2-юми январи соли 2021 аз соати 07:45 то соати 14:00 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ нахустин қабули шаҳрвандонро дар соли нав аз мӯйсафедону калонсолон, ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳру деҳоти Панҷакент оғоз намуд.

Дар рӯзи истироҳат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ тақрибан 30 нафар мӯйсафедону калонсолон, ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳру деҳоти Панҷакентро қабул намуда, бо шаҳрвандон суҳбати рӯ ба рӯ доир намуд.

Дар ҷараёни қабул иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ бо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент суҳбати рӯ ба рӯ доир намуда, ҷиҳати баррасӣ ва расонидани кумаку дастгириҳои саривақтии муроҷиатҳои онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар рафти қабули шаҳрвандон 5 нафар вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин ва баҳсҳои он, 1 нафар вобаста ба соҳаи маориф ва фарҳанг, 1 нафар вобаста ба саҳми замин, 4 нафар вобаста ба таъмин шудан бо ҷойи кор, 3 нафар вобаста ба кумаки моддӣ, 2 нафар вобаста ба гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, 1 нафар вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ, 1 нафар оид ба масъалаи барқ, 2 нафар оид ба таъмин намудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ, 1 нафар оид ба масъалаи манзили истиқоматӣ ва 4 нафар доир ба масъалаҳои дигар ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ муроҷиат намуданд.

Дар рафти қабули шаҳрвандон 25 нафар пиронсолону занон, ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва корафтодагони шаҳру деҳоти Панҷакент дар қабули раиси шаҳр иштирок намуданд.

Муроҷиаткунандагон аз суҳбатҳои рӯ ба рӯи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр қаноатманд гардида, барои дастгириҳои ҳамаҷониба изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми қабули шаҳрвандон тибқи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент ба масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаю идораҳо дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд, ки ҷиҳати зудтар ҳал намудани мушкилоти истиқоматкунандагони шаҳру деҳоти Панҷакент гуруҳҳои корӣ таъсис дода, дар кӯтоҳтарин фурсат роҳи ҳалли масъалаҳо бартараф карда шавад ва аз натиҷаи ҷараёни супоришҳои додашуда гузориши хаттӣ ба дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод намоянд.

Дар нимаи дуюми рӯз Холиқзода Абдухолиқ бо гуруҳи корӣ аз шароитҳои истиқоматкунандагони шаҳр шиносоӣ намуданд.

Шервони УМРИДДИН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here