Дар бораи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара — яке аз бузургтарин деҳаҳои кишварамон борҳо шунида будаму хушбахтона бо баҳонаи тӯйи хонадоршавии фарзанди ҳамкурсам, ду шабонарӯз меҳмонашон будем. 

Вазъи ин деҳа хеле нигаронам кард, махсусан муносибати онҳо бо қирғизон, ки садсолаҳо ҳамсоягии ҳасана доштанд, хеле бад аст. Ду соли охир рӯзе нест муноқишае сурат нагирад ё молу чорвои ворухиён ба яғмо наравад ё порчаи замини кишту чарогоҳашон ғасб нагардад. 

Дуруст аст, ки комиссиюни давлатӣ барои рафъи муноқишаҳо ва муайян кардани марз фаъолият дорад, вале аҳолӣ зимни суҳбат бо мо аз кори ин комиссия изҳори ноқаноатмандӣ карданд. Аксари аҳолии Ворух бар он назаранд, ки аз вазъи воқеӣ Президенти кишварро огоҳ накардаанд ва хоҳони дахолати бевоситаи Сарвари давлат — Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 

Ба қавли эшон минтақае, ки ҳоло қирғизон даъвои аз худ кардани онро доранд ва хеле қитъаҳояшро ишғол ҳам кардаанд, садсолаҳост замини ворухиён буду ҳаст. 

Сараввал, – мегӯянд пирони деҳа,- теъдоди қирғизон хеле кам буданду асосан ба нигоҳубини чорвои хурду калони ворухиён машғул буданд. Ҳоло ки шумораашон ба 2 ҳазор расидааст мехоҳанд ин мавзеъро пурра аз дасти тоҷикон бигиранд ва дар ин кор ҳукумати маҳаллашон ба онҳо кӯмак карда истодаанд. Дар ҳоле, ки аҳолии деҳаи Ворух аз марзи 40 000 гузаштааст. Қирғизон аз мавқеи хуби ҷуғрофияшон истифода бурда, ягона роҳи мошингардро, ки аз деҳаи қирғизнишин мегузарад, рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо банд намуда ба ворухиён хисороти модию маънавию равонӣ мерасонанд.

 Ба қавли мардуми деҳа сангборон намудани нақлиёти ворухиён рабудани чорво, ишғоли чарогоҳҳо, гаравгонгирӣ ва дигар амалҳои номатлуб то ҳол аз ҷониби ҳамсояҳо идома дорад.

 Сӯхторро то аланга гирифтани оташ бояд хомӯш намуд! Ҳар чи зудтар бояд мушкилоти ворухиён бояд ҳалли худро ёбад, зеро вазъ воқеан мутташаниҷ аст.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here