Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерую тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент бо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои соҳа фаъолияти хешро тӯли соли 2020 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, саъйи бештар ба он равона доштааст, ки сатҳу сифати таҳсилотро баланд бардошта, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии соҳа саҳми арзанда гузорад. Дар ин росто, дар аксари муассисаҳои таълимӣ барои рӯз аз рӯз хубтар намудани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба маҷрои муайян равона доштани низоми таълим, амалӣ намудани Барномаҳои давлатии дар соҳаи маориф қабулшуда, таҷрибаивазкунӣ миёни омӯзгорон ва омодагиҳо баҳри гузаштан ба низоми нави таҳсилот тадбирҳои чорасоз андешида мешаванд. Ин аст ки дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 26. 12. 2019) дар самти рушди соҳаи мактабу маориф, аз он ҷумла, диққати бештаре додан ба забондонию забономӯзии хонандагон, рушди фанҳои табиию риёзӣ бешак дастури роҳнамо маҳсуб ёфта, барои татбиқи амалӣ ба роҳбарӣ гирифта шудааст.

Муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи асосиро мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия равона месозанд. Дар бахши сифатан пурмаҳсул гузаронидани таътилҳои зимистона, баҳорӣ ва тобистона ва иҷрои фармоишоту нақшаи чорабиниҳои дар ин ҷода таҳия ва тасдиқшуда ҳам дар муассисаҳои соҳа ва ҳам дар шуъбаи маорифи шаҳр тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба шароиту имкониятҳо дар фурсати таътили зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, армрейслинг ва бозиҳои шавқовари “Офарин” ва бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҳарбӣ — варзишии “Ватанпарвар”, “Сипар”, “Шафақ”, мусобиқаи “Тирпарронӣ”, байни хонандагони синфҳои 10 — 11- и муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд. Иштироки хонандагону омӯзгорон дар Рӯзи дави миллӣ ва мусобиқаҳои шаҳрии волейболу шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” қобили зикр аст.

Гузашта аз ин, дар давоми сол, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ғалаба, Иди Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи омӯзгор, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли Нави мелодӣ озмунҳои  “Иншои беҳтарин”, “Беҳтарин қироати шеър”, “Дастони моҳир”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Ороиши дастурхони наврӯзӣ”, “Беҳтарин омодакунандаи таъомҳои миллӣ”, “Шукуфаҳои истиқлол”, “Тоҷикистон — кишвари азизи ман”,  “Рӯдакихонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Фарзонахонӣ”, “Техникони наврас”, “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Расми беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин”, “Донандагони беҳтарини Конститутсия”, “Хониши бадеӣ”, “Беҳтарин хушнавис” ва ғайра дар сатҳи баланд ташкил ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар моҳҳои феврал ва март бошад, дар таълимгоҳҳои шаҳру деҳот бо мақсади тарғиботу ташвиқоти касбҳо вохӯриву мулоқоти хонандагони синфҳои болоӣ бо устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Гузашта аз ин, дар моҳи март озмуни “Иншо ва диктанти беҳтарин” байни хонандагони синфҳои 2 — 11 — и  ҳамаи намуди муассисасаҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзуи “Бемории вараҷа ва пешгирии он”, дар моҳи апрел озмуни “Иншои беҳтарин” байни хонандагони синфҳои 8 — 11 дар мавзуҳои “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир”, “То тавонӣ дӯстонро гум макун”, озмуни шаҳрии “Айнихонӣ” аз рӯйи шартҳои мутолиаи бештари осори назмию насрӣ ва илмӣ, қироати ифоданоки порчаҳои назмию насрӣ аз осору ашъор, саволу ҷавоб аз ҳаёт ва эҷодиёт, таҳияи рӯзномаи деворӣ бахшида ба солгарди мавлуди устод Садриддин Айнӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, дар моҳи май озмуни “Лоиқхонӣ”,  дар моҳи июн озмуни “Иншои беҳтарин” байни хонандагони синфҳои 8 — 11 дар мавзуҳои “Ваҳдат — беҳтарин неъмат”, “Ваҳдат — дастоварди сулҳи тоҷикон”, “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар барқарорсозии сулҳ”, дар моҳи сентябр озмуни шаҳрии “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Соҳибқирони шоирон — устод Рӯдакӣ” бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ байни хонандагони синфҳои 9 — 11, дар моҳи октябр бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни шаҳрии “Фарзонахонӣ”, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, озмуни шаҳрии “Рассоми беҳтарин” дар мавзӯи “Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз” дар байни омӯзгорони фанҳои санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, дар моҳи ноябр озмуни шаҳрии “Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон” дар байни хонандагони синфҳои 9 — 11 дар якҷоягӣ бо намояндагони нозироти андози шаҳр, дар доираи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии иншои ғоибона дар мавзӯи “Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ” байни хонандагони синфҳои 8 — 11  ва дигар озмунҳову чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ дар сатҳи дахлдор гузаронида шуда, ҳамаи иштирокчиён ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Бояд зикр кард,  соли ҷори 9 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сазовори мақоми баланд ва ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуни вилоятии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гаштаанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Раъно Насриддинова, хонандаи МТМУ№28-и деҳаи Сор соҳиби «Шоҳҷоиза», Рухшона Норова, хонандаи МТМУ№34-и шаҳр соҳиби ҷойи якум, Дилафзун Раҳмонов, хонандаи МТМУ№53-и деҳаи Марғедар соҳиби ҷойи дуюм ва Лайлои Шоҳназар, хонандаи МТМУ№73-и деҳаи Марғедари Боло, Гулҷаҳон Наҷмиддинова, хонандаи МТМУ№13-и деҳаи Некнот, Рӯдакӣ Норов, хонандаи МТМУ№34-и шаҳр, Норов Соҳибҷон, хонандаи МТМУ№18-и деҳаи Артуч, Ҳусейнзода Исмоил, хонандаи МТМУ№41-и деҳаи Шашқат соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ки шоистаи таҳсин аст. Сафарова Муштарӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Тоҷикистон — кишвари азизи ман” сазовори “Шоҳҷоиза” гардид.

Бо мақсади омода намудани омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2020 курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои омӯзгорон дар сатҳи шаҳру деҳот дар заминаи МТМУ №71 ба роҳ монда шуд.

Чун имрӯз ба масъалаи касбомӯзии хонандагон эътибори хоса зоҳир мегардад, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва раиси вилояти Суғд дар мактабҳо маҳфилҳои рӯзгордорӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардумӣ ташкил карда шудаанд. Бояд зикр сохт, ки дар ин росто ҳангоми доиршавии дарсҳои технология (касбу ҳунар) ва маҳфилҳои фаннӣ ба хонандагон ҳунарҳои дастии мардумӣ, аз қабили буррандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, рӯзгордорӣ, коркарди чӯб ва ғайра омӯзонида мешаванд, ки барои касбомӯзии хонандагон мусоидат менамояд. Айни замон дар назди 90 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 1370 нафар хонандагон маҳфилҳои рӯзгордорӣ, дар назди 8 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 96 нафар хонандагон маҳфилҳои сӯзанидӯзӣ, дар назди 10 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 106 нафар хонандагон маҳфилҳои қолинбофӣ, дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 45 нафар хонандагон маҳфилҳои атласу адрасбофӣ, дар назди 2 муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби 22 нафар муҳассилин маҳфилҳои сабадбофӣ ташкил карда шудаанд. Ҳамзамон месазад хотирнишон сохт, ки 211 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маҳфилҳои ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати бачагонаи шаҳри Панҷакент” аз рӯйи касбу ҳунарҳои дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, доиранавозӣ, рубобнавозӣ, фортопитано, ғижжакнавозӣ, овозхонӣ ширкат меварзанд.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳунаромӯзӣ дар мактабҳо дар ҷараёни баргузории ҳафтаҳои фаннӣ ва дигар ҷашну маросимҳои давлативу миллӣ дар давоми соли таҳсил маҳсули дасти хонандагон ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамзамон шумораи муайяни хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб карда шуда, ба онҳо ҳунарҳои гуногун васеътар омӯзонида мешаванд. Ҳамзамон оид ба ин масъала бо ҷалби масъулин мунтазам машваратҳои дастурдиҳӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ доир карда мешаванд.

Дар шуъбаи маорифи шаҳр дар маҷмӯъ 73 нафар — 3 нафар хизматчии давлатӣ, 19 нафар нозир, 34 нафар мушовир, 10 нафар кормандони техникӣ, 4 нафар муҳосиб, 6 нафар кормандони Маркази ТИК ва Маркази рушди истеъдодҳо фаъолият менамоянд.

Фаъолияти мусбии шуъбаи маориф дар давраи ҳисоботӣ он буд, ки дар самти ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон, сарпарастон, шахсони саховатманду хайрхоҳ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ кӯшишҳои судманд ба харҷ дода шуданд ва ин тадбирҳо ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии таълим самараҳои дилхоҳ ба бор меоваранд. Ин аст ки, дар ин фурсат бо кӯмаки кумитаи волидон, саҳмгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, сарпарастон ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу саховатпеша дар мактабҳо ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои моддию техникии таълим, ободонию кабудизоркунӣ корҳои чашмрас ба анҷом расонида шуданд. Ҳамчунин, аз ҳисоби сметаи хароҷоти таълимгоҳҳо харидории мизу курсиҳо ва дигар воситаҳои таълимӣ низ нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст.

Раванди корҳои ободонӣ, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо дар таълимгоҳҳо идома дорад.

Месазад тазаккур дод, ки иштироки омӯзгорону мураббиёни муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар озмуну чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ қобили зикр аст.

Айни ҳол дар шаҳри Панҷакент ҷамъ 134 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 120 адад мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1 гимназия, 2 литсей мебошанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 — 2020 — 10 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Дар Ҷамоати деҳоти Фароб, маҳаллаи Ғелониён мактаби нав ташкил карда шуд. Мактабҳои шаҳру деҳот ба кадрҳои омӯзгорӣ асосан таъминанд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 4963 нафар омӯзгорон (2683 нафар занҳо) фаъолият менамоянд. Омӯзгорони таҳсилоти олидошта 3815 нафар (1904 нафар занон), таҳсилоти олии нопуррадошта 141 нафар (97 нафар занон), таҳсилоти миёнаи омӯзгоридошта 1007 (682 нафар занон) — ро ташкил медиҳанд. Дар давоми соли равон 57 нафар омӯзгорон бо сабабҳои гуногун аз кор рафтанд. Дар соли таҳсили нав ба муассисаҳои таълимӣ 382 нафар: 71 нафар бо таҳсилоти олӣ, 125 нафар бо таҳсилоти олии хатми солҳои пешин, 60 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус, 64 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси солҳои пеш хатмкарда, 62 нафар ғойибхонҳои курсҳои 4 ва 5 ва 8 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи президентӣ макотиби олии касбии кишварро хатм кардаанд, ба кор омаданд.

Барои пардохти саривақтии маоши кормандони соҳа тадбирҳо андешида мешаванд. Ба 1 декабри соли 2020 қарз аз ҳисоби маош вуҷуд надорад.

Дар соли таҳсили 2020 — 2021 дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 64748 нафар ба таҳсил ҷалб шудаанд, ки 31577 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар синфҳои 1 — 7504 нафар (3612 нафар духтарон) ва дар синфҳои 2 — 11 — 57244 нафар (27965 нафар духтарон) таҳсил менамоянд.

Дар солҳои таҳсили 2019 — 2020 синфи 11 — ро 3579 нафар хонандагон хатм карданд. Дар синфҳои 9 бошад, 5212 нафар таҳсил карданд, ки аз ин шумор 4383 нафар (84,1%) ба зинаи сеюми таҳсилот фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, 127 нафар ба коллеҷи омӯзгорӣ, 350 нафар ба литсейи касбӣ — техникӣ ва 359 нафар ба коллеҷи тиббӣ қабул шуданд. Боқимондаҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.

Дар ҳамин давра бо иштироки нозирону мушовирон аз тарафи кабинети методии шуъбаи маориф дар мактабҳои шаҳр ва Ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Фароб, Чинор, Хурмӣ, Амондара, Саразм, Моғиён, Ёрӣ, Шинг, Халифа Ҳасан, Сӯҷина, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ, Ворӯ дар 134 мактаб ва дар синфҳои 5 — 11 бо иштироки ҳамаи хонандагон бо гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот дараҷаи дониши хонандагон санҷида шуд.

Масъалаи кор бо хонандагони лаёқатманд дар маркази диққат қарор дорад. Имрӯз бо иқдоми омӯзгорони алоҳида 348 нафар хонандагони лаёқатманд ройгон ба маҳфилҳои мухталиф ҷалб карда шудаанд. Маҳфилҳо аз фанҳои забони русию англисӣ, математика, технологияи информатсионӣ ташкил карда шудаанд. То ба имрӯз ба маҳфилҳои забони русӣ 67 нафар, забони англисӣ 104 нафар, математика 37 нафар, технологияи информатсионӣ 54 нафар ва ба дигар маҳфилҳои фаннӣ хонандагони болаёқат фаро гирифта шудаанд. Иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо қаноатбахш аст. Соли равон боиси фараҳмандӣ аст, ки дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон 2 нафар сазовори медали нуқра аз фанни забони англисӣ, хонандаони МТМУ№6-и деҳаи Ғӯсар ва МТМУ№15-и шаҳр ва 2 нафар сазовори медали биринҷи аз фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ№72-и шаҳраки Саразм ва аз фанни таърихи халқи тоҷики МТМУ№77-и деҳаи Филмандар гаштаанд.

Хонандагони МТМУ№3-и шаҳр дар олимпиадаи байналмилалии «ФОКСФОРД» тариқи оилайн Бобораҷабов Шоҳрух синфи 6 соҳиби ҷойи дуюм аз фанни математика, Қосимова Тахмина синфи 6 соҳиби ҷойи якум аз фанни математика, Сабринаи Манучеҳр синфи 6 соҳиби ҷойи сеюм аз фанни математика ва Ҳусниябонуи Набиҷон синфи 8 соҳиби ҷойи якум аз фанни физика гирифтаанд.

Ҳамчунин, бори аввал дар давоми чандин сол Ҷобирова Азиза хатмкунандаи синфи 11-и МТМУ№15- шаҳр сазовори медали тилло ва аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ гардид.

Вобаста ба қарори Шӯрои методии шуъбаи маориф омӯзиши таҷрибаи пешқадами 22 нафар омӯзгор ба нақша гирифта шудааст. Оид ба масъалаи омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами ду нафар омӯзгор аз миқдори дар боло номбаршуда дар сатҳи вилоят таклифҳо аз тарафи Шӯрои методии шуъбаи маорифи шаҳр пешниҳод гардидаанд. Дар саҳифаҳои матбуоти соҳавӣ мақола ва дастурҳои методии омӯзгорони пешқадам чоп карда мешаванд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент хонандагони аз таълим берунмонда нестанд.

Дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру деҳот хизматрасонии пулакӣ вуҷуд надорад. Аммо дар мактабҳои типи нав (литсейҳои рақамҳои 1 ва 2, ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру деҳот хадамоти пулакӣ вуҷуд дорад, ки дар хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд). Дар қаламрави шаҳру деҳот дар ихтиёри муассисаҳои таълимӣ 42,5 га заминҳои наздимактабӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҳисоби истифодаи оқилонаи онҳо даромад гирифта шуда, барои беҳдошти мактабҳо сарф карда мешавад.

Ҷиҳати аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи маориф тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин фурсат аз курси такмили ихтисоси шаҳрӣ 867 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, технология, таъриху ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти ӯзбек, физика, математика, забони русӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳо, омӯзгорони маркази инкишофи кӯдак гузаронида шуданд. Ҳамзамон, давра ба давра сарварони мактабҳо, ҷонишинони директорон, мудираҳо ва мураббиёни МТТ, омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ сафарбар карда мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар ин фурсат омӯзгорони фанҳои гуногун, ҷонишинони директорон ва директорони таълимгоҳҳо 18 нафар ба курсҳои такмили ихтисоси вилоятӣ ва 5 нафар ба курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ сафарбар карда шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра 486 нафар омӯзгорони фанҳои таърих, ҳуқуқ, суруду мусиқӣ, асосҳои иқтисодиёт, география, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ аз курсҳои салоҳиятнокӣ гузаронида шуданд.

Дар самти иҷрои Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои тадбирсоз андешида мешаванд.

Вобаста амалӣ намудани талаботи он фарогирии кӯдакони эҳтиёҷоти махсусдошта ба таҳсил дар назар гирифта шуд. Дар ин ҷода шуъбаи маорифи шаҳр бо ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии “Миссияи Шарқ”, ки лоиҳареро бо мақсади дастгирии чунин кӯдакон дар шаҳри Панҷакент амалӣ карда истодааст, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ғайр аз ин, аз тарафи ташкилоти “Миссияи Шарқ” дар доираи татбиқи лоиҳаи “Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон — имкониятҳо ба духтарон, занон ва кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта” дар 4 ҷамоатҳои деҳоти алоҳида — Халифа  Ҳасан, Рӯдакӣ, Моғиён ва Сӯҷина бо аҳолӣ семинарҳои сайёр ташкил ва гузаронида мешаванд, ки кормандони шуъбаи маорифи шаҳр низ дар ин раванд иштироки фаъолона доштанд. Ҳамчунин, дар заминаи беморхонаи марказии шаҳр “Маркази тавонбахши кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта” фаъолият менамояд, ки бо аҳолии шаҳру деҳот оид ба дастгирии ин қабил кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Дар Маркази мазкур 99 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ ҷалб карда шуда, дар як рӯз ба 16 — 18 нафар кӯмакҳои гуногун расонида мешаванд. Ғайр аз ин, ба 27 нафар хизматрасонии тиббӣ — иҷтимоӣ — педагогӣ расонида мешавад. Ва дар навбати худ аз тарафи мутасаддиёни шуъбаи маорифи шаҳр низ миёни омӯзгорон ва хонандагони таълимгоҳҳо ҳамин гуна корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам ташкил ва гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад дар асоси “Лоиҳаи фароҳам овардани имкониятҳо ба кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта ва занҳо дар Тоҷикистон оид ба дастрасӣ ба ҳуқуқҳои худ”, ки аз тарафи ташкилоти “Миссияи Шарқ” роҳандозӣ мегардад, 154 нафар кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта дар 12 деҳа ба хизматрасонии тибӣ — педагогӣ ва ҳуқуқӣ фаро гирифта шудаанд. Қобили қайд аст, ки дар шаҳри Панҷакент “Маслиҳатгоҳи педагогӣ — психологӣ ва тиббӣ” фаъолият дорад, ки дар ин фурсати вақт ба 92 нафар кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта (17 нафар кӯдакони синни мактабӣ ва 75 нафар кӯдакони синни томактабӣ) ёрии амалии педагогӣ — психологӣ ва тиббӣ мерасонад.

Миқдори кӯдакони бепарастор 54 нафарро ташкил дода, онҳо дар васояти хешу таборашон мебошанд. Барои дастгирии онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар идораву ташкилотҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар арафаи соли таҳсил онҳо бо таҷҳизоти хониш ва либоси мактабӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Хонандагони ятими кулл, ки пас аз хатми зинаи асосӣ ва миёна хоҳиши идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доранд, ба Маркази миллии тестӣ ройгон ҳуҷҷат месупоранд.

Кӯдакони ятими кулл ҳамасола дар истироҳатгоҳҳои шаҳрӣ (“Чиларча”) ва вилоятӣ (“20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”) ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуда, дар доираи таҷлили ҷашнҳои милливу давлатӣ ба онҳо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр туҳфаҳои молию пулӣ ва хотиравӣ супорида мешаванд. Вазъи зиндагӣ ва шароити таҳсили ятимони кулл таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2020 — 2021 ба таълими хонагӣ 16 нафар кӯдакони бемор фаро гирифта шудаанд.

Вазъи бо китобҳои дарсӣ таъмин будани хонандагон сол аз сол беҳтар мегардад. Дар ин фурсат ба таълимгоҳҳо 65203 нусха китобҳои дарсӣ, 22764 нусха китобҳои бадеӣ, 663 нусха барномаҳо ва 4130 нусха роҳнамоҳо дастрас карда шуданд.

Бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, кӯшиши ҷомеаҳои омӯзгорӣ ва дастгирии сарпарастон солҳои охир пояи моддӣ — таълимии мактабҳо оид ба варзиш беҳтар гардида истодааст. Аз 134 мактаб дар 24 тояш толорҳои варзишӣ мавҷуданд. Вобаста ба дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат, вилоят ва шаҳр имрӯзҳо таъмиру азнавсозӣ ва бунёди варзишгоҳҳо идома дорад.

Ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳр маҳсуб мегардад. Дар ҳамин ҷо бояд қайд намуд, ки дар қаламрави шаҳру деҳот маҳфилҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи 14 намуд (Футбол, Волейбол, Баскетбол, Гӯштини миллӣ, Гӯштини тарзи озод, Карате — до, Бокс, Таэкван — до, Тенниси рӯйи миз, Шоҳмот, Дзю — до, Варзиши сабук, Вазнбардорӣ, Пауэрлифтинг, Шоҳмот) зиёда аз 840 нафар (62 нафар духтарон) хонандагонро фаро гирифтаанд. Дастпарварони ин намуд маҳфилҳо, ки асосан хонандагон мебошанд, бо иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Фанни омодагии дифоъ дар 123 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс дода шуда, вазъи моддӣ — техникии 31 мактаб хуб аст. Ҳамаи мактабҳо бо омӯзгорони соҳибкасб таъминанд.

Пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ ва шинохта шудани Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил аз тарафи давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ бо ибтикори давлат ва Ҳукумати кишвар вобаста ба пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод ҷиҳати пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, минҷумла рушди соҳаи мактабу маориф дуҷониба судманд роҳандозӣ карда шуданд ва ин ҳамкориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” сурат гирифтанд.

Дар ин росто, шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент низ ба сифати як ҷузъи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилояти Суғд бо ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, ки аз тарафи сохторҳои марбута ба сифати шарики манфиатовар пазируфта шуда, бо онҳо ҳамкориҳоро ба роҳ монданд, дар самтҳои гуногун иртиботи тарафайн манфиатбахшро бо иродаи мақомоти болоии соҳа барқарор намуд.

Айни замон 68 муассисаҳои таълимӣ бо Барномаи Озуқаи Ҷаҳонии СММ вобаста ба таъмин намудани хонандагони зинаи аввали таҳсилот бо хӯроки гарми яквақта (имрӯз бештар аз 13410 нафар толибилмон аз Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид истифода мебаранд), 16 мактабҳои таълимӣ (мактабҳои рақамҳои 4, 8, 31, 35, 78, 9, 63, 66, 88, 5, 76, 40, 27, 45, 25, 65) бо ташкилоти байналмиллалии ЮНИСЕФ дар доираи омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба мактаб вобаста ба амалӣ намудани лоиҳаи “Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ”, 10 муассисаҳои таълимӣ (МТМУ рақамҳои 33, 64, 10, 54, 23, 61, 42, 49 ва МТУА рақамҳои 28, 70) дар ростои татбиқи “Барномаи ҷалби духтарон ба мактаб” — и ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ менамоянд. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бо ташкилоти ғайридавлатии байналхалқии “Миссияи Шарқ”, ки “Лоиҳаи фароҳам овардани имкониятҳо ба кӯдакони имкониятҳои маҳдуддошта ва занҳо дар Тоҷикистон оид ба дастрасӣ ба ҳуқуқҳои худ” — ро дар шаҳри Панҷакент татбиқ менамояд, ҳамкорӣ доранд. Гузашта аз ин, мактабҳои наздисарҳадӣ бо ташкилоти байналмилалии “Ҳилоли Аҳмар” оид ба “Хатари минаҳо” ҳамкорӣ менамоянд. Ва ин ҳамкориҳо ҷиҳати рушди соҳаи маориф шароитҳои мусоид фароҳам овардаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидон ба куллӣ беҳтар гардидааст. Имрӯзҳо волидон ба масъалаи донишандӯзии фарзандонашон ҳарчи бештар таваҷҷуҳ доранд ва бо ин мақсад ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию таълимии мактабҳо ёриҳои амалии моддӣ мерасонанд. Дигар ин ки дар маҷлисҳои синфӣ ва умимактабии волидон масъалаи сатҳи дониш ва касбомӯзии хонандагон мунтазам мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳамчунин, бояд хотирнишон сохт, ки дар таълимгоҳҳо Рӯзҳои волидон ва Рӯзҳои дарҳои кушод гузаронида мешаванд, ки дар мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мактабу оила мусоидат хоҳад кард.

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент 3 маркази таҳсилоти иловагии мансуб ба шуъбаи маориф фаъолият мебаранд. Дар се муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ташкили 64 маҳфилҳо зиёда 1936 нафар толибилмон ҷалб карда шудаанд. Дар МТИ №1 шуъбаи техникӣ (шомили маҳфилҳои “Ибтидои техникӣ”, “Радио — конструктор” “Акс — наворбардорӣ”, “Автомодел”, “Кандакорӣ”, “Рассомӣ”), шуъбаи ҳунарҳои зебо (шомили маҳфилҳои “Дӯзандагӣ — буррандагӣ”, “Кашидадӯзӣ”, “Рақс — лӯхтак”, “Попурзанӣ”, “Рӯзгордорӣ”, “Қолинбофӣ”, “Зардӯзӣ”, “Адрасбофӣ”, “Бофандагӣ”, “Бозичаҳои мулоим”, “Қуроқдӯзӣ”, “Навозандагӣ”, “Шашка — шоҳмот”), шуъбаи сайёҳӣ — кишваршиносӣ (шомили маҳфилҳои “Забонҳои русӣ ва англисӣ”, “Мардумшиносӣ” “Сайёҳи ҷавон”, “Бостоншиносӣ”, “Адабиёт — кишваршинос”, “Рӯзноманигорӣ”, “Ҳуқуқшинос”) ташкил карда шудаанд, дар МТИ №2 шуъбаи ҳунарҳои миллӣ ташкил ёфта, ки дорои маҳфилҳои “Рӯзгордорӣ”, “Қолинбофӣ”, “Дӯзандагӣ — буррандагӣ”, “Бофандагӣ”, “Гулдӯзӣ”, “Гулпарварӣ”, “Қуроқдӯзӣ”, “Кашидадӯзӣ”, “Кандакорӣ”, “Дастони моҳир”, “Компютер”, “Суруди якка”, “Экологи ҷавон”, “Забони русӣ”, “Рассоми ҷавон”, “Сайёҳи пиёдагард”, “Рақси миллӣ” мебошад. Ҳамчунин, дар МТИ №3 низ шуъбаи ҳунарҳои миллӣ фаъолият дорад, ки аз маҳфилҳои “Дӯзандагӣ”, “Рӯзгордорӣ”, “Экология”, “Сайёҳӣ”, “Баскетбол”, “Волейбол”, “Тенниси рӯйи миз”, “Компютер” иборат мебошад. Фаъолияти маҳфилҳои мавҷуда табиист, ки дар интихоби касби ҷавонону наврасон мусоидат менамояд. Ногуфта намонад, ки аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ пайваста дар озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Масалан, дар моҳҳои сентябр — ноябр аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии қаламрави шаҳр дар озмунҳои шаҳрӣ ва вилоятии “Шашка ва шоҳмот”, “Сапеда” “Тирамоҳи заррин”, “Автомоделистони ҷавон”, “Дастони моҳир” иштирок ва  мақомҳои арзандаро соҳиб шуданд.

Дар шаҳри Панҷакент мактаб — интернатҳо фаъолият надоранд. Дар қаламрави шаҳр 18 муассисаҳои таълимии томактабӣ (12 то мансуби шуъбаи маориф, 4 то хусусӣ, 2 то мансуби корхонаву ташкилот) фаъолият доранд. Дар ин кӯдакистонҳо 3375 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевонҳо барои бозичаҳо, китобҳо, либос, таҷҳизоти зарурӣ ва ошхона таъмин буда, дар МТТ №6, 8, 11 камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Дар самти таъминоти кӯдакистонҳо бо таҷҳизот ва мустаҳкам намудани пояи моддии онҳо нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мунтазам эҳсос мегардад. Ҳамчунин, ҳамасола бо дастгирӣ ва маблағгузории волидон, сарпарастон ва шахсони саховатпеша муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таъмиру таҷдид ва таҷҳизонида мешаванд. Ҳамзамон, биноҳо таъмири асосӣ шуда, барои ба талабот ҷавобгӯй намудани шабакаҳои санитарию техникӣ ва обгузаронии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чораҳо андешида мешаванд.

Ҳамчунин, дар доираи иҷрои талаботи Барномаҳои давлатии марбут ба тарбияи томактабӣ ҳамасола кӯдакистонҳо бо маблағгузории волидон таъмири хушсифат шуда, заминаи моддию таълимиашон мустаҳкам мегардад.

Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти байналмилаии Юнисеф дар назди 16 муассисаҳои таълимӣ (МТМУ рақамҳои 4, 8, 31, 35, 78, 9, 63, 66, 88, 5, 76, 40, 27, 45, 25, 65) марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият менамоянд, ки 516 нафар кӯдаконро дар 20 гуруҳҳо фаро гирифтаанд. Марказҳои зикршуда бо таҷҳизоти зарурӣ (мизу курсиҳо, адабиёти бадеӣ ва таълимию методӣ, бозичаҳо, ҷевонҳои либосовезӣ, дастшӯякҳо, қолинҳо барои бозӣ ва ғайра) таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, месазад хотирнишон сохт, ки дар соли таҳсили 2020 — 2021 дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби кӯдакони синни томактабӣ марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шуданд. Барои ташкили гуруҳҳои марказҳои инкишофи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ корбарӣ карда мешавад.

Вазъи моддӣ — техникии муассисаҳои таълимӣ дар маҷмӯъ хуб аст. Бояд зикр кард, ки пас аз интишори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таваҷҷуҳ ва ғамхории аҳли ҷомеа ба мактабу маориф куллан дигар шуда, нақши онҳо дар мустаҳкам намудани пояи моддиву техникии таълимгоҳҳо  бештар ба мушоҳида мерасад.

Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Панҷакент дорои 1591 адад компютер ва 261 адад принтер мебошанд. Пайваст намудани компютерҳои мактабӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет ҳамеша дар назар аст. Дар ин самт ҳоло 60 муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот тавассути модем ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошанд. Дар ин давра 41 адад компютер, 29 адад тахтаи электронӣ, 51 адад проектор, 30 адад принтер харидорӣ ва 969 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи кормандони Маркази ТИК 85 адад компютерҳои таъмирталаб таъмир ва ба истифода дода шуданд.

Барои мустаҳкам кардани пояи моддию таълимии муассисаҳои соҳа корҳо мақсаднок ҷараён доранд. Ин аст, ки дар арафаи соли таҳсили нав ҳамаи муассисаҳои таълимӣ хушсифат аз таъмир бароварда шуданд. Дар қаламрави шаҳр сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Феълан дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500- солагии Саразми бостонӣ сохта ба истифода додани бинои нави МТУА №40 — и деҳаи Тагоби Халқи Ҷамоати деҳоти Ворӯ, бинои нави МТМУ №38 — и деҳаи Яккасадаи ҷ/д Саразм, бинои нави мактаб дар деҳаи Ҳавзаки Ҷамоати деҳоти Саразм, бинои мактаби нав дар заминаи МТМУ №60 — и ҷ/д Ворӯ, бинои мактаби нав дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Ёрии ҷ/д Ёрӣ, 4 синфхонаи иловагӣ дар заминаи МТМУ №48, 3 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №43, 3 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №24, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №19 — и ҷ/д Амондара, 5 синфхонаи иловагӣ дар заминаи МТМУ №117 — и ҷ/д Халифа Ҳасан, 2 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №59, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №82, 2 синфхонаи иловагӣ дар МТУА №70 — и ҷ/д Лоиқ Шералӣ бо дастгирии падару модарон ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ дар назар дошта шудааст.

Зимнан, месазад хотирнишон кард, ки дар арафаи соли таҳсили нави 2019 — 2020 дар заминаи МТМУ №54 — и деҳаи Фароб 6 синфхонаи иловагӣ, дар заминаи МТМУ №97 — и деҳаи Ваҳдати ҷ/д Хурмӣ 3 синфхонаи иловагӣ, дар заминаи МТМУ №90 — и деҳаи Косатароши Поёни ҷ/д Косатарош 6 синфхонаи иловагӣ, дар МТМУ № 85 — и ҷ/д Ёрӣ 2 синфхонаи иловагӣ, 3 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №84, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ № 102 — и ҷ/д Хурмӣ, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №63, 2 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №15 — и щаҳр ва дар арафаи таҷлили 29- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ёрӣ кӯдакистони хусусӣ ва дар деҳаи Нофини ҷ/д Шинг бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактаби нав, бинои нави МТМУ №118 — и деҳаи Сари Камари ҷ/д Хурмӣ (дар ҳамкорӣ бо МИМҲДШ), бинои мактаби нав дар маҳаллаи “Ғелониён” — и ҷ/д Фароб, сохта ба истифода дода шуданд.

Барои таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти мактабӣ бо ҷалби сарпарастон, соҳибкорон, кумитаҳои падару модарон, шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои хориҷиву ғайридавлатӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва босуботи соҳаҳои маорифи шаҳр ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29. 03. 2019, № 117 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021” дар муассисаҳои соҳа 1736 тонна ангишт (100%) ва 1814 метри кубӣ ҳезум (100%) захира карда шуданд.

Тамоми муассисаҳои таълимӣ пурра шишабандӣ карда шудаанд. Новобаста аз ин, ба сарварони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки дар сурати шикастани ойинаҳои роҳраву синфхонаҳо онҳоро саривақт иваз намоянд.

“Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”, — иброз дошт и.в. мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент Алишер Мутрибов дар фароварди суҳбат ва ҳамзамон бо итминон афзуд, ки “рисолати мо кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шӯъбаи маорифи МИМҲД дар шаҳри Панҷакент сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

 Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,
МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here