Аз ҳолати кунунии он кӣ манфиати бештар мебинад?

Ин манзара партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аст. Ба ин макон партовҳои тамоми шаҳри сеюми калонтарини Тоҷикистонро интиқол медиҳанд. Мантиқан манзараи партовгоҳ ҳеҷ аҷобате надорад. Аммо моро ба пайгирии ин мазӯъ он чӣ водор намуд, ки партовгоҳи мазкур дар роҳи мошингузар ва бадтар аз ин дар маҳалли аҳолинишин воқеъ аст, ки хатари он ба сокинон рӯз то рӯз бештар мегардад.

 Партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки ҳанӯз соли 2004 бо қарори шаҳрдори вақт дар ҳудуди 4 га замин бунёд гардид, ҳоло майдони худро бамаротиб аз доираи муқарраргардида васеъ намуда, ҳатто шоҳроҳи иловагии самти шаҳри Кӯлоб –ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳинро мушкилгузар кардааст. 

Акси интерактивии картографии бардоштаи мо низ нишон медиҳад, ки тӯли даҳ соли ахир ҳудуди партовгоҳ аз 4 га замини муқарраргардида то зиёда аз 20 га афзоиш ёфтааст. Пас барои қитъаи “ғасбшудаи” замини бештар аз ҷониби партовгоҳ кӣ ҷавобгар хоҳад буд? Ё ин қисмати замин аслан соҳиб надорад?

Бино бар гуфтаҳои сокинон кормандони хоҷагии комуналии шаҳр партовҳоро дар сари роҳ мерезанд, ки дар натиҷа ин макон ба куҳе аз ахлоту ифлосӣ ва манбаи бемориҳои сироятӣ мубаддал гаштааст. 

Сафар Ҷаборов — муовини тозатаъини мудири корхонаи хоҷагии комуналӣ зимни суҳбат бо мо ин иддаои сокинонро рад намуд, аммо баъдан иқрор шуд, ки кормандони идораи онҳо дар партофтани партовҳо дар роҳи мошингард даст доранд. Ӯ сабаби ин амали кормандонашро дар мушкили техникӣ арзёбӣ намуд ва ишора кард, ки техникаашон ҳангоми даромадан ба дохили партовгоҳ, аз кор мемонанду онҳо маҷбур мешаванд, то техникаи дигар кироя кунанд. 

Сокинон пайваста бонги хатар мезананд, ки партовгоҳ ба саломатии онҳо ва фарзандонашон таҳдид мекунад, аммо намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд, чун муроҷиати бешуморашон посухе пайдо накардааст: 

Зимнан, сокинон ҳоло тасмим доранд, ки барои ҳалли мушкилашон ба Президенти Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин сокинони маҳалла аз хуруҷи бесобиқаи бемориҳои сироятӣ сахт дар ташвишанд. Дар ин ҷо аз ҳар оила ҳатман ягон нафар ба беморӣ мубтало гаштааст ва шумори беморон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Сокинони маҳалла пайваста ба табиб муроҷиат мекунанд, аммо духтурон барояшон гуфтаанд, то замоне, ки дар назди партовгоҳ ба сар мебаранд, хатар ба саломатии онҳо танҳо меафзояд. 

Дар ҳамин ҳол сокинон аз фаъолияти шаҳрдори кунунӣ, ки ба гуфти онҳо муроҷиатҳои беохирашонро нодида гирифтааст изҳори норизогӣ мекунанд ва аз Раисиҷумҳур талаб доранд то ба доди онҳо расидагӣ кунад. 

Сагони бемору дайдуи ин партовгоҳ, ки шуморашон ба садҳо адад мерасад, мушкилоти дигари сокинони ин маҳаллаанд. Ин сагҳо, тавре ба назар мерасад, ҳар лаҳза омодаанд то ба роҳгузарони хурду бузурги ин мавзеъ ҳамла намоянд.

Подаи молу гови маҳаллаҳои ҳамсояро низ одатан аз ин ҷо мегузаронанд ва муддате дар ин мавзеъ таваққуф мекунанд, то ба қавле “сер шаванд”. Дар ҳамин ҳол, шуморе аз ин говҳо сокинони маҳаллаҳои наздикро бо шир таъмин мекунанд. Пас саволе пеши рӯ меояд, ки то кадом андоза шири ин говҳо барои одамон безарар аст?

Ҳамаи ин манзара паҳлӯи дигаре ҳам дорад: агар партовгоҳ сабаби бадбахтии як қисмати мардум гашта бошад, барои баъзеҳо он ягонаи манбаи даромад ба ҳисоб меравад.

Дилафрӯз Шарифова бо ҳамроҳиии шавҳару кӯдаконаш аз субҳи содиқ ба ҷамъоварии партов меравад. Бо вуҷуди хатарзо будани ин амал ва ин мавзеъ партовгоҳи мазкур ягона манбаи даромади Дилафрӯз ва аҳли оилааш боқӣ мемонад

Бо ин ки партовгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб муҷиби бадбахтии як гурӯҳ сокинон аст, манбаи ягонаи таъминоти рӯзгори гурӯҳи дигар гаштааст. Саволи асосӣ ҳоло метавонад дигар ҳам бошад: дар тамоми дунё коркарди партов боис барои тавсеа наёфтани партовгоҳҳо ва пайдоиши тиҷорат бо фарогирии фановариҳои ҷадид шуда, манбаи даромади ҳазорҳо нафар аст. Пас чаро дар Кӯлоб аз ин василаҳо истифода намекунанду баръакс барои саломатии садҳо нафар манбаи хатар эҷод менамоянд?.

Дар матолиби баъдӣ ба ин паҳлӯи масъала низ боз хоҳем гашт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ,

Матлаб дар доираи машғулиятҳои Мактаби журналистии Кӯлоби ТҶ “Хома” таҳия гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here