Дар тамоми давру замон рушди иқтисодиёти давлатҳо ба супоридани андозҳо вобаста аст. Дар ин самт Тоҷикистон байни дигар давлатҳои ИДМ ба натиҷаҳои басо хуб ноил гардидааст. Дар ин шумора хонандагони худро бо фаъолияти кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод шинос хоҳем кард.

Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод фаъолияти худро дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода намудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 13039850 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 13519750 сомонӣ ворид шудааст.

Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба андозаи 103 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 17010605 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷетҳои дахлдор 17505703 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 495098 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад, бо назардошти хароҷотҳо дар нимсолаи аввали соли 2020 ба андозаи 100 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷои 3970755 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети дахлдор 3985953 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 15198 сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо

Дар бахши баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо айни ҳол дар нозироти андоз дар маҷмуъ 4821 андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 363 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 451 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 333 адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 3674 адад мебошад.

Дар давраи ҳисоботи нуҳ моҳи соли 2020 аз шумораи 4821 андозсупоранда нисбати 3971, аз он ҷумла бо шахсони ҳуқуқӣ 301 адад, бо соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 298 адад, бо соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 300 адад ва бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 3072 адад санади муқоисавӣ тартиб дода шудааст, ки нисбати шумораи умумии андозсупорандагон 82 фоизро ташкил медиҳад.

Бақайдгирии давлатӣ

Аз рӯи маълумотҳои бахши бақайдгирӣ, шумораи хоҷагидори бақайдгирифташуда дар нозироти андоз ба ҳолати 01.10.2020 ҳамагӣ 4776 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 367 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 324 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ 3647 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 438 адад. Танҳо дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 дар бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳамагӣ 222 андозсупоранда ба қайд гирифта шуда, 97 андозсупоранда барҳам дода шудааст.

Хизматрасонӣ ба андозсупорандагон

Дар давраи ҳисоботии 9 моҳи соли 2020 аз шахсони ҳуқуқӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 12826526 сомонӣ андозҳо ҳисоб карда шудааст ва дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, маблағи андозҳои ҳисобкардашуда 15853825 сомониро ташкил медиҳад. Пардохти андозҳо бошад, дар 9 моҳи соли 2020 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 12124186 сомонӣ пардохт гаридидааст.

Дар 9 моҳи соли 2020 нисбати 36 адад шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 877869 сомонӣ назорати камералӣ гузаронида шуда, дар 9 моҳи соли 2019 бошад, 32 адад ба маблағи 743198 сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботии 9 моҳи соли 2020 соҳибкорони инфиродии

тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 2488036 сомонӣ андозҳо ҳисоб карда шудааст ва дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, маблағи андозҳои ҳисобкардашуда 2127443 сомониро ташкил медиҳад ё ин ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 360593 сомонӣ андозҳо зиёд ҳисоб карда шудааст.

Пардохти андозҳо бошад, дар 9 моҳи соли 2020 бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ 2810664 сомонӣ пардохт гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, 2420016 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давра ба маблағи 390648 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли 2020 нисбати 86 адад соҳибкори инфиродӣ ба маблағи 134624 сомонӣ назорати камералӣ татбиқ гардидааст ва дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, 46 адад ба маблағи 83220 сомонӣ назорати камералӣ гузаронида шудааст.

Инчунин, дар давраи таҳти ҳисобот қарордошта аз тарафи кормандони шуъбаи мазкур тибқи талаботҳои моддаи 37-и КА ҶТ дар фаъолияти 123 субъекти хоҷагидорӣ назорати камералӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 1096302 сомонӣ маблағи иловагӣ ҳисоб карда шудааст, ки аз тарафи андозсупорандагон дар ин давра ба маблағи 718782 сомонӣ эъломияҳои андоз пешниҳод карда шуда, ба маблағи 323557 сомонӣ андозҳо пардохт шуда ва ба маблағи 299770 сомонӣ аз ҳисоби ҳақдорӣ пӯшонида шудааст. Андозҳои ҳисобкардашуда ба ҳар як назоратҳои камералӣ гузаронида шуда, ба маблағи 8913 (1096302:123) сомонӣ рост меояд.

Воридоти андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда дар давраи нуҳ моҳи соли 2020 маблағи 542313 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4111 (542313-538202) сомонӣ зиёд ба буҷет ворид гаштааст, ки ба ҳисоби миёна аз шумораи 451адад ба як патент дар як моҳ134 сомонӣ рост меояд.

Аз ҳисоби 333 адад соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда дар нуҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 1251025 сомонӣ андозҳо ворид карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна 417 сомонӣ дар як моҳ ба як андозсупоранда рост меояд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба маблағи 248126 (1251025-1002899) сомонӣ андозҳо зиёд ба буҷет ворид гардидааст.

Инчунин, аз ҳисоби 3674 адад хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 1610308 сомонӣ андозҳо ворид карда шудааст, ки бо ҳисоби миёна ба ҳар як хоҷагӣ 438 сомонӣ рост меояд.

Нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба маблағи 184010 (1610308-1426298) сомонӣ андозҳо зиёд ба буҷет ворид гардидааст.

Бахши ситонидани қарзи андозҳо

Бақияи қарзи андозҳо ба санаи 1-уми январи соли 2020 малағи 637992 сомониро ташкил медод. Ин нишондод ба ҳолати 1-уми октябри соли 2020 ба 916758 сомонӣ баробар гардидааст. Яъне бақияи қарзи андозҳо нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 278766 сомонӣ зиёд гардидааст. Инчунин, шумораи андозсупорандагоне, ки бақияи қарзи андоз доранд, нисбати аввали соли 2020 бо теъдоди 45 адад кам шуда, шумораи он 363 ададро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати пешгирии қарзи андозҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба 232 андосупорандаи қарздор ба маблағи 4219900 сомонӣ огоҳинома ирсол гардидааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2275200 сомонӣ ворид карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, тибқи талаботи моддаи 72-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 12 андозсупорандаи қарздор 24 адад қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 2711300 сомонӣ қарор қабул гардида, аз ҳисоби қарорҳои мазкур ба буҷет 2063500 сомонӣ ворид карда шудааст, ки иҷрои маблағи қарорҳо 76 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон аз ҷониби шахсони масъули нозироти андоз нисбати 78 ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 127536 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин маблағ ба буҷет 73959 сомонӣ ворид карда шудааст, ки 58 фоизи маблағи ҷаримаро ташкил медиҳад.

Андозбандии шахсони воқеӣ

Мувофиқи маълумотҳои шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2020 таҳти №42 азнавбаҳисобгирӣ (инвентаризатсия) гузаронида, аз объектҳои ғайриманқул аз шумораи 11645 ба барномаи компютерии СМИИА 13568 адад дохил карда шудааст, ки 117 фоизро ташкил медиҳад. Шумораи объектҳои замин 12788 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 14911, аз он ҷумла 21433 мм биноҳои истиқоматӣ, 17682 мм биноҳои ёрирасон, 9358 мм дигар намуди фаъолият, 17481 мм фаъолияти соҳибкорӣ ва 52,08 га замин ба барномаи СМИИА ворид карда шудааст, ки 117 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 нақшаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дар маҷмуъ ба маблағи 1053000 сомонӣ тасдиқ гардидааст, аз он ҷумла амвол 730000 сомонӣ ва дар ин давра ба буҷет ба маблағи 735556 сомонӣ ворид шудааст, ки ин 101,0 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил дода, ба маблағи 5556 сомонӣ нисбати нақша зиёд буда, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 19119 сомонӣ кам мебошад.

Инчунин, нақшаи андоз аз замини шахсони воқеӣ ба маблағи 323000 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар нуҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 327056 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша 4056 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40000 сомонӣ кам ворид гардидааст.

Оиди баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт мутобиқи маълумотҳои шуъбаи бозрасии автомобили ШВКД-и ноҳия шумораи воситаҳои нақлиёт дар қайд буда 4125 ададро ташкил медиҳад ва нақшаи пешбинишудаи ин намуди андоз 584500 сомониро ташкил дода, иҷроиш он 607408 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда 104 фоизи иҷроиши нақшаро дар бар гирифта, 7408 сомонӣ зиёд аз нақша мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 иҷорадиҳандагони молу мулки шахсони воқеӣ 101 нафаро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 нафар (101-78) зиёд мебошад. Манбаи андоз аз иҷорадиҳандагон ба маблағи 111253 сомонӣ буда, андози даромади ҳисобшуда дар нуҳ моҳи соли 2020 маблағи 126000 сомониро ташкил дода, пардохти андоз дар ин давра 126312 сомониро ташкил додааст, ки ба андозаи 102 фоиз иҷро гардидааст.

Аз тарафи шуъба дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба зиёда аз 11300 нафар андозсупорандагони қарздор ба маблағи 996000 сомонӣ огоҳинома ирсол карда шуда, аз ин маблағ 930000 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Ба ғайр аз ин, аз рӯи маълумотҳои дастрасгардидаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Файзобод ба ҳисобварақаи 55 нафар андозсупоранда ба миқдори 40,86 га замин ва 27875 мм амволи иловагӣ ба барномаи компютерӣ ворид карда шудааст.

Бахши санҷишҳо

Аз ҷониби бахши санҷишҳо, ки айни ҳол ба шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон вогузор гардидааст, дар нуҳ моҳи соли 2020 ба миқдори 16 санҷиши маҷмӯи андоз (барҳамдиҳӣ) гузаронида шуда, маблағи андозҳои ошкоргардида 42312 сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи зикргардида пурра ба ҳисоби буҷети дахлдор ворид гардидааст.

Ба ғайр аз ин, аз тарафи бахш дар 8 нуқтаи савдо муоинаи хронометражӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа ба маблағи 195102 сомонӣ даромади иловагӣ ошкор гардидааст.

Инчунин, дар нуҳ моҳи соли 2020 бо мақсади дарёфти сарчашмаҳо ва манбаъҳои иловагии андоз, бақайдгирии шахсони беқайд ва шахсоне, ки ба меҳнати кироя машғул мебошанд, 2 маротиба дар ҳудуди ноҳия санҷиши амалиётӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад кам буда, дар натиҷа манбаҳои иловагии андозбандӣ ошкор карда шудаанд.

Нисбати мошинаҳои назорати хазинавии дорои хотираи фиксалӣ бошад, дар ин самт дар ҳудуди ноҳия дар нуқтаҳои савдои тавассути пули нақд хизматрасоникунанда ба ҷои 34 адад МНХ ба ҳолати 01.10.2020 ба миқдори 30 адад МНХ-и дорои хотираи фиксалӣ насб карда шудааст, ки нисбат ба нақша ба миқдори 4 адад кам мебошад.

Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод муҳтарам Лоиқов Олимҷон Муҳибуллоевич мегӯяд, ки “ман зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар оилаи корманди мақомоти андоз ба воя расидаам. Падарам Лоиқов Муҳибулло дар чандин ноҳияҳои мамлакат муовини сардори нозирот ва сардор кор карда, ба мо фарзандон, ки 6 нафар писарем, ҳамеша таъкид ба он мекарданд, ки ҳамеша барои худ идеали зиндагиямон Доҳии тоҷикони ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро донем ва чун он кас то ҷон дар бадан дорем, барои Ватан-Модар ва миллати хеш хизмати содиқона намоем. Чунки маҳз ҳамин марди Худо, ҳамин фарзонафарзанди миллат буданд, ки миллати моро аз вартаи парокандагию ноумедӣ наҷот дода, якпорчагӣ ва ваҳдати саросариро таъмин намуда, баъди ҳазорон сол, метавон гуфт, аз нав давлати миллии тоҷиконро барпо намуданд, ки ин хизматашон дар таърихи ин миллату давлат зарҳалкорӣ карда шудааст. Инро аз эътимоду боварии беназири мардум нисбати Пешвои муаззам дар интихоботи се рӯз пеш баргузоргардида, ки беш аз 91% овоздиҳандагон ба он кас овоз доданд, мушоҳида намудем. Кулли ҷаҳониён диданд, ки мардуми тоҷик доҳии худро арҷ мегузоранд”.

— Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод новобаста ба мушкилоти пандемияи КОВИД-19, ки кулли ҷаҳонро фаро гирифтааст, омодаи иҷрои ҳар супоришу дастури раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар Давлатзода М. Мебошад. Зеро, маҳз Пешвои муаззам ва раис буданд, ки солҳои охир Кумитаи андоз ба пешравиҳои беназир дар тамоми самтҳои фаъолият ноил гардида, сабаби пешравиҳои кишвар гардиданд ва имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун яке аз амнтарин давлатҳо шинохта шудем. Аз лиҳози шаффофият ва шароити мусоид барои соҳибкорӣ низ дар мо тамоми шароитҳо барои соҳибкорию тиҷорат муҳайё буда, сол аз сол сафи тиҷорату истеҳсолкунандаи ватанӣ рӯ ба афзоиш мебошад. Барои мо тамоми шарту шароит мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ муҳайё мебошад, фақат кор кардан лозим, ки мо низ омодаи хизмат ба Ватанем,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here