Ҳафтаи гузашта бо мақсади шиносоии вазъи таълиму тарбия мо ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ташриф овардем. Коллеҷе, ки соли 2020 ҳангоми ҷашни 5500-солагии Саразми бостон 90-сола шуд. Таърихи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент на танҳо ифтихори мардуми Панҷакенту водии Зарафшон аст, балки тамоми Тоҷикистон бо он менозад. Дар тӯли мавҷудияти зиёда аз 90-солаи худ, ки бо таърихи бостоншаҳри Панҷакент тавъам аст, ин даргоҳи илмро ҳазорон толиби илм хатм намуда, дар таълиму тарбияи фарзандони халқ, рушду нумӯи маорифи кишвар саҳми босазо гузоштаанд. Ин маркази маърифат замоне на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шуҳрат доштааст (Ҷуғрофиёи муҳассилини он ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва ғайраро воқеан фарогир будааст).

Агар ба таърихи навадсолаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент нигарем, ҷаҳонеро мебинем пур аз асрор, пур аз рӯзгори мардони матиниродаву донишвар, пур аз фидоиёни роҳи мушкил, вале фатҳшавандаи нумӯи тафаккури миллати тоҷик.  Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро, бесабаб «Университети водии Зарафшон» номегӯянд. Олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, муаллимони варзида, кормандони давлатӣ, инсонҳои шариф дар ин даргоҳ сабақи илм ва маърифат гирифтаанд, ки чун муште аз хирвор номи баъзеашонро зикр менамоем: Лоиқ Шералӣ-Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Файзулло Ансорӣ-шоир, драматург, Бобо Ҳоҷӣ-шоир, Убайд Раҷаб-Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Диплом – мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К.Андерсен, Қутбӣ Киром-Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷумъа Одина-нависанда, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ӯрун Кӯҳзод-Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Сорбон — Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мастон Шералӣ-шоир, Соҳиб Табаров-академик, узви вобастаи АУ Тоҷикистон, Носирҷон Маъсумӣ-номзади илмҳои филологӣ, узви вобастаи АУ Тоҷикистон, Расул Ҳодизода-доктори илмҳои филологӣ, Шарофиддин Рустамов-доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АУ Тоҷикистон, Абдунабӣ Сатторзода-доктори илмҳои филологӣ, Мақсуд Шукуров-доктори илмҳои таърих, Рақиб Абдулҳаев-доктори илмҳои таърих, Низомиддин Баҳриддинов-доктори илмҳои биологӣ, Исматуллоев Муҳаммадӣ-доктори илмҳои филологӣ, фарҳангии фарзона Фотеҳ Абдулло, шоир ва адабиётшинос Усмон Назир, забоншиноси соҳибистеъдод Субҳон Атобуллоҳ, тарҷумони номӣ Азимқул Насимов, Бозор Тилавов-доктори илмҳои филологӣ, Абдураҳимов Садриддин Яминович-доктори илмҳои геология ва минерология, профессор ва садҳо бузургони дигар.

Дар суҳбат бо мо директори Коллеҷ устод Ҷовид Холов иброз дошт, ки “Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона шудааст. Амалӣ гардидани ин сиёсат ислоҳоти куллии соҳаи маориф, аз он ҷумла, ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилотро ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва технологияи кредитии таълим тақозо мекунад”.

Зимни корбарӣ дар муассиса роҳбарияти муассса аз ин ҳадафҳо пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар густариши ин таълимгоҳи пуршараф саҳмгузор бошанд. Аз ин хотир, бо ҳайати устодону кормандон дар ин ҷода қадамҳои аввалину устувор гузоштанро оғоз карданд.

Сатҳи баланди омодасозии кадрҳо

Тайи солҳои охир ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент олимони унвондор бештар ҷалб карда шуда, устодон дар баланд бардоштани сифати таълим саъю саҳми арзанда доранд. Ба ҳамин хотир, синфхонаҳо ва утоқҳои дарсӣ бо тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, компютерҳо ва дигар маводи дарсӣ таъмин карда шуданд. Дар китобхона маркази истифодаи китобҳои электронӣ ба истифода дода шуд, ки он ҷо донишҷӯёну устодон метавонанд маводҳои лозимаи дарсиву таҳқиқиро дастрас намоянд.

Шумораи умумии кормандони муассиса   96   нафарро ташкил медиҳад. Аз  ин  ҷумла  56  нафарро омӯзгорони доимӣ ташкил медиҳанд.  13  нафар омӯзгор ба тариқи шартномавӣ кор мекунанд.  Бояд қайд кард, ки ҳайати омӯзгорони имрӯзаи таълимгоҳ дар раванди татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди соҳаи маориф нақши бориз доранд. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳадафҳои стратегии кишвар асоси барнома ва дурнамои таълиму тадрис дар муассиса маҳсуб мешавад.

Ихтисосҳо

Коллеҷи мӯзгории шаҳри Панҷакент барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дорои иҷозатномаи АУ № 0002434 ва ҳамчунин дорои шаҳодатномаи аккредитивии давлатии ИА № 0000783 буда, ҳуқуқи ба хатмкунандагон додани ҳуҷҷати намунаи давлати (диплом)–ро дорад. Дар муассиса аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассиси таҳсилоти миёнаи касбӣ омода мекунад:

2-010201 “Таҳсилоти ибтидоӣ”,

2- 02050302 “Математика – информатика”,

2-020650102 “Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ)”,

2-020402 “География”,

2-020302 “Забон ва адабиёти рус”,

2-020101 “Таърих”,

2- 020306 “Забони аглисӣ”,

2-020301 “Забон ва адабиёти тоҷик”,

2-020401 “Биология”

2- 02030130 “Забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ”.

Факултетҳо

Дар муассиса ду факултет – факултети риёзӣ – педагогӣ ва факултети фанҳои гуманитарӣ амал мекунад. Факултети риёзӣ – педагогӣ дорои се кафедра – кафедраи математика ва табиатшиносӣ, кафедраи педагогика ва психология, кафедраи методикаи таълим мебошад. Факултети фанҳои гуманитарӣ дорои ду кафедра – кафедраи забонҳо ва кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ мебошад.

Тахсил  дар  коллеҷ  дар  2  баст — рӯзона ва ғоибона — ба  роҳ монда шуда,  шумораи умумии донишҷӯён  870  нафарро ташкил медиҳад. Писарон  258  нафар ва духтарон  612  нафар мебошанд. Аз  ин  шумора  542  нафар донишҷуён  дар  шӯьбаи рӯзона таҳсил мекунанд,  ки  171  нафарашонро писарон ва  371  нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Шӯъбаи ғоибона

Дар коллеҷи омӯзгорӣ аз соли 1996 инҷониб шуъбаи ғоибона амал мекунад. Тайи ин солҳо шуъбаи ғоибона низ дар тайёр кардани муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва сафарбар намудани онҳо дар кори таълиму тарбияи насли наврас дар гӯшаю канори гуногуни кишварамон ҳиссаи худро гузоштааст. Ҳоло дар шуъбаи ғоибона 328 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз  ин  шумора  87  нафар  писарон   241  нафар  духтарон  мебошанд.

Соли хониши ҷорӣ мувофиқи сохтори нав қабул аз рӯи 8 ихтисос: таҳсилоти ибтидоӣ; забон ва адабиёти тоҷик; математика-информатика; забони русӣ; таърих; биология; география; технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) довталабон дар шуъбаи ғоибона қабул карда мешаванд.

Дар таьлимгоҳ 38 гуруҳи таьлимӣ мавҷуд аст. Аксарияти гуруҳҳо ба тариқи  низоми  кредитӣ ба  таҳсил  фаро  гирифта  шуда, танҳо 4  гурӯҳи  хатмкунанда  ба  тариқи  аньанавӣ  таҳсил  мекунанд. Қабул  ба  Коллеҷи омӯзгорӣ  аз  соли 2016  аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба  роҳ монда шудаааст.

Дигаргуниҳои куллӣ дар Коллеҷ

Дар чанд соли охир ба шарофати донишмандиву масъулиятшиносӣ ва кордонии роҳбарият ва устодон дар як муддати кӯтоҳ таълимгоҳ чи дар зоҳир ва чи дар ботин, яъне таълиму тадрис дигаргуниҳои куллиро паси сар кард. Чунончӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус аз таъмири куллӣ баровардани қисми зиёди муассиса, сабзу хуррам гардонидани атрофи он, азнавсозии майдончаи варзишӣ, толори варзиш ва маҷлисгоҳ, ободонии хобгоҳ, ба низом даровардани кори кафедраҳо, қадамҳои устувор баҳри амалӣ сохтани таҳсил бо низоми кредитӣ, ҷалби довталабон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, таъсиси ихтисосҳои наву дархури бозори меҳнат, таъсиси рӯзномаи дохилитаълимгоҳии “Ҳамсадо” аз қабили иқдомҳои созандаи ин шахси серталаб нисбат ба худу дигарон аст. Директори коллеҷ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, сифати таълим, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои фаннӣ, баргузории чорабиниҳои илмиву эҷодӣ эътибори махсус медиҳад. Барои эшон интизом дар ҷойи аввал меистад.

Баргузор намудани конфронси ҳамасолаи апрелии илмии устодону донишҷӯёни коллеҷ низ ташаббуси директори имрӯзаи он аст.

Ба ҷои хулоса

Аз тамошои толорҳои барҳавову замонавӣ, синфхонаҳои ҳозиразамони муҷаҳхаз бо ҳама аёниятҳо, синфхонаҳои компютерӣ ва суҳбат бо устодону шогирдон маълум шуд, ки дар Коллеҷи омӯзгориии шаҳри Панҷакент ҳама шароит барои таълиму тарбия фароҳам оварда шуда, маъмурият барои омода кардани кадрҳои ҳозирзамону рақобатпазир ҳама донишу таҷрибаи худро истифода бурда истодаанд.

Директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Ҷовид Холов иброз доштанд, ки маъмурият анъанаи даҳсолаҳо боз идомадоштаро ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас идома бахшида, паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои сохторҳои марбутаро маҳаки асосии кори худ қарор дода, дар ин ҷода фаъолияти касбии худро идома хоҳанд бахшид. Таълимгоҳ имрӯз яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, бо тарбияи кадрҳои баландихтисос дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзанда гузошта аст. Рамзи таълимгоҳ дар ММТ 509 мебошад. Марҳамат ба кадамгоҳи бузургон!

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here