Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза дорад.

Шоҳиён Зарифхуҷа — раиси ноҳияи Панҷ гуфт, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони 210 иншоот ба маблағи зиёда аз 96,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин иншоот то имрӯз 153 ададаш сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки маблағи онҳо бештар аз 28,4 миллион сомонӣ аст, ки ин 72,9 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо ташкил медиҳад.

Раиси ноҳия илова кард, ки аз ҷумла шумораи биноҳои маъмурӣ 10 адад, майдончаҳои варзишӣ 6 адад, сартарошхонаҳо 3 адад, сохтмони нуқтаи истеҳсоли айнакҳо, маркази ташхисию табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ 8 адад, сохтмони 61 синфхонаҳо дар 8 мактаб барои 650 хонанда дар як баст, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ 8 адад, таъмири роҳҳо, пулҳо 48 адад, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ 10 адад, бунёди гармхона ва фермаҳои чорводорӣ 3 адад ва таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ, хати оби нӯшокӣ 5 адад ва боқимонда иншооти ҷашнӣ чароғонкунӣ, мумфаршкунӣ ва сангфаршкунии роҳҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

— Айни замон дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 5,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,- илова кард раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудаи буҷети маҳаллӣ, дастгирии буҷети ҷумҳуриявӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти татбиқи тадбирҳои муайяннамудаи Барномаи рушди ноҳия корҳои зиёде иҷро шудаанд. Дар 11 моҳи соли 2020 аз 82 лоиҳаи дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2019-2020, ки 147,6 млн сомониро дар бар мегирад, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2020-ум 49 лоиҳа ба маблағи 42,8 млн сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки аз рӯи шумораи лоиҳаҳо иҷроиш 59,7 фоиз ва аз рӯи маблағгузорӣ 29 фоизро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти он, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд, дар соҳаи саноати ноҳия низ соли сипаригардида як зумра корҳои назаррас дар доираи нақшаҳои таҳиягардида амалӣ шудаанд.

Бояд иброз намуд, ки дар даврони Истиқлолият соҳаи саноати ноҳия низ пайваста рӯ ба афзоиш аст. Корхонаҳои саноатии ноҳия бештар ба истеҳсоли макарон, рег ва сангреза барои сохтмон, маҳсулоти ширӣ, гӯшт, хишти сементӣ, сафолакҳои ороишӣ, орд ва коркарди нахи пахта машғуланд.

Дар 11 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 92,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 3852,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 26,1 фоиз зиёд мебошад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия аз 7 адад ба 11 адад расонида шудааст.

Дар ноҳия айни замон як корхонаи калони пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, 2 адад коргоҳи регу шағалбарорӣ, 5 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 5 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишти сементӣ, 2 сехи истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ, 1 коргоҳи истеҳсоли макарон, 1 корхонаи коркарди шир, 21 осиёби орд, 5 нонвойхона ва 4 коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо зиёда аз 265 нафар истиқоматкунандагони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.

Соҳаи кишоварзии ноҳия рушд ёфта, заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳо нишондиҳандаҳои баландӣ истеҳсолӣ ба даст овардаанд. Дар 11 моҳи соли 2020 кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 712,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 87,1 миллион сомонӣ зиёд ё 113,9 фоизро ташкил медиҳад.

Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ тасмим доранд, ки дар соли 2021 кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бартараф сохта, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам боло бардоранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ”

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here