Аз ҳосили бесобиқаи тарбуз то пирӯзиҳои беназири Комроншоҳи Устопириён

Ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои пешрафтаи кишоварзии кишвар аст, ки бо ҳосили фаровон, бахусус картошка машҳур гардидааст. Сокинони меҳнатқарину ободкори ноҳия бо сарафрозию шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати одилонаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсамар кору фаъолият намуда, дар давоми нимсолаи якуми соли 2017 зери роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ба натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардиданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2017 воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои марбута баҳри иҷрои амалии 73 барнома, 7 консепсия, 6 стратегияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида чораҷӯӣ намудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба иҷлосияҳо — иҷлосияи нӯҳум ва даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардидааст, ки дар онҳо 9 масъала, аз он ҷумла рафти татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» дар ноҳияи Мастчоҳ мавриди баррасии ҳамаҷонибаи вакилон қарор дода шуда, вобаста ба ин қарорҳои дахлдор ба тасвиб расидаанд. Вакилон инчунин дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаи тасдиқи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳро ҳамаҷониба муҳокима намуда, оид ба ин масъалаи ҳаётан муҳими ноҳия қарори дахлдор қабул кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 120,2 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 27 млн 617 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда амалан 33 млн 185 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 5 млн 568 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ин дар ҳоле аст, ки иҷро кардани нақшаи андоз дар аксар шаҳру ноҳияҳо ба як мушкили печида, — бо назардошти вазъи сангини бӯҳрони иқтисодӣ ба мушкили печида бадал гардидааст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 118,6 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 37 млн 686 ҳазор сомонӣ 44 млн 696 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 7 млн 10 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 117 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 24 млн 574 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, нисбати нақшаи пешбинишуда 3 млн 575 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи якуми соли равон аз тарафи биржаи молу мулки вилояти Суғд 1 адад амволи давлатии ноҳия ба маблағи 119 ҳазору 332 сомонӣ фурӯхта шудааст. Дар ноҳия 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 385,8 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот 452 доллари ИМА. Лоиҳаҳои мазкур ба маблағи умумии 386252 доллари ИМА маврид татбиқ қарор доранд.
Дар ноҳия 4 корхонаи сохтмонӣ фаъолият мебаранд, ки дар онҳо 136 нафар сохтмончиён кор мекунанд. Ташкилотҳои сохтмонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 7 млн 988,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 млн 121,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Инчунин, дар ин давра ҳаҷми корҳои бинокорию васлгарӣ 2 млн 565,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 560,7 ҳазор сомонӣ кам аст. Умуман, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 8 млн 141,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки 25 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар секторҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 20211 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла 2286 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 4005 гектар зироатҳои равғандор, 10233 гектар пахта, 146 гектар сабзавот, 13 гектар картошка, 2173 гектар полезӣ, 1353 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз тараф хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ ва аҳолӣ ба миқдори 1087,2 тонна гӯшт, 9288,8 тонна шир, 5918 ҳазор дона тухм, 79 тонна пашм, 2,6 тонна пилла, 8 тонна асал истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 афзоиши маҳсулот аз 101 то 150 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2017 дар ноҳия, мувофиқи маълумоти оморӣ, корхонаҳои саноатӣ ба миқдори 46 млн 607,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта 11 млн 788,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 133,9 фоизро дар бар мегирад. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 1 млн 817 ҳазор сомонӣ қувваи барқ фурӯхта шуда, пардохти он 1 млн 947 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки 107,2 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад. Пардохти умумии ҳаққи барқи истифодашуда аз ҷониби ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия бо назардошти идораи хоҷагии оби ноҳия ба 65,6 фоиз баробар шудааст. Яке аз камбудиҳои соҳа — ин нарасидани равғани трансформатор, нарасидани сутунҳои оҳану бетонӣ мебошад. Муаммои асосии ин соҳа пардохт накардани ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби идораи хоҷагии оби ноҳия мебошад, ки то ин дам қарзи он ба миқдори 12 млн 892 ҳазору 571 сомонӣ баробар гаштааст.
Дар ноҳия 3 адад мусассисаҳои нақлиётӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 адад муассисаи нақлиётии боркашон ва 2 адад муассисаи нақлиётии мусофиркашон мебошад. Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои нақлиётӣ 495,6 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст, ки 102,8 фоизи соли гузаштаро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон 19,7 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати соли гузашта 80 фоизи ҳамин давраи солаи гузаштаро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 барои таъмин ва нигоҳдории роҳҳо ба миқдори 46271 сомонӣ корҳои таъмири роҳҳо иҷро гардидаанд, ки 103 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар ин давра бо дастгирӣ ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи Президенти мамлакат 2,7 км роҳи мошингарди Бӯстон — Азизобод бо асфалти гарм пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, ҷараёни кор дар ин самт идома дорад.
Дар ноҳия 46 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 2 литсей фаъолият намуда, дар онҳо 1650 омӯзгорон фаъолият намуда, 22158 нафар хонандагон (10514 нафар духтарон) ба таҳсил фарогир гаштаанд. Давоми нимсолаи аввали соли равон аз 1205 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумӣ 872 нафар онҳо ё худ 72,3 фоиз аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.
Дар соҳаи фарҳанги ноҳия 1 Қасри фарҳанг ва Филармонияи халқӣ, 1 хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 клуб, 18 китобхонаи оммавӣ, 1 мактаби мусиқии бачагонаи санъат ва боғи фарҳангу истироҳат амал мекунанд, ки дар онҳо 131 нафар, аз ҷумла 27 нафар бо таҳсилоти олии тахассусӣ, 15 нафар бо таҳсилоти олии умумӣ, 50 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус ва 39 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кор мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1496 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 242 адад кам аст. Аҳолии ноҳия дар нимсолаи якум 121192 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора кӯдакони то 17-сола 43272, наврасони то 18-сола 10219, занҳои қобили таваллуд 31352, кӯдакони то 5-сола 15412, шахсони аз 60-сола боло 6407 нафар мебошанд. Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 58900 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 135 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мебаранд, аз ҷумла 23 нафар хизматчиёни давлатӣ, 2 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 3 нафар вакили ноҳиявӣ, 19 нафар вакилони ҷамоатҳо, 190 нафар сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Дар мактаби захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 25 нафар ҷавондухтарони лаёқатманд ба қайд гирифта шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 22 маркази омӯзиши адрасбофӣ, 3 нуқтаи қолинбофии дастӣ, 4 нуқтаи кешбофӣ ташкил карда шудааст, ки занону духтарони ноҳия дар ин марказҳо маҳорату малакаи касбиашонро такмил дода истодаанд. Дар нимсолаи аввал духтарони ноҳия наздики 6900 метр атлас, адрас, бодомча, беқасаб ва карбос истеҳсол намудаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 ба шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 2668 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 1061 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ба 2009 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуда, 448 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардида, ба 142 нафар кӯмакпулӣ дода шудааст.
Бахшида ба Соли 2017 — Соли ҷавонон чорабиниҳо ба миқдори 224 адад бо фарогирии беш аз 24788 нафар ҷавонон доир карда шудаанд. Махсусан, баргузории аксияи умуминоҳиявии «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» беш аз 32718 нафар ҷавононро баҳри татбиқи ғояҳои инсонпарваронаву ватандӯстонаи Сарвари муаззами миллат муттаҳид намудааст. Дар нимсолаи 2017 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумхуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудхои варзиш дар мусобиқаҳо ширкат варзида, 517 медал гирифтаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии нафақахӯрон 8668 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2016-ум 396 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 5740 нафарашон нафақаи синнусолӣ, 956 нафарашон нафақаи маъюбӣ, 455 нафарашон нафақаи бесаробонӣ, 1517 нафарашон нафақаи иҷтимоӣ иҷтимоӣ мегиранд.
Мувофиқи ҳисоботи бахши хадамоти муҳоҷират дар ноҳия алҳол 7180 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ки аз ин шумора 6944 нафарашонро мардон, 472 нафарро занону духтарон ташкил мекунанд. Дар нимсолаи аввал 2265 нафар муҳоҷирон ба шуғл ва таҳсил фаро гирифта шудааанд.
Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Пешвои миллат ба 21 нафар ятимони кулл сарулибоси идона ва ба маблағи 21 000 сомонӣ ба ҳар яке 1000 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шудааст. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, хоса раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба 6 нафар собиқадорони соҳа кӯмаки яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ба хар кадоме 500 сомонӣ дастрас гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкор Ниёзов Н. ва мусоидати бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ тӯйи хайриявии 4 ҷуфт навхонадорон ва хатнасури 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шудааст. Дар ин давра бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ ба ятимони кулл ва шахсони яккаву танҳо 14000 сомонӣ ва инчунин дар иди Рӯзи модар аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 150 халта орд кӯмак карда шудааст. Инчунин, дар арафаи таҷлили дигар иду ҷашнвораҳо ба 400 нафар аз оилаҳои камбизоат ва маъюбон 40 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, алҳол дар ҳудуди ноҳия фарогирии мавҷҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шабакаҳои ТВТ — 96,49%, ТВС — 94,94 %, ТВҶ — 90,54%, ТВБ — 67-80%, радиоҳои Тоҷикистон — 95-15%, Овози тоҷик — 68,63%, Садои Душанбе — 70,71% ва ТВ «Суғд» 85%-ро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2017 ба унвони раиси ноҳия 215 адад мактубҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, 229 адад аз мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва 542 адад аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия ворид гардиданд. Инчунин, 1649 нафар сокинони ноҳия бо аризаҳои хаттии худ, ки аз ин 34 нафар ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 нафар ба унвони раиси вилояти Суғд ва ба унвони раиси ноҳия 1437 нафар муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон 1491 адад баррасӣ гардида, 58 адади он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди омӯзиш қарор дорад.
Хулоса, бо вуҷуди таъсири бемисли буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода нақши сазоворе дар рушди вилояту ҷумҳурӣ мегузорад. Агар ки то солҳои наздик Мастчоҳ бо картошкаи худ дар ҳудуди ҷумҳурию берун аз он маъруф буд, соли охир ҳосили бемисли тарбуз ва пирӯзиҳои пайиҳами ҷаҳонпаҳлавон Комроншоҳи Устопириён номи ноҳияро вирди забонҳо гардонид.
«ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here