Баҳси бародарзодаҳо бо чӣ меанҷомад?

Сокини 68-cолаи деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ Бекмурод Нуруллоев 5 соли охир аз бероҳӣ азоб мекашад. Ӯ мегӯяд, фарзанди бародараш, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, кӯпруки калони болои канали обро канда, оҳану арматураҳояшро фурӯхтааст. Мӯйсафед мегӯяд, ки пули мазкур солиёни дароз барои чанд сокинони деҳа хизмат мекард.

Ба гуфтаи Нуруллоев, бародарзодааш бар иловаи кандану фурӯхтани кӯпрук, бо зӯрӣ дар замини пушти оғилхонаи ӯ оғилхонаву коҳдон бунёд кардааст. Тавре бобои Бекмурод нақл мекунад, ин амали ноҷавонмардонаи бародарзодааш боис ба тангшавии роҳи самти хонааш шудаву ӯ наметавонад коҳу гову молашро ба оғилхонааш гузаронад.

Зоҳиран муроҷиатҳои пай дар пайи Бекмурод Нуруллоев ҳам ба мақомоти маҳаллӣ бенатиҷа анҷомидааст. Номбурда мегӯяд, касе нест, ки ба додаш бирасад.

— Як маротиба намояндагони идораи заминсозии ноҳия омаданду бо роҳи ошнобозӣ ба нафъи тарафи муқобил ҳал карда рафтанд. Намояндаи идораи мазкур аз мо ҳуҷҷати кӯпрукро талаб кард. Баҳонаи дигарашон он буд, ки кӯпруки кандашуда дар харитаи ҷамоат вуҷуд надорад. Охир, ин кӯпрукро мо, чанд ҳамсоя, солҳои 60-ум, пас аз ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон муҳоҷир шуда омаданамон, дастаҷамъона дар болои канали обгузар бунёд кардем, то мушкилии роҳамон осон шавад. Аммо худсарии бародарзодаамро бинед, ки бо роҳи зӯрӣ ҳам кӯпрукамонро канда, оҳану арматураҳояшро фурӯхту ҳам ғайриқонунӣ дар замини пушти оғилхонаи мо оғилхона сохт,- мегӯяд Б. Нуруллоев.

Ин мӯйсафед аз бепарвоиву ошнобозии мақомоти марбутаи соҳа дар ноҳияи Панҷ изҳори нигаронӣ кард.

Тарафи дигари баҳс Нусратулло Шарипов, ки амакаш Бекмурод Нуруллоев ӯро дар кандани пул, сохтани оғилхона ва танг кардани роҳи ӯ муттаҳам мекунад, ҳама иттиҳомотро нисбаташ рад мекунад. Ба гуфтаи ӯ, оғилхонаашон чандин сол пеш сохта шуда будааст ва кӯпрук ҳам ба ҳудуди замини онҳо дохил мешавад.

— Кӯпрук валангор буд. Аз он ягон мошин гузашта наметавонист. Илова бар ин, агар аз рӯи ҳуҷҷати ҷамоат гирем, кӯпрук дар ҳудуди замини мо аст. Амакам фақат аз он ҷо иҷозати кандани ҷӯй ва гирифтани обро ба замини наздиҳавлигияш дорад. Моро туҳмат карда истодаанд, ки оғилхона сохтаему роҳро танг кардем. Аммо дар асл роҳро на мо, балки ҳамсояи амакам забт карда, бо тунука маҳкам кардаасту хонаи дуошёна сохтааст. Ҷӯе, ки аз он амакам об мегирад, сарҳади заминҳои мо аст. Намедонам, барои чӣ вақте, ки падарам зинда буд, амакам барои оғилхона мушкил надошту пас аз фавташон бо мо баҳс дорад,- мегӯяд Н. Шарипов.

Сардори Кумитаи идораи замини ноҳияи Панҷ Шарипов Сайнуриддин дар як суҳбати телефонӣ гуфт, аз баҳс миёни амакбачаҳо огоҳӣ дорад.

— Дар ин масъала ба мо ҳам муроҷиати хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ шуда буд. Намояндагони кумитаи идораи замин аз макони баҳсӣ дидан карданд. Бо он сабаб, ки тарафҳо ба вариантҳои пешниҳодкардаи намояндагони мо розӣ нашуданд, тавсия додем, ба суд муроҷиат кунанд ва дар асоси қарори суд ба баҳс хотима диҳанд. Онҳо ягон ҳуҷҷати сохтмон надоранд. Оғилхонае, ки баҳси амакбачаҳо асосан сари он рафта истодааст, ҳақиқатан дар солҳои пеш бунёд шудааст. Бо назардошти он ки иншооти бунёдшуда ҳама марҳилаи авфҳоро вобаста ба замин гузаштааст, лозим донистем, ки пас аз баромадани қарори суд, дар доираи он амал кунем,- гуфт С. Шарипов.

Ба гуфтаи сардори Кумитаи идораи замини ноҳия, замини баҳсӣ ба ягон тараф тааллуқ надорад ва ба сертификати касе ҳам намедарояд: “Қитъаи баҳсии замин ба ҳудуди канали обрави ҷамоат дохил мешавад. Алҳол қарори судро интизорем. Суд чигуна қарор содир кунад, масъала ҳамон тавр ҳал карда мешавад”.

Баҳси солҳои 90-ум бунёд шудани оғилхона дар ҳолест, ки Бекмурод Нуруллоев, амаки Нусратулло Шарипов мегӯяд, онро бародарзодааш 5 сол қабл сохтааст.

Нусратулло Шарипов мегӯяд, дуруст аст, ки оғилхонаашон наздик ба канали обгузар бунёд карда шудааст. “Ин корро ҳамаи нафароне, ки дар шафати канал хона доранд, кардаанд. Онҳо дар лаби канали обгузар иншоот сохта, ҳатто болои каналро бо девору панҷараҳо маҳкам ва ҳуҷҷат кардаанд”.

Мақсуд Нуруллоев, бародарзодаи Нусратулло Шарипов мегӯяд, бо вуҷуди он ки бунёди оғилхона ғайриқонунӣ аст, он боз наздик ба канали об сохта шудааст, ки ба ягон меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ нест.

— Аз поён садҳо сокинони деҳа аз оби канал менӯшанд ва барои дигар эҳтиёҷоташон истифода мекунанд. Дар сурате, ки эҳтимоли ба дохили канал афтидани поруву пешоби гову мол зиёд аст, кӣ кафолати саломатии сокинони поёнобро медиҳад?,- суол гузошт Мақсуд Нуруллоев, ки то чанд моҳе пеш вазифаи раисии деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагонро ба уҳда дошт.

Дар идома Мақсуд Нуруллоев аз корманди Кумитаи замини ноҳияи Панҷ Фахриддин Раҳмонов шикоят кард, ки гӯё ӯ сабабгори асосии баҳсашон будааст.

— Фахриддин Раҳмонов барои омода кардани ҳуҷҷати замин ба Н. Шарипов имзои ҳамсояро, ки дар наздикии канал хонаи дуошёна дорад, гирифтан хост ва ӯро тарсонида гуфт, ки агар имзо накунад, хонаашро аз наздикии канал меканад. Ин дар ҳолест, ки номбурда оғилеро, ки аз канал 1 метр масофа дорад, ҳуҷҷат кардан мехоҳаду хонаеро, ки аз канал 4-5 метр дур аст, таҳдиди аз байн бурданашро мекунад. Илова бар ин, вақте аз Ф. Раҳмонов пурсидем, ки Н. Шарипов дар кадом асос кӯпрукро канда мефурӯшад, ӯ гуфт, ки “кӯпрук дар харита нест, мо ягон чиз гуфта наметавонем”. Номбурда ҳамчунин, барои ҳуҷҷат кардани замин дурӯғ гуфт, ки оғилхона соли 1963-юм сохта шудааст,- гуфт М. Нуруллоев.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи соҳа ҳеҷ кас ҳақ надорад дар қитъаҳои замини канори каналу заҳбуру заҳкашҳо хонаву иншооти ёрирасон бунёд созад. Ин амал аз рӯи қонун ҷавобгариро дар пай дорад. Аммо мутаассифона, дар аксар маврид қонун аз ҷониби худи кормандони кумитаҳои замин дар маҳалҳо нақз шуда, қитъаҳои замин ба сокинон ҳуҷҷат карда мешаванд. Аз ин рӯ, сокинон ба худ иҷозат медиҳанд, ки қитъаҳои заминҳои лаби каналҳоро забт карда, хонаву иншооти дигар созанд.

Ин аст, ки Нусратулло Шарипов низ мегӯяд, аз саршавии деҳаашон то охир сокинони наздик ба канали обгузар заминҳоро забт кардаанду ба манфиаташон истифода мебаранд, аммо касеро парвое нест. Ӯ суол гузошт, ки агар чунин аст, пас чаро барои вай ин кор мумкин набошад?

— Агар мақомот аз рӯи қонун амал кунанду ҳамаи иншооти дар канори канали деҳаамон сохташударо бартараф кардан хоҳанд, ман худам пеш аз ҳама оғиламро канда мепартоям,- гуфт дар як суҳбати телефонӣ Н. Шарипов.

Баҳси забти заминҳои канори канал миёни бародарзодаҳо дар деҳаи Ҳасан Шерови ноҳияи Панҷ дар ҳолест, ки тарафҳо барои ҳалли масъала ба суди ноҳия ариза пешниҳод кардаанд ва дар назар аст, ки он дар рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Забти ғайриқонунии қитъаҳои замини канори каналу заҳбуру заҳкашҳо ва ҳамчунин, ҳуҷҷатгузории ғайриқонунии онҳо танҳо мушкили ноҳияи Панҷ нест. Аз ин рӯ, масъулини марбутаро зарур аст, то сари масъалаи мазкур ҷиддӣ андеша кунанд ва дардро қабл аз хурӯҷи “беморӣ” дармон бахшанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here