Хабарнигори МТЖТ ин навбат ба ноҳияи хушбоду ҳавои Муъминобод, ки ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти чорводорӣ ва растанипарварӣ шуҳрат дорад, сафар намуда, бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва дурнамои рушди ин минтақаи файзбори кишвар шиносоӣ пайдо намуд. Зимни суҳбат Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ноҳияи Муъминобод бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, тантанаҳои ваҳдат, шукуфоии мамлакат иброз намуд, ки “Маҳз тавассути талошу такопӯ ва ҷоннисориву сарсупурдагиҳои фарзонафарди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Муъминобод дар қавтори дигар гӯшаҳои Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Натиҷаи ҳамин ибтикорот аст, ки имрӯз маркази ноҳия аз як деҳаи нообод ба шаҳраки замонавии дорои унсурҳои томи ба инфрасутруктураи муосири шаҳрсозӣ мутобиқ табдил ёфтаву ин бунёдкориҳо идома доранд.”

Буҷет

Дар идомаи суҳбат раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозода дар такя ба маълумотҳои пешниҳоднамудаи Раёсати молия ва нозироти андози ноҳия иброз дошт, нақшаи даромадҳои буҷетӣ дар 12 моҳи соли 2018 бо дарназардошти ёрии молиявӣ 47166191 сомонӣ таъмин гардид, ки нисбати нақша 95,3 фоизро ташкил менамояд. Дар ҳамин давра буҷети маҳалӣ 101,5 фоиз иҷро гардида, нисбати нақша 158871 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи хароҷоти соли 2018, 49496479 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои буҷетӣ 47166191 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 94,9 фоиз, тандурустӣ 94,5 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 98 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг ва варзиш 97,5 фоиз ва ба соҳаи кишоварзӣ (бойторӣ) 91,7 фоиз нисбати нақшаҳояшон маблағгузорӣ карда шудааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 қарзи корхонаю ташкилот аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷти-моӣ) 2341770 сомониро ташкил дод, ки нисбати аввали сол ба маблағи 7828 сомонӣ кам гардидааст.

Аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилоти қарздиҳанда ба маблағи 12009912 сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати соли гузашта 1979792 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар соли 2018 тариқи «Равзанаи ягона» дар ноҳия 400 нафар соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла 106 нафар бо шаҳодатнома, 294 нафар бо патент, 445 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 4322 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар соҳибкорони инфиродӣ ва 106 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба буҷети ноҳия 724,8 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Айни замон дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 3,73 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

Кишоварзӣ

Соли 2018 аз ҳисоби 4322 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 4 хоҷагии ҷамоавии дар нозироти андоз ба қайд гирифташуда, дар майдони 14133 (14703) гектар кишти зироати хоҷагии қишлоқ гузаронида шуда, аз ин 9929 (10921) га 90,9 фоиз ба ғалла ва лубиёгиҳо, 695 (688) га ба зироатҳои техникӣ 101 фоиз, 1204 (955) га 126,1 фоиз ба картошка, 672 (589) га 114,1 фоиз ба сабзавот, 1486 (1426) га 104,2 фоиз ба хӯроки чорво рост меояд. Инчунин дар майдони 106 га боғу токзори нав, аз ҷумла 1 га боғи интенсивӣ бунёд намуданд, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2018 ба 561 миллиону 184 ҳазору 700 сомонӣ расонида шудааст.

Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 16557 бех ниҳолҳои сояафкан, 2113 бех ниҳолҳои ороишӣ, 2000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, қаламчаҳои гули садбарг ва дигар гулҳо 58870 бех шинонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Мушкилоти соҳа

Дар рафти мусоҳиба раиси ноҳия аз чанд мушкилоти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ном бурд, ки нокифоя будани корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ (мева, сабзавот, гӯшт, пашм ва пӯст), нокифоя будани маблағгузорӣ барои азхудкунии заминҳои нав ва обёрии онҳо, нокифоя будани таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, баланд шудани нархи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, нокифоя будани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат аз зумраи он ба шумор мераванд.

 

Саноат

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2018-ум 9528,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 736,8 сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Ёсуман» 23,4 тонна  маҳсулотҳои ширӣ, «Шифо-чой» 17300 дона қутии шифочой, «Туҳфаҳои табиат» 41,2 тонна маҳсулоти меваи хушк, «Юсуфҷони Б» 3,6 тонна маҳсулоти нонӣ, «Ҳоҷӣ Карим» 810м3, «Дилкушо» 150 м3 омехтаи қуму сангреза ва ҶДММ «Бароти Шер» 876 ҷуфт либосҳои варзишӣ ва мактабӣ истеҳсол намуда, ба фурӯш бароварданд.

 

Сохтмон ва меъморӣ

Дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 21 миллион 777 ҳазору 700 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 463 ҳазору 800  сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2018 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ 26 адад иншооти иҷтимоию хизматрасонии маишӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба маблағи 4 миллиону 304 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, 7 адад майдончаҳои варзишӣ 3 адад мағозаи хусусӣ, хати оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳои ба номи Н. Назаров ва Деҳибаланд, 3 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони корхонаи коркарди шир,  2 адад боғчаи бачагонаи давлатӣ ва хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагии «Бароти Шер», корхонаи хурди заршӯӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн сохта ба истифода дода шудаанд.

 

Нақлиёт

Дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 169,2 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст, ки 26 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 143,2 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар ҳамин давра барои нигоҳдории роҳҳо 224 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёт, 238 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки дар маҷмӯъ 462 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар ҳамин давра 26 км роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод, 3 км роҳи автомобилгарди деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Ш. Шоҳин, 600 метр роҳи байни деҳаи Шаҳринав сангфарш гардина, 600 метр роҳи самти деҳаҳои Шаҳринаву Тутқавул мумфарш ва 15 адад чароғпоя бо 30 адад лампа насб карда шуда, як адад купрӯк бо обравҳо таъмиру тармим карда шудааст. Аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва соҳибкори ватанӣ дар деҳаи Фурӯзоба, ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ пул (купрӯк) бо дарозии 14 ва паҳноии 5 метр, сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳрак ба масофаи 1км 400 метр роҳу роҳравҳо дар кӯчаҳои И.Сомонӣ ва Т.Раҳимов аз тарафи ҶДММ-и «Хайру Неъмат» мумфарш гардида, 85 чароғпоя бо 170 лампа барои равшаннамоӣ насб карда шуда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд

Дар ҳамин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва аҳолӣ 10 км роҳҳои дохили деҳаҳои ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назаров сангфарш ва ба масофаи 20 км таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон 5,5 км роҳҳои автомобилгард ва 13 км роҳҳои дохили деҳаҳои ҷамоати деҳоти Балхобӣ сангфарш карда шудаанд. Дар ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ба масофаи 2,2 км роҳҳои дохили деҳаҳо сангфарш гардида, роҳи деҳаҳои Хӯҷаинур-Шаҳбача ба масофаи 4,6 км тахту ҳамвор барои сангфаршнамоӣ пурра омода шудааст. Инчунин дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ ба масофаи 1,5 км роҳ сангфарш ва мумфарш карда шуда, канорҳои роҳ барои устувории роҳ бо дарозии 600 метр сангдевор ва обноваҳои бетонӣ сохта шудаанд.

 

Шуғли аҳолӣ

Дар 12 моҳи соли 2018 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1244 нафар шаҳрвандон муроҷиат карданд. Аз ин шумора 374 нафари онҳо занҳо ва ҷавондухтарон ташкил медиҳад, аз ҷумла кӯмакпулӣ таъйин карда шуд 118 нафар, ба касбомӯзӣ 225 нафар, ба корҳои ҷамъиятӣ 107 нафар, ба ҷойи кори доимӣ 764 нафар ҷалб карда шудааст. Инчунин 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шудааст.

Дар ҳамин давра 2261 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки нисбати соли гузашта 183 нафар зиёд аст. Соли 2018 аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути филиалҳои бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда аз хориҷи кишвар ба маблағи 311083919 рубли русӣ, 5410718 доллари ИМА ворид гардидааст.

 

Ҳифзи иҷтимоӣ

Таваллуди умумӣ 2691 (2530) нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 179 (223) ба таваллуди хонагӣ рост меояд. Фавти умумӣ ба 289 (296) нафар баробар аст. Мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида ба 20 фоиз аз шумораи умумии оилаҳои камбизоат, яъне 2254 хоҷагӣ ба маблағи 828100 сомонӣ пардохт гардидааст. Ба 151 нафар оилаҳои фавтида 151000 сомонӣ  кӯмакпулӣ дода шудааст.

Шумораи нафақахӯрон 6696 нафар ва ҳаҷми миёнаи он дар ноҳия 289,6 сомониро ташкил медиҳад.

Мушкилоти соҳа

Норасоии кадрҳо, аз ҷумла набудани духтурони силшинос, таҳлилгар, ҷарроҳи кӯдакона, рентгенолог, норасоии духтурони тибби оилавӣ, рӯҳшинос, сироятшинос ва асабшинос.

 

Маориф

Дар ноҳия 64 адад муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 19754 (19402) нафар хонанда фаъолият мекунанд, ки 9552 (9419) нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ба хонандагон 1624  (1624) нафар омӯзгор таълим медиҳанд, ки аз ин 627 (590) нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 адад интернати ятимон ва бепарасторон бо фарогирии 91 нафар хонанда, 3 адад боғчаи бачагона бо фарогирии 198 нафар тарбиятгирандагон ва 50 адад марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 835 нафар  фаъолият карда истодаанд.

Дар 12 моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии № 6, 9, 10, 18, 20, 32, 40,45,43,54 аз аттестатсия гузаронида шуда, сатҳи сифати дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимии № 24,27 ва гимназияи давлатии «Ҳиммат» мавриди таҳлил қарор дода шуда, дар Шӯрои шуъбаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 605 адад компютер, 132 адад принтер, 25 адад синфҳои компютерӣ, 17 адад проектор, 52 адад ноутбук, 6 адад сканер мавҷуд мебошад. Соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии ноҳияро 1624 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз ин шумора 19 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 нафар ятимони кулли ноҳия тибқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Аз шумораи боқимонда 1624 нафар-1505 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 92,7 фоизро ташкил медиҳад.

Мушкилоти соҳа

Муассисаҳои таълимии № 5, 7, 9, 37, 54 дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

 

Фарҳанг

Дар ноҳия 37 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла: 5 клуб,  23 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 хонаи фарҳанг, 2 клуби сайёр, 1 қасри фарҳанг, 1 театри халқӣ, 1 Ганҷинаи нақди адабии С. Табаров, 1 ансабли фолклорӣ-этнографии «Чилдухтарон» фаъолият доранд.

Дар ҳамин давра дар бахши фарҳанг аз ҳисоби муассисаҳои клубӣ 307 чорабинӣ ва аз тарафи китобхонаҳои оммавӣ 690 чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва зодрӯзи шоирону нависандагон баргузор шуданд. Вобаста ба мавзӯи «Модар-асоси зиндагӣ» конференсия баргузор намуда, 17 маротиба намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ дар назди бинои қасри фарҳанг бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шудааст. Озмуни фалаксароён, Рӯзи ҷавонон, 73-солагии Ғалаба дар ҶБВ, 21-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ, Фестивал-озмуни ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон, Рӯзи муҳофизати кӯдакон, Рӯзи маъюбон, чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Рӯзи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Парчам рамзи давлатдорист”, барномаи консертии идона бо номи “Президент-наҷотбахши миллат”, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ғайра дар сатҳи зарурӣ ташкил карда шуданд.

Мушкилоти соҳа

-Таъмирталаб будани 4 бинои китобхона дар деҳот ва 3 адад клубҳои деҳот;

-Нарасидани технологияи ҳозиразамон (компютер, принтер);

-Надоштани бинои ба талаботи замон мувофиқи мактаби бачагонаи санъат.

 

Танзим

Дар ноҳия бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 8 комиссияи доимӣ ва 35 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон 2 масҷиди ҷомеъ ва 48 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст ва онҳо муътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.

 

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 30208 нафар буда, аз ин шумора 9114 нафарро хонандагон ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия 88 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 75 майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, 10 толори варзишӣ, 1 варзишгоҳ бо теъдоди 7040 ҷойи нишаст ва 2 ҳавзи шиноварӣ барои машғулиятҳои варзишӣ  мутобиқ гардонида шудаанд.

Дар соли 2018 зиёда аз 11680 нафар сайёҳон ба ноҳия ташриф оварданд, ки аз ин 870 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 10810 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки 100 нафар намояндагони ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 1 га боғ бунёд карда шуда ва ин боғи навбунёд «Сайёҳон» номгузорӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки марҳила ба марҳила инфрасохторҳои сайёҳӣ бунёд гашта истодаанд, ки аз рушди босуботи сайёҳӣ башорат медиҳад.

Варзишгарони ноҳия дар давоми соли 2018 дар 11 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 73 медал, аз ин 10 медали тилло, 17 медали нуқра ва  46 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 медал зиёд мебошад.

Инчунин бо дастгирии ФФТ, соли ҷорӣ футболбозони дастаи «Шоҳин» дар чемпионати ФФТ байни дастаҳои мунтахаби Лигаи якум дар соли 2018-ум 24 вохӯрӣ гузарониданд, аз ҷумла 12 вохӯрӣ дар сафар ва 12 вохӯрӣ дар ноҳия гузаронида шуд . Айни ҳол аз рӯи ҷадвали баргузории  вохӯриҳо дастаи «Шоҳин»-и ноҳия дар зинаи 11-ум қарор дорад.

Дар ҳамин давра сохтмони майдончаи варзишӣ дар кӯчаҳои Н. Сафаров ва Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо маблағи 34200 сомонӣ, дар деҳаҳои Сангдараи боло ва Нурободи ҷамоати деҳоти Боғгаӣ майдончаҳои варзишӣ бо маблағи 75,7 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар давраи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳимов Акрам майдончаи варзишии замонавӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

 

Муроҷиати шаҳрвандон

Ба иттилои Амиршозода Тоҳирхон Темур, соли 2018 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод 2361 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 209 адад кам ва 1658 муроҷиати шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017,  51 адад кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии раиси ноҳия тавассути мақомоти болоӣ 57 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки нисбати соли гузашта 19 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла 52 адад, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 2 адад муроҷиат ворид гардидааст.

Муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои баҳси замин, таъмин шудан бо замини наздиҳавлигӣ, таъмини манзили зист, расонидани кӯмаки молиявӣ, таъмин ба ҷойи кор ва таъмини замини кишт вобаста буда, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

 

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Тавре раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур иброз дошт, бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 221 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба  ҳолати 1 январи соли 2019 22 иншоот ё ин ки 10 фоизи онҳо сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла шумораи сохтмони муассисаҳои таълимии банақшагирифташуда 19, таъмири синфхонаҳо 2, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ 4, таъмин намудан бо мизу курсӣ ва компютер 6, кӯдакистонҳо 13, майдончаҳои варзишӣ 21, толорҳои варзишӣ 9, майдончаи бозии кӯдакон 8, маркази савдо 5, бунгоҳҳои тиббӣ 22, марказҳои тиббӣ 2, дорухонаҳо 3, нуқтаҳои хатнакунии кӯдакон 23, меҳмонхонаҳо 1, сартарошхонаҳо 18, кошонаҳои ҳусн 5, ҳаммомҳо 23, корхонаҳои коркарди шир 3, китобхона 4, боғи фарҳангӣ 1, таввалудхона 5, дӯзандагӣ 13, қолинбофӣ 1, дӯхти либоси мактабӣ 1, дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ 1, корхонаи коркарди қуму шағал 2, сохтмони биноҳои маъмурии прокуратура, бахши бойгонӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони хати оби нӯшокӣ ва иваз намудани симчӯбҳои муҳлаташон гузашта дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, азнавбарқарорсозии заводи хишт, бунёди заводи консервабарорӣ ва май, иншооти бузурги мевахушккунӣ ва бандубасти он барои содирот ба хориҷи кишвар, бунёди иншооти сайёҳиву табобатӣ ва осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобати дил дар доираи ин ҷашни бузург ба нақша гирифта шудааст, ки ташаббускори ин ҳама Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  мебошанд, ки мутасаддӣ оид ба 30ғсолаги ҷашни Истиқлолият аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Муъминобод таъйин гардидаанд.

Дар фароварди суҳбат раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхони Темур зикр намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод амр ва супоришҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, минбаъд низ дар шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвар ва муҳайё сохтани шароити хуби зисту маишати сокинон талош меварзад.

 

Саиди Ҳайдар,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here