Хабарнигори МТЖТ ин навбат ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри бостонӣ шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали мо маълумот аз дастовардҳои шарафмандони шаҳри Кӯлоб дар 9 моҳи соли ҷорӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Иҷрои буҷет

Баҳром Иноятзода дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати молия ва нозироти андоз, нақшаи даромадҳои буҷети шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардидааст, яъне нақшаи нуҳмоҳа 77,5 млн сомонӣ буда, дар асл ба буҷет 77,5 млн сомонӣ ворид гардидааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети шаҳри Кӯлоб ба маблағи 25,0 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 субвенсия нисбат ба соли 2018 ба андозаи 0,5 фоиз кам гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, қисми хароҷотии буҷети шаҳр 99,8% иҷро гардидааст. Нақшаи нуҳмоҳа 83,4 млн сомонӣ муқаррар гардида буд, ки аз ҳисоби буҷет 83,3 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Аз ҷумла, сектори мақомоти роҳбарикунанда, маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, фарҳанг дар ҳаҷми 100,0 фоиз ва маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ 96,0 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 19,2 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 113,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Дар 9 моҳи соли 2019, тибқи маълумотҳои бонкӣ, маблағҳои қарзии ҷудогардида аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 98,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 19,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қарзҳои додашуда ба соҳаи кишоварзӣ 8,8 фоиз, савдо — 24,2 фоиз, саноат, сохтмон, нақлиёт — 62,1 фоиз, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — 1,0 фоиз ва дигар соҳаҳо ба 3,8 фоиз рост меояд.

Дар ин давра ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”, Ориёнбонк, Соҳибкорбонк умуман қарз ҷудо накардаанд. Ба соҳаи саноат қарзи имтиёзнок ҷудо нагардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб 1815 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 2561 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 5,1 млн сомонӣ маблағи андозҳо ба буҷет пардохт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 953 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ин давра 660 субъекти андозсупор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ 296 нафар бо патент, 94 нафар бо шаҳодатнома ва 270 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб 234 ҳазор сомонӣ ба буҷет иловатан ворид гардидааст.

Дар баробари ин, 15 лоиҳаи инвеститсионии мутамарказ дар соҳаҳои маориф, коммуналӣ ва кишоварзӣ татбиқ шуда истода, 13,1 млн доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019 дар асоси ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2014, №809 тасдиқ гардидааст, ки дар маҷмуъ 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46,7 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки дар солҳои 2015-2018 ва 9 моҳи соли 2019-ум 126 лоиҳа ба маблағи 537,6 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин 51,3 фоизи нишондиҳандаи барномаи мазкурро ташкил додааст.

Рушди саноат

Тайи 9 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 165,8 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 21,1 млн сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа (бо нархҳои муқоисавӣ) 112,4 фоизро ташкил медиҳад. Мутаносибан ҳаҷми истеҳсоли орд 128,2%, нон ва маҳсулотҳои нонӣ 104,8%, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 123,6%, рег 8,9 маротиба ва бетон 20,6 маротиба зиёд гардидааст.

Қобили ситоиш аст, ки дар ин давра 29 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ «Комбинати хонасозӣ» 6,7 маротиба, ҶСК «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот» 14,9 маротиба, “Суғдиён” (комбинати орд) 4,6 маротиба, ҶДММ “Зиракӣ-с” 3 маротиба, ҶДММ “Иборатмоҳ” 2 маротиба ва ҶДММ “Орзу-2004” 2 маротиба истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуда, ҳамчунин як корхона, ки дар соли 2018 умуман фаъолият надошт, имсол ба фаъолият пардохт.

КМ “Ресандаи Кӯлоб” бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор даромад ва 80 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, ба маблағи 10,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар корхона хати технологии нав дар моҳи март насб гардида, баъди ба кор даромадани хати технологии мазкур ҳаҷми истеҳсолот 30 фоиз зиёд гардида, 15 нафар ба кор иловатан ҷалб карда шудаанд.

Феълан аз 41 корхонаи саноатӣ 40 корхона фаъолият дошта, як корхонаи дӯзандагӣ бо сабаби мушкилоти молиявӣ фаъолият надорад.

Бо назардошти ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, тибқи қарори дахлдори раиси шаҳр дар соли равон бунёди 13 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 11 коргоҳ ва як корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза ва қуми шустагӣ, семблокбарорӣ ва бетон, мебелбарорӣ, қанд, истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва корхонаи истеҳсоли сангреза ҶДММ “Сангрезаи Кӯлоб” бо 115 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар 9 моҳи соли 2019 сармояи асосӣ ба маблағи 92,6 млн сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 87,6 млн сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 50,8 млн сомонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 37,5 млн сомонӣ, 34,9 млн сомонӣ ва 8,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ фондҳои асосӣ маблағи 17,5 млн сомониро ташкил дода, хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати 3,5 ҳазор метри мураббаъ сохта шудаанд. Ҳамзамон, дар 114 иншооти дигар, аз ҷумла 22 корхонаи саноатӣ, 5 муассисаи таълимӣ, 6 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Барои сохтмон, азнавсозӣ ва вобаста намудани қитъаҳои замин 124 қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, аз ин 13 қарор барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, 7 муассисаи фарҳангӣ, 6 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Кишоварзӣ

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 339 млн 616 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1026 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 100,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти полезӣ ба 6,3 ҳазор тонна, меваҷот ба 3,2 ҳазор тонна, гӯшт ба 2,5 ҳазор тонна, шир ба 15,5 ҳазор тонна, тухм ба 1,4 млн дона ва сайди моҳӣ ба 106,6 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 афзоиш мутаносибан 23,9%, 3,1%, 34,7%, 3,0%, 5,7% ва 1,4 фоизро ташкил додааст.

Ба 1-уми октябри соли равон 2038 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 тонна зиёд буда, чиниши пахта муташаккилона идома дорад. Ҳамчунин, дар ин давра маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 1000 тонна содирот карда шуда, нақша иҷро гардидааст.

Айни замон кишти такрорӣ дар майдони 2300 га ё 105,5 фоизи дурнамо, аз ҷумла сабзавот, полезӣ, ҷуворимаккаи дон ва зироати хӯроки чорво ва дар 47 га кишти барвақтии зироатҳо, аз ҷумла пиёз, карам, сабзӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 26 ҳазору 915 сар, гӯсфанду буз ба 47 ҳазору 267 сар, саршумори паранда ба 103 ҳазору 480 сар, асп ба 448 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 саршумори чорвои калон 528 сар, гӯсфанду буз742 сар, паранда 40 ҳазору 464 сар ва асп 12 сар зиёд мебошад. Ҳоло бошад, сохтмони 4 фермаи парвариши чорвои калон идома доранд.

Қобили тазаккур аст, ки дар шаҳри Кӯлоб моҳипарварӣ рушд ёфта истода, дар майдони 85,1 га 28 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 га зиёд мебошад. Инчунин, барои бунёди ҳавзҳои моҳӣ дар 85,8 га ба хоҳишмандон қитъаи замин ҷудо гардида, бунёди ҳавзҳо идома доранд. Айни замон дар ин ҳавзҳо 239 ҳазор моҳичаҳо парвариш ёфта истодаанд.

Ҳамчунин, дар доираи амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019 дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор дар ҳамкорӣ бо КВД “Моҳии Тоҷик” озмоишгоҳ (инкубатсия) ва обанборҳо барои парвариши моҳичаҳо ташкил карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи сентябри соли равон барои 100 ҳазор паранда фермаи парандапарварӣ ба истифода супорида шуда, айни замон дар он 40 ҳазор мурғ парвариш ёфта истодаанд.

Дар ин росто, соли 2019 бунёди боғ 40,5 гектарро ташкил додааст. Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар шаҳри Кӯлоб сардхона бо иқтидори 650 тонна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 8 гармхона дар майдони 1,6 га бунёд ёфта, сохтмони 18 гармхона ва 4 сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулот идома дорад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар 9 моҳи соли 2019 барои ба кор таъмин намудани шахсони бешуғл чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, тибқи маълумотҳо 2009 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1398 ҷой, ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.

Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмуъ 732 нафар (366 зан) шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таъмин гардидаанд. Тавассути ташкили корҳои фардӣ бошад, 34 нафар (24 зан) соҳиби ҷойи кор шуда, айни ҳол онҳо ба хариду фурӯши маҳсулот, нигоҳубини чорвои хонагӣ, дӯзандагӣ ва ғайра машғул мебошанд. Дар баробари ин, 251 нафар тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шағли аҳолӣ касбҳои гуногун, аз ҷумла муҳрабофӣ, чакандӯзӣ, муҳосибиро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардидаанд. Ҳамзамон, 323 нафар ба тариқи худмаблағгузорӣ соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд.

Дар давраи сипаригардида 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 100 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 118 нафар ба кори доимӣ ва 180 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтаанд.

Дар 9 моҳи соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1060 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,3 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, шумораи ятимони кулл 95 нафарро ташкил дода, аз ҷониби Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 252 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Маориф

Дар 73 муассисаи таълимии шаҳру деҳот 46 ҳазору 699 хонанда, аз ҷумла 22 ҳазору 650 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 3344 (аз ҷумла, 2183 нафар занон) омӯзгор таълим медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 2 ҳазору 677 нафар бо маълумоти олӣ ва 667 нафар олии нопурра кору фаъолият намуда истодаанд.

Дар 12 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 3 хусусӣ, 1543 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ҳамзамон дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон 32 гуруҳ ташкил гардида, 692 нафар кӯдакон ба тарбия ҷалб гардидаанд.

Тибқи квотаи Президентӣ 33 нафар (17 нафар духтар) ба макотиби олии кишвар роҳхат гирифтаанд. Инчунин, аз 3425 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум 2677 хонанда ё 78,2 фоиз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 9,7 фоиз зиёд мебошад.

Барои беҳтар намудани шароити хонандагон дар назди МТМУ №21 тариқи ҳашар бинои нави синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардида, муассисаҳои томактабии №№1,2,3,7,11 аз таъмиру рангубор бароварда шудаанд. Ҳамчунин, аз буҷети маҳаллӣ 1,3 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин ҳисоб муассисаҳои таълимӣ барои мавсими хониши солҳои 2019-2020 таъмир ва омода гардидаанд.

Боиси сарфарозист, ки моҳи сентябри соли равон муассисаҳои таълимии №43 барои 640 ҷойи нишаст ва №45 барои 620 ҷойи нишаст бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии кӯчаи Абдушукурова барои 1240 ҷойи нишаст, деҳаҳои Офтоблиқо барои 480 ҷойи нишаст, Сангпар барои 320 ҷойи нишаст, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №№22, 38 ва деҳаҳои Чаманзору Нуристон идома доранд.

Дар  муассисаи таълимии №41, деҳаи В. Шамсови Ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаҳои Файзобод, Гултеппа ва Хонободи Ҷамоати деҳоти Даҳана, сохтмони бинои синфхонаҳои иловагӣ ва бунёди муассисаи томактабӣ дар деҳаи Зарбдор пешбинӣ шуда, қарорҳои раиси шаҳр барои ҷудо гардидани қитъаи замин ба тасвиб расидаанд. Барномаи компютеркунонӣ 100 фоиз иҷро гардидааст.

Тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб 2705 корманди тиб, аз ин шумора 205 нафар духтурон бо маълумоти олӣ, 1655 нафар кормандони миёнаи тиб ва 492 нафар кормандони хурди тиб фаъолият доранд.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ба маблағи 11,9 ҳазор сомонӣ, маркази саломатии №2 ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ, Беморхонаи сироятии шаҳр ба маблағи 24,7 ҳазор сомонӣ ва таваллудхонаи шаҳрӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ таъмир карда шудаанд. Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи 118,3 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ дар ҷамаотҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар 9 моҳи соли 2019-ум 119 бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 125 нафар бори аввал, БК мусбат 68, кӯдакон 16 нафар, шакли мутобиқгаштаи сил 24 нафар ва алоқамандон 1078 нафар мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили шаҳр 156 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам 928 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 329 нафар фавтидаанд.

Дар ин давра 78 нафар маъюбон бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин карда шудаанд.

Фарҳанг

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 50 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 24 китобхонаи оммавӣ, 20 клуб, 3 мактаби бачагонаи мусиқӣ, мактаби бачагонаи рассомӣ, боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, осорхонаи ҳунармандон, ансамбли тарона ва рақс ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Шумораи китобхонаҳо 24 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 90 ҳазору 311 нусха китоб маҳфуз аст. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии шаҳр 1070 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 180125 нафар иштирок кардаанд.

Кор бо занон

Шумораи умумии занҳо дар шаҳру деҳот 108,9 ҳазор нафарро ташкил намуда, аз онҳо 135 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 9 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, 16 нафар вакилони ҷамоатҳои деҳот, 18 нафар хизматчии давлатӣ буда, 1471 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Инчунин дар соҳаҳои тандурустӣ — 1898 нафар, маориф — 2183 нафар ва фарҳанг — 115 нафар занону ҷавондухтарон кору фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар байни занону духтарон 65 суҳбату вохӯриҳо, 2 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 11 семинару машваратҳо, 5 озмун ва 3 фестивал гузаронида шудааст.

Дар шаҳру деҳот зиёда аз 210 занҳои ҳунарманд фаъолият дошта, ҳамагӣ дар соли равон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 грант ҷудо гардидааст.

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 72 ҳазор нафарро ташкил менамояд, ки аз он 36 ҳазору 728 нафарашон занону духтарон мебошанд. Барои рушди соҳаи варзиш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ 278 чорабиниҳои гуногун бо иштироки 71,6 ҳазор нафар гузаронида шудааст.

Дар 9 моҳи соли равон 11 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 181 майдончаҳои варзишӣ, 70 толорҳои варзишӣ ва 4 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, барои бунёди майдончаи варзишӣ 38 қарор аз ҷониби раиси шаҳр ба тасвиб расидааст.

Дар ин давра 140 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир карда шуда, дар онҳо 26,0 ҳазор варзишгарон аз шаҳру деҳоти Кӯлоб иштирок кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр фаъолияти худро аз рӯи 15 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки 4200 нафар кӯдаку наврасон ба тамрини намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта шудаанд. Ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 125 медал, аз ҷумла 23 медали тилло, 26 медали нуқра ва 60 медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 5 медали тилло, 6 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидаанд.

Дар шаҳр 16 меҳмонхонаи замонавӣ, 7 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 37 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 3 мағоза барои фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ ва як хонаи сайёҳон мавҷуд мебошад. Теъдоди сайёҳони хориҷии ба шаҳр воридшуда дар 9 моҳи соли 2019-ум 7565 нафар мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ду маротиба зиёд аст.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукуҳ

Ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059, амри раиси шаҳр аз 11-уми июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб» ба тасвиб расида, Нақшаи бунёду таъмири иншооти хизматрасонӣ, истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, роҳҳои автомобилгард дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳия карда шудааст. Тибқи он то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 766 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб 158 иншоот, дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор 156 иншоот, Кӯлоб — 91 иншоот, Зиракӣ — 208 иншоот ва Даҳана — 153 иншоот бунёд ва азнавсозӣ карда мешаванд. Инчунин, аз ҷониби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ 37 иншооти иҷтимоӣ дар солҳои 2018-2021 пешбинӣ гардида, якҷо бо ин иншоот дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 803 иншоот бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар соли равон бо ташаббуси соҳибкорон ба нақша 48 иншооти дигар илова карда шуда, шумораи умумии иншоот 851 ададро ташкил додааст.

Дар соли 2019 бунёд ва таъмири 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар 9 моҳи соли равон 115 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 2 маркази савдо, 4 мағоза, ҳаммом, муассисаи таълимӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, меҳмонхона, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, маркази омӯзиши забонҳо ва ғайра ба истифода супорида шудаанд.

Баҳром Иноятзода дар фароварди суҳбат зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинони шаҳр ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here