Афзалият ва нуқси маблағгузории сарикасӣ

Инак, соли даҳум аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз тариқи сарикасӣ ё меъёрӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Зимнан, пеш аз он ки ин усули маблағгузории соҳаи маориф рӯи кор гирифта шавад, нахуст давоми ду сол онро дар чанд шаҳру ноҳия санҷиданд ва ба хулосае омаданд, ки он дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар татбиқ карда шавад. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1-уми октябри соли 2007, таҳти рақами 505 “Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” то соли 2010, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ин усули маблағгузорӣ татбиқ карда шуд. Бо ҳамин қарор ҷадвали гузариш ба ин усул ва меъёри минималӣ ва коэффитсиенти махсус барои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) тасдиқ карда шуданд. Ҳамчунин, соли 2010 Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки онро вазоратҳои молия ва маориф таҳия ва тасдиқ намудаанд, мавриди амал қарор гирифт. Ба ин минвол заминаҳои қонунгузории ин усул муҳайё гардида, инак даҳ сол аст муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз онҳо кор мегиранд.

Татбиқи ин усули маблағгузорӣ аз усули собиқ куллан фарқ менамуд. Қаблан аз буҷет барои соҳа маблағ ҷудо мегардид ва тақсимот ба ҳар муассиса ба салоҳдиди раёсати молия ва шуъбаи маориф буд. Яъне сарвари муассисаи таълимӣ дастнигари ин ду ниҳод буд. Баъди татбиқи ин усул акнун ӯ дигар чун роҳбарони ҳар коргоҳи дигар ба маблағи аз буҷет барои муассиса ҷудошуда ихтиёрдорӣ менамояд, мактабаш муҳосиб ҳам дорад.

Ин яке аз афзалиятҳои усули маблағгузории сарикасӣ аст. Бартарияти дигараш, тавре коршиносон мегӯянд, ин усул ба истифодаи босамари маблағҳои буҷет мусоидат намуда, ҳавасмандии муассисаҳои таълимиро меафзояд, фарогирии хонандагонро ба таҳсил беҳтар мекунад, масъулияти муассисаи таълимӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллиро зимни ҷудо намудани маблағ ба сари ҳар як хонанда ва ҷалб намудани миқдори бештари хонандаҳо ба муассисаҳои таълимӣ меафзояд.

Тавре муҳосиби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент Раҳимқул Холмуродов, ки собиқаи беш аз чилсолаи меҳнатӣ дорад ва аз оғози татбиқи ин усул чун муҳосиби мактаб кор мекунад, мегӯяд, “тақсимоти маблағ аз буҷети маҳаллӣ мутобиқи формулаи зерин, ки гумон мекунам ба ҳар нафар фаҳмо аст, сурат мегирад:

БМ=ШХ*МХ+ММ

Ин ҷо БМ — буҷети мактаб, ШХ — миқдори хонандаҳо ба 1-уми январи соли молиявӣ, МХ — меъёри минималӣ барои як хонанда вобаста ба типи мактаб, ММ — меъёри минималӣ барои як мактаб мутобиқи типи мактаб аст”.

Мутобиқи ин тартиб соли 2020-ум ба ҳар як нафари 810 хонандаи мактаби мазкур 951 сомонӣ, ҷамъ 770310 сомонӣ, барои мактаби онҳо, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, 146452 сомонӣ, дар маҷмуъ ҷудо кардани 946762 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Оё ин маблағ ҳама хароҷоти муассисаро мепӯшонад? Дар ҷавоби ин савол боз ҳамон мақол ё қоидаи маъмули риёзии “аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир намеёбад” ба ёд меояд. Яъне татбиқи усули маблағгузории сарикасӣ роҳ ё тартиби нисбатан босамари истифодаи маблағҳои буҷети соҳаи маориф аст, ки ба сарварони мактабҳо мустақилияти бештар медиҳад, онҳоро ба ҳисобу китоби саҳеҳ ва хоҷагидории босамар водор менамояд. Афзоиши маблағгузорӣ ба имкониятҳои буҷети маҳаллӣ ва дар маҷмуъ буҷети ҷумҳурӣ вобаста аст.

Ҳарчанд давоми даҳ соли гузашта маблағгузорӣ ба ҳар хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар миқёси мамлакат аз 244 ба 951 сомонӣ, барои ҳар мактаби миёна аз 45159 ба 176452 сомонӣ расидааст ва ин меъёр бо назардошти имкониятҳои буҷет ҳамасола зиёд карда мешавад, онро ҳанӯз идеалӣ унвон карда намешавад. Бояд гуфт, ки 71 дарсади маблағҳои ҷудошуда барои пардохти маош масраф мешавад ва ин дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тақрибан ҳамингуна аст. Рӯи ниёз овардани мактабҳо ба волидон ва соҳибкорон низ аз ҳамин ибтидо мегирад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ, ки дар Панҷакент камшумор ҳастанд, ба ҳар нафар хонанда 1162 ва ба ҳар муассиса 69653 сомонӣ меъёр муқаррар шудааст. Воқеан, ин меъёр ҳамасола мутобиқи имкониятҳо дар буҷети мамлакат пешбинӣ мешавад ва раёсатҳои молия дар маҳалҳо аз он кор мегиранд. Барои муассисаҳои томактабии давлатӣ, ки аз соли 2016 инҷониб ба ин низом гузаштаанд, барои соли 2020 ба ҳар тарбиягиранда 2174 ва ба ҳар кӯдакистон 103716 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Арафаи соли нави милодии 2021 дар Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент сарварони муассисаҳои таълимӣ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар буҷети мактабҳое, ки аз ҷониби хадамоти Агентии назорат дар соҳаи маориф аттестатсия ва аккредитатсия пешбинӣ гардидааст ва барои ин то 5000 сомонӣ пардохт муқаррар шудааст, дарёфти маблағ душвор аст.

Ин гуна хароҷот дар буҷети мактаб пешбинӣ нашудааст. Дар муассисаҳои калони серхонанда шояд имкони “манёвр” дар доираи маблағҳои ҷудошуда ҳастанд, вале дар ин ҳол муассисаҳои камталабаи деҳот чӣ бояд кунанд, маълум нест. Барои ҷуброни норасоии маблағ барои макотиби хурди деҳот ҷудо кардани 5 фоиз аз буҷети муассисаҳои серхонандаро Дастурамали маблағгузории сарикасӣ муқаррар кардааст, вале бо ин ҳам ҳамаи хароҷоти мактабҳоро пӯшонидан душвор аст.

Мушкилии дигар марбут ба ҷойивазкунии хонандаҳо дар мактабҳо баъди оғози соли молиявӣ аст, ки маблағҷудокунии сарикасӣ мутобиқи шумораи хонандаҳо дар ин вақт сурат мегирад. Хонандаҳое, ки баъди ин бо сабабҳои гуногун ҷои таҳсилашонро иваз мекунанд, маблағи сарикасиашон то соли дигар он ҷо мемонад. Ҳалли ин қазия дар низоми сарикасӣ пешбинӣ нашудааст. Дар низоми ваучерии маблағгузорӣ бошад, маблағи барои ҳар хонанда муқарраршуда дар ваучер ё хазинаи худи ӯ меистад ва вақте ба мактаби дигар мегузарад, пулаш низ ҳамроҳаш меравад.

Дар ҳар сурат, низоми маблағгузории сарикасӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф, ки ҳоло бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ба талаботи замон мутобиқ намудани соҳаи маориф идома дорад, тағйироти мусбат аст. Омӯхтани ҳусну қубҳи ин усул, такмили он аз ҷониби мутахассисон ба манфиати кор хоҳад буд.

Б. ОДИНАЗОДА,

Х. ФОЗИЛ

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмилалии Бритониёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here