Аз ҷониби «Тоҷикстандарт» ҳамчун ниҳоди назоратӣ ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз нигоҳи сифат корҳои муайяне анҷом дода мешаванд. Вале бояд гуфт, ки ин тадбирҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Бо назардошти он имкониятҳое, ки имрӯз «Тоҷикстандарт» дорад, дар бозорҳои Панҷакент тартиботи лозимӣ ҷорӣ карда намешавад. Зеро, аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, аз ҷониби «Тоҷикстандарт» дар як сол дар бозори марказӣ 2 маротиба ва дар дигар бозорҳо 1 маротиба рейдҳо мегузаронанд, ки он ҳам бо огоҳии пешакӣ (5 рӯз пеш) ба роҳбарияти бозор муайян шудааст. Дар тӯли панҷ рӯзе, ки маъмурияти бозор огоҳии пешакӣ аз тафтиши нозирони «Тоҷикстандарт» гирифтаанд, имкон пайдо мекунанд, ки бозорро ба талаботи стандартӣ “ҷавобгӯ” сохта, аз об хушк бароянд. Гарчанде ба қадри имкон барои ба вуҷуд овардани шароити мувофиқ баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳам ҳимояи бозори истеъмолӣ «Тоҷикстандарт» саъй меварзад, аммо дар бозорҳои Панҷакент ба ғайр аз панҷ рӯзи огоҳӣ вазъият боз ҳамон «аҳмади порина» аст.

Дар бозори марказии шаҳри Панҷакент соҳибкорону фурӯшандагон дар асоси талаботи байторию беҳдоштӣ фаъолият карда истодаанд. Ҷобаҷогузории маҳсулот, пешниҳод ва хизматрасонӣ ба харидорон дар сатҳи баланд ба роҳ монда нашуда бошад ҳам, савдогарон ҳар рӯз молу маҳсулоти ба бозор воридкардаро аввал аз ташхис гузаронида, сипас дар асоси иҷозати нозирон ва масъулин ба фурӯш мегузоранд.

Фаъолияти озмоишгоҳ дар назди бозори истеъмолии шаҳри Панҷакент «ҷиддӣ» ба роҳ монда шуда, кормандони он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурие, ки онҳоро ҳатто истифода намебаранд, таъмин мебошанд. Ҳарчанд озмоишгоҳ (МТБО)-и Панҷакент аз аккредитатсияи Системаи миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат барои фаъолият надорад, аммо пайваста ҳар субҳи содиқон тамоми маҳсулоти озуқавории бозорро аз “санҷиш” мегузаронад. Саволе ба миён меояд, ки агар фурӯшанда бори худро дар муддати се — чор рӯз фурӯхта натавонад, он бечора ҳар саҳар бояд барои “санҷиш” миқдори муайяни маҳсулоташро ба санҷишгарон супорад ё як маротиба супоридан басанда бошад?! Ба болои ин, аз ҳар як намуди маҳсулот миқдори муайяни маблағ ситонида мешавад, ки зарари дукарата барои тоҷирон аст. Барои мисол, ташхиси гӯшт — 4,80, (500 гр) маҳсулоти ширӣ — 1,20, (100 гр) равғани растанӣ — 2,40, (50 гр) моҳӣ — 4,80, (100 гр) тухм — 1,20, (1-2), асал — 3,60, (100 гр) маҳсулоти намаккардашуда — 1,20, (100 гр) мева, бутамеваи тару тоза, хушконидашуда ва консервшуда — 1,20, (100 гр + 1-2), полезиҳо — 1,20, (1-2) маблағ ситонида мешавад. Аз рӯи маълумотнома оид ба маблағҳои гирифташуда барои ташхиси беҳдошти байторӣ дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти МТБО бармеояд, ки аз гӯшти як моли барои фурӯш кушташуда 2 маротиба 500-грамӣ барои ташхис гирифта мешавад. Агар мантиқан фикр кунем, дар як буз ё гӯсфанд 2 намуд гӯшт вуҷуд доштааст!? Ё инро чӣ тавр бояд фаҳмид? Ё аз як зарфи равғани масалан 3-литра ё 5-литра ё 10-литра 50 грамашро барои ташхис бигирему даҳони зарф кушода шавад, оё мондагиашро харидор қабул мекарда бошад?!

Чанд сухан дар бораи ҳолати имрӯзаи худи озмоишгоҳ ҳам нагуфтан намешавад. Зеро, аз рӯи маълумоти расида, асбобҳои ташхисие, ки дар озмоишгоҳ мавҷуданд, аз рӯзи ба истифода доданашон то кунун ҳолати худро дигар накардаанд, яъне наванд ва зери чангу ғубор “кор” мекунанд. Инчунин, баъзе аз дастгоҳҳо ҳатто батарея надоранд. Вақте аз корманди озмоишгоҳ пурсон шудем, гуфтанд, ки “ии, батарея дар дарунаш буд, нест”. Баъзе намудҳои моддаҳои химиявӣ аслан вуҷуд надоранд. Пас, бо кадом усул ташхис гузаронида мешавад? Шояд бо усулҳои бобоӣ?!

Пас аз тадқиқоти гузаронидашуда маълумамон гашт, ки як чиз номаълум монд: масъули фаъолияти озмоишгоҳи мазкур раиси бозор (“Тоҷикматлубот”) аст, ё “Тоҷикстандарт” ва ё Муассисаи давлатии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ё хайр?!

Бибиҷон АШӮРОВА

 P.S. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз рӯи шикоятҳои шаҳрвандон ва тоҷирони бозор оид ба ин мавзуъ як тадқиқоти густурдае анҷом диҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here