Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гардида истодаанд. Зеро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ин шаҳр имрӯз корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, масъулони мақомоти маҳал кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Бунёди 96 иншоот то соли 2021

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, ки бахшида ба ин санаи бузурги таърихӣ дар шаҳр бунёди 96 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 68 адади он сохта ба истифода дода шуд.

— Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Маблағи умумии иншооти сохташуда дар шаҳр бештар аз 28 миллиону 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- гуфтанд аз мақомот.

Айни замон дар 28 иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, масъулони мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони бонангу ори ватан ва сокинони сарбаланди шаҳр талош доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишваро бо дастовардҳои назаррас пешвоз бигиранд.

Бунёди корхонаҳои саноатӣ

Ҳамчунин, масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ният доранд, ки дар соли 2021 коргоҳи истеҳсоли оби ҷав бо иқтидори 15000 литр дар як шабонарӯз, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо тавоноии 10000 литр дар як шабнарӯз, коргоҳи истеҳсоли консерва бо тавоноии 140 тонна меваю сабзавот дар як шабонарӯз, коргоҳи истеҳсолии нассоҷӣ, муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст бо харҷи 4,5 миллион сомонӣ ва даҳҳо иншооти дигарро ба истифода диҳанд, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар онҳо пеш рафта истодааст.

Иншооте, ки дар доираи ин ҷашн дар шаҳр сохта шуда ва ё сохта мешаванд, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, майдони парчам, биноҳои корхонаву ташкилотҳо, қаҳвахона, сехи дӯзандагӣ, истгоҳи нақлиётӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, биноҳи баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, пулҳои мошингузар, гулгашту хиёбонҳо ва чароғонкунии маркази шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот мебошанд.

Таъмири роҳҳо

Бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳр, Вазорати нақлиёти кишвар ва соҳибкорону шахсони ҳимматбалнд дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо харҷи 4 миллиону 977 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингарди шаҳри Левакант таъмири асосӣ, ҷорӣ ва сангфарш гардида, ҳамчунин пулҳои мошингузар ва қубурҳо таъмир шудаанд. Айни замон таъмири дигар роҳҳои харобгаштаи маҳаллии шаҳр рафта истодааст.

Нақшаҳо созандаанд

Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тасмим доранд, ки то соли 2021 аксари кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар шаҳр бартараф сохта, сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам боло бардоранд ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешаванд, сари вақт иҷро намуда, шаҳри Левакантро ба як шаҳри зебои кишвар табдил диҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here