Дар кӯча бо шитоб роҳ мерафтам, чун саросема будам. Нохост дар пешам рафиқи деринаам, Ҳалим баромад. Мо бо ӯ гарм пурсупос кардем.

— Чӣ навигариҳо? — гӯён пурсидам аз ӯ.

— Навигариҳо як халтаю 2 тоқӣ. Аз ҳама муҳимаш, охирин навиштаи Хоҷа Насриддинро дар саҳфаи фейсбукиаш хондӣ?

— На, ман ба навишатҳои ӯ он қадар таваҷҷуҳ надорам, медонӣ ку Ҳалим.

Ба ин бояд таваҷҷуҳ кунӣ, зеро Хоҷа Насриддин тарафҳои Шуморо боб кардааст.

Чӣ хел? — бо тааҷҷуб пурсидам аз ӯ.

Ана ҳамин хел, шунидан кай бувад монанди дидан гӯён Ҳалим телефонашро ба даст гирфту дар Фейсбук аз сафҳаи Хоҷа Насриддин матлаби лозимарао пайдо сохта ба дастам дод. Ана хон, ту доим тарафҳои мо зӯр, тарафҳои мо ба гап нест, гуфта мегардӣ, манзараҳои тамошобобу аҷоибу ғароиб дорад мегӯӣ. Бубинам баъди ин навиштаҳо ба чӣ хулоса меоӣ.

Телефони Ҳалимро бо тааҷҷуб гирифтаму ба хондани матлаб шуруъ намудам. Навишта хело дароз буд, вале ман аз он чунин мазмунро фаҳмидам: Аз куҷое ба гӯши Хоҷа Насриддин таърифу тавсифи манзараҳои диданиву нотакрори Ҳафткӯл мерасад. Чун ӯ шахси пурҳавсалаву ҷаҳонгард аст ба худ аҳд мекунад, ки рахти сафарро баста ба ин водии афсонавӣ биравад. Сароғоз мехоҳад бо маркабаш озими роҳ шавад, вале ба ӯ мегӯянд, ки ин роҳ вақти зиёди ӯро мегирад. Хубаш ӯ сароғоз то маркази шаҳр биравад ва сипас тавассути нақлиёти мусофиркаш ба Ҳафткӯл сафар кунад. Ин пешниҳод ба ӯ писанд меафтаду ба роҳ мебарояд. Дар шаҳр ӯ аз маконҳои тамошобоб, боғ, бозор, осорхона ва дигар мавзеъҳо дидан мекунад. Мехоҳад, ки бо таксӣ тани танҳо озими Ҳафткӯл шавад, вале нархе, ки ронандаҳо мегӯянд, ба табъи ӯ мувофиқ намеояд. Касе мегӯяд, ки Хоҷа сароғоз ба ҷамоати деҳоти Шинг ва сипас аз он ҷо то Ҳафткӯл биравад. Аз чанд нафар дар бобати Ҳафткӯл ва мавзеъҳои гирду атрофи он маълумотҳои ҷолиб гирифта, иштиёқаш барои дидани ин макони биҳиштосо бештар мешавад. Нақлиёти лозимиро пайдо сохта, Хоҷа Насриддин ба роҳ мебарояд. Аз шаҳр то сӯи ҷамоат, роҳи ҳамвору асфалтпӯш, мошин гӯё бо низоми ҳаракаташ касро навозиш мекарда бошад. Ҳамин тавр миқдоре роҳ рафтанд, — Сӯфиён, Чорбоғ, Новичомоқ, — мехонд номи деҳаҳои атрофро аз таблоҳои насбшуда. Манзараҳои атроф ӯро ба ваҷд оварда буду аз он ҳаловат мебурд. Ҳамин тавр муддате онҳо роҳро тай намуданд. Вале нохост 3-4 маротиба такон хӯрдани нақлиёт ҳама ҳаловату таассуроташро барҳам мезанад. Албатта, ин дигар роҳи ҳамвору асфалтпӯш набудааст, дурусташ роҳи асфалтист, вале хело таъмирталаб ва рафта-рафта роҳи хокии пур аз жарфиҳои калону хурд шуруъ шуд. Хоҷа Насриддин дар мошин такон мехӯрду садои ғурриши нофорами нақлиёт ҳангоми гузаштан аз ин жарфиҳо ӯро дилгиртар мекард. Бар замми ин хоки хушки роҳ аз гузаштани нақлиёти равуокунанда ба ҳаво хеста, ҳамаҷоро чангу ғубор зер мекард. Гармии ҳавои тобистон бе ин ҳам ӯро ташна карда буд. Чанг роҳи нафасу гулӯяшро низ фаро гирифт ва ӯ болои ҳам месулфид. Дар нақлиёт аз меъёр зиёд одам буд. Ӯ ин ҳолро дида ёдаш омад, ки вақте ба ронанда аз бисёр савор кардани мусофирон норозигӣ баён кард, ронанда ҳам бе ягон ибо ба ин зайл посух додаш: «давоми рӯз фақат ҳамин чанд мошин меравад, хоҳед ҳамин, нахоҳед дигар мошин нест».

Дар ниҳоят, Хоҷа Насриддин ва дигар мусофирони нақлиёт ба ҷамоат расиданд. Ронанда ӯро он ҷо фаровард ва ба роҳи худ идома дод. Хоҷа Насриддинро яке аз сокинони деҳот ба манзилаш таклиф кард.

Рӯзи дигар аз субҳи барвақт Хоҷа Насриддин тавассути нақлиёте, ки соҳиби хона пайдо карда буд, ба роҳ баромад. Ӯ фикр мекард, ки роҳ ҳамвору обод аст, вале ин гумонаш ғалат баромад. Чангу хок, садои гӯшхароши нақлиёт, такон хӯрдани мошинҳо ба жарфиҳои роҳ ва нақлиёти зиёди равуокунанда ба ӯ имкон намедод, ки аз зебогиҳои атроф дуруст ҳаловат барад, манзараву куҳҳои зебо, дарёи шӯху пурҷараёнро ба хубӣ тамошо намояд. Ронанда ба ӯ муфассал дар бораи ин мавзеъҳои тамошобоб мегуфту мегуфт. Вале ӯ ҳайрон аз он буд, ки чаро роҳҳои ин диёр пурчангу хок ва нообод аст? Ин суолро ба ронанда дод, вале ронанда «намедонам» гӯён кӯтоҳ посух дода, дубора ба таърифу тавсифи Ҳафткӯл гузашт. Онҳо аз миёни деҳаи хурде мегузаштанд, вақте номи деҳаро аз ронанда пурсид, дар посух Рашнаи Поён-ро шунид. Хоҷа Насриддин аз ронанда пурсид, ки ин ном чӣ маъно дорад? Ба қавли мардум гӯё замоне, ин ҷоро “роҳаш не ё роҳаш на” мегуфтаанд, бо мурури замон номи онро мардум равонтар карда “Рашна” мегуфтагӣ шудаанд. Ба водии Ҳафткӯл расиданд. Кӯли якум Мижгон будааст. Обаш хело шаффофу зулол. Хоҷа ба ваҷд омада, аз ронанда хоҳиш кард то дар ягон ҷо биистанду ӯ дар лаби кӯл акс бигирад, вале ронанда бо баҳонаи он, ки роҳ танг асту агар онҳо мошинро боз доранд, ин ба равуои нақлиёти дигар халал эҷод мекунад, роҳро идома медиҳад.

Хоҷа Насриддин кам-кам ба роҳ одат кард ва дигар ҳар як такон хӯрдани нақлиёт ӯро наметарсониду бе саранҷом намекард. Ба гуфтаи ронанда, онҳо ба кӯли саввум расиданд. Ронанда мегуфт, ки ин яке аз кӯлҳои зебои силсилакӯлҳои Ҳафткӯл аст, агар Хоҷа майл дошта бошад, метавонанд он ҷо каме бинишинанд. Соҳили кӯл пур аз сайёҳони хориҷиву дохилӣ буд. Онҳо машғули тафреҳу фароғат буданд. Аз ашхосе, ки пештар ба соҳили кӯл омада буданд, партовҳои зиёде дар ҳар куҷо «ёдгорӣ» монда буд.

Онҳо дубора ба роҳ баромаданд. Хоҷа Насриддин қарор кард, ки дигар ба мушкилоти роҳ эътибор намедиҳаду атрофро хуб тамошо менамояд. Онҳо ба кӯли чаҳорум расиданд. Ранги зебо ва оби ороми кӯл, ки ронанда онро Нофин муаррифӣ карда буд, басо ҷолибу руҳнавоз буд. Нохост ронанда ҳаракати худравро боздошт . Ӯ ба худ омада сабаб пурсид, ронанда ишора ба санге кард, ки миёни роҳ мехобид. Ронанда сангро аз роҳ дур карду онҳо дубора роҳро идома доданд. Ронанда мегуфт, ки доим аз куҳ ба роҳ сангҳои гуногунҳаҷм мефароянд. Гоҳо сангҳои бузург ва гоҳи дигар сангҳои хурд аз куҳ ба поён меғеҷанд. Хоҷа Насриддин ҳангоми гузаштан аз роҳ аксҳои зиёде бардошта буд ва мехост онҳоро дар саҳфаҳои иҷтимоии хеш нашр кунад, вале ҳар қадаре талош кард, натавонист. Зеро суръати интернети телефони дасташ он қадар хуб набуд. Бало ба пасаш, нашавад не, гӯён ӯ аз баҳри он гузашт.

Кӯли панҷумро Хурдак муаррифӣ кард, ронанда. Хоҷа Насриддин аз ронанда донист, ки замоне дар ин кӯл энергияи барқ истеҳсол мешудааст, вале солҳои охир ин нерӯгоҳ фаъолият надорад. Чаро онро дубора ба кор намеандозанд? — гӯён пурсон гашт. Ронанда кӯтоҳ посух гуфт: «намедонам».

Ронанда аз хомӯшии Хоҷа Насриддин ба тааҷҷуб омада, чанд маротиба тавассути оина ба ӯ менигарад. Ҳа домулло, шикаматон дард карда истодааст?

— Не

— Пас барои чӣ мисли раққосҳо печу тоб мехӯред?

— Ҳамин хел… дар ин назидкиҳо… ҳоҷатхона нест магар?

— Эҳ, Шумо бисёр одами аҷиб будаед ку. Ин ҷо куҳистон, чӣ лозим сохтани ҳоҷатхона. Дар ҳар қадам дарахту сангҳои калон аст.

— Вале ман қариб, ки ягон дарахту санги ба гуфтаи Шумо калонро намебинам. Барои чӣ дар ин макони тамошобобу сайёҳӣ ягон ҳоҷатхона нест?

— Ман рости гап ин тарафи масъаларо намедонам. Агар хоҳед, ҳо ана дар он ҷо мошинро нигоҳ медорам, дар назди ана он харсанг. Агар не гӯед, пас аз 20 дақиқа ба деҳа мерасем, ягон инсони савобҷӯ ба шумо мадад мекардагист.

Тақар-туқур, даранг-дурунг, ҳамингуна сипарӣ мешуд идомаи роҳи Хоҷа Насриддин дар дохили худрав.

Куҳҳои баланд, ҷангали пур аз дарахтони ёбоӣ, сангҳои хурду бузург ва осмони соф наметавонист он гунае, ки қаблан тасаввур мекард, Хоҷа Насриддинро болидахотир созад. Дар ниҳоят ба кӯли шашум ҳам расиданд. Ин кӯли Марғузор аст, гуфт ронанда ба ӯ. — Каме ин ҷо меистем ва сипас ба ақиб бармегардем. Ман Шуморо аз он ҷое, ки овардам, бурда мемонам, гуфт ронанда. Хоҷа Насриддин бо тааҷҷуб аз ронанда пурсид:

— Магар дар ин мавзеъ 7 адад кӯл нест?

— Ҳафтумашро ягон вақти дигар мебинед. Бе ин ҳам, мошинам хело осеб дид. Пули Шумо додагӣ ба таъмираш ба зӯр мерасад. Ман то ҳафтум кӯл Шуморо бурда наметавонам.

Баҳси онҳо зиёд тӯл мекашад ва ниҳоят ронанда бо шарте, ки Хоҷа Насриддин маблағи иловагӣ пардозад, розӣ мешавад, ки роҳро идома диҳанд. Онҳо ба роҳ мебароянд, вале баъди тай намудани беш аз 1 км. роҳ чархи мошин дар роҳ ба санге бархӯрда мекафад. Ронанда беш аз 2 соат чархро таъмир мекунад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, Хоҷа ба тамошову аксбардории атроф машғул мешавад ва манзараҳои атроф ӯро хело руҳбаланд мегардонанд. Зеро сокиту ором табиатро тамошо мекунад.

Идомаи роҳ, онҳо пас аз тай намудани роҳи куҳӣ, дар ниҳоят ба кӯли 7-ум, яъне Ҳазорчашма мерасанд. Хоҷа Насриддин каме атрофро тамошо менамояду ба истироҳат машғул мешавад. Вале ронанда мегӯяд, ки бояд зудтар баргарданд, зеро роҳи рафтан аз омадан ҳам мушкилтар аст. Ҳар чӣ зудтар бояд роҳро тай намуда, баргарданд. Хоҷа Насриддин бо дили нохоҳам ба мақсаду орзуҳое, оиди тафреҳ дар соҳили ин кӯл карда буд, падрӯд гуфта озими роҳ мешавад. Боз ҳамон роҳи пур аз жарфӣ ва дилгиркунанда. Рӯзи дигар ӯ ба диёри хеш бармегардад. Пас аз чанд рӯзи истироҳат, вақте Хоҷа аксҳои ҳангоми сафар бардоштаашро бо мулоҳизаву бо фурсат тамошо мекунад, баъд эҳсос мекунад, ки чӣ табиати нотакроре он ҷо мавҷуд будааст. Аммо харобиву кӯфтагии роҳ ба ӯ имкон надодааст, ки аз ин гӯшаи зебои табиати диёр ба хубӣ баҳра бибарад. Хоҷа дар охири матлабаш навиштааст, ки агар роҳ ҳамин гуна монад, худи ӯ рафта онро таъмир мекунад. Ӯ дар шарҳаш навиштааст, ки агар медонист вазъи роҳ ҳамин аст, ҳамроҳаш белу каланд оварда, лоақал каме роҳҳоро таъмир мекард. Ӯ ин шарҳи худро бо мақоли “Ҷои афтиданамро медонистам, кӯрпа меандохтам” тақвият додааст. Зеро барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, дар аввал бояд инфрасохтори заруриро муҳайё бояд намуд. Хоҷа ҳамчунин навиштааст, ки бо маркаб ба роҳ мебаромад беҳтар буд, зеро барояш роҳро ин тавр тай намудан мусоидтар будааст.

Хайр, хонда шудӣ? — гуфтани Ҳалим маро ба худ оварду “ҳмм” гӯён телефонашро баргардондам. Ба худ қавл додам, ки мазмуни навиштаҳои Хоҷа Насриддини ҷаҳондидаро ба воситаи нашрияи «Самак» ба дигарон низ манзур менамоя.

 

Рустамбек Аҳмадзод

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here