Дар ноҳияи Ҷаҳуни вилояти Хатлон аз 15 ҳазору 90 нафар кӯдакони аз 2 то 6-сола ҳамагӣ 4 дарсад  ба таълим фаро гирифта шудаанд. Кам не,  96 дарсади кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ маҳруманд

Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Лайло Хушбахтова гуфт, ки айни замон дар ноҳия ду муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо ҳамагӣ 240 кӯдак ҷалб шуданд. Дар назди 19 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишфои кӯдакон ташкил шудааст, ки дар онҳо  760 кӯдаки дигар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин шахси масъул афзуд, ки чунин вазъ онҳоро низ қонеъ намекунад. Омили кам фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро Лайло Хушбахтова  аз набудани муассисаҳои томактабӣ арзёбӣ кард.

— Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар низ  бунёди  ягон муассисаи томактабӣ  дар ноҳия ба нақша гирифта нашудаст, — илова кард номбурда ва гуфт, ки  соҳибкорон низ бояд дар бунёди муасссиаҳои томактабӣ саҳми худро гузоранд, аммо мутаасифона аксари  онҳо танҳо  ба мағоза ва дигар иншоти тиҷоратӣ рӯ овардаанд.

Кӯдакон нонашонро аз хона меоранд

Мушовири муассисаи томактабии №1 ноҳияи мазкур Санавбар Бурҳонзода қайд кард, ки дар ин  кӯдакистон бояд   ҳамагӣ 120 нафар кӯдак ба таълим ҷалб шаванд, аммо аз сабаби зиёд будани талабот 5 кӯдаки дигаро низ қабул кардаанд.

— Муроҷиати волидон то ҳол зиёдаст, онҳо мехоҳанд, кӯдаконашон дар кудакистон таълим гиранд, аммо мо имкон надорем, — изҳор дошт номбурда.

Зикр карда шуд, ки дар назди муассиса як бинои валангор низ мавҷуд аст, агар масъулони маориф ва ҳукумати ноҳия дастгирӣ кунанду ин бинои вайрона обод шавад, боз имкони қабули беш аз 30  кӯдаки дигар пайдо хоҳад шуд.

— Барои ҳар кӯдак рӯзона 1,5 то 2 сомонӣ  масраф мешавад, ки ин хеле кам аст. Дар муассиса барои кӯдакон нон дода намешавад, аз ин ҳисоб кӯдакон нонашонро аз хона меоранд, — афзуд манбаъ.

Талабот зиёд, аммо ҷой нест

Мудири кӯдакистони мазкур Гулрухсор Сафарова низ бо нигаронӣ гуфт, ки талаботи мардум ба муассисаҳои томактабӣ рӯз то рӯз зиёд шудаст.

— Аз қабул нашудани фарзандонашон норозигӣ мекунананд, вале мо имкон надорем. Барои бозсозиву таъмири бинои вайронаи кӯдакистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳия мактуб кардем, гуфтанд, дастгирӣ мекунем аммо кай, номаълум, — афзуд мудир.

Пул намедиҳанд?

Мушовири кӯдакистони №2-и ноҳияи мазкур Шабнам низ гуфт, ки ин  боғча соли 1984 барои 120 кӯдак сохта шудасту имрӯз ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

— Ҳоло талаботи мардум барои таълим додани фарзандон дар кӯдакистонҳо зиёд шудаст, аммо, мутаассифона, мо ҷой надорем, ки онҳоро қабул кунем. Танҳо аз моҳи сентябр то инҷониб зиёда аз 25 падару модар барои қабули фарзандони худ ба  кӯдакистон муроҷиат карданд, аммо бо сабаби набудани ҷой қабул кардан натавонистем, -илова кард ӯ.

Мушкилии дигари кӯдакони ин дабистон  набудани  майдончаҳои бозӣ аст, зеро онҳо ба талабот ҷавогӣ нестанд. Масъулони муассисаи томактабии №2 афзуданд, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия  барои хуроки кӯдакон ягон сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки  сардори Раёсати молияи ноҳия Давлат Гурезода мегуяд:

— Мо  дар шаш моҳи соли гузашта барои хуроки кӯдакони ҳарду муассиса  ва дигар хароҷотҳояшон зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардем ва  баъди баста шудани хароҷотҳои дуюмдараҷа мо дигар ба онҳо маблағ надодем.

Тибқи нақша бояд соли гузашта  ба мууссисаи “Офтобак” 49 ҳазор сомонӣ ва ба кӯдакистони “Фируза” 47 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешуд.

Нома ба раиси ноҳия

Муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Малика Шукурзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш, ки  рӯзи 1 феврали соли ҷорӣ баргузор гашт, аз фарогирии ками кӯдакони ноҳияи Ҷайҳун ба муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳия ҳамагӣ 4 дарсад ба кӯдакистонҳҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шуданду халос, ки ин нишондод нигаронкунанда аст. Ӯ афзуд:

— Мо барои фарогирии бештари кӯдакони синни томактабӣ ба унвони раиси ноҳияи Одинозода Абдулҳафиз мактуб ирсол кардем, чора бинанд.

Масъулонро вақти амал аст

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки бар зами ҳамаи пешравиҳо дар соҳаи маориф яке аз мушкилоти асосӣ дар ин соҳа норасоиии муассисаҳои томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидаст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давалатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдаикстонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро  роҳандозӣ карда, ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат кунанд.

Умед дорем, ки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳуни  вилояти Хатлон, ки ҳоло фарогирии кӯдаконашон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон ҳамагӣ 4 дарсадро ташкил медиҳад, бештар талош мекунанд ва аз  пайи иҷрои супориши Роҳбари давлат мешаванд. Агар муҳим будани фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонро дарк кунанд, ҳатман дар оянда дар ин росто тадбирҳои муҳим рӯи кор меоранд, ё шояд масъулон фикри дигар доранд?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here