Табибони силшинос дар вилояти Суғд аз дарёфти 1158 ҳодисаи сироятёбии сокинон аз бемории сил хабар медиҳанд, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли гузашта бештар гуфта мешавад. Афзоиши бемории сил дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба сатҳи 207 нафар бемор то ба 100 000 аҳолӣ мерасад, ки аз ченаки меъёрӣ ба маротиб зиёд аст.

Бо Маҳина (номи шартан ивазшуда) дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилояти Суғд вохӯрдем, ки розӣ шуд дар бораи беморӣ ва табобаташ бо мо суҳбат кунад. Ӯ нақл кард, наздики ду ҳафта мешавад, ки аз бемории сил табобат мегирад. Маҳина гуфт, ки хурӯҷи беморӣ ӯро дар шароити хона аз роҳгардӣ мононду нафаскашиаш ҳам душвор шуд буд. Ҳоло баъди табобати беш аз даҳ рӯза ӯ роҳат роҳ меравад ва мушкили нафастангиаш ҳам бартараф шудааст. Маҳина сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар ҷамоати  Хистеварз зиндагӣ мекунад.

— Ман ба беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат карда, он ҷо чанд рӯз табобат гирифтам, аммо вазъи саломатиам беҳтар нашуд. Духтурон ба ману хонаводаам тавсия доданд, ки барои табобат ба Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилояти Суғд биёям. Ҳоло 12 рӯз боз дар ин ҷо табобат мегирам ва беҳбудӣ дар сиҳатиамро ҳис мекунам. Ман ҳоло худам роҳ гашта метавонам. Насиб бошад, сиҳат шуда ба назди фарзандонам меравам”,- иброз медорад Маҳина.

Табибон дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил маълум кардаанд, ки бемории Маҳина ба навъи шакли мутобиқгаштаи сил, вале бе хориҷкунии микроб табдил ёфта, ӯро лозим меояд, ки то чанд ҳафтаи дигар инҷо табобат гирад.

Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилояти Суғд дар шаҳраки Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов воқеъ аст ва ба назар мерасид, ки ба монанди Маҳина даҳҳо нафар дар ин ҷо аз бемории сил табобат мегиранд. Маҳина зикр намуд, то омаданаш нисбати ин беморхонаи вилоятӣ назари дигар дошт, яъне мепиндошт, ки ҳама беморони вазнинро ин ҷо меоранд. Аммо вақте барои омадан ба ин ҷо ночор монд ва дар пайи табобат сиҳатиаш беҳтар гардид, ҳоло дигар аз ин беморхона хотираи нек бардоштааст. Ӯ аз дигарон ҳам даъват мекунад, ки дар ҳолати маълум шудани аломатҳои бемории сил — сулфа, баландшавии ҳарорати бадан, харобшавӣ, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо ва хастагии доимӣ аз муроҷиат ба духтур ва табобат наҳаросанд ва биёянду дар ин ҷо табобат гиранд. Ӯ акнун дарк кардааст, ки сил бемории табобатшаванда аст.

— Онҳое, ки ин корро мекунанд, барои саривақт беҳбуд ёфтани сиҳатии худ саҳм гузошта, аз ҷониби дигар, кори табобатро барои духтурон низ осон мегардонанд,- таъкид намуд Маҳина.

Бобур Отамуродов, муовини сардухтури Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯяд, ки ноҳияи Б. Ғафуров баъд аз Зафаробод дуввумин ноҳияест, ки мизони гирифторшавии сокинон ба бемории сил зиёд аст. Омори гирифторшавии сокинон дар ин ноҳияи вилояти Суғд дар соли 2018 то ба сатҳи 127 нафар бемор ба 100 000 аҳолӣ баробар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, меъёри муътадили беморӣ ба ибораи рақам 113 нафар бемор ба 100 000 аҳолӣ баробар мебошад: “Дар ноҳияи Зафаробод 207 нафар бемор ба 100  000 аҳолӣ, Б. Ғафуров — 127 нафар бемор ба 100 000, шаҳри Бӯстон — 138 нафар бемор ба 100 000, ноҳияи Масчоҳ — 176 нафар бемор  ба 100 000 баробар аст, ки албатта ин вазъ ташвишовар мебошад”.

Дар умум, дар соли 2018-ум 1158 ҳодисаи нави гирифтории сокинони вилояти Суғд ба бемории сил сабт шудааст, ки ин рақам назар ба соли 2017-ум 1028, қариб 200 нафар бештар мебошад. Табибони силшинос дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд мегӯянд, агар ин рақам баёнгари вазъи гирифтории сокинон ба ин беморӣ аст, аз сӯи дигар инро мувафаққияте мешуморанд, ки ба василаи дарёфти ин теъдод беморон шаҳру ноҳияҳои вилоят аз бемории сил тоза шуд. Дар тӯли ду моҳи соли 2019-ум 301 ҳодисаи сирояти сокинон ба бемории сил сабт шудааст.

Силшиносон дар Суғд мегӯянд, ки дарёфти ин рақам беморон натиҷаи кори таҷҳизоти ташхисгар бо номи “Ҷен Эксперт” низ ҳаст, ки барои дарёфти саривақтии чӯбчамикроби сил аз маҳлули балғам мусоидат мекунад. Зимнан, аз ҷониби Лоиҳаи ҲОУП  то соли 2018-ум 12 адад “Ҷен Эксперт”-ҳо ба шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дастрас карда шудааст.

“Ҷен Эксперт” таҷҳизоти ташхискнунадаи маҳлули балғам буда, дар давоми 2 соат мавҷудияти микроби силро маълум менамояд. Вуруди чунин таҷҳизоти нав метавонад саривақт бемориро дарёфт кунад, боз ҳам агар сокинон тасмим гиранд, ки барои ҳифзи саломатии худ аз ташхис гузаранд.

Аммо баъзе дигар коршиносони умури тандурустӣ аз нав фаъол намудани ташхисгоҳҳои рентгену флюрографии сайёрро муассир медонанд, ки замоне ин ҳама фаъол буда ва барои дарёфт ва табобати саривақтии нафари сироятшуда аз бемории сил нақши муҳим доштанд.

Қамари Аҳрор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here