Набудани муассисаи томактабию таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва толору майдончаи варзишӣ дар як деҳаи нисбатан калони ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон боиси ташвишу саргардонии зиёди сокинон гардидааст.
Наздики 600 сокини деҳаи «Болшевик»-и ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён камобеш 84 сол инҷониб аз надоштани муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдони варзишӣ дар маҳали зисташон танқисӣ мекашанд. Сокинони ин деҳа зимни суҳбат гуфтанд, ки солиёни зиёд инҷониб фарзандони онҳо масофаи дарози роҳро тай карда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60-и деҳаи “Чорбоғ”-и ноҳия мераванд. Ин дар ҳолест, ки муассисаи мазкур шароити ғунҷоиши онҳоро надошта, аз ноилоҷӣ ду вагони фарсуда ҳамчун синфхона истифода шуда истодаанд.
— Дар ҳақиқат аз деҳаи мазкур ҷамъ 60 хонанда ду-се километрро пиёда тай карда, ба мактаби мо меоянд, ки ин барои онҳо хеле душвор аст,- мегӯяд сарвари муассиса Савринисо Шарифова.- Азбаски хонандагони синни хурд гоҳо ба дарсҳо дер ҳозир мешаванд, дарсҳои синфҳои ибтидоии онҳо дар басти дуюм гузаронида мешаванд.
Дар ин росто, омӯзгори ҷавон Алишер Яъқубов аз он изҳори таассуф намуд, ки бинобар нарасидани ҷойи нишаст дар як миз се хонанда ҷой карда мешавад, ки ин асосан ба ҷараёни навиштан халали ҷиддӣ мерасонад. “Дар ҳамин вагонҳои хурд то 30 хонанда ҷой карда шудааст. Ва аз ҳама мушкил дар фаслҳои гармою сармост. Зеро дар тобистон нафас тангӣ мекунаду дар зимистон хунук мехӯрӣ”,- илова кард ӯ.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кибриё Нурмаҳмадзода эътироф кард, ки аз мушкили толибилмони деҳаи “Болшевик” ва ҳамрадиф, мактаби рақами 60 огоҳ аст, аммо ба гуфти ӯ, барои ҳалли ин мушкилӣ мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маориф тадбир андешида истодаанд.
Ба қавли собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти “Заргар” Абдулҳамид Абдуллоев, аз деҳаи болозикр дар маҷмуъ 100 кӯдаку наврас ба мактабҳои дигар деҳаҳо мераванд. “Болшевик” 93 хоҷагӣ ва 596 нафар аҳолӣ доштааст. Ин ҳамсуҳбати мо зимнан зикр кард, ки сокинон маҷбуранд ҳатто барои қабули одитарин хизматрасониҳои тиббӣ ба дигар ҷойҳо муроҷиат кунанд.
Аз Расул Саидов, менеҷери Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, пас аз муроҷиатҳои зиёди батакрор хостем мушкили то ҳол сохта нашудани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи мавриди назарро фаҳмем. Ӯ гуфт: “Бунёди бунгоҳи тиббӣ ба зиммаи мо нест. Ин масъаларо бояд масъулони ҷамоат ҳал кунанд”.
Дар посух Абдулҳамид Абдуллоев мавҷуд набудани заминҳои ғайрикишоварзӣ барои бунёди инфрасохтори заруриро сабаб пеш овард.
Ин иддаоро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Парвиз Азимов низ ҳангоми як суҳбати телефонӣ ҷонибдорӣ кард.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода бо зикри ин, ки аз вазъи душвори бошандагони деҳа огоҳ аст, ба мактаби ибтидоӣ табдил додани масҷиди ғайрирасмии “Болшевик”-ро роҳи ҳалли мушкил хонд. Аммо ба андешаи инҷониб, ин ҳам тадбирест нокофӣ, бахусус пас аз даҳҳо соли интизорӣ.
Мутаассифона, дар ноҳияи Кӯшониён мушкилоти марбут ба инфрасохтори зарурӣ фақат дар деҳаи “Болшевик” дида нашуда, чунин мушкилоти ҳамсон, балки бештар аз он дар ду деҳаи дигар — қисмати навбунёди “Янгиюл” ва “Дӯстӣ” низ мавҷуд аст.
Вале бо эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” умед аст, ки масъулони ноҳия барои таъмини ниёзҳои маънавӣ, тиббӣ ва варзишии истиқоматкунандагон ҷаҳду ҷадали бештар ба харҷ медиҳанд. Ва чун дар урфият мегӯянд, ки меваи сабр ширин аст, ба ин гумон худро шод месозем, ки он интизории 84-сола ниҳоят ҳосили дилхоҳ ба бор меоварад.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”