Рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил кард.

Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолгардида 12,6 млрд. сомонӣ  (81,6 фоиз) ба корхонаҳо, 1,8  млрд. сомонӣ (12,0 фоиз) ба субъектҳои соҳибкории хурд рост омада, 1 млрд. сомонӣ (6,4 фоиз) аз ҳисоби хизматрасонии  истифодаи  оби нӯшокӣ ва барқ ташакул ёфтааст.

Ба 19 корхонаҳои азиме, ки ҳаҷми маҳсулоти солонаи онҳо аз 100 млн. сомонӣ зиёд мебошад, 79 фоизи ҳаҷми маҳсулоти вилоятии дар корхонаҳо истеҳсолгардида рост меояд.

Нисбат ба соли 2019 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 132,5 фоиз ва газворҳои пахтагини тайёр 125,5 фоиз таъмин гардида, дар маҷмӯъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 3941,7 тонна калоба ва 707,3 ҳазор метри мураббаъ газворҳои пахтагини тайёр истеҳсол карда шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2020 ба миқдори 607,4 ҳазор тонна орд истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли пешин 2 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ, аз қабили қубурҳои металлӣ ба миқдори 30,4 ҳазор тонна (109,8 фоиз), рехтаи пӯлодӣ 4,9 ҳазор тонна (132,8 фоиз), мех 548,9 тонна (3,8 баробар зиёд), маҳсулоти кабелӣ 506,1 тонна (141,2 фоиз), профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 3,8 ҳазор тонна (108,6 фоиз), профилҳои пластикӣ 1,6 ҳазор тонна (1,9 баробар зиёд), шланги ПВХ 1 млн. метри тӯлонӣ (2,1 баробар зиёд), халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 49,8 млн. дона (134,8 фоиз), халтаҳои полиэтиленӣ 2,1 ҳазор тонна (3,3 баробар зиёд), маҳсулоти пластмассагӣ  8,5 млн. дона (1,5 баробар зиёд), зарфҳои шишагин 16,96 млн. дона ( 122,3 фоизро) ташкил намудааст.

Дар соли 2020 ба миқдори 1 млн. 280,6 ҳазор тонна семент ва 1 млн. 761,2 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба  30,3 млн. қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва антисептикҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ то ин давра 5215,2 ҳазор адад ниқоби тиббӣ, 9531 адад либоси махсуси тиббӣ ва 341,3 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 дар вилоят 4 млрд. 412,9 млн. кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 1 млрд. 83,8 млн. сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 949,9 млн. сомонӣ таъмин гардидааст, ки 87,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 397,5 млн. сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 367,5 млн. сомонӣ ё 92,5 фоиз таъмин гардидааст.

Кишоварзони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 млрд. 821 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шуд. Аз майдони умумии кишт 233,7 ҳазор гектар ё 83,9 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44,9 ҳазор гектар ё 16,1 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Дар мавсими кишту кори соли 2020 дар вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 117,5 ҳазор гектар ғалладонагиҳо (ба ғайр аз ҷуворимакка барои дон), дар майдони 58,1 ҳазор гектар пунбадона ва  дар майдони 23,1 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида шуд.

Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 17,2 ҳазор гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба соли пеш 1344,7 гектар ё 8,5 фоиз зиёд карда шуд.

Полезиҳо дар майдони 6477,2 гектар кишт карда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 817 гектар ё 14,4 фоиз зиёд гардид. То 1 сентябр дар майдони 18051 гектар кишти такрории ғаллагӣ ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ ва хӯроки чорво гузаронида шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғунучини ғалладонагиҳо ҳамагӣ 351,4 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 139,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мутаносибан  5,9 ва 10,9  фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи растанипарварӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 561,2 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 171,9 ҳазор тонна пиёз, 512,1 ҳазор тонна картошка, 151,8 ҳазор тонна полезӣ, 139,4 ҳазор тонна мевагӣ, аз ҷумла 93,9 ҳазор тонна зардолу ва 50,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуда, суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 113,4 фоиз, аз ҷумла пиёз 118,7, картошка 113,7, полезӣ 119,1, мевагӣ 92,4, аз ҷумла зардолу 92,4 ва ангур 81,9 фоиз таъмин гардид.

Дар соҳаи чорводорӣ 66,6 ҳазор тонна гӯшт, аз ҷумла 9,6 ҳазор тонна гӯшти паранда, 273,0 ҳазор тонна шир, 594,6 млн. дона тухм, 1458,5 тонна асал ва 1550,0 тонна пашм истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2019  гӯшт 8,0 ҳазор  тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 6,8 ҳазор тонна, шир 3,8 ҳазор тонна, тухм 164,7 млн. дона, асал 42,0 тонна ва пашм 33,7 тонна афзудааст.

Дар соли 2020 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129 ҳазору 500 тонна пешбинӣ гардида, то ин давра 130 ҳазору 461,1 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки зиёда аз 100,7 фоизи нақшаи дурнаморо дар бар мегирад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 36 сардхона бо ғунҷоиши умумии 8 ҳазору 680 тонна мавриди истифода қарор дорад. Соли ҷорӣ ғунҷоиши сардхонаҳо, аз ҳисоби ба истифода додани иншоотҳои нав 700 тонна зиёд гардид.

Дар бахши корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти 457 гармхона дар майдони 25,6 гектар ба роҳ монда шуд, ки аз он 287 гармхонаи навъи хитоӣ ва 4 гармхонаи инноватсионӣ мебошанд.

Мувофиқи дурнамо соли 2020 дар масоҳати 255 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин давра 626,53 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақшаи дурнамо 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калони шохдор 669 ҳазору 710 сар, аз ҷумла модагов 359 ҳазору 509 сар, гӯсфанду буз 1 млн. 574 ҳазору 769 сар, парранда 4 млн. 660 ҳазору 176 сар ва асп 8466 сарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ мутаносибан чорвои калони шохдор 6850 сар, аз ҷумла модагов 6366 сар, гӯсфанду буз 12726 сар, парранда 344 ҳазор 452 сар ва асп 67 сар зиёд шудааст.

Дар самти таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят дар соли 2020 истеҳсоли моҳӣ ба 869,7 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019  2,4 баробар зиёд аст.

81 мағозаи фурӯши тухмиҳо, 106 мағозаи қисмҳои эҳтиётӣ, 46 мағозаи фурӯши ниҳолҳо ва 74 мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ амал мекунанд. Ҳамзамон, дар вилоят 107 нуқтаи  маслиҳатдиҳӣ ба кишоварзон хизмат мерасонад.

Дар  самти ислоҳоти соҳаи обрасонӣ дар вилоят 241 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият мебаранд.

Аз ҳисоби буҷети вилоят барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод 1,9 млн. сомонӣ, Ашт 1,0 млн. сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров 500,0 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 300,0 ҳазор сомонӣ, Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавӣ дар мавзеи Рухак 200,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар соли 2020 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5731 гектар замин беҳтар карда шуд, ки баробари 104,3 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1 млрд. 279,9 млн. сомонӣ азхуд шуд ва ба маблағи 506,0 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд.

Ҳамагӣ ба маблағи 1 млрд. 8,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли сипарӣ 134,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 434,4 ҳазор  метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, барои 660 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, барои 510 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 307 кат дар шифохонаҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Дар соли 2020-ум дар доираи ҷашнҳои Навруз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи иншоотҳои ҷашни мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидаанд.  Дар соли 2020 бунёд ва таъмиру таҷдиди 1926 иншоот ба нақша гирифта, амалан то ин давра 1972 иншоот ба истифода дода шуд, ки 102,4 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода, нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст. Тавассути маҷмӯи нақлиёт 26,6 млн. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 196,1 млн. нафар мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2019 мутаносибан 95,0 ва 102,7 фоизро ташкил медиҳад.

Нақшаи тасдиқгардидаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 107,1 фоиз иҷро гардида, 2495,5 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 184,7 км таъмири асосӣ, 1017,7 км таъмири ҷорӣ ва 1293,1 км шағалпӯш мебошад. Аз ҳисоби буҷети вилоят 23 млн. 749,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 29,3 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо 11 млрд. 54,2 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3 млрд. 282,4 млн. сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 83,5 ва 87,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020 ба 1 млрд. 667,6 млн. доллари амрикоӣ расонида шуд, ки баробари  81,5 фоизи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад.

Аз ҷумла, воридот 1 млрд. 313,8 млн. доллари амрикоӣ ва содирот 353,8 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 83,6 ва 75,1 фоизро дар бар гирифт.

Дар соли 2020 ба маблағи 14,8 млн. доллари амрикоӣ 95 ҳазору 783 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 21 ҳазору 470 тонна ва ба маблағи 4,47 млн. доллар зиёд мебошад.

Ҳиссаи  хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти вилоят мутаносибан 50,0 ва 35,1 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 19 ҳазору 487 тонна хушкмева ба маблағи 7,4 млн. доллар ва  69 ҳазору 88 тонна пиёз ба маблағи 5,2 млн. доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15 ҳазору 835 тонна ба маблағи 1,84 млн. доллари амрикоӣ зиёд шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 4 ҳазору 135 тоннаро ба маблағи 1,8 млн. доллар ташкил намудааст.

Содироти консерваҳои меваю сабзавот нисбат ба соли 2019 ба миқдори 275 тонна зиёд шуда, дар ин давра ҳамагӣ 546 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 246,7 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст.

дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 140,7 млн. доллари амрикоӣ  сармоягузориҳо, аз ҷумла 120,9 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 19,8 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст.

Аз ҷумла, ба маблағи 46,7 млн. доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 48,3 млн. доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Соли 2020 бо назардошти камкунӣ нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2 млрд. 382,9 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша ҳамагӣ 102,9  фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 2 млрд. 452,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 69,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 млрд. 837,9  млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1 млрд. 839,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки баробари 100,1 фоизи нақша буда, барзиёдиҷрошавӣ 1,8 млн. сомонӣ таъмин шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1 млрд. 910,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1 млрд. 875,9 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 98,2 фоизи нақша мебошад.

Ба соҳаҳои маориф 880,1 млн. сомонӣ, тандурустӣ 491,4 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,7 млн. сомонӣ,  фарҳангу варзиш 114,8 млн. сомонӣ ва дар маҷмӯъ 1508,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 80,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 827,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, дар амал 767,0 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 92,7 фоизи нақша баробар мебошад. Талаботи нафақа дар ин давра 835,2 млн. сомонӣ муайян карда шуда, тибқи реҷаи муқарраршуда пурра пардохт гардид.

Музди миёнаи маош дар моҳҳои январ-ноябри соли 2020 дар вилоят 1222,83 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 48,60 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2088,61 сомонӣ, Панҷакент 1616,34  сомонӣ, Айнӣ 1534,65 сомонӣ, Хуҷанд 1513,35 сомонӣ, Истаравшан 1148,47 сомонӣ, Бӯстон 1110,37 сомонӣ ва Истиқлол 1056,17 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Шумораи нафақагирон 231472 нафар ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақа 307,28 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Соли таҳсили 2020-2021 дар вилоят 938 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 565 ҳазору 231 нафар, аз ҷумла 276 ҳазору 427 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2019-2020 шумораи муассисаҳои таълимӣ  9 адад ва шумораи хонандагон 17 ҳазору 906 нафар зиёд гардид.

Дар соли 2020 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 276 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44 ҳазору 283 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли таҳсили 2019-2020-ро дар маҷмӯъ 34 ҳазору 190 нафар хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестӣ бо назардошти хатмкунандагони солҳои пешин 19 ҳазору 155 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ дохил шуданд. Тибқи квота ҳамагӣ 302 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 19 ҳазору 457 нафар ҳуқуқи таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ соҳиб шуданд, ки 56,9 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 1035 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии вилоят иштирок карданд. Аз 26 нафар иштирокчии 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ барои хонандагону донишҷӯён дар давлати Туркия аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва мактаби Президентӣ 26 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 13 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, дастаи вилоят аз фанни биология дар ин олимпиада сазовори ҷойи аввал гардида, бо “Ҷом” сарфароз гардонида шуд.

Дар асоси қарори раиси вилоят ба 26 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ аз 3,0 то 10,0 ҳазор сомонӣ, ба 6 нафар омӯзгор аз 2,0 то 6,0 ҳазор сомонӣ, ба мактаби президентии шаҳри Бӯстон 10,0 ҳазор сомонӣ, литсейи №1-и шаҳри Исфара 5,0 ҳазор сомонӣ ва литсейи физикӣ-математикии шаҳри Хуҷанд 3,0 ҳазор сомонӣ мукофотпулии яквақта тақдим карда шуд. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 60 нафар ғолиби даври вилоятии озмун аз вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмун аз рӯи 6 номинатсия баргузор шуда, иштирокчиён аз вилоят сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, Шоҳҷоиза, 6 ҷойи аввал, 7 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар вилоят 936 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва  253  муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият доранд. Ба аҳолии вилоят 5 ҳазору 276 нафар табибон ва 17 ҳазору 945 нафар кормандони миёнаи тиб хизмат мерасонанд. Барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҳисоби буҷети вилоят барои харидани таҷҳизоти тиббӣ, корҷома, либоси тиббӣ, доруворӣ ва маводҳои антисептикӣ 24,1 млн. сомонӣ равона карда шудааст. Илова бар ин, бо қарорҳои дахлдори раиси вилоят 6,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби фонди хайриявӣ 1,2  млн. сомонӣ  маблағ иловатан ҷудо карда шудаанд.

Айни ҳол дар миқёси вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Дар соли 2020, дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишии нав бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 28,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 10,7 млн. сомонӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.

24 варзишгари вилоят дар 9 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 15 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ шуданд.

Аз шумораи 1,3 млн. нафар занону духтарони вилоят 9726 нафар занони роҳбар ва 1242 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд.

Дар вилоят 52 нафар гирандагони стипендияи президентӣ, 61 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят аз ҳисоби занону духтарони болаёқату фаъол мебошанд. Дар соли ҷорӣ 18 нафар ҳунарманд соҳиби гранти президентӣ дониста шуданд. Инчунин, ба 60 нафар зани ҳунарманди вилоят грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 420,0 ҳазор сомонӣ супурда шуданд.

Дар соли 2020 ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар маҷмӯъ, 4175 муроҷиат ворид гардид, ки нисбат ба соли 2019 (5132) 957 адад кам мебошад. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида 3115 хаттӣ, 841 шифоҳӣ, 32 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва 187 муроҷиат тавассути «Viber» ба қайд гирифта шудаанд.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби раиси вилоят ҳар ҳафта рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида, масъалаҳои онҳо ҳал мешаванд.

Дар соли 2020 дар вилоят миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда 6291 ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019  87  ҳодиса ё 1,4 фоиз кам мебошад.

Нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар соли 2020 барои даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мутаносибан баробари 100,2 ва 100,5 фоизи таъмин карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here