Ноҳияи Муминобод дар қисми шарқии вилояти Хатлон ҷойгир буда, он бо шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Дарвоз ва Шӯробод ҳамсарҳад аст. Масоҳати он 808,6 км квадратӣ буда, аҳолии ноҳия беш аз 91 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Ҳудудҳои ноҳия аз 7 ҷамоати деҳот иборат буда, дар марзи он 4691 хоҷагии деҳқонӣ ва 9 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Муминобод асосан ноҳияи аграрӣ буда, дар марзи он 14703 га замини кишт мавҷуд мебошад, ки аз он 2042 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил намуда, боқӣ заминҳои корами лалмӣ мебошанд. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ то 1.12.2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 490 миллиону 983 ҳазору 700 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати нақшаи дурнамо 103,5% буда, аз он ба соҳаи чорвопарварӣ 202 млн 240 ҳазору 800 сомонӣ ва ба растанипарварӣ 288 млн 742 ҳазору 900 сомонӣ рост меояд. Аз майдони умумии замин дар 10 ҳазору 921 га ғалладона ва лӯбиёгӣ, дар 955 га картошка, дар 589 га сабзавот, дар 688 га зироатҳои техникӣ ва дар майдони 1426 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст. Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 26 ҳазору 618 тонна ғалладона, 16 ҳазору 548,1 тонна картошка, 13 ҳазору 813,3 тонна сабзавот, 4 ҳазору 425 тонна полезӣ, 0,7 тонна пилла, 107,1 тонна асали машҳури Муминобод, 6 ҳазору 443,5 тонна ангур, 14 ҳазору 447,7 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Давоми соли ҷорӣ аз ноҳия 1210 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки нисбати соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Имрӯз дар ноҳияи Муминобод 37 ҳазору 867 сар чорвои калон, аз ҷумла 21928 сар модагов, 124906 сар бузу гӯсфанд, 78782 сар паранда, 3381 сар асп ва 7585 оилаи замбӯри асал мавҷуд мебошад.
Ноҳия аз ҷиҳати техникаи кишоварзӣ қариб ки камбудие надошта, танҳо танқисӣ дар комбайнҳои ғалладарав дорад. Ҳосилнокии картошка, ки яке аз маҳсулоти асосии соҳаи кишоварзӣ буда, сол аз сол майдони он дар ноҳия зиёд карда мешавад, соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 225 сентнерро ташкил намуда, дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ё инфиродӣ то ба 300-350 сентнер расидааст.
Яке аз самтҳои соҳаи кишоварзии ноҳия боғдорӣ мебошад. То 1.12.2017 дар ноҳия майдони боғот 3009 гектарро ташкил менамояд. Давоми се соли охир бошад, дар соли 2015-ум 206 га боғ, аз ҷумла 3 га боғи интенсивӣ ва 647 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар соли 2016-ум 67 га боғ ва 71 адад хоҷагии деҳқонӣ ва дар соли 2017-ум 99 га боғ ва 42 адад хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда шудааст. Ҳамаи ин боғот дар заминҳои санглох, талу теппаҳо ва чарогоҳҳо бунёд карда шудаанд. Дар ояда низ ин равандро мақомоти маҳаллии хокимияти давлатии ноҳияи Муминобод идома дода, самти асосии боғдориро дар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва кӯҳпораҳо тақвият хоҳад бахшид.
Мувофиқи иттилои раиси Кумитаи замини ноҳия мӯҳтарам Амиров Юсуф, «асоси пешравии кори мо аз он иборат мебошад, ки раиси ноҳия, ки кадри дастпарвардаи ноҳия буда, аз соли 1992, баъди хатми донишгоҳ дар ноҳия кор мекунад, метавон гуфт, тамоми ноҳияро ваҷаб ба ваҷаб хуб медонад ва ин аст, ки сол аз сол майдони кишт дар тамоми самт васеъ шуда, соҳаи чорводорӣ низ аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ рушд карда истодааст ва раиси ноҳия намегузорад, ки боғҳо дар заминҳои обӣ ташкил карда шаванд. Воқеан, агар ҳар як роҳбар дар соҳаи замин чунин дилсӯзу ғамхор бошад, олам гулистон мешавад».
Саҳми соҳаи саноат низ дар маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзуда, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ он ба 7 миллиону 372 ҳазору 800 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 115,5 % мебошад.
Ҳоло дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки инҳо ҶДММ «Ёсуман», «Мумин», «Юсуфҷон-Б», «Ҳоҷӣ Карим», «Дилкушо-2016», «Тӯҳфаҳои табиат», «Оила», КТИ «Хайём» ва ХДИИ «Мададгор» мебошанд.
Давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 15 миллиону 553 ҳазору 900 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сохтмонҳои хати обпартои шаҳраки Муминобод, азнавсозии қалъаи Муминобод, сохтмони хонаи истиқоматии 7-ошёнаи 32-ҳуҷрадор, сохтмони Осоишгоҳи бемориҳои сил дар маркази ноҳия, сохтмони идораи ҷамоати деҳоти Деҳибаланд, сохтмони идораи ҷамоати деҳоти Боғгаӣ, сохтмони мактаби №33 дар деҳаи Чилдухтарон барои 200 хонанда, сохтмони осоишгоҳи Чилдухтарон ва марказҳои тиҷоратӣ (4 адад), сохтмони марказҳои саломатӣ дар деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Деҳибаланд ва деҳаи Дашти калони ҷамоати деҳоти Чилдухтарон, сохтмони мағозаи 2-ошёна ва сехи дӯзандагӣ дар деҳаи Боғгаӣ, сохтмони сехи қаннодӣ ва сехи дӯзандагӣ дар кӯчаи А. Партоеви шаҳраки Муминобод, сохтмони мактаб барои 200 хонанда дар ҷамоати деҳоти Н. Назаров ва сохтмони ҳаммом дар кӯчаи Чорсуи ҷамоати шаҳраки Муминобод аз қабили иншооти маблағгузоришудаанд.
Ҳаҷми муомилоти савдо дар ин давра 44 миллиону 184 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,5 % буда, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 35 миллиону 402 ҳазору 400 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,1 % мебошад.
То 1.12.2017 дар ноҳияи дурдаси Муминобод 2142 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, ки аз он ба соҳаи кишоварзӣ 403 ҷой, сохтмон — 995 ҷой, саноат — 100 ҷой, савдо — 43, нақлиёт — 109 ва ба дигар намуди хизматрасониҳо 492 ҷойи кории нав рост меояд.
Шумораи умумии муҳоҷирон 2078 нафар, аз ҷумла 59 нафар занон буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 710 муҳоҷир кам мебошад, ки аз ҷумла занҳо 5 нафар кам ба хориҷи кишвар сафар намудаанд.
Яке аз асосҳои пешравии ҷомеа — ин иҷроиши нақшаҳои андоз мебошад. Иҷроиши нақшаи 11 моҳи соли 2017 ба 104% расонида шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 347 ҳазору 287 сомонӣ маблағ барзиёд ба буҷаи кишвар ворид карда шудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятнок соҳаи маориф мебошад. Соҳаи маорифи ноҳияи Муминобод ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардидааст. Аз ҷумла, муассисаҳои таълимии №6, №13, №15, №49, №22, №47 ва №11 аз таъмири капиталии хушсифат бароварда шуда, дар назди муассисаҳои таълимии №48, 26, 23 ва 25 сию се синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда, тамоми муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти хониш ва шароити хуби замонавии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Давоми се соли охир 66 нафар беҳтаринҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олии таълимӣ соҳиби квотаи президентӣ гардидаанд. Давоми се соли охир аз 4761 нафар хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестӣ 3426 хатмкунандагон барои дохил шудан ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 2044 нафарашон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шудаанд. Иловатан, се соли охир аз ноҳия Муминобод 104 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи кишар дохил гардидаанд, ки ин 65%-и ҳуҷҷатсупорандагонро ташкил намуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаи хуб ба шумор меравад. Агар соли 2015 дар ноҳия 16323 нафар хонанда бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 19402 нафар хонанда рост меояд, ки давоми се соли охир 3079 нафар хонанда зиёд гардидааст. Давоми се соли охир дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар маҷмӯъ соҳиби 139 медал, аз ҷумла 24 медали тилло, 48 медали нуқра ва 27 медали биринҷӣ гардидаанд. Агар соли 2015 теъдоди омӯзгорон дар ноҳия 1415 нафар бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 1624 нафар расидааст, ки аз онҳо 627 нафарашон занҳо мебошанд.
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Муминобод давоми солҳои 2015-2017 хуб аст. Дар соли 2015 дастпарварони ин ноҳия соҳиби 12 медал гардидаанд, ки аз он 26 тилло, 34 нуқра ва 62 биринҷӣ буда, шумораи варзишгарон 98 нафар будааст. Дар соли 2016 бошад, 116 медал аз 14 мусобиқаи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба даст овардаанд, ки аз он 27 тилло, 42 нуқра, 47 биринҷӣ будааст. Шумораи варзишгарон бошад, 104 нафар аст. Дар 11 моҳи соли 2017 дастпарварони ноҳия 143 медал ба даст овардаанд, ки аз он 29 тилло, 92 нуқра ва 50 адад биринҷӣ буда, дар мусобиқаҳо 123 нафар иштирок намудаанд.
Яке аз соҳаҳои муҳим соҳаи тандурустӣ мебошад. Ҳоло дар ноҳия дар системаи госпиталӣ 3 беморхонаи дорои 227 кат, 20 маркази саломатӣ, 29 бунгоҳи тиббӣ ва Маркази санитариву эпидемиологӣ фаъолият доранд. Ба сокинони ноҳия 60 нафар табибон ва 583 нафар кормандони миёнаи тиб хизмати тиббӣ мерасонанд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияи Муминобод филилали Коллеҷи тиббии Кӯлоб фаъолият мекунад, ки дар он 152 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар соҳаи тандурустии ноҳия 234 нафар кормандони хурди тиб ва 105 нафар кормандони техникӣ фаъолияти корӣ доранд.
Агар соли 2015 барои соҳаи тандурустии ноҳияи Муминобод аз буҷаи кишвар 7 миллиону 883 ҳазору 0,95 сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2016 барои соҳаи тандурустии ноҳия 9 миллиону 291 ҳазору 0,60 сомониро ташкил намуда, дар соли 2017-ум 11 миллиону 259 ҳазору 980 сомониро ташкил намудааст, ки дар ин давра, яъне давоми се сол буҷаи соҳаи тандурустии ноҳия 3 миллиону 376 ҳазору 885 сомонӣ зиёд гардидааст.
Ҳоло дар ДДТТ ба номи А. Сино аз ин ноҳияи дурдаст 112 донишҷӯён таҳсили илм доранд, ки аз онҳо 27 нафарашон тариқи квотаи президентӣ, 38 нафарашон буҷавӣ ва 47 нафар донишҷӯён тариқи шартнома таҳсил карда истодаанд.
Дараҷанокии духтурон дар соҳаи тандурустии ноҳияи Муминобод беш аз 51%-ро ташкил менамояд. Инчунин, 5 маркази соҳавии зерсохтори КАТС фаъолият доранд. Бо ташаббуси менеҷери КАТС аз аввали соли ҷорӣ 27 маротиба корвони саломатӣ дар ҳайати мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба деҳоти дурдасти ноҳия сафари корӣ анҷом дода, аҳолиро аз муоинаи тиббӣ баҳри дарёфти касалиҳои сироятӣ ва ошкорношуда гузаронидаанд. Давоми 11 моҳи соли 2017 дар муассисаҳои госпиталии ноҳияи Муминобод 2084 нафар беморон бистарӣ гардидаанд, ки аз онҳо 2041 нафарашон баъди табобат ба хонаҳояшон рафтаанд. Давоми 11 моҳи соли 2017 автомашинаҳои ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ 2158 маротиба даъват карда шудаанд.
Тамоми муассисаҳои тандурустии ноҳияи Муминобод пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, роҳрави беморхонаи марказӣ ба масофаи 60 метр дарозӣ ва васеии 8 метр бетонпӯш карда шудааст. Шӯъбаҳои кӯдакона, бемориҳои амрози даруна, бемориҳои дил, шӯъбаи ҷарроҳӣ, шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, таваллудхонаи марказӣ ва шӯъбаи эҳёгарӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, болопӯши кулли беморхонаи марказӣ таъмири капиталӣ карда шудааст.
Ҳоло дар системаи КАТС-и ноҳия 12 нафар табибони оилавӣ ва 96 нафар ҳамшираҳои тиби оилавӣ фаъолият намуда, давоми 11 моҳи соли 2017-ум 195 ҳазору 969 ташрифи беморон аз тарафи кормандони тиб ба қайд гирифта шудааст.
Бо қарори раиси ноҳияи Муминобод дар деҳаҳои Сайёд ва Шаҳбача бунгоҳи саломатӣ таъсис дода шуд. Бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бемористони Хоҷаи нур пурра аз нав сохта ба истифода дода шуд, ки барои сохтмон беш аз 950 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст. Бо дастгирии раиси ноҳияи Муминобод дар деҳаҳои Личчаки боло, Ғарабдара, Кӯлдамон, Дашти калон ва Хразмонӣ марказҳои табобатӣ сохта шуданд. Бо ташаббуси раиси ноҳия давоми соли 2018-ум 8 маркази саломатӣ ва бунгоҳҳо сохта мешаванд.
Агар соли 2015-ум 2594 навзодон таваллуд шуда бошанд, ин рақам дар соли 2016-ум 2575 нафарро ташкил намуда, дар 11 моҳи соли 2017-ум 2223 нафарро ташкил медиҳад. Агар соли 2015-ум 267 таваллуди хонагӣ ба қайд гирифта шуд бошад, ин рақам дар соли 2016-ум ба 279 ва дар 11 моҳи соли 2017-ум ба 201 таваллуди хонагӣ расидааст.
Баҳри пешрафти соҳаи тандурустӣ ва кулли дигар системаҳои хоҷагидории ноҳияи Муминобод аз тарафи раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур диққати махсусан ҷиддӣ дода мешавад.
Ба гуфтаи Ғоибов Зафарҷон, сокини шаҳраки Муминобод, кӯчаи Амирхон Партоев, «миёни мардум мақоле ҳаст, ки мард вазифаро зеб медиҳад на вазифа мардро! Давоми се соли охир дар раванди корҳои зиёди ободкоронаи ҳукумати кишвар, аз ҷумла Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Муминободи дурдаст он қадар зиёд ободкорӣ шудааст, ки барои ҳамаи онро якояк гуфтан чанд саҳифа камӣ мекунад. Аз ҷумла, мумфарш гардидани беш аз 7 км роҳҳои маркази ноҳия, бунёди Муассисаи бозомӯзии калонсолон, азнавсозии қалъаи Муминобод, бунёди варзишгоҳи калони замонавӣ дар маркази ноҳия, бунёди шӯъбаи маориф дар маркази ноҳия, азнавсозӣ ва бунёди чандин муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, бунёди қасри фарҳанги калонтарин дар вилояти Хатлон, бунёди биноҳои истиқоматии бисёрошёна ва муассисаҳои хизматрасониву меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳову марказҳои тиҷоратӣ натиҷаи хизматҳои раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон мебошад».
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
МАЪЛУМОТНОМАИ МО:
Амиршозода Тоҳирхон Темур 8-уми апрели соли 1968 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1992 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном (рӯзона) ва соли 2003 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Солҳои 1985-86 — Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, 1986-88 — хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ, 1988-92 — донишҷӯи Донишгоҳи аграрӣ, 1992-93 — иҷоракори хоҷагии ба номи Рустам Абдураҳимови ноҳияи Муминобод, 1993-95 — мудири шӯъбаи пешгӯӣ ва ахбороти стансияи муҳофизати растаниҳои ноҳияи Муминобод, 1995-96 — мутахассиси шӯъбаи иқтисод ва робитаҳои хориҷии ҳукумати ноҳияи Муминобод, 1996 — ёрдамчии раиси ноҳияи Муминобод, 1996-2007 — роҳбари Дастгоҳи ноҳияи Муминобод, 2007-2015 — муовини аввали раиси ноҳияи Муминобод, аз январи соли 2015 то ин ҷониб раиси ноҳияи Муминобод. Оиладор ва роҳбари намунавӣ, падари 5 фарзанд.