Дар доираи як сафар хабарнигори МТЖТ ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ошноӣ пайдо намуд. Инак гузориши ӯ аз ин шаҳри бостонӣ.

Тавре дар рафти суҳбат раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён иброз дошт: “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ба роҳ монда, ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид”. Дар идома раиси шаҳри Панҷакент аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки мо онро мавриди қазовати хонандагони сершумори худ қарор медиҳем.

                                          Рушди иҷтимоию иқтисодӣ
Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти Панҷакент пеш аз ҳама равона намудани таваҷӯҳҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи асосии Барнома беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент мебошад. Барномаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Ба Барномаи мазкур лоиҳаҳои афзалиятнок ворид карда шудааст. Айни замон тибқи барномаи мазкур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошад.

                                          Муроҷиати шаҳрвандон
Дар асосӣ банди 59-и Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсатӣ дохилию хориҷии Ҷумҳурӣ”, зикр гардидааст, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2019 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 901 адад муроҷиатҳои хаттӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, ки аз ин миқдор муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон 100 адад қонеъ карда шуда, 545 адад фаҳмонида шуд, 58 адад рад карда шуд ва 198 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз миқдори қайдшудаи муроҷиатҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тавассути мақомоти болоӣ дар маҷмӯъ 58 адад муроҷиат, аз ин 36 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22 муроҷиат аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ворид гардидааст. Муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон дар рӯзи қабули раиси шаҳр 480 нафар буда, аз рӯи масъалаҳои гуногун муроҷиат намудаанд.
Дар маҷмӯъ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2019- 901 адад муроҷиати хаттӣ ва 480 адад муроҷиати шифоҳӣ, ҷамъ 1381 муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардида, дар асосӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

                                              Масъулияти волидайн
Ҳолати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зери назорат қарор дошта, дар семоҳаи аввали соли 2019 дар самти амалӣ гардидани қонуни мазкур дар ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимиву табобатӣ, Ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр суҳбату мулоқотҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкил ва баргузор гардид. Инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва амалҳои номатлуб дар байни хонандагон ба роҳ монда шуд. Дар суҳбату мулоқотҳо собиқадорони меҳнат, шоирон, нависандагон, ходимони дин, аҳли зиё оид ба муҳтавои асосии қонуни мазкур ақидаҳои худро иброз намуданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин дар мулоқот бо ҷомеаҳои меҳнатӣ идома дорад.

                                          Фаъолияти комиссияҳо
Дар асоси банди 50 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурӣ” оид ба андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як қатор корҳо ба иҷро расонида шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи 2 ноболиғ 2 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар қайди профилактикии комиссия оид ба ҳуқуқи қӯдак 18 нафар кӯдакони душвортарбия меистанд, ки бо онҳо равоншиносон, кормандони ҳизфи ҳуқуқ корбарӣ менамоянд. Дар самти пешгирӣ намудани вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

                                                        Танзим
Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар шаҳру деҳоти Панҷакент ҳамагӣ 708 маъракаю маросимҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 602 адад тӯйҳои домодию арӯсӣ, 62 адад маросими чил (бе додани таом) ва 44 маъракаи сол (бе додани таом) баргузор гардида, барои доир намудани ин миқдор маъракаҳо 4.411.444 сомонӣ маблағ дар маъракаи арӯсию домодӣ масраф гардидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 7 ҳазору 327 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар баргузории маърака ва маросим 4 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. Нисбати қонунвайронкунандагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Фаъолияти комиссияҳо ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

                                         Даромад ва хароҷоти буҷет
Дар семоҳаи аввали соли 2019 қисми даромади буҷет аз рӯи ҳамаи намудҳои андозҳо, бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, (маълумоти пешакӣ) баробари 117,1 фоизи нақша иҷро гардида, ба ҷои 73057500 сомонӣ, ба буҷет 85533090 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ин аз нақша 12475590 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 115,4 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет ба ҷои 86354260 сомонӣ, 99611194 сомонӣ маблағ ворид шудааст. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ба ҷои 38425287 сомонӣ нақшаи тасдиқшуда аз буҷет 38386863 сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 99,9 фоизро таъмин менамояд. Аз 11 сарчашмаи андозу пардохтҳо нақша аз рӯи 1 намуд ба иҷро нарасидааст, ки ин боиси 2573613 сомонӣ кам ворид шудани маблағ ба буҷет гаштааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2019 дар шаҳри Панҷакент қарзи музди меҳнат вуҷуд надорад.

                         300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ
Рафти иҷрои банди 20 Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурӣ” оид ба 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тадбирҳои зарури амалӣ гардида, барои дастгирц намудани соҳибкорон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад. Айни замон бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони иншоотҳои таъиноти иҷтимои бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500- солагии Саразми бостон ба нақша гирифта шудааст. Сохтмон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба ин санаҳои фархунда бо маром идома дорад.

                                                           Саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввали соли 2019 ба 622,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 298,9 миллион сомонӣ ё 192,4% зиёд аст.
Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 16 корхонаи нави саноатӣ пешбинӣ гардидааст, ки соли гузашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ин 2 корхона мавриди истифода қарор гирифт.
Дар шаҳри Панҷакент 22 марказҳои таълимию истеҳсолӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла марказӣ атласу адрасбофӣ 6 адад, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумц 31 адад, бо ҷалби 544 нафар занону бонувони хонашин мебошад. Айни замон фаъолияти корхонаҳои дастии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ хуб буда, фаъолияташон зери назорат қарор дорад. Инчунин сехҳои дӯхти либосҳои мактабӣ низ фаъолияти хуб доранд.

                                        Амнияти озуқаворӣ
Мувофиқи дурнамои сохтори кишти зироатҳо барои соли 2019 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр бояд ба майдони 16307 га шудгори заминҳо гузаронида шавад.
Ба санаи 1 апрели соли 2019 тибқи ҳисоботҳои фаврӣ дар майдони 15991 га шудгори заминҳо гузаронида шудааст, ки 98 фоизи иҷрои нақшаро ташкил менамояд. Рӯзҳои наздик шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бо пуррагӣ ба охир расонида мешавад.
Тирамоҳи соли гузашта тибқи ҳисобтҳои оморӣ дар майдони 2130 га кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо барои ҳосили 2019 гузаронида шуда буд. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ озуқадиҳии дуюм оғоз гардида, дар майдони 3408 га озуқадиҳӣ гузаронида шуда, ба имрӯз ҳолати сабзиш ва нашъунамои онҳо қаноатбахш мебошад.
Тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2019 бояд кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 15157 га, аз он ҷумла 10261 га заминҳои обӣ кишти баҳории зироатҳои кишоварзиро гузаронанд. Аз кишти гузаронида мешуда 6827 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 400 га гандум, 2277га ҷав, 650 га ҷуворимакка барои дон, 1400 га шолӣ, 2100 га нахӯд ва лӯбиё, 1500 га зироатҳои равғандеҳ. 5000 га картошка, 1100 га сабзавот, 60 га полезиҳо ва 670 га зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар майдони 3304 га кишти баҳории зироатҳо, аз он ҷумла 301 га гандум, 1076 га ҷав, 6 га ҷуворимакка барои дон, 30,5 га зироатҳои равғандеҳ, 1786 га картошка, 22 га сабзавот аз ин 16 га сабзӣ ва 6 га пиёз ва 25 га зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст. Ки ин 22 фоизи иҷрои нақшаи кишти баҳориро ташкил медиьад ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 852 га зиёд аст.
Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ соли ҷорӣ аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр бо назардошти манъ будани бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои обӣ бояд дар майдони 16 га боғу токи нав, аз он ҷумла 15 га боғ ва 1 га ток бунёд карда шавад. Тибқи ҳисоботҳо ба санаи 1 апрел дар майдони 16,3 га боғу токи нав, аз он ҷумла 15,8 га ва 0,5 га ток бунёд карда шудааст, ки аз ин 11 га боғ ва 0,5 га токи нав боғҳои интенсивӣ буда, боқимонда дар заминҳои лалмӣ мебошад. Ҳамчунин ба санаи 1 апрели соли 2019 аз нақшаи 50 га барқароркунии боғу токзори нав дар майдони 22,4 га корҳои таъмир ва барқароркунӣ гузаронида шудааст, ки ин 45 фоизи иҷрои дурнамо буда, дар ҷамоатҳои наздикӯҳӣ ин корҳо идома дорад ва нақша бо пуррагӣ иҷро карда мешавад.
Соли ҷорӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадриҷан зиёд намудани майдони кишти картошка ва расонидани истеҳсоли он ба 100 ҳазор тонна аз тарафи кишоварзони шаҳр бояд ба майдони 5000 га кишти картошка гузаронида шавад. Ба санаи 1 апрел кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 1786 га-ро ташкил намудааст, ки 36 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил додааст ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 488 га зиёд мебошад. Кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзӣ идома дорад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба санаи 01.04.2019 – 81708 сар ҳайвони калони шохдор, аз он ҷумла 44603 сар модагов, 55 сар қутос, 194166 сар моли майда, 79667 сар парранда ва 908 сар асп мавҷуд мебошад. Истеҳсоли гӯшт 871 тонна, шир 4568,8 тонна, тухм 1 млн 270 ҳазор донаро ташкил менамояд.
Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент 3 адад сардхона ва 13 адад гармхона мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо сертифакати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шудаанд.
Соли 2018 ба майдони 65,0 қитъаи замин, аз ҷумла: замини корами обӣ 65,0 га аз гардиши кишоварзӣ берунмонда буд, ки солҳои 2019-2020 пуррагӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.

                                         Таъминот бо оби полезӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои таъминоти оби полезӣ ба 15 адад Ассосиатсияи истифодабарангони об ба миқдори 101,7 млн м3 об, ба маблағи 2034,0 ҳазор сомонӣ ба майдони 14900 га шартномабандӣ намуд. Айни ҳол корҳои омодасозии каналҳо, пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрӣ рафта истодааст. Ба ҳолати 1.04.2019 истифодабарандагони оби полезӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ 2968,268 сомонӣ қарздор мебошанд.
Барои пурзӯр ба роҳ мондани фаъолияти Ассосиатсияи истифодабарандагони об аз тарафи лоиҳаи “Бартарафсозии шабакаҳои обёрӣ дар водии Зарафшон” ва ташкилотҳои марбута тартиб додани харитаи ҳудудии Ассосиатсияи истифодабарандагони об корбарӣ гузаронида шуда, инвентаризатсияи ҷӯйборҳои даруни хоҷагӣ тартиб дода шуд, ки барои коргузории фаъолияти Ассосиатсияи истифодабарандагони об зарур аст.

                                              Иншооти ҷашнӣ
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки бунёди 405 иншооти таъиноти гуногун пешбинӣ шудааст, корҳои бунёдкорию созандагӣ давоми семоҳаи гузашта идома ёфт.
Айни ҳол сохтмони бинои 5-ошёнаи болохонадор дар хиёбони Рӯдакӣ, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ ва бинои истиқоматии панҷошёна дар қабати якуми маркази кӯчаи Ҷаллолиддини Румӣ, 3 бинои истиқоматии 9-ошёна дар қабати якуми маркази савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ идома доранд ва дар мӯҳлатҳои муқаррашуда ба истифода дода мешаванд.
Сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Тагоби халқи Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Рӯзиобноки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ва муассисаҳои тиббӣ идома доранд. Дар маҷмӯъ аз 405 иншооти пешбинишуда 68 тои он ба истифода дода, дар 46 иншоот корҳо идома доранд.

                                                   Шуғли аҳолӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2019 – 927 нафар шаҳрвандон ба Раёсати Агентии муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд, ки 554 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 306 нафарашон (226 нафар занону духтарон) мақоми бекорӣ гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳамин муддат бо мусоидати Раёсат 483 нафар (240 нафар занону духтарон) бо кор таъмин шуданд, ки 56%-и Барномаро дар бар мегард.
Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба касбомӯзии аҳолии бекасб, бахусус бонувону ҷавонон, калонсолон, муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, ба 133 нафар шаҳрвандони бекор барои омӯзиши касбу ҳунарҳои мухталиф роҳхат дода шуд.
Дар баробари ин, дар семоҳаи аввали соли 2019 тавассути филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент 352 нафар шаҳрвандон ба гурӯҳҳои мухталифи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба 130 нафар шаҳрвандони бекор (112 нафар занону духтарон ва 82 нафар ҷавонон) барои касбомӯзӣ ба 8 гурӯҳ роҳхат дода шуд.
Тариқи худмаблағгузорӣ 157 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин малакаи касбии 65 нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи валидатсия аз рӯи 12 намуд касбу ихтисосҳои гуногун санҷида, ба онҳо шаҳодатномаҳои тахассусӣ дода шуд.

                                                     Маориф
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои баланд бардоштани сифату самараи таълим тадбирҳои зарурӣ андешида, барои таъмир ва бунёди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва дастгирии соҳибкорон сохтмони панҷ бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки айни замон қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи Маркази миллии тестӣ идома дорад. Ба санаи 5 апрели соли 2019 аз 3501 нафар хатмкунангони синфи 11-и муассисаҳои таълимӣ ва 4924 нафар хатмкунандагони синфи 9-и муассисаҳои таълимӣ барои ба муассисаҳои олию касбӣ дохил шудан 1487 нафар ба комиссияи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуданд, ки 115 нафарашонро хонандагони синфи 9 ташкил медиҳанд.
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид.
Шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 17 адад буда, 3327 нафари кӯдаконро фаро гирифтааст. Инчунин, Маркази инкишофи кӯдак дар назди 44 муассисаи таълимӣ мавжуд аст, ки 880 нафар кӯдакро фаро гирифтааст. Дар қаламрави шаҳр 3 муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд, ки бо ташкили 64 маҳфилҳо зиёда аз 1936 нафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун машғуланд.
Муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент дорои 1529 адад компютер ва 229 адад принтер мебошад. 60 муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайвастанд. Дар семоҳаи аввали соли равон дар муассисаҳои таълимӣ 116 адад компютер, 10 адад тахтаи электронӣ, 10 адад проектор, 6 адад принтер харидорц ва 38 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Ҳамзамон аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шӯъбаи маориф шаҳр 45 адад камераҳои таъмирталаб таъмир ва ба истифода дода шуданд.
Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 356 ҷуфт мизу курсиҳои талабагӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.

                                               Тандурустӣ
Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ низ зери назорат қарор дорад. Айни замон сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии шаҳр, 6 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ ва сохтмони бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрӣ идома дорад. Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳр Маркази нави ташхиси рентгении рақамӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи кормандони Маркази ВНМО дар самти пешгирӣ намудани ин беморӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра ҳамагӣ 4410 нафар аз ташхис гузаронида шуданд, ки натиҷаи ташхиси 9 нафарашон мусбиро нишон дод. Аз тарафи кормандони шуъбаи тиббии машваратӣ низ ба ҷавонону наврасон корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей, коллеҷҳо, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент вохӯрии кормандони соҳаи тиб оид ба пешгирии бемории ВНМО, бемориҳои сироятии ҷинсӣ, суиқасд ба ҷон, нашъамандӣ машваратҳо гузаронида шуд.
Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои сил ва касалиҳои сироятӣ аз тарафи табибон тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

                                                   Ҳифзи иҷтимоӣ
Рафти иҷрои Барномаҳои кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии ҶТ барои солҳои 2017-2019 зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Дар шаҳри Панҷакент Муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон”, шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва Маркази тавонбахшии “Рахшон” фаъолият менамоянд. Шумораи бошандагони доимӣ 78 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамаи маъюбон ба қайди диспансерӣ гирифта шудаанд. Ба маъюбони гурӯҳи 1,2 хизматрасонии тиббии ройгон расонида мешавад. Маъюбон дар як сол як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳамаи шӯъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр ва беморхонаҳои минтақавӣ барои иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси имтиёзашон ба онҳо баробар карда шуда утоқҳои алоҳидаи табобатӣ ташкил карда шудааст, ҳамаи онҳо бо маводи дорувории ройгон таъмин карда мешаванд.
Дар семоҳаи якуми соли 2019 ба 17 нафар маъюбон бо воситаҳои техникаи тавонбахшӣ таъмин карда шудаанд. Маркази тавонбахшии “Рахшон” аз соли 2015 фаъолият намуда истодааст ва 45 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизмат расонида мешавад.
Дар арафаи ҷашну марсимҳо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, бесаробонмонда, оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта, ҷамъ ба 811 нафар ба маблағи 206934 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд ва ба 17 нафар маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.
Феълан 7299 нафар оилаҳои камбизоат дар қайд қарор доранд, ки 821700 сомонӣ маблағ барои пардохт ворид гардидааст.

                                                     Фарҳанг
Дар тобеияти бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 1 театри халқӣ, 1 Кохи фарҳанг, 10 хонаи фарҳанг, 4 клуб, 30 китобхона, 2 хона-музей, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ (хусусӣ), 1 ёдгориҳои таърихӣ, 1 мактаби санъат, 3 адад ансамбл фаъолият менамоянд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру таҷдиди иншоотҳои фарҳангӣ бо ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд бунёди муассисаҳои фарҳангӣ аз деҳаҳои дурдасти Панҷакент оғоз меёбад. Ҳоло корҳои лоиҳавӣ идома доранд.
Чорабиниҳои сиёсию-фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ бо ҷалби доираи васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ баргузор мегардад.
Дар назди бахши фарҳанг ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фаъолият дорад. Айни замон барои таъмир намудани ду ёдгорӣ – Мадрасаи Олим Додхоҳ ва Хоҷа Абӯдардо тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

                                               Устувории экологӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2019 барои тоза намудани селроҳаҳо ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Сойи Зебон, Сойи Ақоли деҳаи Навобод, Сойи Кӯктош ва иншоотҳои обёрӣ тоза карда шуданд. Ҳамзамон бо кӯмак ва дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Барномаи Озуқавории умумиҷаҳонӣ ва ҷалби аҳолӣ дар садди Колхозчиёни деҳаи Ғӯсар корҳои соҳилмустаҳкамкуни ба анҷом расонида шуд. Масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ зери назорат қарор дорад.

                                              Кор бо ҷавонон ва варзиш
Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи бахш 12 чорабиниҳо дар самти ҷавонон байни ҷавонони шаҳру деҳот гузаронида шуд, ки дар он 2347 нафар ҷавонони шаҳру деҳот иштирок намуданд.
Дар шаҳри Панҷакент 1 муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият карда истодааст, ки аз рӯи 10 намуди варзиш бо ҷалби 825 нафар наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, гӯштини тарзи озод, гӯштини миллӣ, дзю – до, самбо, каратэ – до, шоҳмот, вазнбардорӣ фаъолият менамояд. Дар ин давра варзишгарони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмӯъ 181 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 41 толори варзишӣ, 1 варзишгоҳ ва 187 майдончаҳои варзишӣ мебошад. Аз 140 майдончаҳои варзишӣ 130 майдончаи варзишӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ ва 10 майдончаи варзишӣ берун аз муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар толорҳои варзишӣ ва мактаби варзишӣ 27 нафар мураббиён ва 825 нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудааст.

                                                     Рушди сайёҳӣ
Шаҳри Панҷакент чун яке аз марказҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, Оромгоҳи устод Рӯдакӣ, кӯҳҳои Фон ва дар маҷмӯъ беш аз 330 ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии Кӯли Калон ва Ҳафткӯл, хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор гирифтааст.
Дар шаҳри Панҷакент 16 ширкати сайёҳӣ, 1 ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои Зарафшон оид ба туризм, 3 Маркази иттилоотии сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, 8 меҳмонхона, 22 хонаҳои меҳмонқабулкунӣ дар шаҳру деҳот, пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии “Артуч”, пойгоҳи сайёҳии “Марғузор” воқеъ дар соҳили шашуми кӯли Марғузори силсилакӯҳҳои Ҳафткӯл ҷойгир буда, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ фаъолият карда истодааст.
Сайёҳони хориҷӣ бештар ба хатсайрҳои кӯҳӣ таваҷҷӯҳ менамоянд. Барои ин гурӯҳҳо дар мавзеъҳои мазкур – Ҳафткӯл ва Кӯли Калон, пойгоҳҳои пазироии сайёҳон бо ҳама шароити созгор ташкил шуда, ҳоло бунёди нуқтаҳои пазироии сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ идома дорад.
Худи шаҳри Панҷакент низ дорои захираҳои бои сиёсиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, ки барои истироҳати сайёҳон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бахши рушди сайёҳии шаҳр дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои Зарафшон оид ба туризм” дар даромадгоҳи сарҳадӣ, даромадгоҳ ва дар маркази шаҳр харитаи сайёҳӣ омода карда насб шудааст.

                                           Иттиҳодияҳои динӣ
Айни замон дар шаҳри Панҷакент 1 масчиди ҷомеи марказӣ, 8 масчидҳои ҷомеъ, 128 масчидҳои панҷвақта расман тибқи Низомнома фаъолият менамоянд. Фаъолияти 22 масҷиди ғайрирасмӣ манъ карда шуда, бо Қарори раиси шаҳр ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ходимони дин дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр баҳри ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ намудани гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ, ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ ва дигар равияҳои ифротгаро дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон корҳои зиёди тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Мақсади асосии ин вохӯриҳо пешгирии шомилшавии аҳолӣ ва махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, баргардонидани ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои динниву мазҳабӣ ҷараён дорад, мебошад. Чунин сӯҳбату мулоқотҳо аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ ёфта, дуруст қабул карда шуд.
Аз ҷониби аҳли уламо ва имомхатибон низ ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб мавъизаҳо дар рӯзи намози ҷумъа дар мавзӯи экстремизму терроризм ва дигар сӯҳбатҳо ба намозгузорон пешниҳод гардидааст.
Бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар масчиди ҷомеи марказии шаҳр мунтазам маҷлиси Шӯрои уламои шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.
Дар Шӯрои уламо масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар равияҳои ифротгаро ва тундрав мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегирад. Мақсади асосии Шӯрои уламои шаҳр ба аҳолӣ расонидани рисолати таърихии дин, ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа, дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ тоза намудан, махсусан ба насли ҷавон нишон додани арзишҳои исломӣ ва миллӣ мебошад.

                                                    Рӯ ба фардо
Ҳамчунин, зимни мусоҳиба раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён оид ба иҷрои вазифаҳои нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода, зимнан бо итминон зикр намуд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент рафти иҷрои вазифаҳои нақша – чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери назорати доимии худ қарор додааст. Дар доираи чорабиниҳои тасдиқгардида бунёди иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, ободкориву созандагӣ, сабзу хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, бунёди коргоҳҳои хурди саноатӣ татбиқ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд”.
Дар фароварди суҳбат Ислом Шафеиён изҳори боварӣ аз он намуд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент минбаъд низ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, чораҳои заруриро амалӣ намуда, бо армуғонҳои меҳнатӣ санаҳои фархундаи миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонро таҷлил менамоянд”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here