Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (собиқ Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абулқосим Лоҳутӣ) аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон буда, 26 ноябри соли 1932  таъсис ёфтааст.

Коллеҷ дорои иҷозатномаи Хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамагӣ дар коллеҷ 101 нафар корманд кор мекунанд, ки аз ин шумора 57 нафар корманди доимӣ, 21 нафар ҳамкор ва 23 нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд. Миёни онҳо 3 нафар профессорон, 2 нафар дотсент, 6 нафар номзадҳои илм фаъолият мекунанд.

Инчунин устодони собиқадор ва унвони илмӣ дошта аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба сифати ҳамкор даъват шудаанд. Коллеҷи омӯзгориро Саидзода Бибишамсия Саид роҳбарӣ мекунад.

 

 

Низоми таълим дар коллеҷ

Дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ду факултети фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, 5 кафедра (забон ва адабиёти тоҷик, таърих, табиӣ-риёзӣ, забонҳои хориҷӣ, педагогика ва психология) амал мекунанд. Кафедраҳоро устодон Наботов Ф., Собиров Х., Қурбонова Б., Муродов Н., Алиханова Д. роҳабарӣ мекунанд. Устодони соҳибтаҷриба Солиева Х., Ярова М., Азимова Б., Хоҷаева Х., Назарова М., Кайнаров М., Ҳамидов К., Ҷураева А., Мирзоев Ғ., Собиров А. ва дигарон кору фаъолият менамоянд. Баробари омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷавонони болаёқат ба монанди Умеди Мусофир, Давлатов Хайриддин, Миратов Сафархон, Баротов Маҳамшариф, Шакарова Парвина, Файзова Оимгул, Бобоев Сафар, Субҳонов Салоҳидин ва дигарон низ корҳои таълиму тарбияро пеш мебаранд. Коллеҷ аз рӯи ҳашт ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва ҳашт ихтисос дар шуъбаи ғоибона мутахассисони миёнаи касбиро барои соҳаи маориф тайёр менамояд.

Дар коллеҷ 2216 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 641 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1575 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

 

Гуруҳҳои таълимӣ

Дар коллеҷ 75 гуруҳи таълимӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 28 гуруҳ дар шуъбаи рӯзона ва 47 гуруҳ дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Аз 47 гуруҳи таълимии шуъбаи ғоибона 29 гуруҳ дар коллеҷ аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва таърих, 7 гуруҳи мақсаднок дар ноҳияи Панҷ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, математика, информатика, таҳсилоти томактабӣ, 11 гуруҳи мақсаднок дар ноҳияи Носири Хусрав аз рӯйи ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, забон ва адабиёти тоҷик, математика ва таърих таҳсил менамоянд.

Айни ҳол, муассиса дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Панҷ, Ҷайҳун ва Носири Хусрав гуруҳҳои мақсаднок кушода, барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо кадрҳои омӯзгорӣ ва мураббӣ тайёр менамояд.

 

Базаи моддию техникӣ

Дар муассиса 22 синфхона фаъол аст. Ҳамаи синфхонаҳо бо айёниятҳо ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин ду синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки дорои 26 адад компютер, ду тахтаи электронӣ ва шаш проектор мебошад.

Ҳамаи кафедраҳои таълимгоҳ аз рӯи нақшаи таълимии ба тавсиб расида фаъолият доранд. Сарбориҳои устодони кафедраҳо тибқи низомномаи таҳсилоти кредитӣ дуруст тақсим карда шудааст.

Дар соли хониши 2018 аз тарафи маъмурияти коллеҷ, барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии коллеҷ ва хубтар намудани сифати таълим синфхонаи биология, синфхонаи география ва як синфхонаи озмоишӣ ташкил карда шуд.

 

Сатҳи сифати таълим

Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса нақшаи дарсҳои намунавии устодони пуртаҷриба таҳия шуда, тибқи он ҳар ҳафта дарсҳои намунавӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълим ва сардори шуъбаи таълим ҷараёни машғулиятҳо дар асоси нақшаи кории муассиса назорат бурда шуда, барои баланд бардоштани савияи донишазхудкунии донишҷӯён ҳар се моҳ маниторинги санҷиши саводнокии онҳо гузаронида мешавад.

 

Фаъолияти Шӯрои илмӣ

Дар коллеҷ Шӯрои илмӣ амал мекунад, ки нақшаи кории он дар аввали сол тасдиқ шуда, моҳе як маротиба баргузор мегардад.

Дар соли 2018 ҳафт маротиба ҷаласаи Шӯрои илмӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорони соҳибтаҷриба дар мавзуъҳои гуногуни илмӣ баромад карданд.

 

Низоми кредитӣ

Соли панҷум аст, ки дар муассиса низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ шудааст.   Айни замон муҳассилин аз рӯи 8 ихтисос дар шуъбаи рӯзона бо низоми кредитӣ таҳсил намуда истодаанд.

Аз тарафи устодону омӯзгорон барои низоми таҳсилоти кредитӣ барномаҳои корӣ, маводҳо, силлабус таҳия гардида ва онҳо дар семинари илмӣ-методии кафедраҳо ва Шӯрои илмии коллеҷ тасдиқ шудаанд.

 

Корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ

Ҳамарӯза дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва соатҳои кураторӣ оид ба бедории сиёсии ҷавонон, вазъи дохилию хориҷии кишвар ва авзои сисёсии ҷаҳон, риояи сару либоси тавсиявӣ аз тарафи донишҷӯён, истифода набурдани телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни машғулиятҳо, бо нақлиёти шахсӣ ба таълимгоҳ наомадан ва ҳамчунин оид ба иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

 

Таъминоти идрорпулӣ

Ҳамасола маъмурияти коллеҷ донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаро, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, бо идрорпулӣ таъмин менамояд. Инчунин 27 нафар донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат ба ғайр аз идрорпулӣ аз ёрии иловагии маъмурият бархӯрдоранд. Донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси таърих Шукронаи Бозоралӣ гирандаи идрорпулии раиси вилоят ва донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси забон ва адабиёти рус Муқимова Гулноза гирандаи идрорпулии раиси шаҳри Бохтар мебошанд.

 

Китобхонаи коллеҷ

Коллеҷ дорои китобхона мебошад, ки дар он ду нафар корманд кор мекунанд. Китобхона дар айни замон 12 648 китоб дорад, ки аз ин шумора 1265 дона китобҳои тахассусӣ, 1992 китобҳои таълимӣ, 1300 дона китобҳои методӣ ва ғайраро ташкил медиҳанд.  Аз ин миқдор 3416 дона ба забони тоҷикӣ, 8836 дона ба забони русӣ ва 436 дона бо дигар забонҳо аст.

 

Хобгоҳ

Коллеҷ дорои хобгоҳ буда, 144 нафар донишҷӯ дар он истиқомат мекунанд. Аз ҳисоби суратҳисоби махсуси коллеҷ дохилу беруни бинои хобгоҳи донишҷӯён  таъмири косметикӣ карда шуд. Ҳамчунин, барои нуқтаҳои хӯрокпазии хобгоҳ  чор адад тафдони барқӣ ва чор адад таҷҳизот барои шустани косаю пиёла  харидорӣ карда шуд.

 

Озмунҳои фаннӣ

Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмунҳои фаннӣ ва чорабиниҳои илмию фарҳангии шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.

18-19 майи соли 2018 дар «Коллеҷи техникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ» озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид, ки 5 нафар донишҷӯёни коллеҷ иштирок карданд.

 

Ҷашну чорабиниҳо

Дар коллеҷ чорабиниҳо бахшида ба ҳама иду ҷашнҳо, аз ҷумла ба муносибати “Рӯзи артиши миллӣ”, “Рӯзи модар”, “Наврӯз”, “Рӯзи кайҳоннавардон”, “Рӯзи ваҳдати миллӣ”, “Ҷашни истиқлолият”, “Рӯзи парчам”, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида мешавад. Бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ санаи 14.04.2018 бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ ва зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ викторинаи адабӣ баргузор гардид.

Дар байни донишҷӯдухтарони хобгоҳи коллеҷ озмуни “Аллаи беҳтарин” гузаронида шуда, аз тарафи роҳбарияти муассиса ба ғолибон ифтихорномаҳо супорида шуд.

Бо ташаббуси раёсати кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати вилояти Хатлон курсҳои омӯзишии “Духтарони сарвар” кушода шудааст, ки донишҷӯдухтарони коллеҷ дар он фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат мегарданд.

15-уми майи соли 2018 аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи оила озмун таҳти унвони “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” доир гардид. Донишҷӯи бахши 1-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Тағоева Назира дар он иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид.

 

Варзиш

Бо дастгириҳои пайдарпай ва бевоситаи Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ҳамасола рушд менамояд. Дар  коллеҷи омӯзгорӣ низ ба ин соҳа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Роҳбарияти коллеҷ дар ҳамкорӣ бо раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ  донишҷӯёнро ҷалб намуданд ва бисёре аз онҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Аз суҳбат бо маъмурияти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дарёфтем, ки устодону омӯзгорон барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи маориф донишу малакаи худро дареғ намедоранд. Бо ин мақсад дар коллеҷ пеш аз ҳама ба дониш ва малакаи устодон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, бо мақсади баланд бардоштани тахассус ва омодагии касбии кадрҳо дар соҳаи технологияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамаи омӯзгорони муассиса ба курсҳои омӯзиши технологияи муосир ва компютерӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Ҳар довталабе, ки мехоҳад дар оянда омӯзгори навовар ва мутахасиси хуби соҳаи маориф гардад, Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав беҳтарин интихоб хоҳад буд. Рамзи коллеҷ дар Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 503 мебошад.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here