ё худ назаре меҳрангез ба як сафари таърихӣ

Дуруд ба дустони меҳрубон!

Тавре огаҳӣ доред, дар нишасти матбуотӣ  (31.07.2018) раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба «ҷазираи Ворух» даъват карда будем. 

Санаи 7августи соли 2018 дар таърихномаи навин бо ҳарфи заррин сабт мешавад: раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода марзи деҳаи қирғизнишини Тангиро дустона убур карда, бо лафзи «Ал ваъдаю дайн» қадами муборак ба хоки зарнисори Ворух ниҳод. 

Зимни суҳбати муқаддимавӣ ба собиқадорону фаъолони ҷамоат пешниҳоди моро хотиррасон карда, бо табассуми самимӣ гуфт, ки ба куҳистони душворгузари Ворух маҳз барои ҳаллу фасли мушкилоти мардум омадааст. 

Хушбахтона, аз руи гапи худ амал карда, тамоми пешниҳоду муроҷиати мардум ва душвортарин масъалаҳоро фавран, бо камоли нуктасанҷӣ ва ҳатто бештару беҳтар аз чашмдошти умедворон ҳал кард. Яъне, фазои хира равшан гашту аз иборахои рехтаю бехтаи Раис -«суст набошед, аммо густохӣ накунед» ва «як аз шумо — даҳ аз мо!» дили мардуми ваҳдатшиор ва меҳнатқарини Ворух ба ояндаи нек даҳчанд гарм шуду азмашон ба ободонӣ қавӣ гардид…

Замоне ки Раиси вилоят ба Ворух ташриф оварданд, хушхабаре дар ВАО пахн шуд: 

-Сокини нохияи Ашт Турсунбиби Одибоева бо харчи 40 хазор сомони .пули мошингузар бунёд кард!

Зимни сухбати сарирохии Раис бо гурухи бонувон ин икдоми начиб хотиррасон гардид. Андактар чунин акси садо ба гуш расид:

-Як сокини махаллаи Гулистон барои ободии рох 41 хазор сомони бахшид…

Харчанд кушидем, ки будани он саховатманд маълум нашуд. Хочидомулло Мукомиддин Суннатов, ки ин маблаг дар дасти уст, бо лабханд гуфт:

— Ворухихои мо шухратпараст нестанду чунин мегуянд: «Неки куну ба дарё андоз.Агар об надонад-мохи медонад. Агар мохи надонад- Худо медонад»…

Некуи кун, агар туро дастрас аст,

К-ин олам ёдгори бисёр кас аст!

Аз натичаи хуби ин сафари хотирмон сари ман ба осмон расид ва лаҳзаи гусел ба меҳмони арҷманд навтарин шумораи газетаи ҷумҳуриявии «Минбари халқ»-ро ҳадя кардам, ки дар он мақолаи публитсистии банда бо номи «Зиёгустар ё худ назаре ба сад рузи аввали фаъолияти Раиси нави вилояти Суғд» чоп шуда буд. Шеъри Шоҳинро ба забон оварда, гуфтам:

Туҳфаи шоир чӣ бошад? Шеъри нав.

Пеши ҳоким ораду бинҳад гарав.. 

Ҷавобан ба меҳрубониҳои  раиси вилояти  Суғд нисбати ворухиён фарзанди эҷодкори Ворух ваъда медиҳад, ки муҳимтарин лаҳзаҳои ин сафари пурбаракатро мисли марворид дар Меҳрномаи навин гирд меорад, то боби нави қиссаи мустанади «ЗИЁГУСТАР» шавад…

Ҳолиё дар Ворухи зебоманзар бо табъи болида ва хотири осуда хома бар сафҳаи сапед меронам. 

Аз Худованд илтиҷо дорам, ки ба сарварони халқпарвару зиёгустар, зиёиёни ватанпарвар ва мардуми равшангуҳар тани сиҳату умри бардавом ва кушоиши кор диҳад…

Додохони Эгамзод,  журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here