Ноҳияи Нуробод 19 январи соли 1936 таъсис ёфта, то соли 1991 Комсомолобод ном дошт. Баъдан ноҳияи Дарбанд ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 таҳти № 390 номи Нурободро гирифт. Маркази ноҳияи Нуробод шаҳраки Дарбанд мебошад.

Нуробод — дар қисми шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати ноҳия 0,9 ҳазор км2 буда,  95,1 фоизашро куҳҳо фаро гирифтаанд. Ноҳияро аз тарафи шимолу ғарб куҳҳои Қаротегин ва аз тарафи шарқу ҷануб куҳҳои Дарвоз иҳота намудаанд.

Ноҳияи Нуробод дар тарафи шимол ба ноҳияи Ваҳдат, аз ҷануб ба ноҳияи Сангвору Муъминобод ҳаммарз мебошад. Масофа аз шаҳри Душанбе то шаҳраки Дарбанд 153 км-ро дар бар мегирад.

Аз қисмати шарқу шимол дарёи Сурхоб ва аз қисми шарқу ҷануби ноҳия дарёи Хингоб ҷорӣ гардида, дар омезиш бо ҳам дарёи пуртуғёни Вахш оғоз мебахшанд.

Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, чорводорӣ, занбурпарварӣ  ва боғдорӣ мебошад.

Шумораи умумии аҳолии ноҳия 76 ҳазору 664 нафар, аз ҷумла: мардон – 38 030 нафар (49,6 %) ва занон – 38 634  нафар (50,4 %)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак, 6 ҷамоати деҳот ва 114 деҳа мавҷуд аст. Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Нуробод инҳоянд: Дарбанд, ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов, Комсолобод, Муҷихарф, Сафедчашма, Хумдон ва Ҳакимӣ.

Аз моҳи апрели соли 2015 Дӯстзода Ҳасан Тағдир дар вазифаи раиси ноҳияи Нуробод кор мекунад. 

 

САЙРЕ БА ТАЪРИХИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Нуробод – як гӯшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз  таърихи худро дорад. Харобаҳои меросмондаи шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи онро беш аз 2200 сол медонанд, мавҷудияти қалъаҳои Имлоқу Ҷамҳур, Кофирқалъа ва чинори ҳазорсолаи Пунбачӣ аз таърихи тулонӣ доштани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Вожаи «Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозае буд миёни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз. Дарбандшаҳр маркази тиҷоратӣ, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг буд. Роҳи машҳури абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавию густурдаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд. 

Ба қавли олими шинохта Юсуфшоҳ Ёқубов дар асрҳои 2-1 пеш аз милод дар водии Рашт шаҳру деҳаҳои кишоварзон пайдо мешаванд. Ковишҳои археологӣ ва тадқиқотҳо дар харобаи шаҳри Дарбанд, Қалъаҳои Писараку Духтарак, Ботурхон ба он далолат менамоянд, ки дар замони Кӯшониён (асрҳои 2-1 пеш аз милод) дар водӣ шаҳрҳо пайдо шуда буданд. Якчанд кӯшкҳо ва марказҳои фарҳангӣ ва маъмурӣ дар шаҳрҳои Дарбанд, Ғурканд (Ғарм), Диж (Ҳоит) ва Лахш амал менамуданд. Дар асрҳои 7-8 тамоми водӣ ба як шоҳигарӣ муттаҳид мешавад ва шоҳони вай унвони «деҳгони Рашт»-ро доштанд. Ҳангоми ҳуҷуми арабҳо шоҳи ин кишвар ба подшоҳи кишвари Чин нома навишта аз вай хоҳиш кардааст, ки дар мубориза ба зидди арабҳои истилогар мадад фиристад.

Муҳити фарҳангӣ ва ҳавзаҳои илмию адабӣ дар ин сарзамин як зумра суханварону адибон ва донишмандону ҳунармандонро ба камол расонид.  Фарзандони соҳибдевону мутаффакирони ин диёр Эшони Шоҳӣ ва Шайх Абулҳайи Муҷихарфӣ доди суханро додаву дар маҷлису маҳфилҳои мардуми куҳистон шаъми маърифату ирфонро фурӯзон медоштанд ва бо осори арзишманди худ ганҷинаи бебаҳои адабиёти безаволи моро ганӣ гардониданд.

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, тавассути дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду барқарорсозии Дарбанди бостон низ аҳамияти хоса дода шуд.

Тули даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи саросари кишвар шаҳраки Дарбанд аз як мавзеи харобазор ба яке аз шаҳракҳои замонавӣ бо бинову иншоотҳои зебояш табдил ёфт. Аз соли 2009 инҷониб маркази маъмурии ноҳия ба ин шаҳраки зебои Дарбанд кӯчонида шуд.

Имрӯз ин зебошаҳр дар ҳоли шукуфоӣ қарор дошта, рӯз то рӯз симои худро зебову муҳташам намуда истодааст.

 

ОБУ ХОК ВА ТАБИАТИ ЗЕБОИ НУРОБОД

Нуробод як гӯшаи ободу зебо, пурнакҳату ботароват, файзхезу файзрез ва файзбори Тоҷикистон аст. 

Ҳар нафаре, ки ба ин қадамҷои бузургон, макони зисти соликону орифон, сайргоҳи ошиқон, Дарбанди бостон, боре ҳам қадам гузорад, вуҷудашро ҳаяҷони ширину нотакрор фаро мегирад. Ифтихор менамояд, аз гузаштагони некному бо нангу ор, ватанхоҳу ватандорони асил, ифтихор аз шоҳ Ҷамшеду Фаридун, (аз қотилони Заҳҳоки одамхор), ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ.

Табиати Нуробод дилфиребу нозанину афсӯнгар аст.

Боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои софу зулол ва куҳҳои бародарвор паҳлӯи ҳам истодаву сарбафалаккашида дорад Нуробод. Дар дили куҳҳои ин диёри биҳиштосо ҳазорҳо ганҷу асрор маҳфӯзанд.

Аз бағалу доманаи куҳхо чашмаву ҷӯйҳои шуху беқарор ҷорианд. Обҳои мусаффову давобахш дорад, ин гӯшаи куҳистони тоҷик…

Чашмаи «Воғланг» — ин чашма дар тарафи офтобнишини деҳаи Сияҳгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ҷойгир буда, яке аз чашмаҳои серобтарин ва мусаффо ба ҳисоб меравад. Чашмаи «Воғланг» дар мавзеи дилрабое ҷойгир аст, ки макони зиёратгоҳи аҳли тақво ва бинанда гардида, тамошою шинои моҳиён ва нӯшидани як каф оби хунуки он ба кас ҳаловат мебахшад. Аз қадимулайём то ба имрӯз чашмаи Воғланг ҷойи муқаддас ҳисобида шуда, зиёраткунандагони он бо талаби орзую амали нек вориди он мешаванд.

Дар қаламрави ноҳияи Нуробод мувофиқи нишондоди Кумитаи ҳифзи табиат 1500 чашмаҳои зулолу шифобахши хурду калон мавҷуд ҳастанд, ки қисми аз инҳо чун чашмаи Воғланг машҳур буда, зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он гардидаанд. Аз қабили чашмаи Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, чашмаи Кавгакон дар деҳаи Дегаӣ, чашмаи Ёнур дар деҳаи Ёнур.

Аз қаламрави ноҳияи Нуробод ду рӯди бузург: — Сурхоб ва Хингоб мегузаранд, ки саргаҳи дарёи Вахш аз мавзеи деҳаи Сарипули ин ноҳия ибтидо мегирад, яъне сароғози Вахши овозадор ноҳияи зебоманзари Нуробод маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, дар ноҳия рӯдҳои начандон бузурги Муҷихарф, Ҳакимӣ, Луғуроб, Зуманак, Дегаӣ, дашти Гургон ва Роғун арзи ҳастӣ доранд.

Ба ғайр аз рӯдҳои бузургу рӯдчаҳо дар ноҳия кӯлҳои таърихии Самсолиқ, Истон, Ҳазрати Шоҳ, Сари ҷар ва Ҷавчӣ ҷойгиранд. Аз онҳо кӯли Ҷавчӣ бузургтарин буда, масоҳаташ даҳҳо гектарро ташкил медиҳад ва аз сатҳи баҳр дар масофаи 2700 метр ҷойгир мебошад. Ҳамаи кӯлҳои номбаршуда, обҳои ширини истеъмолӣ доранд ва аксари заминҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, Хумдон аз оби ин кулҳо шодоб мегарданд.

Дар ноҳия захираҳои (конҳои) зеризаминии коркарднашуда, аз қабили, кони намаки деҳаи Роғун, кони санги мармари деҳаи Муҷихарф, конҳои ангишсанги деҳаҳои Чепак ва Яхч, кони оҳани деҳаи Шашволон ва кони Сурби куҳи Манор мавҷуданд.

Намаки кони деҳаи Роғуни ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов дар саросари кишвар беҳтарин кони намак маҳсуб ёфта, аз намаки болаззати он аз замонҳои хело қадим то имрӯз мардумони Масчо, Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Обигарму Нуробод истифода мекарданд ва имрӯз низ қисми аз мардуми ин ноҳияҳо аз ин ганҷ истифода доранд. Азбаски намаки ин кон хеле болаззат аст, аҳолии ноҳияи Нуробод аз намаки ин кон бо асбобҳои махсус шаклҳои ҳархела сохта, барои истеъмоли хӯрокҳои миллии қурутобу шакароб то бозорҳои водии Рашт онро бурда мефурӯшанд.

Дар ҳудуди ноҳия қалъаву ёдгориҳои таърихии кашфнашуда хеле бисёранд, ки метавонанд дар ояндаи наздик ин диёрро ба ҳайси як мавзеи хуби сайёҳиву ҷаҳонгардӣ муаррифӣ намоянд. Дар наздикии шаҳри Дарбанд мавҷуд будани харобаҳои қалъаҳои Имлоқу Ҷумҳур исботи қадима будани ин диёри сарсабз мебошад.

 

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ НУРОБОД

Дар ҳудуди ноҳияи Нуробод чунин ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихи-динӣ мавҷуд аст:

Дар ҷамоати деҳоти Комсомолобод:

— мазори Ҳазрати Ҳамза,

— мазори Ҳати Бибӣ,

— қалъаи Кофир,

— чиллахонаи Лангар,

— чашмаи Кабгакон,

— шаршараи Лангар,

Дар ҷамоати деҳоти Хумдон:

— қалъаи Имлоқ,

— мазори Эшон ҳоҷӣ Ғиёсиддин,

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов

— қалъаи Ҷумҳур,

— ғори Деви сафед,

— мақбараи ҳазрати Султон,

— мазори хоча Абдоли Валӣ,

— кони намаки хоҷаи Роғун.

Дар ҷамоати деҳоти Муҷихарф:

— мақбараи Домулло Икром,

— мақбараи Эшон Шоҳӣ,

— чиллахонаи Эшони Шоҳӣ,

— кони санги мармар,

Дар ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ:

— мақбараи Шамсидини Хоҷа,

— ҳавзи моҳии Сияҳгулак,

Дар ҷамоати деҳоти Сафедчашма:

— дараи Уқобон,

— чашмаи Алибақо,

— кӯли Самсолиқ,

Дар шаҳраки Дарбанд:

— қалъаи Дарбанд.

 

“Самак”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here