Паёми Пешво — дастурамали раҳнамо

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар соли 2020 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ вобаста ба рушди соҳаи маорифи кишвар қайд намуданд, кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда барои рушду нумӯи соҳа, аз ҷумла, дар таълиму тарбияи насли наврас ва корҳои ободкориву созандагӣ саҳми назаррас гузошт. Дар давраи ҳисоботӣ аҳли маорифи шаҳр дар самти баланд бардоштани сифати дониши хонандагон ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти худро дар асоси нақша — чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Барномаҳои давлатии соҳавӣ мақсаднок ба роҳ мондаанд. Бо мақсади такмил ва рушди таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русиву англисӣ ва фанҳои дақиқ масъулони шуъба ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкил намудани дарсҳои иловагӣ, марказу маҳфилҳои техникҳои ҷавон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар доираи “Барномаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” инкишоф додани қувваи зеҳнии хонандагони болаёқат дар тадбирҳо андешиданд.

Самтҳои фаъолият

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баҳри инъикоси самтҳои фаъолият, дастовардҳо ва рушди истеъдодҳои аҳли маорифи шаҳри Гулистон ба ин минтақаи хушбоду ҳавои кишвар сафар намуд. Дар рафти суҳбат мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Нурмуҳаммад Мирзозода зикр намуд: Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои тахассусманди омӯзгорӣ масъалаи муҳим ва ҳаррӯзаи шуъба маҳсуб ёфта, ҷиҳати ҷалби омӯзгорони касбӣ мунтазам корбарӣ карда шуда истодааст. Доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади коҳиш додани эҳтиёҷот ба кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ 26 нафар омӯзгорони ҷавон ба кор қабул карда шуданд. Ҳамзамон, дар ин давра ҳайати кормандони шуъбаи маориф дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои шуъбаи маориф дар дарсҳои омӯзгорон иштирок карда, бо таҳлили дарсҳо барои пешрафти кор ёрии методӣ расониданд. Дар шуъба барои гузаронидани семинарҳои фаннӣ кабинети методӣ вобаста карда шуда, барои дар зери назорати доимӣ қарор доштани таълимгоҳҳо ва кӯдакистонҳо, роҳбаладон масъул гардонида шудаанд.

Мувофиқи омори баҳисобгирии кадрҳо, дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 1511 нафарро ташкил дод, ки мутаносибан 525 нафар дорои маълумоти олӣ, 42 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 50 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус буда, аз ин миён 25 нафар устодон дорандаи нишони Аълочиёни маориф ҳастанд. Музди меҳнати омӯзгорон сари вақт пардохт карда мешавад ва дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маоши кормандон қарз мавҷуд намебошад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар назди Шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназия буда, мувофиқи омор 10031 (аз ҷумла, 4806 духтарон) нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар 419 синф тақсим карда шудаанд.

Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани сифати дарсҳои омӯзгорон, ободу зебо гардонидани муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, дар машварати назди мудири шуъбаи маориф баррасӣ карда шудаанд, ки ин ҳам барои беҳтар намудани фаъолияти таълимгоҳҳо мусоидат менамоянд.

Ҳавасмандагардонии лаёқатмандон

Дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр санаи 04.11.2020 дар МТМУ №1 даври дуюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон аз 13 фанни таълимӣ байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва гузаронда шуд. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории Олимпиадаи фаннии хонандагон дарёфт намудани хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби толибилмон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Дар озмун 114 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштирокчиён 47 нафар хонандагон ба гирифтани ҷойҳои ифтихории 1, 2 ва 3-юм ноил гардиданд. Ҳамзамон, ғолибони даври шаҳрӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуданд. Раванди озмун ҷиҳати таъмини шаффофият аз тарафи корманди Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маориф ба навор гирифта шуд.

Инчунин, дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳр, ки аз санаи 16.11.2020, №164 ба тавсиб расидааст, санаҳои 21.11.2020 ва 22.11.2020 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 Олимпиадаи фаннии хонандагон аз 13 фанни таълимӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун 287 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии синфҳои 9-10 иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштирокчиён 53 нафар хонандагони ба ҷойҳои ифтихории 1, 2 ва 3-юм ноил гардиданд. Ҳамчунин, 23 нафар хонандагони синфи 10 ва 17 нафар синфи 9 ба даври сеюм (вилоятӣ)-и Олимпиадаи даставӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон бо ифтихорномаи шуъбаи маориф ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

 Машъалафрӯзони “Фурӯғи субҳи доноӣ

Даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ роҳандозӣ шудааст, дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо теъдоди 850 нафар довталабон баргузор гардида, аз ин теъдод беш аз 100 нафар ба даври дуюм (шаҳрӣ) роҳхат пайдо намуданд. Даври шаҳрии озмун  санаҳои 17 — 18 июли соли 2020 дар кохи фарҳангии “Истиқлол” -и маркази шаҳр баргузор шуд. Ғолибони давраи аввал аз рӯи се зинаи синнусолӣ ва панҷ номинатсия муайян гардиданд. Дар зинаи синнусолии аввал байни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз номинатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони классикии тоҷик Файзуллозода Нафиса хонандаи синфи 9-и МТМУ №14 сазовори ҷойи якум, Сафарова Амина хонандаи синфи 9-и МТМУ №3 Консой сазовори ҷойи дуюм ва Самадова Мафтуна хонандаи синфи 11-и МТМУ №1сазовори ҷойи сеюм, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик дар зинаи синнусолии аввал Зебуннисои Суҳроб хонандаи синфи 9-и МТМУ №1 сазовори ҷойи якум, Туйқулова Фотима хонандаи синфи 10-и МТМУ №13 сазовори ҷойи дуюм ва Давлатов Мирзосаид хонандаи синфи 9-и МТМУ №3 сазовори ҷойи сеюм, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона Мирзоқулова Нозия хонандаи синфи 4-и МТМУ №14 сазовори ҷойи якум, Орифаи Исматулло хонандаи синфи 7-и МТМУ №1 сазовори ҷойи дуюм ва Қодирова Саноат хонандаи синфи 6-и МТМУ №14 сазовори ҷойи сеюм, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон Зебои Собитдухт хонандаи синфи 10-и Гимназияи №1 сазовори ҷойи якум, Бойматова Маҳваш хонандаи синфи 4-и Гимназияи №1 сазовори ҷойи дуюм ва Байзакова Динара хонандаи синфи 9-и МТМУ №3 сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин, дар зинаи дуюми синнусолӣ байни донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва дигар шахсони хоҳишӣ аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик Саидов Исмоил омӯзгори МТМУ №14 ва докторанти МДТ ДДХ-и ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик зинаи синнусолии дуюм Абдуллоев Фаридуншоҳ сармутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Шуъбаи маориф ва магистранти МДТ ДДХ-и  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум, Раҷабов Абубакр хонандаи МТМУ №2 сазовори ҷойи дуюм ва Имомов Имоммуҳаммад хонандаи МТМУ №1 сазовори ҷойи сеюм, дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон Раҳматуллоева Ирода мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф ва магистранти МДТ ДДХ-и ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум ва Султонов Анвар  хонандаи МТМУ №1сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамчунин, дар зинаи синнусолии сеюм байни омӯзгорон, ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адибони классики тоҷик Раҳмонова Зубайда омӯзгори МТМУ №1 сазовори ҷойи якум ва Ниёзова Муҳаббат омӯзгори МТМУ №3 сазовори ҷойи дуюм, дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони бачагона Ҳусейнов Маҳмадқул сазовори ҷойи сеюм ва дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони  ҷаҳон Боева Нилуфар директори МТИ шаҳри Гулистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Лозим ба зикр аст ки дар номинатсияи панҷум шоирӣ, ки барои ҳамагуна синнусол якранг сурат гирифт, танҳо Нозияи Шуҳратназар хонандаи синфи 8-и МТМУ №10-и шаҳраки Зарнисор бо қарори ҳайати ҳакамон сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.

Пас аз анҷоми ҳамаи номинатсияҳо бошад, бо раъйи якдилонаи ҳайати ҳакамон Саидов Исмоил омӯзгори МТМУ №14 ва докторанти МДТ ДДХ-и ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ба даст овардани Шоҳҷоиза мувофиқ шуморида шуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва зиёд намудани шавқу завқи хонандагон ва иҷрои Амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 нафар хонандагон ва 12 нафар устодону волидон ва аъзои ҳакамон барои қадрдонӣ бо Сипосномаи Раиси шаҳри Гулистон пешниҳод гардиданд.

Даври вилоятии озмун 23 -25 сентябри соли 2020 дар муассисаи таълимии «Мактаби Президентӣ»-и шаҳри Бӯстон баргузор гардид, ки дар он 22 нафар довталабон аз шаҳри Гулистон иштирок намуданд. Дар натиҷа Саидов Исмоил омӯзгори МТМУ №14 ва докторанти МДТ ДДХ-и ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номминатсияи хондан ва ҳифз намудани осори адибони классики тоҷик дар зинаи дуюми синнусолӣ сазовори мақоми дуюм гардида, бо дипломи дараҷаи 2 ва 7000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, хонандаи синфи 4-и муассисаи таълимии №14 Мирзоқулова Нозия аз номминатсияи хондан ва ҳифз намудани ашъори бачагона сазовори мақоми сеюм гардида, бо дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ ба маблағи 4000 сомонӣ шарафёб шуд. Хонандаи синфи 9-и МТМУ №14 Файзуллозода Нафиса ва омӯзгори МТМУ №1 Раҳмонова Зубайда бошанд, аз номминатсияи хондан ва ҳифз намудани осори адибони классики тоҷик сазовори мақоми ифтихорӣ гардида, бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардиданд. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 4 нафар довталабон аз шаҳри Гулистон роҳхат ба даст оварданд.

 Ҷилои истеъдодҳо

Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ 11 номгӯи маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ, бо шумули курсҳои омӯзишии «Компютерӣ», «Забони русӣ», «Ҳисобдон», «Дӯзандагӣ», «Сӯзанидӯзӣ», «Рӯзғордорӣ», «Рассомӣ», «Табиатдӯстон», “Бофандагӣ” ва “Забони англисӣ” ташкил карда шуда, ба он 16 нафар корманд бо ҷалби 456 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва МТМУ №8 — и ҷамоати шаҳраки Сирдарё фаро гирифта шудаанд ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда машғулиятҳо мегузаронанд.

Вобаста ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он корбарӣ карда шуда истодааст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо чандин маротиба аз тарафи воситаҳои ахбори умум ба намоиш гузошта шуданд. Дар маҳфилҳои ҳунаромӯзии назди Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо омӯзиши ҳунарҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда шуда, аёният ва корҳои дастисози аъзоёни маҳфилҳо дар намоишҳои ҷашнии сатҳи шаҳриву вилоятӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Сохтори шуъбаи маориф дорои интернат ва мактабҳои махсус намебошад. Бо хонандагони лаёқатманд омӯзгорони алоҳида кор мебаранд ва санҷиши дониши онҳо ба воситаи маниторинг муайян карда мешавад. Онҳо бештар ба маҳфилҳои Марказҳои илмӣ-амалии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсили иловагӣ ҷалб карда шуда, аъзоёни он дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ ҷалб карда шудаанд.

Мушкилотро кадрҳо рафъ мекунанд

Дар давоми соли 2020 муассисаҳои таълимии шаҳр ба омӯзгорони технологияи иттилоотӣ, забони русӣ, математика (таълимаш бо забони русӣ) эҳтиёҷ дошта, дар аввали соли таҳсили 2020-2021 эҳтиёҷоти кадрҳо бартараф карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади коҳиш додани эҳтиёҷот ба кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ 26 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуданд. Ҳамчунин, 64 нафар омӯзгорон барои гирифтани ихтисоси дуюм дар донишгоҳ идомаи таҳсилдошта, 28 нафар омӯзгорон, ки ҳоло донишҷӯ мебошанд, дар муассисаҳо кору фаъолият мебаранд.

Дар ин давра, дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.06 №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» корбарӣ карда шуд. 17 нафар мутахассисони ҷавони дар соли таҳсили 2020-2021 бо ихтисосҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти рус, физика, география, тарбияи ҷисмонӣ, забони англисӣ, математика, химия, суруд, биология ва олигофренопедагогика ба ҷои кор ҳозир шуда, бо фармоиши мудири шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омӯзгор ба ҷои кор таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, 9 нафар мутахассисони ҷавони дигар, ки донишгоҳро тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, бо майлу хоҳиши худ бо ариза муроҷиат намуда, ҳамчун омӯзгор ба кор таъмин карда шуданд. Мутахассисони ҷавоне, ки бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба кор таъмин карда шуданд, дар асоси фармоиши директорони муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорони собиқадору ботаҷриба вобаста карда шудаанд.

Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ

Айни замон дар 15 муассисаи таълимии шаҳр 88 кабинетҳои фаннӣ ва 24 озмоишгоҳ бо лавозимотҳои зарурӣ ва айёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ таҷҳизонидани 10 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шуда, айни замон бо дастгирии МИҲД шаҳри Гулистон дусаду ҳаштод ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, мавриди корбарӣ қарор дорад. Аз ҷумла, 4 кабинети суруд ва мусиқӣ, 2 кабинети химия, 2 кабинети физика, 2 кабинети биология, 2 кабинети география дар маҷмӯъ 12 кабинет дар соли таҳсили 2019-2020  муҷаҳҳаз гардонида шуд. Барои соли таҳсили 2020-2021 таҷҳизонидани боз 10 кабинети фаннӣ ба нақша гирифта шуда, корбарӣ карда шуда истодааст.

Дар маҷмӯъ то имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон оид ба амалигардонии «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», 22 кабинети фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Айни замон таҷҳизонидани боз 10 кабинети фаннӣ барои соли 2020 ба нақша гирифта шуда, корбарӣ карда шуда истодааст.

Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамкориро бо муассисаҳои томактабии шаҳру шаҳракҳо пурқувват намуда, баҳри сиҳатманду хушзеҳн, ватандӯсту инсонпарвар ба воя расонидани насли хурдсол  чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар шаҳри Гулистон 10 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 9 кӯдакистони давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 1679 нафар тарбиятгирандагон фаъолият мебаранд. Муассисаҳои таълимии томактабӣ бо кадрҳои роҳбарикунанда пурра таъмин мебошанд. Бо мақсади коҳиш додани кӯдакони дар навбатистода ва ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбия, дар назди муассисаҳои таълимӣ 20 гуруҳи маркази инкишофи нутқи кӯдак бо ҷалби 389 нафар тарбиятгирандагон таъсис дода шудааст.

Дар ҳамаи кӯдакистонҳо мураббиён машғулиятҳоро аз рӯи ҷадвали тасдиқшуда бо истифодаи аёниятҳои дастисохт ва дигар маводҳои дидактикӣ мегузаронанд.

Таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ

Шаҳри Гулистон дорои 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 9 муассисаи таълимии томактабӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ мебошад. Заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мунтазам бо дастгирии МИҲД, сарпарастон, шахсони саховатманду эҳсонкор ва кумитаи падару модарон таъмиру тармим карда мешаванд.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 35000 сомонӣ ба кудакистони №11 шахраки Консой барои таъмиру тармим намудани  роҳрав, дарвоза, ва ҳуҷраи кории мудир ва сармуҳосиб, ба кӯдакистони №1 ба маблағи 46000 сомонӣ барои таъмири роҳрави қабати якуми муассиса, ба кӯдакистони № 3 ба маблағи 50000 сомонӣ барои барқарор намудани як гуруҳи аз фаъолият бозмонда ва ба кӯдакистони №22 ба маблағи 10000 сомонӣ барои таъмири фасади бинои муассиса ҷудогардида аз таъмир бароварда шуд.

Дар соли 2020 аз тарафи МИҲД-и шаҳри Гулистон ба МТМУ №2-и шаҳраки Чорухдаррон панҷ ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмири роҳрав, МТМУ №6-и шаҳраки Зарнисор чорсаду ҳафтод ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмири кулли муассиса ҷудо карда шудааст. Ба  МТМУ №15 сесад ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмири кулл рафта истодааст. Ба МДТТ №1-и маркази шаҳр чорсад ҳазор сомонӣ маблағ барои таъмир ва рангубор, хонаи либосшуӣ, қисман тирезаҳои бино (пластикӣ), МДТТ №3-и маркази шаҳр дусаду шасту ҳафт ҳазор сомонӣ маблғ барои таъмири роҳрави ошёнаи якум, ҳуҷраи мудири хоҷагӣ, ҳамшираи тиб, ҳуҷраи либосшӯӣ, ошхона ва гирду атрофи муассиса, панҷарабандӣ ҷудо карда шудааст.

Бо зикри ин дастоварду пешравиҳои соҳа, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Нурмуҳаммад Мирзозода иброз дошт: Албатта, дар ҷое, ки кор ҳаст, пешравӣ ҳам дида мешавад. Бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина, беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат мо — аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here