур 2366 нафар ба даври дуюми олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Даври дуюми олимпиадаи фаннии мазкур 1-уми декабри соли 2019 байни хонандагони синфҳои 11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баргузор гардида, дар он 728 нафар хонанда иштирок намудаанд. Аз ин теъдод 94 нафар ҷойҳои намоёнро сазовор гашта, ба даври минбаъда роҳхат гирифтаанд.
Дар ин давра 21 нафар хонанда ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардида, 50 нафар хонанда ба стипендияи Раиси шаҳри Турсунзода сазовор дониста шудаанд.
Таваҷҷуҳ ба сатҳи дониш
Соли гузашта бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 87430 адад китобҳои дарсӣ, 775 адад китобҳои бадеӣ ва 17775 адад китобҳои методӣ ба амбори шуъба ворид гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд.
Бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнии кӯдакон ва бедор кардани майлу рағбат ба омӯзиши касбу ҳунар дар назди шуъбаи маориф фаъолияти Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимуассисавии хонандагон ва Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимуассисавии хонандагон 14 нафар омӯзгор фаъолият дошта, дар 24 гуруҳ 287 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №№1, 2, 18, 75, 96, 101 ба омӯхтани касбҳои ронандагӣ, дӯзандагӣ, ҳамшираи хурди тиббӣ ва компютерӣ ҷалб гардидаанд.
Синфхонаҳои марказ бо айёнияту таҷҳизоти дахлдори таълимӣ муҷаҳҳаз буда, омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву маҳорати хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ алҳол 35 маҳфил аз рӯи 22 намуд фаъолият намуда, 36 нафар омӯзгорон ба 1337 хонанда нозукиҳои касбро меомӯзонанд. Айни замон 9 маҳфил дар заминаи муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 5 маҳфил дар Осорҳонаи марказии шаҳри Турсунзода ва 21 маҳфил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.
Дастгирии мутахассисони ҷавон
Дар соли таҳсили 2019-2020 шумораи умумии омӯзгорон ба 4988 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2018-2019 аз 4946 нафар иборат буд. Аз теъдоди умумии омӯзгорони соли таҳсили 2019-2020-ум 4115 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии омӯзгорон 3038 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1256 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, 694 нафар ғоибона дар муассисаҳои олии кишвар идомаи таҳсил намуда, аз шумораи умумии омӯзгорон 749 нафар дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор дошта, 136 нафарашон нафақахӯр мебошанд. 6 нафар омӯзгор бо унвони фахрии «Корманди Шоиста», 2 нафар бо Ордени «Шараф», 18 нафар бо медали «Хизмати Шоиста», 383 нафар бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва 85 нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд.
Бо мақсади дастгирӣ ба маоши 214 нафар мутахассиси ҷавон, ки дар асоси роҳхат дар деҳот фаъолият менамоянд, бо дастрасии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006, №197 даҳ фоиз иловапулӣ ҳамроҳ карда шудааст.
Аз 106/78 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор сафарбар гардидаанд, 64/47 нафар ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди шуъбаи маорифи шаҳр 22 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия, 21 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, вазъи фаъолияти гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот дар 34 муассисаи таълимӣ мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар 15 муассисаи таълимӣ аз фанҳои гуманитарӣ ва дар 16 муассисаи таълимӣ аз фанҳои дақиқ мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шудааст.
Ёрии методӣ
Дар ин давра мушовирони кабинети методии шуъбаи маориф ба 54 муассисаи таълимӣ ва 9 ширхоргоҳ-кӯдакистон ёрии методӣ расонида, зимни он вазъи иҷрои корҳои иттиҳодияҳои методӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатдории муассиса, нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, сатҳи сифати дониши хонандагон аз фанҳои ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, таъриху ҳуқуқ, математика, технологияи иттилоотӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, суруд ва мусиқӣ, рафти омодагӣ ба аттестатсияи аз синф басинфгузаронӣ ва хатм, масъалаи муносибат ба таълими салоҳиятнокӣ ва тартиб додани нақшаи кори иттиҳодияи методӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар давоми ёздаҳ моҳи соли гузашта 24 омӯзгори фанни забони русӣ ва 37 омӯзгори фанни забони англисӣ ба курси такмили ихтисос фиристода шудаанд. Илова бар ин, беш аз 260 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 164 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз курси таълими салоҳиятнокӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба расонидани ёрии методӣ ба мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№2, 6, 84, 66, 9 мавриди омӯзиш қарор гирифта, рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми августи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии №№86, 75, 98 ва 119 бо ҷалби омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, табиӣ-математикӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва муовинони онҳо, раисони иттифоқи касаба, роҳбарони созмони талабагӣ, равоншиносон, роҳбарони иттиҳодияи методӣ семинар машварати августӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, дар давоми соли 2019 аз тарафи мушовирони кабинети методӣ зиёда аз 900 соат дарсҳои омӯзгорони фанҳои гуногун таҳлил гардида, саҳми кормандони фаъоле чун Норқул Рабиев, Абдураҳим Баротов, Ҳайитмаҳмад Дӯстов, Абдуқаҳҳор Қодиров, Муродулло Неъматов, Дилрабо Каримова, Ашӯралӣ Солеҳов, Шаҳобиддин Акрамов, Суҳроб Ҷӯраев ва дигарон дар пешбурди кор арзандаи ситоиш аст.
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат кабинети методии шуъбаи маориф корро дар самти такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон идома дода, дар ёздаҳ моҳи соли гузашта 645 нафар омӯзгор ба курси такмили ихтисос сафарбар карда шудаанд.
Озмунҳо ва омӯзиши таҷрибаҳои пешқадам
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ даври якуми озмуни «Муаллими сол» доир гардида, дар натиҷа 9 нафар омӯзгор барои иштирок дар озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври дуюм Қурбонова Нигина — омӯзгори фанни забони русӣ дар Муассиссаи таълимии миёнаи умумии №86 холҳои баландро ба даст оварда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтааст.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ёздаҳ моҳи соли гузашта аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» ва ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ намудани синфхонаҳои компютерӣ бо роҳбарон ва шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт рӯзҳои 28, 29-уми март ва 20-уми сентябри соли 2019 дар толори шуъбаи маориф бо ҷалби омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ дар мавзӯи «Насб ва истифодаи антивирус» 3 семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шудааст. Илова бар ин, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» санаи 20-уми феврали соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» гузаронида шуда, дар натиҷаи он омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи №18-и шаҳри Турсунзода Бегматов Насим ҷойи намоёнро ишғол намудааст.
Истироҳати кӯдакону наврасон
Яке аз вазифаҳои муҳими соҳа — ин дар мавсими таътил ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Тобистони соли гузашта дар «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб 54 нафар фарзандони кормандони соҳаи маориф ва 4600 нафар мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои таълимии назди мактабҳо дар ду баст истироҳат кардаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр ва ба 30 нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоат ба фароғатгоҳи «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб ба таври ройгон роҳхат ҷудо карда шудааст. Ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба маблағи 12150 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шудааст.
Зимистонгузаронӣ
Бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 дар назди шуъбаи маориф ситоди корӣ ташкил карда шудааст, ки дар 4 ҷаласаи худ масъалаи зимистонгузарониро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Тибқи нақша дар муассисаҳои таълимӣ 652 тонна ангишт, 574 метри кубӣ ҳезум ва 1024 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Шумораи печкаҳои аловӣ 1272 ададро ташкил медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимӣ 31 адад генератор ва 623 адад асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ мавҷуд аст, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Иҷрои қонунҳо
Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимдарорандаи одобу ахлоқ арзёбӣ намудаанд. Бинобар ин, дар партави дастуру супориши муҳтарам Пешвои миллат Комиссияи ҷамъиятии назди шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода оид ба татбиқи қонуни мазкур дар давоми соли гузашта як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.
Тибқи нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ дар 26 муассисаи таълимӣ бо ҷалби хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо моҳияти қонуни мазкур шарҳ дода шудааст. Аз ҷумла, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар 14 муассисаи таълимӣ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, дар назди шуъбаи маорифи шаҳр иборат аз 7 нафар комиссияи ҷамъиятӣ амал мекунад.
Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, ки шумораи онҳо 504 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо тибқи Низомномаи комиссияҳои ҷамъиятӣ ҳар шаш моҳ як маротиба ба комиссияи ҷамъиятии назди шуъбаи маориф маълумотнома пешниҳод менамоянд.
Дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи нақша фаъолият мекунанд. Айни замон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимие, ки пурра бо забони ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд, мавҷуд нестанд.
Бо мақсади рушди забони давлатӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар мавзуҳои «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат», «Аз Паём то Паём», «Об барои рушди устувор», «Президенти мо — раҳнамои мо», “Тоҷикистон — ватани азизи ман” озмуни “Иншои беҳтарин” гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ
Бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таълимиии шаҳр 399 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 286 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 37 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 15 нафар ғайриихтисос ва 61 нафар ғоибона дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил доранд.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ 305 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 220 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 5 нафар ғайриихтисос, 80 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд, ки аз онҳо ва 20 нафарашон ғоибона дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил менамоянд.
Дар давоми ёздаҳ моҳи соли гузашта 25 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 37 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ барои баланд бардоштани савияи дониши худ ба курси такмили ихтисос ба шаҳри Душанбе сафарбар карда шуда, 260 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 164 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курси салоҳиятнокӣ гузаштаанд.
Дар муассисаҳои таълимии №13, 34, 40, 48, 10, 25, 86, 101, 103 ва гимназияи 2 семинари омӯзгорони фанни забони русӣ ва дар муассисаҳои таълимии №№55, 26, 101, 28, 39, 38, 45, 94, 71 семинари омӯзгорони фанни забони англисӣ гузаронида шудааст.
Аз тарафи мутахассисони кабинети методӣ ба омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисии 19 муассисаи таълимӣ ёрии методӣ расонида шудааст.
Ташаккули тарзи ҳаёти солим
Ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар ёздаҳ моҳи соли 2019 дар муассисаҳои таълимии №№35, 8, 1, 71, 37, 86, 47, 10, 12, 34, 92, 36, 96, 101, 91, 33, 26 чорабиниҳои гуногуни фарҳангию экологӣ гузаронида шудаанд.
Бо назардошти эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Расмкашӣ” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзуҳои «Кӯкнор”, “Зарари сигоркашӣ», мусобиқаҳои варзишӣ, соатҳои тарбиявӣ доир ба мавзуҳои «Касалиҳои сирояткунанда, вараҷа, тифи шикам, зардпарвин», «Нашъамандӣ — вабои аср», «Кашидани тамоку ва сигор манъ аст!», корҳои беруназсинфӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию экологӣ гузаронида шудаанд.
Тибқи фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2019, №4 ва фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2019, №65 “Оид ба гузаронидани муоинаи тиббии мактаббачагон” дар давоми моҳҳои феврал-марти соли гузашта 31 ҳазор нафар хонандагон аз ташхиси ВНМО гузаронида шудаанд.
Бо мақсади иҷрои супориши протоколии Раиси шаҳри Турсунзода оид ба 900 рӯзи ободонӣ шанбегиҳо, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ҷараён дошта, бо шиору овезаҳои дахлдор оро дода шудаанд.
Инчунин, бо мақсади иҷрои супориши протоколии раиси шаҳри Турсунзода аз 14-уми майи соли 2018 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 28-уми майи соли 2018, таҳти №88 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода гуруҳи «Табиатдӯстони ҷавон» таъсис дода шудааст. Гуруҳи мазкур ба тозаву озода намудани саҳни муассисаи таълимӣ, кӯчаҳои шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва маҳалаҳои худ саҳмгузорӣ намуда, ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинондаанд.
Рушди ҷавонон
Тибқи нақшаи корӣ ҷиҳати иҷрои “Барномаи миллии рушди ҷавонон барои солҳои 2019-2021” кормандони соҳаи маориф як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд. Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модарон ва Иди наврӯз конфренсияи илмӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардидааст.
Бахшида ба зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода дар Кохи Дӯстӣ чорабинии тантанавии илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр гузаронида шудааст. Инчунин, дар якчанд муассисаҳои таълимӣ бо иштироки омӯзгорони ҷавон ва хонандагони фаъол конфронси илмӣ баргузор гардида, доир ба зиндагии устод якчанд саҳначаҳо ба намоиш гузошта шудааст.
Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, дастовардҳои хонандагони муассисаҳо ба намоиш бароварда шудааст. Илова бар ин, дар муассисаҳои таълимӣ озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» гузаронида шудааст.
Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонони шаҳри Турсунзода 2 семинари омӯзишӣ ва дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзӣ аз об аст» озмуни расмҳои беҳтарин гузаронида шудааст.
Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ
Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ва дар доираи нақшаи ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои вобасташуда ва муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ҷараён гирифта, дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин давра 1297 бех дарахтони сояафкан, 704 бех дарахтони мевадиҳанда, 3138 бех гулу буттаҳои ороишӣ ва 484 адад дарахти арча шинонида шудааст. Бо мақсади кабудизоркунӣ шинонидани 400 бех ниҳоли дарахтони паҳнбарг, ороишию сояафкан, 1060 бех гулҳои садбарг ва буттагулҳои ороишӣ ва 350 бех дарахтони мевадиҳанда дар давраи тирамоҳ ва баҳори соли 2019-2020 ба нақша гирифта шудааст.
Рушди муассисаҳои томактабиву хусусӣ
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” низ корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Айни ҳол дар шаҳри Турсунзода 3 адад муассисаи таълимии хусусӣ — Гимназияи №2, Гимназияи “Роҳи Дониш» ва Литсейи «Ворисони Сино» фаъолият менамоянд. Дар онҳо 2178 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 579 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҷараёни таълим дар муассисаҳои мазкур дар 83 синф дар асоси шартномаи хизматрасонии пулакӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз 61 нафар хатмкунандагони синфи 11-и Гимназияи №2-юм 16 нафар дар муассисаҳои таълимии олии кишвар ва 45 нафар дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва аз литсейи «Ворисони Сино» 32 нафар дар муассисаҳои таълимии олии кишвар ва 11 нафар дар муассисаҳои хориҷи кишвар таҳсилро идома дода истодаанд.
Дар муассисаи хусусии томактабии “Наврӯз” 35/10 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз тарафи соҳибкор Хоҷаева Фирӯза сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ дар суроғаи кӯчаи П. Тоҷиеви шаҳри Турсунзода идома дорад.
Тарбияи ҳуқуқӣ
Ҷиҳати иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф таҳия ва тасдиқ гардида, дастраси роҳбарони муассисҳои таълимӣ гардонида шудааст.
Дар байни толибилмони муассисаҳои таълимӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзуҳои «Ҳукуқ ва вазифаҳои хонандагон», «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ» шабнишиниву конференсияҳои илмӣ-адабӣ баргузор гардидааст.
Дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ гӯшаи ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, дар он адабиёти ҳуқуқӣ гузошта шудааст, ки омӯзгорону хонандагон аз онҳо истифода мебаранд.
Аз тарафи аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ ва меҳнатӣ доранд, вохӯриҳо гузаронида шудааст.
Комиссияи кор бо ноболиғон дар муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шудааст, ки дар асоси нақшаи корӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Комиссияи мазкур дар якҷоягӣ бо роҳбарони синфҳо бо хонандагони душвортарбия кор мебаранд.
Рушди инноватсионӣ
Бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимӣ мафҳуми инноватсия ва талаботҳои барномаи мазкур фаҳмонида дода шудааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорони пуртаҷриба хонандагони навҷӯю навовар ба маҳфилҳои «Техникони ҷавон», «Химикони ҷавон», «Географони ҷавон», «Ҳуқуқшинос», «Суханвари беҳтарин», «Математикони ҷавон», «Варзишгарони ҷавон», «Муҳрабофӣ», «Кашидадӯзӣ», «Рассомони ҷавон», «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ», «Хаттотони беҳтарин», «Ҷулоҳӣ», «Қаннодӣ» ва “Омӯзиши компютер” ройгон ҷалб карда шудаанд.
Дар Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар 119 гуруҳ 1337 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба 22 адад маҳфилҳои Кулолгарӣ, Забони русӣ, Ҳайкалтарошӣ, Забони англисӣ, Адибони ҷавон, Рассомӣ, Суруд ва мусиқӣ, Муҳрасозӣ, Кандакорӣ, Дӯзандагӣ, Кашидадӯзӣ, Футбол, Волейбол, Гулдӯзӣ, Химикони ҷавон, Кишваршиносӣ, Гулпарварӣ, Ровиёни ҷавон, Фалак, Боғдорӣ, Шоҳмот, Шашка, Кадбону ҷалб карда шудаанд.
— Тӯли чанд соле, ки роҳбарии шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дорам, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода, муҳтарам Вализода Абдуқодир Исуфро эҳсос мекунам. Маҳз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф аст, ки ҳамасола дар кишвар биноҳои зиёди муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд ва шароити таълиму тарбияи хонандагон беш аз пеш хубтару сифатноктар мешавад. Мо — кормандони соҳаи маориф аз ин дастгириҳо руҳбаланд гардида, кӯшиш менамоем, ки фаъолиятамонро боз ҳам тақвият дода, дар рушди соҳа саҳми худро гузорем,- мегӯяд мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Раҷабова Лайло Абдуллоевна.
МТЖТ