Чаро дар вилояти Хатлон сохтмони 13 мактаб нотамом боқӣ монд?
Дар вилояти Хатлон 13 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагие мавҷуданд, ки ба қавли масъулон, сохтмони қисме аз онҳо ҳанӯз солҳои 80-90-уми асри гузашта оғоз шуда, то кунун нотамом боқӣ мондаанд. Сабаби асосӣ маблағгузорӣ нашудан гуфта мешавад.
Кӣ бояд мактабҳоро обод кунад?
Ба иттилои Баҳриддин Ҳалимов — мутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон, чанде аз муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагии сохтмонашон 30-40 сол қабл шуруъ шудаю то ҳол ба итмом нарасида дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ воқеъ гардидаанд. «Асари онҳо бояд аз ҳисоби буҷети вилоят эъмор мешуданд»,- илова кард ӯ.
Чунончи, дар деҳаи Сангпар ва Офтоблуқи ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб сохтмони нотамоми 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд аст, ки маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфта мешавад. Ба ҳамин минвол, бинои иловагии нотамом дар назди мактаби рақами 6-и ҷамоати Ҳашивари деҳаи Зархези ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (маблағгузор Вазорати маориф ва илми кишвар), муассисаи таълимии нотамом дар маркази ноҳияи Ҷайҳун (маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон), сохтмони мактаби нотамом дар деҳоти Гулистони шаҳри Левакант, сохтмони муассисаи таълимии рақами 7 дар деҳаи Сабзазори ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон (маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон) мавҷуд аст.
— Сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳои рақами 11, 15, 18 ва 26 дар деҳаи Лолазори ҷамоати Талбак Садриддин, деҳаҳои Чоршанбе ва Чинори ҷамоати Х. Холматов ва деҳаи Устокорони ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз аз солҳои 1982 боқӣ мондаанд. Толори маҷлисгоҳу варзишии нотамом дар назди мактаби рақами 10-и деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Гардӣ Гулмуроди ноҳияи Дӯстӣ ҳам аз ҳамон қабил иншоотанд,- гуфт Б. Ҳалимов.
Ҷайҳун: мактабе, ки сохтмонаш 13 сол боз идома дорад
Дар маркази ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳанӯз аз соли 2007 сохтмони мактаб барои 624 хонанда оғоз гардидаву то ҳол ба итмом нарасидааст. Омили қатъ шудани корҳои сохтмониро масъулон ҷудо нашудани маблағ арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Назирмад Давлатзода, сохтмони мактаб барои 624 хонанда бо 26 синфхона, як толори варзишӣ ва як маҷлисгоҳ дар маркази ноҳия аз соли 2007 бо маблағгузорӣ аз буҷети вилояти Хатлон оғоз гаштаю то ба имрӯз нотамом боқӣ мондааст. Сабаби он саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.
— Аз сабаби нарасидани ҷойи нишаст, айни замон дар чор муассисаи таълимии ноҳия хонандагон дар се баст ба таълим фаро гирифта шудаанд ва дар солҳои оянда бо зиёд шудани шумораи хонандагон эҳтимоли боз ҳам афзоиш ёфтани мактабҳои себаста ҷой дорад,- илова кард мудир.
Сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун Давлат Гуреззода перомуни ин масъала гуфт, ки фармоишгари сохтмони мактаби мазкур Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шумор рафта, арзиши харҷномавии иншоот 21 миллиону 36 ҳазор сомонӣ буда, маблағи корҳои сохтмонии то ҳол иҷрошуда 8 миллиону 999 ҳазору 800 сомонӣ аст. “Боқимондаи маблағ 12 миллиону 362 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то ин замон аз худ нашудааст,- афзуд ӯ.
Оид ба ин мавзуъ хостем андешаи Абдулҳафиз Одиназода — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳунро фаҳмем. Мутаассифона, ӯ дониста ё надониста ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб нагуфт.
Кӣ чӣ мегӯяд?
Дар мавриди сохтмони дигар муассиаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагии нотамом ё ба қавле, “сохтмонҳои яхбаста” назари мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулонро гирифтан хостем.
Як шахси масъул бо шарти зикр накардани ном гуфт, ки дар ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант ҳанӯз соли 1987-и асри гузашта сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 176 хонанда оғоз гардидаву бо сабабҳои маблағгузорӣ нашудан “ба ихтиёри боду борон гузошта шудааст”.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зикр кард, ки сохтмони бинои иловагӣ дар назди мактаби рақами 6 барои 600 хонанда аз соли 1990 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми кишвар оғоз гардидаву то ин ҷониб ба итмом нарасидааст. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия барои 300 кӯдак сохтмони муассисаи томактабӣ ҳамон солҳо оғоз ёфта буд, вале то ҳол ба охир нарасидааст. “Дар мавриди идомаи сохтмонҳояшон ҳоло чизе гуфта наметавонам. Ният дорем, ки оид ба ин масъала ба Вазорати маориф ва илми кишвар ба таври хаттӣ муроҷиат кунем”,- илова намуд ӯ.
— Аз соли 1980-уми асри гузашта дар деҳаи Сабзазори ҷамоати Ғаллаободи ноҳия сохтмони боғча оғоз гардида буд,- иттилоъ дод Худоёри Қурбон — сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон ва афзуд, ки соли 2013 аз ҷиҳати самти истифода он ба мактаби рақами 7 табдил дода шуд. “Раёсати сохтмони асосии вилоят бунёди онро ба уҳда гирифта буд. Аммо як сол маблағузорӣ карда, дигар бо сабабҳои номаълум корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд. Мактаби мазкур дорои 33 синфхона мебошад”,- гуфт Х. Қурбон.
Очилдиев Комил — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз низ гуфт, ки сохтмони биноҳои иловагии нотамом дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 11, 15, 18 ва 26-и ноҳия ҳанӯз соли 1980 оғоз гардида, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1990 сохтмонашон қатъ гардид. Ҳоло иншооти мазкурро Арабистони Саудӣ ба уҳда гирифтааст, ки бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода шавад.
— Дар ноҳияи Дӯстӣ низ дар назди мактаби рақами 10 сохтмони толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ аз соли 1990 оғоз шудаву то ҳол сохтмони он ба охир нарасидааст,- гуфт мудири шуъбаи маорифи ноҳия. Бино ба иттилои номбурда, дар ин мактаб ҳоло 700 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки онҳо аз надоштани толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ танқисӣ мекашанд.
Баҳриддин Ҳалимов гуфт, ки аз 13 муассисаи таълимии сохтмонашон нотамом 6 адади онҳо, аз ҷумла, дар деҳаи Сангпари ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб, бинои нотамом дар назди мактаби рақами 19-и деҳоти Б. Ғафурови ноҳияи Қубодиён, сохтмони бинои нотамом дар назди муассисаҳои таълимии рақами 11-и деҳоти Лолазор ва рақами 15-и деҳоти Чоршанбе, инчунин мактаби рақами 18-и деҳоти Устокорон ва сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳоти Чинори ноҳияи Шаҳритуз дар “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ворид карда шудаанд. Аммо бо гузашти се сол аз мавриди амал қарор гирифтани барномаи мазкур ягонтои онҳо сохта нашудаанд.
Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон вобаста ба ин масъала гуфтанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст марҳила ба марҳила бунёди чунин иншоотро ба охир расонад.
Саъдуллозода суҳбат кардан нахост
Хостем бо сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода вобаста ба сохтмонҳои нотамом суҳбат кунем. Мутаассифона, ӯ бо ҳар баҳона аз суҳбат худдорӣ кард. Сармуҳандиси раёсати мазкур Комрон Гулов бо такя ба супориши роҳбараш гуфт, ки бе иҷозати роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ҳуқуқи додани маълумотро надорад.
Ин дар ҳолест, ки роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Сафарзода Ғазалшоҳ дар як суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки ба ягон ташкилот ё идора чунин супориш надодааст. “Мо ягон ташкилот ва идораи вилоятро аз суҳбат бо хабарнигорон манъ накардаем. Баръакс, ҳамеша таъкид мекунем, ки маълумотҳои заруриро ба ВАО пешниҳод кунанд ва дар фаъолияти онҳо монеа эҷод накунанд”,- қайд кард роҳбари дастгоҳи раиси вилоят.
Зарари имрӯз…
Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки сари вақт сохта нашудани ин муассисаҳо ба буҷа зарари калон ворид месозад. Зеро маблағҳое, ки барои сохтмони мактабҳо солҳои 1980 ва ё 2007 пешбинӣ шуда буданд, бо нархҳои ҳамонвақта ҳисобукитоб шудаанд. Аммо имрӯз арзиши масолеҳи сохтмонӣ ба он давраҳо рост намеояд. Аз ин ҳисоб ҳоло барои бунёди ин муассисаҳои нотамом миллионҳо сомонӣ лозим меояд.
Раисон, вақти амал аст!
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шуд, ки “соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст”.
Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои бунёди муассисаҳои таълимие, ки сохтмонашон солҳо боз тӯл кашидаву ба қавле “ях бастаанд” ва ё ҳаволаашонро ба барфу борон гузоштаанд, дасту остин барзананд.