Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бисёре аз соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтаанд, ки дар ҷодаи ободии маҳали зисти хеш саҳмгузор бошанд. Оилаи Мирзоевҳо аз зумраи афроди бонангу номусе маҳсуб меёбанд, ки саъй доранд, то зодгоҳи эшон боз ҳам обод гардаду бо зебогии хеш ҳар бинандаро мафтун созад. Маҳз бо саъю кӯшиш ва тасмими бародарон Мирзоевҳо деҳаи Зулол, ки зодгоҳи онҳост, дар ноҳияи Данғара торафт симои худро тағйир медиҳад.

 Зулол хуштарҳ мегардад

Зулол ба ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов ворид шуда, дар қисмати шарқии ноҳия ҷой гирифтааст. Деҳаест мувофиқ ба номаш. Зебо ва иқлими муътадил дорад. Дар поёни қаторкуҳҳо доман паҳн карда, маҳз вазиши шамоли нарм ҳаворо муътадил медорад. Чандон калон ҳам нест. Мардумаш бештар машғули кори саҳро, яъне кишоварзӣ ва чорводорист. Талу теппаҳои атроф имкон медиҳад сокинони деҳ гандум кишта, тамоми сол суфраашонро бо нони худӣ таъмин карда тавонанд.

Атрофи деҳро заминҳои кишт иҳота кардаю тавассути ҷӯйи дар боло, канори қаторкуҳҳо кандашуда, обёрӣ мешаванд. Дар поёни деҳ бошад, рӯде ҷорист бо номи Тоҳир. Ҳамчунин, дар паҳлуи Зулол ду ҳавз вуҷуд дорад, ки ба табиати атроф ҳусн зам намуда, ҳар бинандаро мафтун месозад. Барои дамгирӣ макони басо хубу гуворост.

Соли пешин бародарон Мирзоевҳо тасмим гирифтанд бобати обод намудани зодгоҳи худ — деҳи Зулол ҳиссагузор бошанд. Эшон баъди маслиҳат ба хулосае омаданд, ки дар зодгоҳашон пеш аз ҳама як маркази хизматрасонӣ бунёд намоянд, то ҳамдеҳагон ба хизматрасониҳои гуногун фарогир шаванд. Зеро баҳри қонеъ кардани хостаҳо дар бештар ҳолат мардуми деҳ вақти худро зоеъ намуда, ба маркази ноҳия равон мегаштанд.

Ҳамин тавр, дар канори кӯчаи марказии деҳ бунёди маркази хизматрасонӣ оғоз ёфт. Бо супориши бародарони соҳибкор муҳандисон тарҳи биноро кашида, бинокорон ба бунёди он пардохтанд. Дар муҳлати начандон зиёд бинои нави дуқабатаи замонавӣ, яъне маркази хизматрасонии “Зулол”, ҳамноми деҳ, бо тарҳи зебо, дар масоҳати 0,15 га замин қомат афрохт. Бино аз таҳхона ва ду қабат иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони мусоир мебошад. Дар қабати якум ошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ дорои 12 адад мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой гирифтааст.

Хушнудии занон

Бунёди маркази нав имкон дод, ки занони хонашини маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

— Ман дар ҳуҷраи ороишӣ ба кор ҷалб шудаам,- иброз дошт корманди кошонаи ҳусн Раҷабмоҳ Мирзоева.- Пеш занони деҳаамон ва дигар деҳаҳои гирду атроф барои ороиш маҷбур буданд ба маркази ноҳия равон шаванд. Бунёди марказ имкон дод занони мо вақти худро беҳуда сарф накарда, бевосита дар ҳамин ҷо корҳои ороиширо анҷом диҳанд.

Оймо Мамодова қатори дигар занони деҳ дар маркази навбунёд машғули пешаи дӯзандагист. Ӯ иброз дошт, ки солҳои пеш хонашин буд. Акнун имкон пайдо намудааст, ки ба фаъолияти нафъовар машғул гардад.

— Ман ҳам қатори дигар занону духтарони деҳаамон имкон пайдо намудам, то дар сехи нав ба кори дӯзандагӣ машғул шавам,- гуфт ҷавондухтари деҳ Ҳуснигули Зайниддин.- Ин ҷо мо ба дӯхтани либосҳои мардона ва занона, мактабӣ, ҳамчунин ниқоб машғулем. Ташаккур ба соҳибкорони бонангу номус, ки баҳри мо ҷойҳои корӣ муҳайё карда ва дар ободонии маҳал саҳмгузоранд.

Дар қабати дуюм меҳмонхонаи дорои чор ҳуҷраи хоб ҷой гирифтааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ҷамоати ба номи Исмат Шарифов, ки деҳаи Зулол ба он ворид мегардад, мавзеҳои тамошобоб ва диданӣ хеле зиёд аст. Хусусан ҳавзҳои атрофи Зулол ва мавзеи таърихии болои деҳаи Булёни боло диққати бисёриҳоро ҳам аз дохили кишвар ва ҳам аз берун ба худ ҷалб мезозад. Аз ин хотир, бунёди меҳмонхона дар ин макон ба мақсад хеле мувофиқ аст. Зеро меҳмонон пас аз тамошои мавзеҳои гирду атроф метавонанд дар чунин макони бо тарзу услуби замонвӣ бунёдёфтаю муҷаҳҳаз бо тамоми шароит шабро рӯз намоянд.

Бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва таъмини эҳтиёҷи мардуми деҳаҳои гирду атроф дар ҳудуди марказ ҳамчунин сехи дару тирезаҳои пластикӣ ба истифода дода шуд. Сехи мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Фаъолияти сех боис шуда, ки чанде аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Бунёди чоҳи амудӣ

Яке аз масоили душворе, ки барои сокинони деҳ вуҷуд дошт, ин дастрасии начандон пурра ба оби ошомиданӣ маҳсуб меёфт. Мардум обро аз деҳаи ҳамсояи Хуррамзамин бо ароба ва дигар васоити ҳамлу нақл кашонда меоварданд, то эҳтиёҷи худро қонеъ созанд. Ин кори душвор буд. Барои овардани ин неъмати барои инсон ва рӯзгори ӯ басо зарур вақт ва заҳмати зиёд сарф мегардид.

Маҳз чунин ҳолатро ба инобат гирифта, бародарон Мирзоевҳо тасмим гирифтанд дар зодгоҳи худ, яъне деҳи Зулол чоҳи обкашӣ бунёд созанд. Ҳамин тавр, баробари бунёди маркази хизматрасонӣ кандани чоҳ низ  оғоз ёфт. Маблағ сарф намуда, дастгоҳи пармакунӣ, мутахассисону коргаронро ҳозир карданд ва ба кандани чоҳ пардохтанд. Дар муҳлати начандон тӯлонӣ чоҳ барои истифода омода гардид. Ҳиммати ҷавонмардона ва амали неки бародарон Мирзоевҳо боис шуд, ки мардуми Зулол соҳиби оби нӯшокӣ шаванд ва орзуи деринаи сокинони деҳ ҷомаи амал пӯшад.

— Дар ҳақиқат соҳибкорони саховатпеша, бародарон Мирзоевҳо аз худ ҳимматбаландӣ нишон дода, мо — сокинони деҳаи Зулолро бо оби нӯшокӣ таъмин намуданд,- изҳори хушнудӣ намуда, гуфт сокини деҳа Сафар Сироҷев.- Об аз чуқурии сад метр бароварда шуд. Агар ҳар як соҳибкор баҳри сокинони деҳаи худ чунин ғамхорӣ зоҳир намояд, бовар дорам, рӯзгори мардум боз ҳам рангину гуворо хоҳад шуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки тайи чанд соли охир ноҳияи Данғара дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт симои худро тағйир дода ва ободу зебо мегардад. Дар ин замин рӯзгори мардум ҳам рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Кас агар ба ноҳия сафар намояд, ба ин гуфтаҳо бовар хоҳад кард. Маркази ноҳия бо бунёди биноҳои хуштарҳи замонавии таъиноти гуногун ва истиқоматӣ ба таври шинохтанашванда тағйир ёфтааст. Кӯчаҳое, ки ҳамагӣ чанд даҳсола пеш пурчангу хок буданд, имрӯз асфалтпӯш ва чароғон аст. Натанҳо маркази ноҳия, балки деҳоти он низ симои худро тағйир медиҳанд.

Дар деҳаи Нурбахш майдончаи варзишӣ, нуқтаи шустушӯи нақлиёт, дар деҳаи Дӯстӣ бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Сафобахш марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Ин иншоот бо саъю кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ ва ашхоси саховатманд бунёд ёфтаанд. Чунин бунёдкориҳо имкон медиҳад, ки симои деҳот тағйир ёфта, одамон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Соҳибкорони маҳаллӣ шоданд, ки иқдомҳои ободкоронаи эшон аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳаматарафа меёбад.

— Чунин амалҳои бунёдкорию созандаи мо — соҳибкорон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад,- иброз дошт Иброҳим Мирзоев.- Пешвои миллат дар аксар баромадҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки ҳар нафар, махсусан соҳибкорон бобати ободонии макони зисти хеш бояд саҳмгузор бошанд. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба мо руҳу илҳоми тоза бахшида, мекӯшем дар ин ҷода ҳарчи бештар ҳиссагузор бошем.

Толибшоҳи ДАВЛАТ,

Беҳрӯзи КАРИМЗОДА

 АЗ ШАРҲИ ҲОЛ:

Иброҳим Мирзоев пас аз хатми Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов муддати тӯлонист, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Панҷ соли охир ба ҳайси муовини директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара фаъолият дорад. Ҳамчунин, аз фанни тарбияи ҷисмонӣ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Аълочии маорифи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here