“Мардуми шарафманди ноҳияи Спитамен тавонистанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дастовардҳояшонро дар ҳамаи соҳаҳо афзун гардонида, бо бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо дар ободии диёрашон саҳми шоиста гузоранд. Бинобар ин, ҳар вақте ки ба ноҳия сафар мекунам, эҳсос менамоям, ки сокинони он аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба зиндагии арзанда қаноатманд мебошанд ва ҳамзамон бо ин, шукр мекунанд, ки дар Ватани маҳбубамон барои кору пайкори созанда фазои орому осоишта таъмин гардидааст”.
(Аз суханронии Пешвои миллат ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, 25.03.2020)
Таваҷҷуҳ ва рушд додани соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо ба шумор меравад. Бо назардошти ҳамин омил Ҳукумати Тоҷикистон низ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун маҳаки асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Зеро ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар соли 2020 дар шаҳру навоҳии кишвар ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуда, ин раванд дар кулли бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат рӯз то рӯз рӯ ба афзоиш аст. Чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат дар навбати худ роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.
Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.
Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Баҳодур Маҳмадализода иброз дошт, “бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхоса, Пешвои муаззами миллат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.
Баҳодур Маҳмадализода дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен фаъолияти худро дар давоми соли 2019 баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.
Фаъолияти шуъбаи маориф
Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи нақшаи корӣ масъалаҳои гуногуни раванди таълиму тарбияи насли наврас, фаъолияти омӯзгорону мураббиён омӯхта, дар шӯрои шуъбаи маориф 12 масъала ва дар машварати назди мудири шуъбаи маориф 8 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин, иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳаи маориф, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, муассисаи томактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Фаъолияти 35 нафар омӯзгорон омӯхта, аз 1300 нафар хонанда корҳои хаттӣ гирифта, сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд.
Бешак, дар шуъбаи маориф гузаронидани семинарҳои дастурдиҳии директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинони директор оид ба таълим ва тарбия, мудирони кӯдакистонҳо, китобдорон ва омӯзгорони фаннӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин семинарҳо масъалаҳои зарурӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар баробари ин, дар давоми соли сипаришуда дар МТМУ №№ 2, 3, 4, 7, 9, 10 ва 23 семинари директорон шуда гузашт, ки аз манфиат холӣ набуд. Дар машваратҳои дастурдиҳии муовинони директор оид ба таълим ва тарбияи муассисаҳои таълимӣ бошад, «Қабули хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ», татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Қобили тазаккур аст, ки соли гузашта 25 нафар корманди шуъбаи маориф дар 215 соат дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, ёрии методӣ расониданд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи маориф 4 соат, муовини мудири шуъбаи маориф 8 соат, 7 нафар нозир 90 соат, мудири ҳуҷраи методӣ 20 соат, 12 нафар мушовир 95 соат, мутахассиси пешбари бахш дар 30 соат дарси муаллимони фаннӣ ширкат варзиданд.
Тибқи нақша дар соли 2020 муҷаҳҳаз гардонидани 21 кабинетҳои фаннӣ: — дар МТМУ №1, 16, 20, 31 кабинети фанни физика, дар МТМУ №№2, 4, 5, 8, 11, дар Литсей кабинети фанни биология, дар МТМУ №№10, 15, 28, 31 кабинетҳои фанни химия ва дар МТМУ №12 кабинети фанни математика ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми соли 2020 дар МТМУ №10 кабинети фаннии химия бо таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар натиҷаи сохта ба истифода дода шудани бинои нави таълимии МТМУ №12 дар муассисаи мазкур кабинетҳои фаннии физика, химия, математика, биология ташкил карда шуд. Инчунин аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили кабинетҳои фаннӣ ба МТМУ №3 таҷҳизот барои кабинетҳои фаннии химия, биология ва физика дастрас карда шуд. Дар натиҷаи сохта ба истифода дода шудани бинои МТМУ №33 дар муассисаи мазкур кабинетҳои фаннии биология, химия, физика ва 2 кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, дар МТМУ №№9, 22, 23, 27 ва 28 кабинети фанни суруд ва мусиқӣ ташкил карда шуд. Дар давоми соли 2020 дар муассисаҳои таълимӣ 18 адад кабинет — 4 адад химия, 3 адад биология, 3 адад физика, 2 технологияи иттилоотӣ, 5 суруд ва мусиқӣ ва 1 адад математика ташкил карда шуд, ки ин 85,7%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Инчунин дар МТМУ №33 2 адад кабинети фаннии технология барои писарон, 2 адад кабинети технология барои духтарон ва 1 адад кабинети лингофонӣ ташкил карда шудааст. Дар назди МТМУ №№7, 16 ва 30 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Музди меҳнати омӯзгорон 100% пардохт карда шудааст.
Сатҳи таълиму тарбия
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Баҳодур Маҳмадализода иброз дошт, ғамхории рӯзафзуни давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳа маорифчиёнро руҳу илҳоми тоза бахшида, дар баробари ин, онҳоро водор менамояд, то ба сатҳу сифати таълиму тарбия аҳамияти бештар дода, фоизи дастоварду муваффақиятҳоро афзун намоянд. Алҳол дар ноҳия 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ва 11 муассисаи томактабӣ амал менамоянд. Инчунин, интернати наздимактабӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021-ум 30839 нафарро ташкил дод, ки ба онҳо 1930 нафар омӯзгорони соҳибихтисос таълиму тарбия медиҳанд. Аз ин миён 15068 нафар духтарон ба таҳсил ҷалб гардида, кулли хонандагон дар 1268 синф ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ба гуфти Б. Маҳмадализода, дар соли таҳсили 2019-2020 синфи 11-ро 1758 нафар хонанда, синфи 9-ро 2353 нафар хонанда хатм карда, сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо назардошти таътили барвақтии тобистона 83,7%-ро ташкил медиҳад.
Чуноне мавсуф афзуд, “22-юми июни соли 2020 дар филиали Донишгоҳи политехникии шаҳри Хучанд бо иштироки намояндагони дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни довталабони «Квотаи Президентӣ» дар руҳияи баланд ва шаффофият баргузор гардид. Дар озмун 50 нафар довталабони Квотаи Президентӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ширкат варзида, аз он 16 нафар аз рӯи касбҳои мухталиф ғолиб дониста шуда, ба гирифтани номи донишҷӯ мушарраф гардиданд. Дар маҷмуъ бошад, сатҳи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ 1032 нафарро ташкил медиҳад, ки бо тариқи Маркази миллии тестӣ 1003 нафар, квотаи Президентӣ 16 нафар, ба ҳориҷи кишвар 13 нафарро ташкил медиҳад.
Дар самти тарбияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, шомил шудан ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ низ тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 нақшаи чораҷӯиҳо таҳия намуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо волидони хонандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд ва корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақсади тарбияи маънавии хонандагон ба Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли гузашта 20 маротиба саёҳат ташкил ва дарсҳои кушод гузаронида шуд.
Ҳамчунин, маврид ба таъкид аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, прокуратура, ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия доир ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, дуздӣ, авбошӣ, экстремизму терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмӣ, даст ба ҷиноят задани онҳо ва сӯиқасд ба ҷони худ бо иштироки падару модарон, хонандагони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 23 вохӯрию мулоқот ташкил карда шуд.
Ҳар ҳафта дар соатҳои тарбиявӣ роҳбарони синф бо шогирдон оид ба ҳуқуқу вазифаҳои хонандагон дар мактаб суҳбат гузаронида, онҳоро ба риояи меъёрҳои муайяншуда, одобу ахлоқи нек ҳидоят менамоянд.
Аз рӯи Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.11 соли 2015 таҳти №36/91 «Оиди таъсиси шӯрои ҳамоҳангсозии бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ» ва дар асоси Барномаи Пилоти таҳсилоти бисёрзабонӣ дар Осиёи Марказӣ дар МТМУ №7 омӯзгори фанни забони русӣ Набиҷонова Г. фанни табиатшиносиро бо ду забон, забони тоҷикӣ ва бо забони русӣ гузаронида истодааст.
Ҳамасола гузаронидани озмуни «Хонишҳои педагогӣ» дар байни омӯзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин тадбир санаи 18-уми январ дар Литсейи №1 баргузор гардид. Омӯзгорони эҷодкор бо маърӯзаҳои худ баромад карда, доир ба паҳлуҳои муҳими таълими фанни мазкур ба ҳамкасбонашон нақл карданд. Ҷамъбасти озмун аён кард, дар озмун асосан омӯзгорони ҷавони МТМУ №23 Абдуллаева Лобар, Бобоҷонова Дилбар — МТМУ №28, Муминова Умеда — МТМУ №28, Абдунабиева Ойдиной — Литсейи №1 фаъолона иштирок намудаву маърӯзаҳои эшон беҳтаринанд.
Ҳамчунин, боиси фараҳмандист, ки моҳи январ дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони англисӣ хонандаи синфи 11 МТМУ №28 Азимова Рухшона фаъол иштирок намуда, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Муассисаҳои таълимии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамкориро бо падару модарон хуб ба роҳ мондаанд. Дар ҳар як муассиса кумитаи падару модарон фаъолият мебарад. Ҳиссаи кумитаи падару модарон дар аз таъмири ҷорӣ баровардани мактабҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва берун аз мактабӣ калон аст. Маҷлисҳои кумитаи падару модарон мунтазам гузаронида мешавад. Илова ба ин дар мактабҳо рӯзҳои падару модарон гузаронида мешавад. Дар ин рӯзҳо падару модарон барои иштирок ба дарсҳо ҷалб карда мешаванд.
Ифтитоҳи таълимгоҳи инноватсионӣ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишварро ташкил дода, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад.
Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мераванд. Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир дар вилояти Суғд ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Зеро мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву ойини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд. Бесабаб нест, ки Ҳукумати мамлакат, алалхусус, барои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, аз ҷумла бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад, ки солҳои охир натиҷаҳои мусбати он ба хубӣ мушоҳида мегарданд. Намунаи ин ғамхорӣ дар рӯзҳои таҷлили пуршукуҳи Наврӯзи хуҷастапай ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар деҳаи Нови деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен мебошад, ки аз 3 ошёна ва 16 синфхона иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои устодону шогирдон ҳуҷраҳои маъмурӣ, толору майдони варзиш, ошхона ва маҷлисгоҳ бо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё карда шудаанд.
Тавре Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ иброз доштанд, “маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф, муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо ва робитаи хуб бо падару модарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои гуногуни дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақом ва ҷоизаҳои ифтихорӣ гардида истодаанд… Асри ХХI асри иттилоот ва технологияҳои навин мебошад ва қобили зикр аст, ки бо ифтитоҳи муассисаи таълимии имрӯза, яъне мактаби таълимоти инноватсионӣ дар вилояти Суғд барои омӯзиши технологияҳои муосир тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шудааст. Бовар дорам, ки хонандагони ин таълимгоҳи муосир таҳти роҳбарии устодони соҳибтаҷриба илму донишҳои замонавиро аз худ карда, дар оянда шарафи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд”.
Пайвандҳои дӯстӣ қавитар мешаванд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамеша таъкид месозанд, ки аҳли ҷомеа бояд ҳарчи бештар ба соҳаи маориф рӯ оранд ва дар ин самт амалҳои хайру савобро вусъат бахшанд. Дар доираи ҳамин дастуру ҳидоятҳо санаи 27-уми сентябри соли 2020 дар деҳаи Навандарсойи ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен бинои муассисаи таълимии №33 бо иштироки Вазирони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Анвар Яъқубӣ номаи муборакбодии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, баён дошт, ки дар саҳифаи давлатдории навини тоҷикону ӯзбекон баҳори соли 2018 баҳори некпай ва хуҷаста маҳсуб мешавад. Зеро бо ибтикору ташаббусҳои наҷибонаи роҳбарони ду давлати ҳамсоя ва бародар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев риштаҳои дӯстӣ, равобиту ҳамкорӣ қавитар гардид. Ҳосили ин равобит буд, ки аз ҷониби бародарони ӯзбек ин муассисаи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълимӣ қомат афрохта, имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Вазирони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Ҷумҳуриии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзбекистон темир йуллари” Хасилов Хуснутдин Нуриддинович зимни суханронии хеш оид ба ҳифзи мероси аҷдодон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши шабакаҳои муассисаҳои таълимӣ, рушди озоди забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, омӯзиш ва истифодаи онҳо ёдовар шуданд.
Аз номи маорифчиёни вилоят омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 Маҳфуза Дадобоева изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ин бино, ки барои саодати маънавии насли толеъбаланди замон бунёд ёфтааст, бигзор солҳои сол барои маърифатнокшавии ҷомеа хизмати арзанда кунад.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бо маблағгузории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи ташкилоти «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур барои 1260 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои муассиса аз 3 ошёна иборат буда, дорои 28 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, ошхона бо 224 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 280 ҷойи нишаст, дар китобхона қироатхона бо 50 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва майдони варзишӣ мебошад. Дар ошёнаи 1-ум кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, санъати тасвирӣ, технология (дуредгарӣ), технология (оҳангарӣ), технология (пазандагӣ) ва технология (дӯзандагӣ) мавҷуд аст. Дар ошёнаи 2-юм 9 адад синфхона барои синфҳои ибтидоӣ ва ҳуҷраҳои маъмурӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи сеюм кабинетҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳуқуқ, география, математика, 2 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 3 адад синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир аст. Бинои муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳии марказонидашуда пайваст мебошад.
Спитамен — ғолиби Спартакиадаи вилоятӣ
Рӯзи 7-уми январи соли 2021 дар толори варзишии МТМУ №12, ноҳияи Спитамен даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд аз намуди «Баскетбол» дар доираи нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид. Дар даври вилоятии озмун беҳтарин дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом хеле хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи ноҳияи Спитамен пирӯзиро ба даст овард. Тамоми ғолибони озмун бо Ҷом, медалҳои ифтихорӣ ва Диплому сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Дурахши истеъдодҳо
Тайи соли 2020 хонандагони таълимгоҳҳои ноҳияи Спитамен дар олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гаштанд. Аз ҷумла:
Пӯлотова Озода — хонандаи синфи 11-и Литсейи №1 аз фанни забони давлатӣ, ҷойи якум;
Ғафурова Мадина — хонандаи синфи 11-и МТМУ №6 аз фанни забони давлатӣ, ҷойи дуюм;
Гадоев Манучеҳр — хонандаи синфи 11-и МТМУ №3 аз фанни таърих, ҷойи сеюм;
Умурбоева Мафтуна — хонандаи синфи 11-и МТМУ №3 аз фанни таърих, ҷойи сеюм;
Раҳмонов Камолиддин — хонандаи синфи 10 -и МТМУ №2 аз фанни география, ҷойи дуюм;
Зокирова Юлдуз — хонандаи синфи 11-и МТМУ №6 аз фанни ҳуқуқи инсон, ҷойи сеюм.
Ҳамчунин, хонандаи синфи 10-и МТМУ №28 Абдунабиев Аҳмадҷон дар озмуни вилоятии «Беҳтарин рассоми ҷавон» ҷойи якумро ишғол намуд.
Мусалламан, дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки соли дуюм аст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №3 Фаттоева Саломат иштироки фаъолона дошт ва дар даври вилоятӣ ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Боиси сарфарозии аҳли маорифи ноҳия аст, ки дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба тирпарронӣ хонандаи синфи 10 «г»-и МТМУ №3 Азизбек Қаюмов соҳиби медали тилло ва Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд гардид.
Истиқбол аз истиқлол
Дар фароварди суҳбат мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Баҳодур Маҳмадализода бо ризоиятмандӣ аз самтҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бо қаноатмандӣ аз иҷроиши марҳила ба марҳилаи дастуру супоришҳо ва ҳидояту паёмҳои раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Паёми ба тозагӣ ироанамудаи Президенти мамлакат мо — кормандони соҳаи маорифро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳем. Дар баробари ин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Спитаменро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.
Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ