Агарчи зимистон нав сар шуда бошад ҳам, назар ба солҳои пеш имсол бо сармои ба худ хосе мардумро ҳамагӣ хонагӣ сохт. Асосан дар минтақаҳои куҳии мамлакат мардум дигар бо дили нохоҳам барои иҷрои коре аз хонаҳояшон берун мегарданд.

Дарахтон аз сармо ва барф сафед гардида буданд. Ҳамагӣ ду дақиқа дастонро аз ҷайб бароварда, дар кӯча қадамзанон рафтам, дастонам аз хунукӣ қариб буд аз кор монанд, чунон месӯхтанд, ки гӯё барқ зада бошад. Аммо дар ҳамин ҳавои сард буданд нафароне, ки зиёда аз ду-се соат дар берун меистоданд. Бале, шумо шояд онҳоро «сарзада» фикр намоед. Аммо ин ҳама мардуме буданд, ки зери ҳавои сард бо ҳаври даҳон дастонашонро гарм карда, интизори хотима ёфтани маҷлиси раиси ноҳияи Деваштич бо вакилон буданд. Чун ҳама ба назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо коре омадаанд. Ва ин бино ҷое надорад, то мардуми корафтодаро то расидани навбат (шояд навбат ҳам нарасад) ҷой намояд.

Маҷлиси ба қавле “пятиминутка” саоти 8 оғоз гардид ва соати 9-у 40 дақиқа ба итмом расид. Мардум аксаран тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ ба инҷо аз минтақаҳои гуногун меоянд. Ва ин нақлиёт соати 7 аллакай ба ноҳия омада мерасад. Шахси корафтодаро мебояд, ки то оғози соати корӣ ва анҷоми “маҷлис” қариб се соат дар хунукӣ интизорӣ кашад.

Санаи 21-уми декабри соли равон бо коре ба МИҲД-и ноҳия рафтам. Соат 8-у 30 дақиқаро нишон медод, ки вориди бино шудам. Нозир ба ман гуфт, ки маҷлис рафта истодаасту пас аз ним соат биёям. Хуб гӯён, аз онҷо берун гардида, ба ошхонае рафтаву то соати 9-у 17 дақиқа нишаста, боз омадам. Ин дафъа низ айнан ҳамон гап — «маҷлис идома дорад, ним соат пас анҷом меёбад». Ҳамин минвол, вохӯрии раис бо вакилони “халқӣ” соати 9-у 40 дақиқа ба анҷом расид. Соати 10 тавонистем ба қабули шахси лозимӣ дароем.

Ним соате, ки дар ҳавои сарди «одамкуш», назди бинои МИҲД қарор доштам, бо якчанд нафар оид ба ташкили ҷое барои мардуми корафтода суҳбат доштем. Нафаре бе зикри номаш маълумот дод, ки гӯё нақшаи сохтани чунин ҷойро доштаанд. Ҳамсуҳбати дигари мо чунин иброз дошт: «Аз масофаи 45 км дур аз ноҳия омадам, то бо раис вохӯрда, оид ба масъалае суҳбат намоям. Саҳар соати 6-и субҳ ба роҳ баромадаму соати 7-у 50 дақиқа ба ноҳия омада расидам. Инак, зиёда аз якуним соат мешавад, ки дар ин хунукӣ интизори тамом шудани маҷлис ҳастам. Хуб мешуд, агар барои интизорӣ дар дохили бино ҷойе ҷудо мекарданд. Чун дар ин хунукӣ баъзе нафарон бо кӯдакҳои хурдсол омадаанд».

Дар назди МИҲД-и ноҳия ба ғайр аз мардҳо занон бо кӯдакҳои хурдсоли худ ва шахсони солмандро низ метавон дид, ки дар ин фасли сармо пушти дари бино интизорӣ мекашанд.

Афсӯс, ки вазъ натанҳо дар ин ҷо, балки дар Маҷмааи модару кӯдаки ноҳия низ чунин аст. Аммо дар инҷо каме дигар хел. Яъне, ҷои нишаст дар долон ҳаст, вале кормандони ин марказ ба наздикони беморон иҷозаи дар онҷо нишастанро намедиҳанд.

Тирамоҳ баҳри хабаргирии шиносе ба ин маҷмаа рафтам. Чун дар долон ҷои нишаст буд, ба онҷо гузашта, интизор будам. Ногоҳ ҳамшираи шафқате омаду ҳамаро аз долони асосӣ ба роҳрав берун намуд. Аз ӯ сабаби ин корашро пурсон шудам, чунин посух дод:

— Дар инҷо нишастан мумкин нест. Берун баромада интизор шавед!

Ба ӯ гуфтам, ки пас чаро ин курсиҳоро дар берун намондед, то мардум дар берун нишинанд? Ё магар ин курсиҳо барои намоиш ҳастанд? Ҷонибам нигоҳи тамасхуромезе карду гуфт:

— Гапа кам кун, буро аз инҷа!!

Дидам, ки ба хубӣ намешавад, гуфтам:

— Намебароям, ман ба назди сардухтур бо шикояте омадаам. Ҳозир медароям ва аз болои ту низ шикоят мекунам!

Пас аз шунидани ин суханон каме ба худ омад ва аз ӯ талаб намудам, то дарро кушояду шахсони барҷомонда даромада нишинанд. Ин дам дарро кушоду бо худ ғур-ғур кунон аз назди мо дур шуд.

Мушкилӣ дар ҳар кас ҳаст. Менависем ва умед мебандем, то мушкилот ҳалли худро ёбанд.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here