Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор соли 1986 бо Қарори коллегияи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси СССР дар асоси фармоиши Вазорати тандурустии РСС Точикистон ҳамчун филиали Омузишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ҳисор таъсис ёфта, баъдан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 148 аз 3-юми марти соли 2014 ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор табдил дода шудааст.

Бо талоши пайвастаи роҳбарият ва омӯзгорони соҳибтаҷриба Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор марҳила ба марҳила дар байни аҳолии ҷумҳурӣ соҳиби нуфузу эътибори хосса гардидааст. Ин аст, ки феълан дар Коллеҷ 1917 нафар донишҷӯ аз 52 шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори фарматсевтӣ”, “Кори момодоягӣ”, “Кори тиббӣ-ташхисӣ”, “Кори тиббӣ-профилактикӣ” ва “Кори табобатӣ” ба таҳсили илм фаро гирифта шуда, аз рӯи се номгӯйи маҳорати амалӣ, яъне таълимӣ, таълимӣ-истеҳсолӣ ва қаблаздипломӣ таҷриба меандӯзанд. Аз теъдоди мазкури донишҷӯён 1587 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ба ташнагони илму маърифат ва пайравони Синову Абӯрайҳони Берунӣ 128 нафар омӯзгорони соҳибному хушсалиқа ва болаёқат дарс медиҳанд, ки аз ин 74 нафарашон ҷавонони синну соли то 35 — сола мебошанд. 

Қобили тазаккур аст, ки дар Коллеҷ 3 нафар олимони соҳаи касби худ — Муҳаммадзода Рустам, номзади илмҳои тибб, Сангинов Ҳусниддин ва Бобоев Ҷаҳонгир, ки ҳарду ҳам аспирант мебошанд, таҷрибаи амалии худро ба табибони оянда меомӯзанд.  

 

Таълими амалӣ

Таълими амалӣ дар такмили маҳорат ва саводи донишҷӯён нақши асосӣ мебозад. Бо назардошти ҳамин маҳаки муҳим, роҳбарият ва коллективи омӯзгорони коллеҷ ба таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи  “Таълими амалӣ”, ки онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 тасдиқ намудааст, аҳамияти махсус медиҳанд. Дар коллеҷ тамоми  намудҳои таҷрибаомӯзии донишҷуён тибқи Оинномаи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ва Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сурат мегирад. 

Зикри ин нукта муҳим аст, ки таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин, дар қароргоҳҳои беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонхонаҳо, амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо дар зиёда аз 20 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ин намуди таълим аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбидошта амалӣ мегардад ва он аз ҷониби маъмурият, бахши таълим, бахши таълими амалӣ зери назорати доимӣ қарор дорад.

Азбаски таълими амалӣ қисми асосии ҷараёни таълим мебошад, аз ин лиҳоз, дар ин давра донишҷӯён он донишҳои назариявиеро, ки дар муассисаи таълимӣ азбар намуда буданд, дар амалия нишон дода, ба ин васила маҳорати касбии худро сайқал медиҳанд.

 

Чорабиниҳои ҷамъиятӣ

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор дар баробари роҳандозӣ намудани усули дурусти таълим, ҳамчунин, дар корҳои ҷамъиятӣ низ аз худ ташаббус нишон медиҳанд ва дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ фаъолона ширкат меварзанд. Чунончӣ, дар асоси Амри раиси шаҳри Ҳисор аз 03.01.2018 сол таҳти №2 “Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор вохурӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ дар таърихи 15.01.2018 сол бо иштироки вакили халқии шаҳри Ҳисор Сироҷов Шарофиддин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор Дӯстова Бунафша ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Аминов Ш. баргузор гардид. Ҳамчунин, дар асоси Қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 23.01.2018 сол таҳти №40 ва фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз 25.01.2018 сол таҳти №5 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо донишҷӯён вохӯрию мулоқотҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва ифтихори миллӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Дӯстдори Ватан ҳастем” роҳандозӣ гардид, ки ғолибон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Рӯзҳои 15-17 феврали соли 2018 дар Коллеҷи Ҳисор мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса бахшида ба 25-умин солгарди “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2017-2021” гузаронида шуда дар ин мусобиқа 8 даста аз тарафи донишҷӯён ва 2 даста аз тарафи омӯзгорон бо номи Ҳунармандон ва Сайёҳон иштирок намуданд. Инчунин санаи 22.02.2018 сол дар коллеҷ дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-умин солгарди “Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ баргузор карда шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабинӣ аз тарафи донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарон гузашти ҳарбӣ ташкил карда шуда, дар рафти чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён шеър дар васфи Ватан, Тоҷикистон қироат ва аз ҷониби гуруҳи 22 ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” як саҳначаи диданӣ ва ҷазоб дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан” пешкаш гардид. Дар охири барномаи фарҳангӣ ба ба 17 нафар донишҷӯ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангии “Маҳфили Зарифон”, ки дар байни муассисаю корхонаҳои шаҳри Ҳисор доир гардида, сазовори ҷои аввал гардида буданд ва ба ғолибони мусобиқаи футбол бахшида ба “Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бинобар сабаби пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишварҳо, худдорӣ намудан аз корҳои коррупсионӣ, риоя намудани танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмондадиҳӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайра бо иштироки Холназарзода Ш.И. — муфатиши Прокуратураи шаҳри Ҳисор, Одинаев Ҷ. – ёрдамчии калони Прокуратураи шаҳри Ҳисор ва Далери Абдуғафор – ёрдамчии калони Прокуратураи шаҳри Ҳисор бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва 

Дар баробари ин, дар муассиса, бахшида ба таҷлили Наврӯзи оламафрӯз, 140 –солагии устод Садриддин Айнӣ, бахшида ба соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи дониш, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, Рӯзи Забон, Рӯзи Президенти Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва ғайра маҳфилу чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва маҳорати сайқалдиҳии дониш ба роҳ монда шуданд.

 

“Гурдофарид”-они Коллеҷ

Дар асоси Амри раиси шаҳри Ҳисор аз 23.01.2018 сол таҳти №21 ва фармоиши директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор аз 25.01.2018 сол таҳти №4 “Дар бораи гузаронидани мусобиқаи варзишии волейбол таҳти унвони “Гурдофарид” аз ҳисоби кормандон ва омӯзгорони зерини муассиса барои дарёфти “Ҷоми раиси шаҳри Ҳисор” дар мусобиқа Ҳалимова Сайёра – мудири таҷрибаомӯзӣ, Салимова Дилфуза – омӯзгори фаннӣ “Ҳуқуқ”, Маҳмадалиева Зарина – омӯзгори фанни “Кори фарматсевтӣ”, Тошова Барно – омӯзгори фанни “Забони русӣ”, Уроқова Фарзона – омӯзгори фанни “Кори момодоягӣ”, Хоҷаева Сурайё – омӯзгори фанни “Кори момодоягӣ”, Ҷамолова Муҳаббат – омӯзгори фанни “Асабшиносии кӯдакона”, Атабаева Дилноза – омӯзгори фанни “География”, Атабаева Мақсуда – омӯзгори фанни “Забони русӣ”,  Пирова Мавлуда – омӯзгори фанни “Забони лотинӣ”, Сидиқова Фарзона – омӯзгори фанни “Кори лабораторӣ”, Қодирова Маҳтоб – омӯзгори фанни “Кори фарматсевтӣ” иштирок намуда, номбардори Коллеҷ гардиданд. 

 

“Корвони дӯстӣ”     

Тибқи Қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 19 апрели соли 2018 таҳти №487 дар бораи барномаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 нақшаи чорабиниҳо омода карда шуда, дар таърихи 13-уми апрели соли 2018 дар толори Осорхонаи шаҳри Ҳисор Конференсияи илмӣ амалӣ дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё мешаванд» гузаронида шуд. Дар конфронс зиёда аз 60 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат доштанд. Аз рӯи нақшаи пешбинишуда зиёда аз 150 нафар донишҷӯён ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ҷумҳурӣ таҳти шиори «Корвони дӯстӣ» ба сайру тамошо бурда шуданд. 

 

Беҳтарин оилаҳои табиб ва омӯзгор

Бахшида ба “Рӯзи оила” рӯзи 11 май дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки занон ва оилаҳои рӯзгордида таҳти унвони “Беҳтарин оилаи омӯзгор” ва “Беҳтарин оилаи табиб” гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад шумораи зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, аз маърӯзаҳои баромадкунандагон, ки аз тарафи беҳтарин оилаи омӯзгори “Забон ва адабиёти тоҷик” Халилова Раъно Ҷалиловна ва аз тарафи  беҳтарин оилаи табиб омӯзгори “Кори момодоягӣ” Алиева Хулкар Исаковна ироа гардид, баҳрабардорӣ намуданд.

 

Ҳомиёни Ватан

Маҳз тавассути ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон оид ба сафарбар намудани ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ аз тарафи Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор 5 нафар, аз ҷумла: 1 нафар омӯзгор Ҳасанов Диловар ва 4 нафар донишҷӯ: Тӯраев Иброҳимшоҳ, Ашӯров Қурбоналӣ, Мирзоев Нурислом ва Раҳмонов Мухтор бо амри дил ба адои хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Тазаккур бояд дод, ки дар даъвати тирамоҳӣ низ 1 нафар омӯзгор ва 9 нафар донишҷӯи Коллеҷ ба Сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида буданд. 

 

Донишҷӯён дар “Ашан”

Кормандони Маркази савдои “Ашан” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо донишҷӯён ва омӯзгорон конференсия оид ба қабул намудани корманд аз ҳисоби донишҷӯён ба кори доимӣ баргузор намуданд ва айни ҳол дар Маркази савдои “Ашан” 40 нафар донишҷӯён берун аз вақти дарсӣ бо кори  доимӣ таъмин шуданд ва кор намуда истодаанд.

 

Ҳамовозӣ ба Роғун

Дар таърихи 16-уми ноябри соли равон Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Ба ин муносибат дар варзишгоҳи Ҷавонони шаҳри Ҳисор зиёда аз 7000 нафар тамошобинон ба таври мустақим ба кор оғоз намудани аввалин Агрегати НБО Роғунро тамошо карданд, ки 800 нафар донишҷӯён ва 100 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор низ шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ буданд. Мавриди зикр аст, ки санаи 17-уми ноябр бахшида ба ин саннаи муҳиму такрорнашаванда дар ҳамин варзишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки 480 нафар донишҷӯёни мо иштирокчии бевоситаи ин маъракаи фарҳангӣ буданд.

 

Саҳми Коллеҷ дар Андалеб-2018

Дар ташкил ва гузаронидани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевезионии эҷодиёти халқ”Андалеб-2018” бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор 25 нафар донишҷӯ барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани озмун сафарбар гардиданд. Баъди ҷамъбасти мунсифонаи озмун аз тарафи ҳакамон дар таърихи 22 ноябри соли ҷорӣ шаҳри Ҳисор соҳиби шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2018” гардид, ки саҳми донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар он хеле чашмрас аст. 5 декабри соли ҷорӣ ба иштирокчиёни Фестивал-озмун туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Дар тӯли соли 2018 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор оиди масъалаҳои  “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020”, Пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар байни омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремизм–терроризм ва иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишварҳо, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки корманди Прокуратураи шаҳри Ҳисор Далери Абдуғафор — Ёрдамчии калони Прокурори шаҳри Ҳисор ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Собиров Абдулазиз-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор ва Иноятова Хосият Амоновна мутахассиси пешбари бахши «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор бо омӯзгорон ва донишҷӯён маҷлисҳо барпо карда шуда оид ба масъалаҳои гузаронидашуда корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

 

Корҳои ободонӣ

Тайи солҳои ахир маъмурияти Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор дар баробари пурзӯр намудани корҳои таълиму тарбия ва ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин, батадриҷ ба ободкориҳо низ иқдом менамояд, ки ин амал албатта, намуди зоҳирии муассисаи таълимиро зеботару музайян месозад. Чунончӣ, дар як муддати муайян 2 адад майдончаи варзишӣ барои донишҷӯён аз нав таъсис дода шуд, толори маҷлисгоҳ ба таври замонавӣ аз нав таъмир карда шуд, тӯли 3 соли охир 4 ихтисоси нав — “Кори фарматсевтӣ”, “Кори момодоягӣ”, “Кори табобатӣ” ва “Кори дандонсозӣ”таъсис дода шуд, ки имкон фароҳам овард, теъдоди зиёди донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ҳамаи синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо асбобҳои аёнию таълимӣ муҷаҳҳаз карда шуданд, 1 ошхона ва 1 нуқтаи тезтайёр барои донишҷӯён сохта ба истифода дода шуд, саҳни коллеҷ бо қолини роҳрав (мозайка) рӯйпӯш карда шуд, соли 2014 1 адад бинои таълимӣ аз ҳисоби Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои таълим ба ҳисоби Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор гузаронида шуда, айни ҳол донишҷӯёни коллеҷ дар ин бино таълим гирифта истодаанд.

Дар баробари ин, донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҳамасола дар Олимпиадаҳои байни муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ иштирок менамоянд ва ҷойҳои муайянро сазовор мегарданд, аз ҷумла Қараев Ҳомидҷон дар Олимпиадаи 8-уми донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии ҶТ бо дипломи дараҷаи 3, Ҳабибов Аҳмадҷон дар ҳамин олимпиада бо дипломи дараҷаи 2, Каримова Рухшона ва Ғафурова Фарида дар Олимпиадаи 7-ум бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Айни ҳол дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор 95 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор таълим мегиранд, ки аз ин шумора 74 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ба ин донишҷӯён мунтазам аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Ҳисор ва Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор идрорпулӣ (стипендия) дода мешавад. Инчунин, кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бевосита аз ҳоли донишҷӯёни ятиму бепарастор ба таври доимӣ бохабар буда, дар мавридҳои зарурӣ баҳрашон ёриҳо расонида мешавад.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here