Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст.

Тайи солҳои охир бунёд ва таъмиру тармим гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба муассисаҳои тандурустӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Вахш гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотномаи пешниҳоднамудаи менеҷери сохтори госпиталии Беморхонаи марказии ноҳияи ВахшҚурбонов Абдувалӣ Маҳмадалиевич ва суҳбат бо мавсуф омода гардидааст.

Зимни суҳбат Абдувалӣ Маҳмадалиевич иброз дошт, ки кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Вахш фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбики амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ва амру қарорҳои раиси ноҳияи Вахш ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.

Дар идомаи раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ, ки аз Паёми Президенти мамлакат маншаъ мегирад, муассисаҳои тандурустии ноҳияи Вахш бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Натиҷаи ҷамъбасти ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гувоҳ аз он медиҳад, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Вахш баҳри хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ талош намуда, ба як қатор нишондодҳои оморӣ ноил гардиданд.

Тавре Абдувалӣ Қурбонов дар идомаи суҳбат афзуд, “Дар идомаи раванди созандагиҳо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш тайи 8 моҳи  соли ҷорӣ аз ҳисоби кормандон бо усули ҳашар ба маблағи 21216 сомонӣ шуъбаҳо аз таъмир бароварда шуда, айни ҳол дар шуьбаи қабул ва назди ҳавлии он бо дастгирии раиси ноҳияи Вахш ва соҳибкорони саховатпеша таьмири капиталӣ рафта истодааст. Ғайр аз ин, дар Беморхонаи марказӣ ҳафтае ду маротиба оид ба ташвиқоту тарғиботи тарзи ҳаёти солим дар мавзуъҳои мухталиф лексияву сӯҳбатҳо гузаронида шуда, варакаҳо, буклет, расмҳо ва плакатҳо тақсим гардид. Ҳамзамон бо аҳолӣ вохӯриву машваратҳо ташкил шуда, оиди тозагии ҷӯйборҳо, кӯчаву маҳалҳо, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус, пешгирии зукоми парранда ва ботулизм, ВНМО, сил, зарпарвин, истифодаи ғизои солим ва дигар масъалаҳо баромадхо ташкил карда шуд”.

Қобили тазаккур аст, ки оиди истифодаи ғизои солим дар оилаи солим дар деҳоти ноҳия сӯҳбат — машваратҳо гузаронида шуда, аз тарафи кормандони Беморхонаи марказӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба зарари тамокукашӣ, роҳҳои сироятёбии ВНМО, гепатити В, С корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расиданд. Дар баробари ин, ҳамчунин, мувофиқи нақшаи тартибдодашуда ҳамарӯза оиди ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд.

Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз гуруҳи пешоҳанги соҳаи тандурустӣ хизматрасонии госпиталӣ буд ва мемонад. Дар ин росто феълан 465 кат ба 201652 нафар аҳолии ноҳияи Вахш хизмати статсионарӣ  мерасонанд: аз инхо дар беморхонаи марказии ноҳия -225 кат, беморхонаҳои рақамӣ -160 кат, беморхонаи пӯсту зӯҳравӣ -30 кат.

Дар ҳамин ҳол, дар сохтори госпиталии ноҳия 52 нафар духтурон кор мекунанд, ки аз инхо 26 нафар дорои дараҷаи олӣ, 7 нафар дорои дараҷаи  якум, 4 нафар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Кормандони миёнаи тиб бошад,-295 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 75 нафар момодоя, 4 нафар лаборант, 4 нафар рентгенлаборант, 208 нафар ҳамшираи умумии тиббӣ ва 4 нафар фелдшер мебошанд. Дараҷанокии   ҳамшираҳои тиббӣ 83  нафар, аз он ҷумла,  олӣ — 60 нафар, якум — 20 нафар, дуюм — 23 нафарро ташкил медиҳад, ки ба 58% баробар аст.

Ҳинни пешниҳоди маълумоти фавқ А. Қурбонов ҳамчунин иброз дошт, ки иҷроиши барномаҳои миллӣ ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ва Ҳукумати ноҳия қарор дорад. Таҳлили фаъолияти ин барномаҳо ва натиҷаҳои ба даст омада аз он дарак медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ назар ба солҳои пешина беҳтар гардидааст. Дар баробари ин, бехатарии фаъолияти кормандони тиб дар ҷойи корӣ то қадри имкон таъмин гардида, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо лампаҳои кварсӣ муҷаҳҳаз гардидаанд ва реҷаи безараргардонӣ бо маҳлули хлорамин риоя мешавад.

Қайд гардид, ки Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бо Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои сил хуб ба роҳ монда шуда, маркази мазкур барои пешрафти кор муассисаҳои тандурустии ноҳияро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар ин раванд Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили ноҳия бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои марбута пайваста дар байни аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҳармоҳа бо ин мақсад чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Минҷумла, соли ҷорӣ дар байни кормандони беморхонаи марказӣ, муассисаҳои таълимӣ, литсей, ҷамоатҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Аз ҳамаи он нафароне, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, тибқи талаботи барнома аз рӯи ҳолати онҳо назорати қатъӣ бурда мешавад.

Дар баробари ин, кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, санаи 9 сентябри соли ҷорӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таҷлили ҷашни пуршукуҳи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати ба фаъолият шуруъ намудани агрегати дуюми НБО – и «Роғун» бо як ҳисси амиқи ватандӯстона иштирок намуданд.

Тавре дар рафти суҳбат Абдувалӣ Маҳмадалиевич изҳор намуд, сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳия ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа ва ҳукумати маҳал ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони ноҳияи Вахш низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” — иброз намуд дар фароварди суҳбат сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш А. М. Қурбонов.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here