Ноадолативу беэътиноӣ ва риёкориву бемасъулиятии бархе масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Ҳусинбой Ҳотамови 70-соларо маҷбур сохтааст, ки пас аз сарсониҳои зиёд бори дувум ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Ҳотамов соли 2005 аз номи се писараш барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба идораи ҷамоати Лоиқ Шералии ш. Панҷакент ариза додааст ва  пас аз чанд муддат барои яке аз писаронаш замини наздиҳавлигӣ додаанду «ду замини дигарро дар рӯзҳои наздик мегиред», — гуфтаанд.

Интизории 7-сола

— Ман бо фарзандонам 7 сол мунтазири замини ваъдакардаи ҳукумат шудам, вале онҳо ба ваъдаашон вафо накарданд. Маҷбур шудем, бори дувум бо ариза ба онҳо муроҷиат кунем. Аммо дар ҷавоби аризаи ман аз ҷамоати Лоиқ Шералӣ чунин иттилои хаттӣ доданд, ки соли 2005 тибқи қарори №93, аз 2-юми декабри соли 2005 гӯиё ба фарзандони ман ба масоҳати 06 гектарӣ қитъаи замин дода шудааст. Баъди гирифтани чунин ҷавоби ҳайратангез ман ба раиси онвақтаи Кумитаи заминсозии назди мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллии шаҳри Панҷакент Саидҷон Шодиев муроҷиат намудам. Шодиев ба муроҷиати ман чунин посух дод, ки дар ҳақиқат таҳти қарори №93 ду қитъаи замини 06 га мавҷуд аст. Аммо яке аз ин заминҳо ба шаҳодатномаи таҳти рақами 1041, аз 12.02.2009 тибқи қарори комиссияи қонунигардонии молу мулк бо рақами 17 авф шудааст. Муроҷиаткунанда Ёрматов Қурбон, сокини ҷамоати Лоиқ Шералӣ будааст.

Ман баъдтар аз кормандони заминсозии шаҳр фаҳмидам, авфе, ки шудааст, тамоман замини дигар буда, он аз замини ба мо ҷудошуда дар масофаи 3,5 км дуртар ҷойгир буда, дар харитаи контурӣ ҳам тафовут доштааст.

Оқибат дар ин идора ба ман гуфтанд, ки масъала баҳсбарангез асту онҳо наметавонанд ин қазияро ҳаллу фасл намоянд.

Мактуби ҳайратангез

Пас аз чанд муддат аз номи Кумитаи заминсозии ш. Панҷакент ба унвонии писарам Фатҳиддин Ҳотамов як мактуб расид, ки ростӣ, ин муаммои сарбастае буд. Мактуби мазкур аз 14.08.2012 таҳти рақами 936 мебошад, ки дар он омадааст:

«Ба сокини деҳаи Ғӯсар, ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ Ҳотамов Фатҳиддин. Аризаи шумо аз 06.08.2012 таҳти рақами 883 оид ба баҳси замини наздиҳавлигиатон бо шаҳрванд Ёрматов Қурбонмурод мавриди омӯзиш қарор гирифт. Натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки ҳақиқатан бо қарори раиси ҷамоати деҳоти Колхозчиён таҳти рақами 71 аз 19.09. 2005  ба шумо аз фонди захиравии замини наздиҳавлигии деҳаи Ғӯсар ба масоҳати 006 га замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.

Лекин шаҳрванд Ёрматов Қурбонмурод тибқи қарори комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Панҷакент, №17 аз 12.02.2009 соҳиби шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк, таҳти №1041 мебошад, ки дар он таҳкурсии манзили истиқоматӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мутобиқи моддаи 47 баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбинӣ намудаи  қонунгузории ҶТ баррасӣ карда мешавад.

Қонуни ҶТ аз 05.01.2008№357

Раис-имзо-С. Шодиев».

Баъди чунин ҷавоб ростӣ, ман, ки ваколатдори фарзандонам будам, умедамро аз Кумитаи заминсозӣ кандам. Зеро фаҳмидам, ки дар ин ҷо ҳақиқату адолатро ёфтан ғайри имкон аст. Ба замми ин, ҳангоми ҷустуҷӯи аснод бо кӯмаки адвокатҳо аз архив дарёфтам, ки ба номи фарзандам Ҳотамов Фатҳиддин аз 15.12.2012 сертификати дараҷааш Б 00968462 ба қайд гирифта шуда, вале аз чӣ бошад, ки то соли 2012, то замони даъвои дубораи ман, он аз ҷониби Кумитаи заминсозӣ ба мо дода нашуд. Ҳол он ки таҳти рақами 1783, тибқи ҳуҷҷатҳое, ки дар даст дорам, ин сертификатро ба қайд гирифта, ба ман надоданд.

Ҳамаи ин ваҷҳҳоро баъди даву тозҳои зиёд ёфта будам ва гумон доштам, ки бо ин далелҳо суди ш. Панҷакент мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.

 

Суд+Коррупсия+Суд=0

Бо умед ба Суди шаҳр муроҷиат кардам. Вале баъди чанд муддат судя Муҳаммадиев Суҳроб аризаи даъвогии маро ба пуррагӣ насанҷида, ҳалнома баровард, ки даъвои ман нодуруст аст. Аммо дар ҳамин ҳолат Ёрматов Қурбон, ки ин замини моро бе ягон ҳуҷҷат худсарона ишғол карда буд ва ба замми ин, ду маротиба замин гирифтаву онҳоро ғайриқонунӣ  фурӯхтааст, боз ҳам аз об хушк баромад.

Баъди ин ҳодиса бо ёрии адвокатҳо маълумамон гардид, ки замине, ки Ёрматов худсарона ишғол намудааст, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки пайдо намудем, на мутааллиқ ба писарам Ҳотамов Фатҳиддин, балки ба номи писари дигариам Насриддин сертификат шуда будааст.

Баъди ин ҳуҷҷатҳоро дарёфт намудан ман боз ба суд аз номи писарам Насриддин бо тамоми асноду ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат намудам. Аммо боз судяҳо бо баҳонаҳои гуногун аризаи маро бе ҳаракат мононданд. Хулоса, то соли 2016 баъди 7 маротиба ба суд муроҷиат намудану саргардониҳоям бе натиҷа мондан ба шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар водии Зарафшон оид ба масъалаи мазкур бо далелу аснод муроҷиат кардам. Вале афсӯс, ки онҳо низ бидуни тафтиши ҳамаҷониба ҷавоб доданд, ки ба суд муроҷиат кунам. Баъди ҷавоби як сохтори қудратие, ки ман бо умед муроҷиат кардаму ноумед гаштам, маҷбур шудам, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат намоям. Аммо онҳо низ аризаи маро барои санҷиш боз ба шуъбаи минтақавии водии Зарафшон фиристоданд. Сардори шӯъба аз 23.05.2016 таҳти рақами 327 боз ҷавоби маъмулиеро бароям фиристод, ки чун ҷавобҳои пешин: «аризаи шумо иборат аз баҳси замин асту дар асоси талаботи қонун ба суд муроҷиат кунед» мебошад.

P.S: Дар асоси аризаи Ҳотамов Ҳ хабарнигори МТЖТ бо чанд суол ба раиси Кумитаи заминсозии вақти шаҳри Панҷакент ҷаноби Ғайрат Низомӣ, ки дар соли 2005-ум дар вазифаи заминсози ҷамоати деҳоти Колхозчиён кор мекард ва Сертификати дараҷаи Б № 0096756-ро ба Ҳотамов Насридин аз 02.12.2005 таҳти № 93 додааст, муроҷиат намуд. Номбурда сертификате, ки бо имзои ӯ дода шудааст, рад намуда, сохта будани имзояшро баҳона пеш овард. Суоле ба миён меояд, ки агар имзои ӯро сохта бошанд, чаро ба суд муроҷиат намекунад?!

Аз рӯи маълумоти ба мо расида дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент (хусусан дар ҷамоати номбурда) ҳуҷҷатҳои сохта ва  фурӯши ғайриқонунии замин хеле зиёд будааст ва ҳар нафари нав ба вазифа расида ба ҷои ҳалли мушкилот ва корҳои нотамоми роҳбари пешина, аз фурсат сӯиистифода намуда, боз ҳам ба сохтакориҳо роҳ медиҳад.

Агар мақомоти номбурда, ки вазифаи ҷониашон ҳалли мушкилоти ба сари мардум омада мебошад, шаҳрвандонро сарсону саргардон намоянд, кӣ ба доди мардум мерасад?!

Бибиҷон АШӮРОВА,

Душанбе- Панҷакент- Душанбе. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here