Ба таваҷҷуҳи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, муҳтарама Озода Раҳмон

Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён
Ба таваҷҷуҳи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муҳтарам Султонзода Сулаймон
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Юсуф Аҳмадзод
Ба таваҷҷуҳи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муҳтарам Ибодзода Хайрулло

Баҳри тантанаи адолат ва барои ҳимояи ҳаққу ҳуқуқҳои худ баъди даводавиҳои зиёд дар долонҳои мақомоти дахлдор, мардум дари ҳафтаномаву рӯзномаҳоро кӯфта, хоҳони онанд, ки ақаллан ба ин васила адолат тантана намуда, касе баъди хондани матолиби чопшуда ба доди ин нафарон бирасад.
Аз моҳи октябри соли 2017 сар карда сокини деҳаи Баракати ҷамоати деҳоти М. Турсунзодаи шаҳри Ҳисор Бӯриев Нурмуҳаммад, ки санаи таваллудаш соли 1952 буда, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошад, чандин маротиба муроҷиат намуда, хоҳони гузаронидани тадқиқоти журналистӣ оид ба мусибати ба сарашон омада гардида буд. Гап сари он мерафт, ки 01.12.2016 таҳти №922 ба шаҳрванд Бӯриева Қурбоной, ки завҷаи Бӯриев Нурмуҳаммад мебошад, 0,72 га замини ба ном дар гузашта тутзори хоҷагии 20-солагии Истиқлолият, ки дар деҳаи Баракат ҷойгир мебошад, ҳамчун саҳмияи саҳми хизматашон давоми 45 соли фаъолияти корӣ барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ дода шуда буд. Бояд Бӯриев Нурмуҳамммад ин заминҳоро коркард намуда, дар он зироатҳои гуногуни хоҷагии қишлок кишт намуда, дар ғанӣ гардондан ва амнияти озуқавории кишвар саҳми худро мегузошт. Бо ин мақсад санаи 18-19-уми марти соли 2017 Бӯриев Нурмуҳаммад бо аҳли хонаводаашон, ки зиёда 19 нафарро ташкил менамоянд, барои омода намудани замин барои киштукор ба сари заминашон омада буданд ва он ҷо 406 бех дарахтони тути қутрашон гуногунро, ки аллакай зиёда аз 25 сол пеш хушк шудаанду аз нишонаҳои ҳаёт чизе дар баданашон нест, канда, заминро барои кишти соли 2017 омода кардан хостанд.
Нонуфта намонад, ки тибқи қарори Раиси ноҳияи Ҳисор аз 28.12.2012 №2947 «Дар бораи решакан намудани боғу токзорҳо ва тутзорҳои касал, аз беобӣ хушкшуда ва камҳосили хоҷагиҳои ноҳия» майдони 2,63 га тутзори хоҷагии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон-1 барои решакан намудан ба тасвиб расида буд. Иловатан, Бӯриев Нурмуҳаммад таҳти расиди даромад аз 25.06.2016 №157 ба хоҷагии мазкур ҳамчун пули ҳезум маблағи 4000 сомонӣ ба хазинаи хоҷагии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон-1 супорида буд. Яъне пеш аз кандани ин тутзор, аллакай 10 моҳ пеш, маблағи ин кундақоқҳоро пардохт намуда, иҷозати роҳбарияти хоҷагиро низ барои решакан намудани ин тутҳои қоқшуда гирифта буд. Дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ, ки кормандон МТЖТ аз ин мавзеъ чанд маротиба дидан намуданд, муайян карда шуд, ки ин қитъаи замин ҳамчун ҷазираи мутлақ буда, ягон нафар ба ғайр аз паранда ба ҳудудҳои ин замин даромада наметавонад. Чунки аз се тараф ҷӯйборҳои калон ва чуқурии обгузар, ки чуқуриашон аз 10-15 метр зиёд мебошад, ҷойгир буда, танҳо аз тарафи шарқии замин он ба воситаи манзили истиқоматии сокини деҳаи Баракат Ёров Шариф ба «дунёи беруна» пайваст мегардад. Давоми 40-50 соли охир маҳз оилаи Ёровҳо ин заминро моли мутлақи аз Худованду давлат ба онҳо меросмонда фикр кардаву тамоми фаслҳои сол истифода мебаранд.
Аз рӯи нақли сокинон ва мутахассисони кишоварзии ин деҳа, аз як тараф хушк шудани дарахтон аз сабаби беобӣ бошад, сабаби дигараш маҳз чорвои оилаи Ёровҳо мебошад, ки ин майдони тутзорро ба ин ҳоли зор расонидаанду масъулони хоҷагӣ давоми ин қадар солҳо ин воқеаро нодида гирифтаанд ва маҳз вақте ки Бӯриев Н. мехост он заминро ба киштукори кишоварзӣ омода намояд, ба сари ӯ кормандони мақомоти дахлдор ҳозир шудаву санад ва ҳуҷҷатҳои лозимаро тартиб додаанд, ки гӯё ӯ гуноҳи азимеро содир карда бошад.
Дар вақти суҳбат бо кормандони МТЖТ раиси Кумитаи замини шаҳри Ҳисор Хоҷаев Алишер иброз намуд, ки «баҳри таҳқиқи ин масъала сармутахассиси ин идора Ганҷалов Раҷабалӣ ҷалб шуда буд. Вале ман ба шумо иттилоъ медиҳам, ки агар қарори дахлдор оид ба решакан намудани ин тутзорҳо ба тасвиб расида бошад, он қувваи қонунӣ дорад. Замин, ки боигарии давлат аст, бояд баҳри рушду нумуи кишвар хизмат намояд. Вале дар масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани Бӯриев Н. ман чизе гуфта наметавонам. Ҳол он ки, мувофиқи гуфтаи шумо, вай ҳатто маблағи дарахтони хушкшударо ба хоҷагӣ пардохт намудааст».
Барои боз ҳам возеҳтару равшантар ва қонунӣ будани решакан намудани ин тутзорҳоро маълум кардан ба Вазорати кишоварзии ҶТ бо мактуби расмӣ муроҷиат намуда, аз Вазорат дархост намуда будем, ки қонунӣ будан ё набудани кирдори Бӯриев Н.-ро бо ташкил намудани як комиссия ва таҳқиқи ҷои воқеа санҷанду хулосаашонро ба мо ирсол намоянд. Мувофиқи мактуби Вазорат аз 22.11.2017 таҳти №4/8-2531 ба мо маълум гардид, ки дар ҳақиқат ин майдонҳои дар гузашта тутзор аз сабаби касалӣ ва беобӣ хушк шудаанд ва амали Бӯриев Н. мувофиқи мақсад буда, бояд мақомоти судӣ ба он баҳои ҳуқуқӣ медоданд. Мувофиқи ин санад ва мактуби Вазорати кишоварзии ҶТ, заминҳои ба хоҷагии деҳқонии Бӯриев Н. таалоуқ дошта ба заминҳои таъиноташон кишоварзӣ дахл доранд. Ҳол он ки, дар мурофиаи судӣ ин заминҳоро ҳамчун заминҳои фонди хоҷагии ҷангал ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист баҳо додаанд. Барои чӣ барои истифода намудани замини ба худаш тааллуқдошта Бӯриев Н.-ро дар маҷмуъ ба маблағи 156 ҳазору 800 сомонӣ ҷаримабандӣ намуда, гузашта аз ин, ҳамчун ҷинояткори ашаддӣ ба ӯ доғи судӣ часпониданд?
Дар мардум мақоле ҳаст, ки «Офтобро бо доман пӯшонида намешавад». Гарчанде Ёров Шариф бо аҳли хонаводааш аз ин зиёд тутзорҳоро кандаву он ҷо манзили истиқоматии дуошёнаву оғилхонаву биноҳои хизматрасон сохта ва ин майдони тутзорро пурра аз ҳисоби молу чорвои худ хушк намуда бошанд ҳам, касе аз тафтишгарон ба ин ҷаноби воломақом «ҳайфи ту» нагуфтаанд. Ҳол он ки, сабабгори бадбахтии ба сари ин замин омада маҳз аҳли оилаи Ёровҳо буда, гузашта аз ин, ин мавзеъ ва қабристони дар наздикии он ҷойгирбуда ба аҳли ин оила чун манбаи даромади муфт хизмат менамояд.
Дар ҷараёни корҳои тадқиқотии худ мутмаин гардидем, ки сардори 19 нафар аҳли як хонадон, шахсе, ки наздики 50 соли умри худро барои хизмат ба ин Ватан сарф кардааст ва гузашта аз ин, пурра бо роҳи фиреб намудани ӯ аз тарафи раисикунандаи мурофиаи судӣ бе таҳқиқи аслии воқеа ва бо роҳи фиреб гирифтани забонхати ӯ ӯро маҳкум намудаанд. Ва агар баҳри тантанаи адолати судӣ ва волоияти қонун як маротиба бигузор касе набошад, рафта аз мардуми аҳли ин деҳа ё собиқадорону куҳансолон дар ҷои воқеа пурсон мегардиданд, кор нуран алонур мешуд. Ва ин мешуд як падидаи нав дар пешбурди корҳои судӣ.

Саиди ҲАЙДАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here