Солҳост, ки оид ба номи шаҳраки Обикиик – маркази ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтугузор меравад. Камина низ атрофи ҳамин масъала баёни андеша карданиам. Обикиик дар сафи қадимтарин мавзеҳои аҳолинишини водии Вахш аст. Номи он ва рустои ҳамшафаташ – Даҳанакиик ибораҳои замони форсии миёна буда, шакли аслиашон «Оби куҳик» ва «Даҳанаи куҳик» аст, ки маъниҳои «оби аз куҳ оянда» ва «даҳанаи куҳ, чокии куҳ, гузаргоҳи байни ду куҳ»-ро ифода мекунанд. Ин ибораҳо ба вожаи «киик»-и туркӣ ҳеҷ алоқамандӣ надоранд. Бо вуҷуд ман ҳаргиз ҷонибдор нестам, ки ин вожаи на он қадар равон, гӯшнавоз ва дилнишин чун номи шаҳраке бошад, ки маркази ноҳия асту ояндаи накӯ дорад. Пас, номи он бояд чӣ бошад?
Ҷавоби ин савол андешаро мехоҳад. Андешаи на танҳо муаллифи ин сатрҳо, балки аз роҳбарият ва аз аҳли ҷамоатчигии ноҳияро ҳам. Аммо ман фикреро пешниҳод намуда, ба муҳокимаи эшон мегузорам:
Бо вуҷуди камобиаш шаҳрак тамоми сол сабзу хуррам аст, рустои гирду атрофаш низ. Манзараҳои ду ҷониби роҳ — дуру наздик аз ағбаи Фахробод то шаҳраки Қизилқала (бас дуруст мешуд агар Қизилқалъаро ба Кушонъалъа иваз мекарданд, зеро номи ин маҳал таърихан Кушонъалъа буд) хеле назаррабоянд, хосса дар баҳорон. Чун дар ин фасл ба дашту адир, таллу теппаҳо ва боғоти гирду атрофи шаҳрак назар мекунӣ, аз сабзию хуррамию гулпӯшиашон вуҷудат ба ваҷд меояд, чашмат нур мегираду ҷисмат зӯр, дилат шод мешаваду табъат болида. Яъне, ки ҳам шаҳрак ва ҳам атрофи он баҳори бас зебо ва сабзу хуррам доранд. Махсусан теппаи ҳамшафаташ, ки аз сӯйи шимол дар паҳлӯи чапи шоҳроҳи Душанбе — Бохтар воқеъ аст, дилкашу назаррабост.
Омӯзиши сатҳи болоии теппа далолат мекунад, ки замоне рӯйи он қалъа — шаҳристони устуворе арзи вуҷуд мекардааст: Таҳкурсии аз санги сафед бунёдшудаи ҳисори гирдаш то ҳанӯз намоён аст. Сатҳи болои теппа сӯфамонанди иборат аз ду қисм мебошад. Қисми шимолӣ баландтару қисми ҷанубӣ пасттар аст. Аз афти кор бо ин усул нишебии андаки сатҳи заминро ҳамвор намуда, ба истифода мувофиқ кардаанд. Шояд қисми аввал ҷойи истиқоматгоҳҳо будаасту қисми дуюм чун ҳавлӣ хизмат менамудааст.
Сафолпораҳо, зарфҳои гуногуни гилию мисӣ, сиккаҳои фулӯсӣ, ки солҳои пешин аз ин қалъаҷо пайдо шудаанд, ба давраи Кӯшониёни асрҳои I-II мансубанд. Яъне, қалъаи муттазакира мутталлиқ ба замони Кӯшониён аст.
Агар хаёлан ба «сайри» замони Кӯшониён бароем, мебинем, ки мавзеи ҷойгиршавии ин қалъа мавқеи хуби стратегӣ ва тиҷоратӣ дорад. Дар болои теппаи баландиаш тақрибан то 180 м. ҷойгир аст. Яъне амнияташ хуб мебошад. Ҷояш низ бас қуллай буда, дар шафати роҳи корвонгузари Ҳисор — Вахш воқеъ аст. Куҳ ҳам наздик асту водӣ ҳам. Об низ дорад, ки аз сойи Даҳанаи куҳик ҷорӣ шуда, аз пояаш мегузарад. Бо нерӯйи ин об чандин осёбу обҷувозҳо фаъолият бурда, ниёзи мардумро бартараф мекунанд. Агар ба атрофи қалъаҷой, махсусан, ба ҷониби шимол назар намоем, фикрамон қавӣ мешавад, ки он бозорҷо ва корвонсарой ҳам доштааст ва мардумаш тоҷирони баҳунар будаанд. Имрӯзҳо бештари одамони пурсидаам онро «Теппаи Обикиик» гуфтанд. Аммо умрдидагоне, ки солҳои 70-уми асри пор ҳамроҳашон суҳбат доштам, «Хуррамбаҳор» ва «Тамошотеппа»-аш гуфта буданд. Масалан, бобои Аҳмад Қурбонов — муқими таҳҷоии шаҳраки Обикиик онро ҳамин тавр номида, илова карда буд, ки дар солҳои бачагиаш мардум дар болои он Наврӯзро таҷлил менамуданд, наврасону ҷавонон ҷамъ шуда, мусобиқаҳои гӯштингирӣ, зӯгӯяк, бандкашак, пешгузарак созмон медоданд, бисёр одамон ба болояш баромада манзараҳои атрофро, ки ҳатто то дуриҳо хеле зебо менамуд, тамошо мекарданд.
Ҳамин гуфтаҳои бобои Аҳмадро Қудратуллоҳ ном марди донишманд аз деҳаи Ғаллаобод (маъруф чун эшони Қудрат) солҳои 80-уми асри ХХ тасдиқ карда буд. Ӯ дар обанбори рӯ ба рӯйи Қалъаҷой (аз ҷониби рости шоҳроҳи Душанбе — Бохтар) посбон буд. Ҳарду болои теппа баромадем. Бобои эшон бас бозавқ ва эҳсосоти табиатдӯстию ватандорӣ васфи ин теппаю манзараҳои онро кард. Тақрибан ҳамаи он чизеро гуфт, ки бобои Аҳмад иброз дошта буд.
Хулоса, шаҳраки Обикиик ва деҳаю таллу теппа, куҳу адирҳои атрофи он тамоми сол зебо, босафо, хушнамо, дилкашу дилкушоянд. Ҳамаи ин маъниҳоро вожаи «Хуррамбаҳор» фарогир аст. Биноан, пешниҳод дорам, ки номи шаҳраки Обикиик ба Хуррамбаҳор иваз шавад. Яъне аз рӯйи табиаташ, аз рӯйи мавзеи ҷойгиршавиаш ва аз ҳама асосӣ — аз рӯйи теппаи таърихии Хуррамбаҳораш.
Ин ном дар нисбати Обикиик хеле зебою гӯшнавоз ва дилпазир аст. Таърихӣ ҳам мебошад. Решааш — «хуррам» бас пурмазмун ва дилгармкунандаю хурсандибахш аст. Дар замонҳои қадим маркази имрӯзии ноҳияи А.Ҷомӣ «Хуррамшаҳр» ном дошт. Шакли «Хуррамшаҳр» ҳоло ҳам мавриди истифода аст. Яке аз иншоотҳои зебои ш. Данғара ҳамин номи гӯшнавозу дилпазирро дорад. Агар номи шаҳраки Обикиик Хуррамбаҳор шавад, бовар дорам, ки он ҳам ба дилу дида ва руҳу ҷони мардум мувофиқ меояд. Ба ҷуз ин «Хуррамбаҳор» шудани номи шаҳрак мӯҷиб мегардад, барои боз ҳам ободтару шукуфонтаршавии ҳамин қалъаҷо. Он гоҳ ин макон метавонад ҷойи бисёр хуби истироҳати сокинони шаҳрак ва меҳмонон гашта, боис шавад ба баландравии ифтихори ватандорию ватанпарварии ҷавонон. Ҳатто имкон дорад, ки одамони ба нангу номус ё роҳбарияти ноҳия дар болои он боғу бӯстонсаро ташкил кунанд ва меҳмонони худро ифтихормандона он ҷо қабул намоянд. Ин чиз бисёр муҳим аст. Зеро барои афзудани эътибори ноҳия ва боз ҳам нуфузи бештар пайдо намудани он боис шуда метавонад. Мисоли чунин амалро метавон дар мавзеи ҷудошавии роҳи Норак аз шоҳроҳи Душанбе — Данғара ва дар шафати чапи роҳи Рӯдакӣ — Ёвон мушоҳида намуд.
Гоҳе мешунавем, ки номи Обикиикро Ганҷина карданианд. Албатта, ин номи бад нест. Аммо гузошта шуданаш ба шаҳраки Обикиик мантиқан нодуруст мешавад. Зеро маънии аслии Ганҷина — хазина, махзан, кон, дафина, тангаю тиллои пинҳонкардашуда аст. Агар Ганҷинаи қадиму таърихиро дар назар дошта, чунин корро карданӣ бошанд, боз ҳам хатои ҷиддитар мешавад. Чунки шаҳрак ба ин ёдгории бостонӣ муносибате надорад. Шояд дар худи шаҳрак ва атрофаш будани ягон хел ганҷ ё ганҷинаи табиӣ дар назар аст? Не. Дар ин мавзеъ чунин ганҷу ганҷина ҳеҷ гоҳ набуду нест. Ҳамаи ганҷҳояш рамзианд, аммо хуррамбаҳориаш воқеӣ. Пас дуруст мешавад, ки «Хуррамбаҳор»-ро чун номи нави маркази ноҳияи Хуросон қабул доранд. Ин ном куҳнанашаванда буда, ба табиату обу ҳавои минтақа бисёр мувофиқ аст.
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, муҳаққиқи номҳои ҷуғрофӣ, таърихнигор