Ноҳияи Кӯшониён дар партави сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар ва аз ҳама муҳим, барои зиндагӣ ва кори сокинон мусоидтар шуда истодааст.

Вализода: бунёдкорӣ мароми мост

Вализода Икромиддин — раиси ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 337 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то имрӯз 231 ададаш сохта ба истифода дода шуда, аз ин ҳисоб садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

— Иншооте, ки дар доираи ин ҷашн сохта шуда ё сохта мешаванд, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, пулҳои мошингузар, гулгашту хиёбонҳо ва чароғонкунии маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд,- илова кард раиси ноҳия.

Ӯ зикр кард, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 92 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта шуда, ҳоло сохтмони дигар иншоот бомаром идома дорад, ки дар корҳои сохтмонӣ ва ободонии ноҳия саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, аҳолӣ ва шахсони саховатманд назарас аст.

Ниёзмандон дастгирӣ меёбанд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вобаста ба Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимон ва дигар қишри ниёзманди ноҳияро дастгирӣ намуда, ба онҳо маводҳои хӯрокворӣ, сарулибос, доруворӣ кумак карда, ин иқдомро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Зикр шуд, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби худи раиси ноҳия ба 52 нафар кормнадони соҳаи тиб, ки баҳри пешгирии бемории сироятии коронаврису кору фаъолият доранд, 10 ҳазору 500 сомонӣ, ҳамчунин ба 65 оилаи маъюбону муҳтоҷон, иштирокчиёни ҶБВ ва ақибгоҳ ба маблағи 26 ҳазору 630 сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва маводҳои хӯрока — орд, равған, шакар, биринҷ ва аз ҷониби фонди захиравии раиси ноҳия бошад, ба 135 нафар оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон 13 ҳазору 500 сомонӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва дар иди Қурбон бошад, ба 7 ҳазору 167 нафари дигар наздики 65 ҳазор сомонӣ кумак карда шудаст. Дар ин баробар, ба беморхонаҳои ноҳия бошад, бо харҷи 10 ҳазор сомонии дигар либосҳои махсус, хокаи либосшӯӣ, моеъи дастшӯӣ ва зарфшӯӣ кумак карда шудааст.

Дар умум, аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатманд, масъулони ташкилоту идораҳо ба сокинони эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарасторони ноҳия дар даҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 миллион сомонӣ кумак карда шуда, дар оянда чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманд идома хоҳад ёфт.

Омодагӣ ба зимистон хуб аст

Соҳаҳои маорифу тандрустии ноҳия ба давари тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 хуб омода шуда, барои бидуни мушкилӣ сипарӣ намудани ин фасл ба соҳаҳои мазкур аз ҳисои буҷети ноҳия 437 ҳазору 380 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра иҷро гардида, ҳоло ҳарду соҳа бо ангиштсанг, ҳезум, сӯзишворӣ, печҳои аловиву барқӣ таъмин мебошанд.

Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумтаи кишвар дода мешаванд, саривақт иҷро намуда, ноҳияро ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишвар табдил хоҳанд дод.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here