Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба соҳаи маориф аҳамияти бештар медиҳанду талаб менамоянд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди ин соҳаи муҳим чорабиниҳо сурат гиранд. Дар навбати худ, масъулини соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар бо дастгирӣ аз дастурҳои Пешвои муаззами миллат фаъолияти худро ҷоннок месозанд. Инҷо метавон аз талошҳои пайгиронаи масъулини шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдовар шуд.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи маориф, татбиқи Консепсияҳои миллии таҳсилот ва тарбия, Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф, мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии мактабҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Маълумоти мухтасар
Дар ноҳия 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 1 литсей, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 4 кӯдакистон фаъолият доранд.
То соли 2018 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳсилоти иловагӣ, бахши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағҳои умумии соҳаи маориф маблағгузорӣ мегардиданд, ки акнун мустақилияти молиявӣ гирифтаанд.
Ба таълиму тарбияи 31702 нафар хонандагон, аз ҷумла 15106 нафар духтарон 1845 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 798 нафар занон машғул ҳастанд, ки аз онҳо бо таҳсилоти олӣ 1426 нафар (582 зан), бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 257 нафар (102 зан) мебошанд. Шумораи хонандагон дар соли 2018-ум 30899 нафар ва шумораи омӯзгорон 1426 нафарро ташкил менамуд. Норасоии кадрӣ аз рӯйи фанҳои таълимии дар нақша нишондодашуда аллакай ҳалли худро ёфтааст.
Агар дар соли 2018-ум 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 260 нафар амал менамуданд, соли 2019 бошад, дар собиқ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 муассисаи таҳсилоти томактабии №4 ба фаъолият шуруъ намуд, ки фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ ба 290 нафар расонида шудааст.
Корҳои сохтмонӣ
Агар дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар назди МТМУ №30 дувоздаҳ синфхонаҳои иловагӣ сохта шуда бошад, пас дар соли 2019 ҷиҳати сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф кори муайяне ба иҷро расонида шудааст. Сохтмони бинои таълимӣ дар назди гимназияи давлатӣ дар маркази ноҳия, муассисаи таълимии №43 дар деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод идома дошта, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №44 дар деҳаи Марғоби ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ба истифода дода шудааст. Сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №42 воқеъ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №51 оғоз гардида, идома доранд.
Инчунин, тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 — 2021” азнавсозии бинои МТМУ №7, воқеъ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №№8, 25, 42 воқеъ дар деҳаҳои Гулобод, Гулистон ва Навободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, сохтмони бинои иловагӣ дар назди МТМУ №56 дар деҳаи Қиёнчашмаи ҷамоати деҳоти Чубек, сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Панҷоб, дар деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, сохтмони Маркази таҳсилоти иловагӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Аввали моҳи апрели соли гузашта дар Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №35 бо иштироки раиси ноҳия, намояндагони сафоратхонаи Япония, кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорону хонандагони мактаб, аҳли деҳа дар вазъияти тантанавӣ санги асос барои сохтмони бинои нави мактаб барои 320 ҷой гузошта шудааст.
Китобу китобхонӣ
Дар давоми соли 2019 аз Маркази табъу нашри назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба миқдори 41876 адад китобҳои дарсӣ ба маблағи 407618 сомонию 89 дирам ба шуъбаи маориф ворид карда шуда, ҳамаи онҳо дастраси мактабҳо гардидаанд. Инчунин, рӯзҳои 1, 8, 15, 22.06.2019 китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар чорабинии ҷумҳуриявии «Китоб — манбаи дониш», ки дар Боғи фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардидааст, давра ба давра иштирок намуда, барои китобхонаҳои мактабӣ китобҳои бадеии бачагона, аз адибони классик ва муосири тоҷик ба миқдори 325 адад ба маблағи 4394 сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ гардидаанд.
Рӯзи 21.05.2019 дар толори шуъбаи маориф бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи тахтаи электронӣ аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «ЮСАИД» семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Биё ҳамроҳ бихонем» баргузор гардида, дар ҷараёни он аз ҳисоби ин ташкилот бо теъдоди 12400 адад китобҳои бачагона барои кӯдакони то синни 12-сола қабул карда шудааст.
Бозомӯзии омӯзгорон
Аз аттестатсияю аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ гузаронидани таълимгоҳҳо яке аз шохаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб ёфта, бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №№1, 2, 5, 6, 12, 41, 15, 54 барои аз аттестатсия ва дар 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштан ташхису санҷишҳо гузаронида шудааст.
Шуъбаи маориф ба таъмини омӯзгорон дар курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон диққати махсус додааст. Дар давоми соли гузашта 375 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун ба курсҳои зикргардида равон карда шуда, 187 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз курси таълими салоҳиятнокӣ гузаштаанд.
Дар давоми соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рафти амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2014, №427 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаҳои таълимии ноҳия санҷида шуда, доир ба он қарори дахлдори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.
Дар давоми моҳҳои май — ноябри соли гузашта намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз рӯйи «Барномаи рушди таҳсилот, такмили малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос» дар МТМУ №№2, 52 бо коллективи омӯзгорон ва волидайн вохӯрӣ гузаронидаанд.
Таъминот бо либоси мактабӣ
Дар давоми соли 2019 ҷиҳати таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабӣ аз ҷониби ҶДММ «Даҳбед» дар асоси шартнома 10453 ҷуфт либоси мактабӣ, аз коргоҳи дӯзандагии шаҳри Бохтар 2000 адад ва аз корхонаи дӯзандагии «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳия 550 адад, инчунин аз Маркази омӯзишӣ-истеҳсолии назди шуъбаи маориф 2500 адад, ҷамъ 15503 адад сарулибоси мактабӣ ворид карда шудааст, ки ба 100,3 %-и нақша баробар аст. Дар ин давра дар назди коргоҳи дӯзандагии «25-солагии Истиқлолият»-и ноҳия ярмаркаи фурӯши сарулибос ва ашёи мактабӣ ташкил карда шудааст.
Истироҳати тобистона
Тибқи нақша соли гузашта истироҳати тобистонаи мактаббачагон дар назди 41 муассисаи таълимӣ дар ду давра бо ҷалби 1650 нафар (давраи аввал 1025 нафар ва давраи дуюм 625 нафар) ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон, сарпарастон, ашхоси саховатпеша, инчунин маблағҳои сарикасии мактабҳо лагерҳои истироҳатии баъзе мактабҳо бо хӯроки гарми яквақта таъмин гардидаанд. Инчунин, аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳия аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ 16 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дар ин давра ба Маҷмааи фароғатию истироҳатии «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб фиристода шудаанд.
Иштирок дар озмуну олимпиадаҳо
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ хонандагони ноҳия ба гирифтани 50 медал сарфароз гардида, 11 нафар барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, хонандагони синфҳои 11-и ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони давлатӣ иштирок намуда, дар ҷамъбасти онҳо хонандаи синфи 11-и МТМУ №20 Ҳакимов Азимҷон Абдувалиевич аз фанни забони русӣ ба гирифтани ҷои дуюм ва медали нуқра ва Нилуфари Искандаршоҳ аз МТМУ №4 аз фанни забони давлатӣ ба гирифтани ҷои сеюм ва медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.
Дар олимпиадаи байналмилалии «Кенгуру» хонандаи синфи 10-и МТМУ №4 Шоҳрухи Аҳрор медали тилло ва хонандаи синфи 6-и МТМУ №17 Раҳимов Вайсиддин медали биринҷиро сазовор гардидаанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии наврасон хонандаи синфи 8-и МТМУ №39 Исмоили Рустам ҷои дуюм ва медали нуқра гирифтааст. Дар ҷамъбаст хонандагони ноҳия дар ҷумҳурӣ соҳиби 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар ҷамъбасти озмуни вилоятии «Донояк» хонандаи синфи 4-и МТМУ №8 Ризоев Саид сазовори ҷои дуюм ва хонандаи синфи 3-и МТМУ №17 Ҳисайнов Идрис соҳиби ҷои ифтихорӣ гардидаанд. Хонандаи синфи 6-и МТМУ №4 Гадоев Эҳсон ба озмуни вилоятии «Хонандаи сол» роҳхат гирифта, хонандагони МТМУ №16 дар озмуни минтақавии «Ватанпарвар» ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб гаштаанд.
Хонандаи МТМУ №34 Темурова Рухшона дар озмун — фестивали ҷумҳуриявии наврасон ва ҷавонон аз рӯи расмкашӣ сазовори ҷои дуюм гардида, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 Акрамова Нигина дар озмуни вилоятии «Мураббияи сол» сазовори ҷои ифтихорӣ шудааст.
Дар ин давом 8 нафар хонандагони МТМУ №№15, 40 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквандо сазовори 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардидаанд. Чавгонбоздухтарони МТМУ №23 дар ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷои сеюмро соҳиб гаштаанд.
Рӯзи 20.05.2019 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 тибқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф ҷамъбасти «Ҳафтаи Лоиқхонӣ» дар мавзӯи «Лоиқ буду лоиқи ин давру замон буд» гузаронида шуда, хонандагони МТМУ №№12, 27, 54, литсей ва гимназияи давлатӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гаштаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар моҳи сентябри соли гузашта бахшида ба рӯзҳои «Рӯдакихонӣ» ва «Мавлавихонӣ» чорабиниҳои мухталиф гузаронида шудаанд.
Дар моҳи ноябри соли гузашта хонандагони муассисаҳои таълимии №2 (2 нафар — Шаҳнозаи Рустам, Шарифов Бузургмеҳр) ва №23 (Тураев Қурбоналӣ) дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок намуда, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ онҳо ба гирифтани Дипломи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ноил гардидаанд.
Идомаи таҳсил
Фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз 29.01.2019, №544 «Дар бораи анҷоми соли хониши 2018-2019 ва аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ» дар шӯрои шуъбаи маориф бо иштироки ҳамаи роҳбарони таълимгоҳҳо баррасӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои он нақшаи мукаммали чорабиниҳо таҳия, тасдиқ ва дастраси мактабҳо гардонида шудааст.
Дар давоми моҳҳои февралу марти соли гузашта тамоми фаъолияти кормандони шуъба ҷиҳати ҷалби хатмкунандагон ба ММТ равона карда шудааст. Дар ин давом тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф семинарҳои фаҳмондадиҳӣ бо омӯзгорон, хатмкунандагон ва падару модарони онҳо ҷиҳати ҳуҷҷатсупорӣ ба нуқтаҳои бақайдгирии ММТ-и назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, супоридани ИМД (Имтиҳонҳои Марказонидашудаи Дохилшавӣ) бо истифодаи доскаи электронӣ ва ҳамаи таҳлилҳо гузаронида шудаанд.
Дар ноҳия се сол боз нуқтаи бақайдгирии ММТ (Маркази миллии тестӣ)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МТМУ №2 фаъолият намуда, ҳамасола аз 01.03 корро оғоз менамояд. Дар соли 2019 ба ММТ аз шумораи умумии 2169 нафар хатмкунандагон 1891 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки 87,2 %-ро ташкил медиҳад. Дар ҷамъбасти ИМД аз ин шумора 1295 нафар (60%) ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд. Ин шумора бе назардошти дохилшавӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 нафар), ба муассисаҳои таҳсилоти олии сохторҳои қудратии мамлакат ва бе ММТ (267 нафар), курсҳои кӯтоҳмуддат (150 нафар), литсейҳои касбӣ-техникӣ (165 нафар) мебошад. Инчунин, 66 нафар хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил гардидаанд. Ҳамагӣ дохилшавии хатмкунандагон 1964 нафар ё 90,5%-ро ташкил медиҳад.
Соли хониши 2018 -2019-ро 30891 нафар хонандагон ҷамъбаст намудаанд. Баҳои солона бе назардошти шумораи хонандагони синфҳои якум чунин аст: баҳои «5» — 5976 нафар (22,2%), баҳои «4» — 13193 нафар (49,1%), баҳои «3» — 7624 нафар (27%). Дар ҷамъбасти соли хониш хатмкардаи литсейи давлатии №1 Фурқати Давлатмуродзода бо аттестати аъло ва медали тилло сарфароз гардида, 26 нафар хонандагон синфи нуҳумро бо шаҳодатномаи аъло хатм намудаанд. Ин ҳолат аз ҷониби раиси вилоят қадрдонӣ гардида, хатмкунанда ва директори муассиса бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардидаанд.
Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, муҳтарам Алишер Исоев бо қаноатмандӣ аз кори маорифчиёни ноҳия мегӯяд, ки “мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиддан фаъолият бурда, талош мекунем, ки соли хонишро бо дастовардҳои беназир ҷамъбаст намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузорем”.
МТЖ